Забур
78 Эй халқам, дастурамро бишнавед,
Ба суханони даҳонам гӯш андозед.
3 Чизҳои шунида ва донистаамонро,
Ки падаронамон ба мо гуфта буданд,+
4 Аз фарзандони онҳо пинҳон намекунем.
Мо ин чизҳоро ба насли оянда нақл мекунем,+
Корҳои аҷоиби Яҳуваро,+
Қувваву корҳои ӯро, ки лоиқи ситоишанд.+
5 Ӯ дар Яъқуб ёдоварие барпо намуд
Ва дар Исроил қонуне муқаррар кард.
Ӯ ба бобоёни мо фармуд, то ин чизҳоро ба фарзандонашон бирасонанд,+
6 То насли наврас,
Фарзандоне, ки таваллуд хоҳанд шуд, онҳоро бидонанд+
Ва онҳо низ ба фарзандони худ нақл кунанд.+
7 Он гоҳ фарзандонашон ба Худо такя хоҳанд намуд.
8 Он вақт онҳо мисли бобоёнашон нахоҳанд буд —
Бобоёнашон насли саркашу исёнкор буданд,+
Насле, ки дили бовафо надоштанд+
Ва ба Худо содиқ набуданд.
9 Эфроимиён камон дар даст доштанд,
Вале дар рӯзи ҷанг рӯ ба гурез оварданд.
11 Онҳо фаромӯш карданд, ки Худо чӣ корҳое карда буд,+
Амалҳои аҷоиберо, ки Худо ба онҳо нишон дода буд, аз ёд бурданд.+
13 Ӯ баҳрро ду тақсим кард, то онҳо гузаранд
Ва обҳоро мисли девор рост кард.+
14 Ӯ онҳоро рӯзона бо абр мебурду
Шаби дароз бо рӯшноии оташ.+
15 Ӯ сангҳоро дар биёбон шикоф кард
Ва ба онҳо, мисли он ки аз обҳои бетаг бошад, ба серӣ нӯшонид.+
16 Ӯ аз кӯҳпора ҷӯйҳоро берун овард
Ва обҳоро мисли дарёҳо ҷорӣ намуд.+
17 Аммо онҳо минбаъд ҳам бар зидди ӯ гуноҳ мекарданд
Ва муқобили Худои Таоло дар биёбон исён мебардоштанд.+
18 Онҳо Худоро дар дилашон меозмуданд+
Ва хӯроки дилхоҳашонро талаб мекарданд.
19 Онҳо бар зидди Худо чунин мегуфтанд:
«Оё Худо дар биёбон дастархон партофта метавонад?»+
20 Худо кӯҳпораро зад
Ва аз он обҳо ҷориву ҷӯйҳо равон шуданд.+
Онҳо мегуфтанд: «Оё ӯ метавонад ба мо нон низ ато кунад
Ва ё ба халқаш гӯшт бидиҳад?»+
21 Вақте Яҳува гапҳояшонро шунид, ба ғазаб омад,+
Оташе+ бар зидди Яъқуб аланга зад
Ва хашми ӯ бар зидди Исроил даргирифт,+
22 Зеро онҳо ба Худо имон наоварданд.+
Онҳо ба қувваи Худо таваккал нанамуданд,
Бовар накарданд, ки ӯ метавонад онҳоро наҷот бахшад.
23 Аз ин рӯ Худо ба осмони пурабр амр фармуд
Ва он дарвозаҳои худро боз кард.
24 Ӯ бар сарашон манн меборонид, то онҳо бихӯранд.
Худо ба онҳо нони осмонро ато намуд.+
26 Ӯ боди шарқиро дар осмон вазонид
Ва бо қудрати ӯ боди ҷанубӣ вазид.+
27 Худо бар сарашон мисли ғубор гӯшт боронид,
Ӯ гӯшти парандагонро бар онҳо боронид, ки мисли реги лаби баҳр сершумор буданд.
28 Ӯ онҳоро ба миёнаи хаймагоҳаш,
Гирдогирди хаймааш резонд.
29 Онҳо шикамсерӣ гӯшт хӯрданд,
Худо ба онҳо чизи дилхоҳашонро дод.+
30 Аммо, пеш аз он ки нафсашон қонеъ шавад,
Ҳанӯз хӯрок дар даҳонашон буд ки,
31 Ғазаби Худо бар онҳо аланга зад.+
Ӯ паҳлавонони онҳоро кушт+
Ва ҷавонони Исроилро ҳалок кард.
33 Пас, Худо рӯзҳои онҳоро, мисли он ки як нафас бошад, хотима бахшид+
Ва умрашонро бо ваҳмҳои ногаҳонӣ ба охир расонд.
34 Ҳар гоҳе ки Худо одамони ин халқро нобуд месохт,
Бақияи он сӯйи Худо баргашта, ӯро меҷустанд+ ва ба ӯ рӯ меоварданд.
36 Вале онҳо ӯро бо даҳони худ фиреб доданӣ мешуданд
Ва бо забонашон ба ӯ дурӯғ мегуфтанд.
Ӯ борҳои зиёд хашмашро бозмедошт+
Ва тамоми ғазабашро фурӯ намерехт,
39 Зеро ӯ дар хотир медошт, ки онҳо инсони хокиянд,+
Боде ҳастанд, ки мевазаду барнамегардад*.
42 Онҳо қуввати ӯро фаромӯш карданд,
Рӯзеро, ки ӯ онҳоро аз дасти душман халос намуд,+ аз ёд бурданд.
43 Онҳо аломатҳоеро, ки ӯ дар Миср ба амал овард+
Ва муъҷизаҳояшро, ки дар минтақаи Сӯан кард, фаромӯш намуданд.
44 Онҳо аз хотир бароварданд, ки чӣ тавр Худо шохобҳои Нилро ба хун табдил дод,+
То мисриён дигар аз чашмаҳои худ нӯшида натавонанд.
45 Ӯ селаи хармагасҳоро фиристод, то мисриёнро фурӯ баранд+
Ва қурбоққаҳоро равон кард, то онҳоро нобуд созанд.+
46 Ҳосили заминашонро ба малахҳои гурусна супурд
Ва самари меҳнаташонро ба селаи малахҳо дод.+
47 Ангури онҳоро бо жола нобуд сохт+
Ва тутанҷирашонро бо жолаҳои калон нест кард.
49 Худо оташи хашмашро бар онҳо фурӯ рехт,
Қаҳру ғазабаш ва фалокатро,
Лашкари фариштагони балооварро, бар онҳо фиристод.
50 Ӯ барои ғазабаш роҳ тайёр кард.
Ӯ онҳоро аз дасти марг раҳо нанамуд,
Балки ҷонашонро гирифтори вабо сохт.
51 Оқибат, ӯ ҳама нахустзодагони Мисрро,
Саршавии насл ва навбари қувваташонро дар хаймаҳои Ҳом, зарба зад.+
52 Сипас ӯ халқашро мисли гӯсфандон берун овард+
Ва онҳоро монанди рама дар биёбон роҳнамоӣ кард.
53 Ӯ онҳоро дар осудагӣ ҳидоят менамуд
Ва онҳо тарсе надоштанд.+
Баҳр душманонашонро гӯр кард.+
54 Сипас онҳоро ба сарзамини муқаддаси худ овард,+
Ба ҳамин кӯҳистоне, ки бо дасти росташ соҳиб шуда буд.+
55 Ӯ халқҳоро аз пеши онҳо бадар меронд,+
Бо таноб мероси онҳоро чен карда, тақсим намуд+
Ва қабилаҳои Исроилро дар хонаҳояшон ҷо кард.+
56 Аммо онҳо Худои Таолоро озмудан мегирифтанд ва бар зидди ӯ бармехестанд,+
Онҳо ба ёдовариҳои ӯ диққат намекарданд.+
57 Ғайр аз ин, онҳо аз Худо рӯ гардонда, мисли бобоёнашон хиёнаткорӣ мекарданд.+
Онҳо мисли камоне, ки зеҳаш суст аст, ба боварӣ намеарзиданд.+
59 Худо инро шунид ва ғазабнок шуд,+
Ӯ аз Исроил пурра рӯ гардонд.
61 Ӯ гузошт, ки нишони қувваташ ба асирӣ бурда шавад
Ва ҷалолаш ба дасти душман афтад.+
62 Ӯ халқи худро ба шамшер супурд+
Ва аз дороии худ дарғазаб шуд.
63 Оташ ҷавонони халқашро фурӯ бурд
Ва барои духтарони бешавҳар суруди тӯёна суруда нашуд.
66 Ӯ душманонашро зарба зада, пас гардонд,+
Онҳоро гирифтори шармандагии бардавом кард.
67 Ӯ аз хаймаи Юсуф рӯй гардонд
Ва қабилаи Эфроимро хуш накард.
69 Ӯ муқаддасгоҳашро мисли осмон побарҷо намуд,+
Мисли замин, ки бунёдашро ба таври абадӣ гузоштааст.+
71 Ӯ дар он ҷо гӯсфандони ширдеҳро нигоҳубин мекард.