ҚИСМИ 7
Чӣ тавр фарзандро бояд тарбия кард?
«Ин суханон, ки ман имрӯз ба ту амр мефармоям, бигзор бар дили ту бошад ва онҳоро ба писаронат талқин бикун» (Такрори Шариат 6:6, 7).
Вақте ки Яҳува оиларо бунёд кард, Ӯ волидонро бар фарзандон ӯҳдадор кард (Қӯлассиён 3:20). Шумо чун волид вазифадоред, ки фарзандатонро таълим диҳед, то Яҳуваро дӯст дорад ва чун шахси масъулиятнок ба воя расад (2 Тимотиюс 1:5; 3:15). Шумо ҳамчунин бояд, дили писар ё духтаратонро фаҳмед. Албатта дар ин кор намунаи шахсии шумо хеле муҳим аст. Шумо ҳамон вақт ба фарзандатон Каломи Яҳуваро хуб таълим дода метавонед, агар аввал онро дар дили худ ҷо кунед (Забур 39:9).
1 ТАВРЕ КУНЕД, КИ ФАРЗАНДОНАТОН ОЗОДОНА ГАП ЗАНАНД
КИТОБИ МУҚАДДАС ЧУНИН МЕГӮЯД: «Дар шунидан бошитоб, дар гуфтан оҳиста [бошед]» (Яъқуб 1:19). Шумо мехоҳед, ки фарзандонатон ҳангоми бо шумо сӯҳбат кардан, худро озод ҳис кунанд. Фарзандон бояд донанд, ки вақте онҳо гап задан мехоҳанд, шумо барои гӯш карданашон тайёред. Муҳити орому осоиштаро фароҳам оваред, то онҳо фикрашонро озодона баён карда тавонанд (Яъқуб 3:18). Агар фарзандонатон фикр кунанд, ки шумо сахтгирона ва танқидомез рафтор мекунед, онҳо шояд бо шумо кушоду равшан сӯҳбат карда натавонанд. Аз ин рӯ, бо фарзандонатон пурсабр бошед ва онҳоро зуд-зуд ба муҳаббати худ бовар кунонед (Матто 3:17; 1 Қӯринтиён 8:1).
ЧУНИН КАРДА МЕТАВОНЕД:
Вақте ки фарзандонатон бо шумо гап задан мехоҳанд, дастрас бошед
Бо онҳо на танҳо дар вақти душворӣ, балки ҳамеша сӯҳбат кунед
2 ФАҲМЕД, КИ ОНҲО АСЛАН ЧИРО ДАР НАЗАР ДОРАНД
КИТОБИ МУҚАДДАС ЧУНИН МЕГӮЯД: «Ҳар шахси бофаросат бо дониш амал мекунад» (Масалҳо 13:16). Баъзан ба шумо лозим меояд, ки барои фаҳмидани ҳиссиётҳои аслии фарзандонатон, дар паси суханонашон чӣ истоданашро аҳамият диҳед. Одатан барои ҷавонон аз пашша фил сохтан ё гуфтани он суханоне, ки онҳо дар асл гуфтанӣ набуданд, хос аст. «Касе ки ношунида ҷавоб гардонад, беақл аст» (Масалҳо 18:13). Барои ҳамин аз суханони онҳо зуд ба қаҳр наоед (Масалҳо 19:11).
ЧУНИН КАРДА МЕТАВОНЕД:
Нигоҳ накарда ба он ки фарзандонатон чӣ мегӯянд, суханашонро набуред ё сахт ба дил наздик нагиред
Ба хотир оред, ки худи шумо дар синну соли онҳо чӣ гуна ҳиссиёт доштед ва чӣ ба назари шумо муҳим буд
3 ЯКДИГАРРО ДАСТГИРӢ КУНЕД
КИТОБИ МУҚАДДАС ЧУНИН МЕГӮЯД: «Эй писарам! Насиҳати падари худро бишнав, ва таълими модари худро рад накун» (Масалҳо 1:8). Яҳува ҳам ба падар ва ҳам ба модар ҳуқуқи ба фарзандон сардорӣ карданро додааст. Шумо бояд фарзандонатонро таълим диҳед, ки иззататонро ба ҷо оранд ва ба шумо итоат кунанд (Эфсӯсиён 6:1–3). Агар волидон «дар як фикр муттаҳид» набошанд, фарзандон инро ҳис карда метавонанд (1 Қӯринтиён 1:10). Аз ин рӯ агар шумо бо суханони ҳамсаратон норозӣ бошед, ҳаракат кунед, ки дар назди кӯдакон инро баён накунед, зеро чунин шуданаш мумкин аст, ки онҳо ҳурматашонро нисбати шумо гум хоҳанд кард.
ЧУНИН КАРДА МЕТАВОНЕД:
Муҳокима карда ба як хулоса оед, ки чӣ тавр фарзандатонро тарбия хоҳед кард
Агар дар мавриди таълиму тарбияи фарзандон фикрҳои шумо гуногун бошад, кӯшиш кунед, ки фикри ҳамсаратонро ба назар гиред
4 НАҚША ТАРТИБ ДИҲЕД
КИТОБИ МУҚАДДАС ЧУНИН МЕГӮЯД: «Бачаро бо роҳе ки ба ӯ мувофиқ аст, тарбият намо» (Масалҳо 22:6). Тарбияи бомуваффақияти фарзандонатон худ ба худ ба даст намеояд. Шумо бояд нақшае кашед, ки таълиму тарбияро дар бар гирад (Забур 126:4; Масалҳо 29:17). Таълиму тарбия танҳо маънои ҷазо доданро надорад, балки маънои онро дорад, ки ба фарзандонатон кӯмак кунед, то онҳо сабабҳои гузошта шудани қоидаҳоро фаҳманд (Масалҳо 28:7). Ҳамчунин ба онҳо дӯст доштани Каломи Яҳува ва ба принсипҳои он сарфаҳм рафтанро таълим диҳед (Забур 1:2). Ин ба онҳо ёрӣ медиҳад, ки виҷдони солимро инкишоф диҳанд (Ибриён 5:14).
ЧУНИН КАРДА МЕТАВОНЕД:
Боварӣ ҳосил кунед, ки фарзандонатон Худоро чун шахсияти воқеӣ, ки ба Ӯ таваккал кардан мумкин аст, мешиносанд
Ба фарзандонатон кӯмак расонед, то онҳо хатарҳои ахлоқиеро, ки масалан, дар интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ вомехӯранд, муайян карда, аз онҳо дурӣ ҷӯянд. Ба онҳо чӣ тавр аз таҷовузкорон дурӣ ҷустанро омӯзонед