БОБИ ЧОР
Исои Масеҳ кист?
1, 2. а) Агар шумо номи ягон одами машҳурро донед, оё гуфтан мумкин аст, ки ӯро хуб мешиносед? Фаҳмонед. б) Одамон дар бораи Исо чӣ фикр доранд?
ДАР дунё одамони машҳур бисёранд. Мумкин, шумо номи баъзеи онҳоро донед. Лекин, агар шумо танҳо номи ягон касро донед, ин маънои онро надорад, ки шумо ӯро хуб мешиносед. Шумо ҳама чизро дар бораи зиндагии вай намедонед ва хабар надоред, ки вай дар ҳақиқат чӣ хел одам аст.
2 Исои Масеҳ 2000 сол пеш зиндагӣ карда буд. Лекин, мумкин, шумо дар бораи ӯ шунида бошед. Бисёриҳо номи Исоро медонанд. Лекин кам одамон ӯро хуб мешиносанд. Онҳо намедонанд, ки ӯ дар ҳақиқат чӣ гуна одам буд. Баъзеҳо мегӯянд, ки ӯ одами хуб буд. Дигарон мегӯянд, ки ӯ пайғамбар буд. Баъзеи дигар ҳатто боварӣ доранд, ки ӯ Худост. Шумо чӣ фикр доред? (Нигаред ба Мавзӯи 11.)
3. Барои чӣ дар бораи Яҳува ва Исои Масеҳ дониш гирифтан зарур аст?
3 Дар бораи Исо дониш гирифтан ва ӯро хуб шинохтан хеле муҳим аст. Барои чӣ? Китоби Муқаддас мегӯяд: «Ҳаёти ҷовидонӣ ин аст, ки Туро, ки Худои ягонаи ҳақиқӣ ҳастӣ, ва Исои Масеҳро, ки фиристодӣ, бишносанд» (Юҳанно 17:3). Агар шумо дар бораи Яҳува ва Исо ҳақиқатро донед, метавонед дар биҳишти рӯйи замин беохир зиндагӣ кунед (Юҳанно 14:6). Ҳамчунин Исо беҳтарин намунаи ибрат аст. Мо аз ӯ метавонем бисёр чизро ёд гирем, масалан чӣ тавр зиндагӣ кунем ва чӣ хел бо дигарон рафтор кунем (Юҳанно 13:34, 35). Дар боби якум мо дар бораи Худо бисёр чизро фаҳмидем. Дар ин боб мо мефаҳмем, ки Китоби Муқаддас дар бораи Исо чӣ мегӯяд.
«МО МАСЕҲРО... ЁФТЕМ!»
4. Калимаи «Масеҳ» чӣ маъно дорад?
4 Чандсад сол пеш аз таваллуди Исо, Яҳува дар Китоби Муқаддас гуфта буд, ки Ӯ Масеҳро ба замин мефиристад. Масеҳ касест, ки Худо ӯро интихоб кардааст ва ба вай вазифаи хеле муҳим додааст. Масеҳ ҳама ваъдаҳои Худоро иҷро мекунад. Пеш аз таваллуд шудани Исо бисёриҳо мепурсиданд: «Кӣ Масеҳ мешуда бошад?»
5. Оё шогирдони Исо боварӣ доштанд, ки ӯ Масеҳ аст?
5 Шогирдони Исо боварии пурра доштанд, ки ӯ Масеҳ, яъне интихобшудаи Худост (Юҳанно 1:41). Масалан, яке аз шогирдонаш, ки Шимъӯни Петрус ном дошт, чунин гуфт: «Ту Масеҳ... ҳастӣ» (Матто 16:16). Мо аз куҷо медонем, ки Исо Масеҳ аст?
6. Чӣ тавр Яҳува ба одамони самимӣ ёрдам кард, ки Масеҳро шинохта тавонанд?
6 Солҳои зиёд пеш аз омадани Исо, пайғамбарони Худо дар бораи ӯ чизҳои бисёреро навиштанд, ки аз рӯйи онҳо одамон метавонистанд Масеҳро шиносанд. Биёед як мисолро дида бароем. Тасаввур кунед, ки шумо бояд бо касе вохӯред, ки ягон бор ӯро надидаед. Чӣ тавр шумо ӯро шинохта метавонед? Агар шумо пешакӣ дар бораи он шахс маълумот гиред, ки рангу рӯяш чӣ хел аст ва чӣ хел либос пӯшидааст. Он гоҳ шумо ӯро дар байни одамони бисёр ёфта метавонед. Ба ин монанд Яҳува ҳам ба воситаи пайғамбаронаш ба мо нишонаҳои Масеҳро гуфтааст, то мо ӯро шинохта тавонем. Дар Китоби Муқаддас пешакӣ навишта шуда буд, ки Масеҳ чӣ кор мекунад ва бо ӯ чӣ рӯй медиҳад. Ҳамаи ин чизҳо бо Исо рӯй доданд. Одамоне, ки ҳақиқатро мекобанд, метавонанд ин пешгӯиҳоро хонда бовар кунанд, ки Исо ҳамон Масеҳи ваъдашудаи Худост.
7. Кадом ду пешгӯӣ исбот мекунад, ки Исо Масеҳи ваъдашуда аст?
7 Биёед ду пешгӯиро дар бораи Исо бинем. Ҳафтсад сол пеш аз таваллуди Исо, пайғамбар Мико пешгӯӣ кард, ки Масеҳ дар шаҳраки Байт-Лаҳм таваллуд мешавад (Мико 5:2). Ва ҳамин хел ҳам шуд (Матто 2:1, 3–9). Ҳамчунин Дониёл-пайғамбар пешгӯӣ карда буд, ки Масеҳ соли 29-уми милодӣ пайдо мешавад (Дониёл 9:25). Ин танҳо ду пешгӯӣ буд. Боз пешгӯиҳои хеле зиёде ҳастанд, ки Масеҳи ваъдашуда будани Исоро исбот мекунанд. (Нигаред ба Мавзӯи 12.)
8, 9. Вақти таъмиди Исо чӣ тавр исбот шуд, ки ӯ Масеҳ аст?
8 Дар замонҳои Исо пайғамбаре зиндагӣ мекард, ки Яҳё ном дошт. Одамон пеши Яҳё меомаданд ва ӯ онҳоро таъмид медод, яъне пурра зери об мекард. Бо ин корашон онҳо нишон медоданд, ки аз гуноҳҳояшон тавба кардаанд. Худо ба Яҳё ваъда дод, ки ба ӯ Масеҳро нишон медиҳад. Чӣ тавр? Яҳё нақл мекунад: «[Худо] ки маро фиристод, то бо об таъмид диҳам, ба ман гуфт: “Бар ҳар кас бубинӣ, ки Рӯҳ нозил шуда, бар Ӯ қарор гирифт, Ӯ Ҳамон аст, ки бо Рӯҳулқудс таъмид медиҳад”». Соли 29-уми милодӣ Исо пеши Яҳё омад, то дар дарёи Ӯрдун таъмид гирад. Лекин Исо барои он таъмид гирифтанӣ набуд, ки гуноҳ кардааст. Бо ин кораш ӯ нишон додан мехост, ки барои иҷрои хости Худо тайёр аст. Оё Яҳё Масеҳи ваъдашударо дид? Ҳа. Яҳё нақл мекунад: «Ман Рӯҳро дидам, ки чун кабӯтаре аз осмон нозил шуда, бар [Исо] қарор гирифт» (Юҳанно 1:32, 33). Ҳамон замон Худо аз осмон овоз баровард ва тасдиқ кард, ки Исо Масеҳи ваъдашуда аст (Матто 3:16, 17).
9 Пешгӯиҳои Китоби Муқаддас, суханони худи Яҳува ва аломате, ки Яҳё дид, нишон медиҳанд, ки Исо Масеҳи ваъдашуда аст. Пеш аз ба замин омаданаш Исо дар куҷо буд? Ӯ чӣ гуна одам буд? Биёед бинем, ки Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд.
ИСО ПЕШ ФАРИШТА БУД
10. Мувофиқи Китоби Муқаддас Исо пеш аз он ки чун одам таваллуд шавад, дар куҷо буд?
10 Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Исо пеш аз ба замин омаданаш, дар осмон зиндагӣ мекард. Пайғамбар Мико дар бораи Масеҳ чунин гуфта буд: «Баромади Ӯ аз қадим, аз айёми азал аст» (Мико 5:2). Ин маънои онро дорад, ки Исо аз давраҳои хеле қадим вуҷуд дошт. Худи Исо чандин бор гуфта буд, ки пеш аз он ки дар замин таваллуд шавад, ӯ дар осмон зиндагӣ мекард. (Юҳанно 3:13; 6:38, 62; 17:4, 5-ро хонед.) Аллакай то ба замин омаданаш Исо бо Яҳува хеле наздик буд.
11. Барои чӣ Исо барои Яҳува хеле азиз аст?
11 Исо барои Яҳува хеле азиз аст. Барои чӣ? Чунки Яҳува якум Исоро офаридааст. Барои ҳамин Исо «нахустзодаи тамоми махлуқот», яъне офаридаи аввалин номида шудаастa (Қӯлассиён 1:15). Вақте Яҳува Исоро офарид, ҳеҷ касу ҳеҷ чиз набуд. Ҳама чизи дигарро бошад, Яҳува ба воситаи Исо офарид. Барои ҳамин Исо «Писари ягона» номида шудааст (Юҳанно 3:16; Қӯлассиён 1:16). Дар Китоби Муқаддас фақат Исо «Калом» номида мешавад, чунки Яҳува ба воситаи ӯ ба одамон ва фариштагон фармону хабар медод (Юҳанно 1:14).
12. Аз куҷо медонем, ки Исо Худо нест?
12 Баъзеҳо фикр мекунанд, ки Исо Худо аст. Лекин Китоби Муқаддас ин хел намегӯяд. Дар он навишта шудааст, ки Исо офарида шуда буд ва ӯ аввал дошт. Аммо Яҳуваро ҳеҷ кас наофаридааст ва Ӯ ҳеҷ гоҳ аввал надошт (Забур 89:2). Ҳарчанд Исо Писари Худост, ӯ ҳеҷ гоҳ кӯшиш намекард, ки ба Худо баробар шавад. Китоби Муқаддас аниқ мегӯяд, ки Яҳува аз Исо бузургтар аст (Юҳанно 14:28-ро хонед; 1 Қӯринтиён 11:3). Танҳо Яҳува «Худои Қодир» аст (Ҳастӣ 17:1). Ӯ аз ҳама бузургу аз ҳама пурқудрат аст. (Нигаред ба Мавзӯи 13.)
13. Барои чӣ дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки Исо «сурати Худои нонамоён» аст?
13 Пеш аз офарида шудани замину осмон Исо солҳои бешумор ҳамроҳи Яҳува буд. Барои ҳамин онҳо якдигарро сахт дӯст медоранд (Юҳанно 3:35; 14:31). Исо аз ҳама беҳтар ба Худо пайравӣ мекунад. Ана барои чӣ дар Китоби Муқаддас ӯ «сурати Худои нонамоён» номида мешавад (Қӯлассиён 1:15).
14. Чӣ тавр Писари азизи Худо чун одам таваллуд шуд?
14 Писари азизи Яҳува тайёр буд, ки дар замин чун одам таваллуд шавад. Оё ин хел шуданаш мумкин аст? Яҳува кори аҷоибе кард. Ӯ ҳаёти Писарашро ба шиками духтари бокирае бо номи Марям гузаронд. Барои таваллуд шудани Исо падари заминӣ даркор набуд. Ҳамин тавр Марям писари бегуноҳу беайб таваллуд кард ва номи ӯро Исо монд (Луқо 1:30–35).
ИСО ЧӢ ХЕЛ ОДАМ БУД?
15. Чӣ хел мо дар бораи Яҳува бисёртар фаҳмида метавонем?
15 Чӣ тавр дар бораи Исо беҳтар фаҳмидан мумкин аст? Аз китобҳои Инҷили Матто, Марқӯс, Луқо ва Юҳанно. Исо аз Худо чизҳои бисёре омӯхтааст. Вақте мо дар бораи хислатҳо ва зиндагии Исо мехонем, дар бораи худи Яҳува бештар мефаҳмем. Барои ҳамин Исо гуфта метавонист: «Ҳар кӣ Маро бинад, Падарро дидааст» (Юҳанно 14:9).
16. Исо дар бораи чӣ таълим медод? Исо суханони киро таълим медод?
16 Одамони бисёр Исоро «Устод» меномиданд (Юҳанно 1:38; 13:13). Ӯ дар бораи чӣ таълим медод? Асосан дар бораи хушхабари Салтанат. Салтанат чист? Ин ҳокимияти осмонист, ки бар замин ҳукмронӣ мекунад ва ба касоне, ки Худоро гӯш мекунанд, баракат меорад (Матто 4:23). Ҳама чизе, ки Исо таълим медод, аз Яҳува омӯхта буд. Исо худаш гуфта буд: «Таълими Ман аз они Ман нест, балки аз они Фиристандаи Ман аст» (Юҳанно 7:16). Исо медонист, ки Яҳува мехоҳад ҳама одамон хушхабари Салтанатро шунаванд ва фаҳманд, ки он бар замин ҳукмронӣ мекунад.
17. Исо дар куҷо таълим медод? Барои чӣ ӯ дар ин кор вақту қуввати бисёрро сарф мекард?
17 Исо дар куҷо таълим медод? Дар куҷое ки одамонро меёфт. Ӯ дар шаҳрҳо, деҳаҳо, бозорҳо ва ҷойҳои ибодат бо одамон гап мезад. Ӯ нигоҳ карда намешишт, ки кай одамон пеши вай меоянд. Ӯ худаш пеши онҳо мерафт (Марқӯс 6:56; Луқо 19:5, 6). Исо дар таълим додан сахт заҳмат мекашид ва қуввату вақти бисёрро сарф мекард. Барои чӣ? Чунки ӯ медонист, ки Худо инро мехоҳад. Исо ҳама вақт гапи Худоро мегирифт (Юҳанно 8:28, 29). Ӯ ба одамон дар бораи Худо нақл мекард, чунки дилаш ба онҳо месӯхт. (Матто 9:35, 36-ро хонед.) Ӯ медид, ки пешвоёни дин дар бораи Худо ва Подшоҳии Ӯ гапи ростро намегуфтанд. Барои ҳамин ӯ мехост, ки одамони бисёр хушхабари Подшоҳиро шунаванд.
18. Кадом хислатҳои Исо ба шумо бештар маъқуланд?
18 Исо одамонро дӯст медошт ва ғами онҳоро мехӯрд. Касе мехост, метавонист бо ӯ гап занад. Ҳатто кӯдакон озодона пеши ӯ меомаданд, чунки Исо бо онҳо меҳрубон буд (Марқӯс 10:13–16). Исо одами боинсоф ва адолатдӯст буд. Ӯ порахӯриву беадолатиро бад медид (Матто 21:12, 13). Ӯ дар замоне зиндагӣ мекард, ки занҳо қадру қимат надоштанд. Лекин Исо ҳама вақт занонро ҳурмату эҳтиром мекард (Юҳанно 4:9, 27). Исо хеле хоксору фурӯтан буд. Боре ӯ ҳатто пойи шогирдонашро шуст. Ин корро одатан хизматгорон мекарданд (Юҳанно 13:2–5, 12–17).
19. Кадом мисол нишон медиҳад, ки Исо мехост ба одамони мӯҳтоҷ ёрдам кунад?
19 Худо ба Исо қувват дода буд, ки одамонро шифо диҳад. Исо медонист, ки одамон ба чӣ мӯҳтоҷанд ва мехост ба онҳо ёрдам кунад (Матто 14:14). Як бор шахсе, ки касали махав буд, пеши Исо омада гуфт: «Агар хоҳӣ, метавонӣ маро пок кунӣ». Дили Исо ба он мард сӯхт. Ӯ дасташро дароз карда ба бадани марди касал расонд ва гуфт: «Мехоҳам, пок шав!» Махавӣ шифо ёфт ва пӯсташ сиҳат шуд (Марқӯс 1:40–42). Хурсандии он мард ҳадду канор надошт!
ИСО ҲАМА ВАҚТ ХУДОРО ГӮШ МЕКАРД
20, 21. Чӣ тавр Исо нишон дод, ки дар ҳар ҳолат ба Худо гӯш мекард?
20 Исо ба таври беҳтарин нишон дод, ки чӣ тавр мо бояд Худоро гӯш кунем. Ӯ дар ҳар ҳолат ба Худо итоат мекард, ҳатто вақте ки душманонаш ба ӯ зиддият мекарданд. Вақте Шайтон ӯро васваса кард, Исо гуноҳ накард (Матто 4:1–11). Баъзе наздикон ва хешовандони Исо бовар надоштанд, ки ӯ Масеҳ аст ва мегуфтанд, ки ӯ девона шудааст. Дар ин ҳолат ҳам Исо кори Худоро давом медод (Марқӯс 3:21). Вақте душманонаш бо ӯ бераҳмона рафтор мекарданд ва ӯро масхара мекарданд, Исо қонуни Худоро вайрон намекард ва аз онҳо қасд намегирифт (1 Петрус 2:21–23).
21 Исоро бисёр азоб доданд ва баъд бераҳмона куштанд. Ӯ то дами маргаш аз Худо рӯй нагардонд (Филиппиён 2:8). Пеш аз маргаш ӯро дастгир намуда, тӯҳмат карданд. Душманонаш ӯро ба кофирӣ айбдор намуданд ва масхара карданд. Доварони беинсофу бевиҷдон Исоро ба марг маҳкум карданд. Баъд аз он ки ӯро дар сутун мехкӯб карданд, Исо чунин гуфт: «Иҷро шуд». Баъд аз ин ӯ ҷон дод (Юҳанно 19:30). Се рӯз пас аз маргаш Худо Исоро чун фаришта зинда кард (1 Петрус 3:18). Якчанд ҳафта пас Исо ба осмон баргашт ва аз тарафи рости Худо нишаст ва интизор шуд, ки Худо ӯро Подшоҳ кунад (Ибриён 10:12, 13).
22. Ҳар яки мо чӣ гуна имконият дорем?
22 Азбаски Исо то охир ба Худо гӯш дод, ҳамаи мо имконият дорем, ки дар биҳишти рӯйи замин беохир зиндагӣ кунем. Нияти Худо дар аввал ҳамин буд. Дар боби оянда мо мефаҳмем, ки марги Исо ба мо чӣ фоида овард.
a Яҳува «Падар» номида шудааст, чунки Ӯ Офаридгор аст (Ишаъё 64:8). Исо Писари Худо номида шудааст, чунки Яҳува ӯро офаридааст. Ҳамчунин дар Китоби Муқаддас Одам писари Худо ва фариштагон фарзандони Худо номида шудаанд (Айюб 1:6; Луқо 3:38).