МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 44
Умедатонро устувор нигоҳ доред
«Ба Яҳува умед банд» (ЗАБ. 27:14).
СУРУДИ 24 Доимо сӯи мукофот нигар!
ПЕШГУФТОРa
1. Яҳува ба мо чӣ гуна умед додааст?
ҲАЁТИ ҷовидона умеди беҳтаринест, ки Яҳува ба мо додааст. Баъзеҳо умед доранд, ки дар осмон ҷовидона мисли офаридаҳои рӯҳӣ зиндагӣ мекунанд (1 Қӯр. 15:50, 53). Вале бисёриҳо умед доранд, ки дар замин абадан саломат ва хушбахт зиндагӣ менамоянд (Ошкор. 21:3, 4). Чӣ гуна умед надошта бошем, хоҳ осмонӣ, хоҳ заминӣ, ҳар яки мо ин ҳадияи беҳамтои Худоро хеле қадр мекунем!
2. Умеди мо бар чӣ асос меёбад ва барои чӣ ин тавр гуфтан мумкин аст?
2 Калимаи «умед», ки дар Китоби Муқаддас омадааст, маънояш «интизори чизҳои хубе, ки рӯй медиҳанд», мебошад. Умеди мо ба оянда боварибахш аст, зеро он аз Яҳува сарчашма мегирад (Рум. 15:13). Мо медонем, ки ӯ чӣ ваъда додааст ва шакке надорем, ки ӯ ҳамеша дар гапаш меистад (4 Мӯсо 23:19). Дилпурем, ки Яҳува барои иҷро кардани ҳамаи ваъдаҳояш ҳам хоҳиш ва ҳам қудрат дорад. Барои ҳамин умеди мо ба орзую хаёл асос намеёбад, он бар далелҳои боварибахш побарҷост.
3. Дар ин мақола чиро дида мебароем? (Забур 27:14).
3 Падари осмониамон моро дӯст медорад ва мехоҳад, ки ба ӯ умед бандем. (Забур 27:14-ро хонед.) Агар умеди мо ба Яҳува мустаҳкам бошад, ҳар озмоишро паси сар карда метавонем ва ба оянда бо хурсандӣ ва далерӣ назар мекунем. Биёед бинем, ки чӣ тавр умедамон моро муҳофизат мекунад. Дар аввал мефаҳмем, ки ба кадом маъно умед ба лангар ва кулоҳ монанд аст. Сипас мефаҳмем, ки чӣ тавр умедамонро қавӣ созем.
УМЕДАМОН МИСЛИ ЛАНГАР АСТ
4. Ба кадом маъно умед мисли лангар аст? (Ибриён 6:19).
4 Павлуси расул дар номааш ба ибриён умедамонро ба лангар монанд кардааст. (Ибриён 6:19-ро хонед.) Ӯ бисёр вақт дар сафарҳояш аз баҳр мегузашт, бинобар ин медонист, ки лангарро барои дар тӯфон нигоҳ доштани киштӣ истифода мебаранд. Боре ӯ дар киштӣ мусофир буд, ки тӯфони шадиде бархест. Павлус медид, ки чӣ тавр баҳрнавардон барои ба кӯҳпораҳо барнахӯрдани киштӣ ба об лангарҳоро мепартофтанд (Кор. 27:29, 39–41). Чи хеле лангар киштиро дар ҷояш устувор нигоҳ медорад, ҳамин тавр умедамон намегузорад, ки ҳангоми тӯфони ҳаёт аз Яҳува дур шавем. Бо ёрии умеди устувор мо озмоишҳои тӯфонмонандро паси сар карда метавонем, зеро боварӣ дорем, ки поёни шаби сиёҳ сафед аст. Исо огоҳ карда буд, ки мо бо озорҳо рӯ ба рӯ мешавем (Юҳ. 15:20). Барои ҳамин умед дар бораи оянда ба мо кумак мекунад, ки аз роҳи ҳақиқат дур нашавем.
5. Чӣ тавр умед ба Исо пеш аз маргаш қувват бахшид?
5 Ба ёд оред, ки чӣ тавр умед ба Исо кумак кард, ки содиқ монад, ҳарчанд ӯро марги пуразоб дар пеш буд. Дар Пантикости соли 33-и милодӣ Петруси расул пешгӯйии китоби Забурро иқтибос овард, ки дар он оромӣ ва дилпурии Исо зебо тасвир ёфтааст: «Ман дар амон хоҳам буд, зеро ту ҷони маро дар гӯр нахоҳӣ монд, нахоҳӣ гузошт, ки бандаи бовафоят рӯйи қабрро бубинад... Дар рӯйи ту ризоро дидан дили маро аз хурсандӣ пур мекунад» (Кор. 2:25–28; Заб. 16:8–11). Ҳарчанд Исо медонист, ки мемирад, ӯ заррае ҳам шубҳа намекард, ки Худо ӯро зинда мекунад ва ӯ хурсандона бо Падараш дар осмон аз нав якҷо мешавад (Ибр. 12:2, 3).
6. Як бародар дар бораи умед чӣ гуфт?
6 Умед ба бисёр бародару хоҳарон кумак мекунад, ки истодагарӣ кунанд. Мисоли бародари содиқамон Леонард Чинро дида мебароем, ки дар Англия зиндагӣ мекард. Дар давоми Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ ӯро барои ба хизмати ҳарбӣ нарафтанаш ҳабс карданд. Ду моҳ ӯро дар камераи алоҳида нигоҳ медоштанд, сипас корҳои вазнинро ба ӯ бор карданд. Баъдтар ӯ навишт: «Ман фаҳмидам, ки умед барои истодагарӣ кардан хеле муҳим аст. Дар Китоби Муқаддас намунаи Исо, расулон, пайғамбарон ва ваъдаҳои олиҷанобе ҳаст. Ҳамаи ин ба мо умеди бузург мебахшад ва қувват медиҳад, ки истодагӣ кунем». Умед барои Леонард мисли лангар буд, он барои мо низ лангар шуда метавонад.
7. Чӣ тавр озмоишҳо умеди моро қавӣ мегардонанд? (Румиён 5:3–5; Яъқуб 1:12).
7 Вақте мо дар озмоишҳо истодагӣ мекунем ва ёрдами Яҳуваро мебинем, дарк мекунем, ки ӯ аз мо розист. Ҳамаи ин умеди моро қавитар мегардонад. (Румиён 5:3–5; Яъқуб 1:12-ро хонед.) Барои ҳамин ҳозир умеди мо назар ба вақтҳое, ки нав ҳақиқатро қабул карда будем, бақувваттар гаштааст. Шайтон мехоҳад, ки озмоишҳо моро шикананд, лекин бо ёрдами Яҳува мо ҳар яки онҳоро бо сари баланд, паси сар карда метавонем.
УМЕДАМОН МИСЛИ КУЛОҲ АСТ
8. Ба кадом маъно умед ба кулоҳ монанд аст? (1 Таслӯникиён 5:8).
8 Дар Китоби Муқаддас умед боз ба кулоҳ монанд карда шудааст. (1 Таслӯникиён 5:8-ро хонед.) Кулоҳ сари аскарро аз зарбаҳои душман муҳофизат мекунад. Мо низ дар ҷанги рӯҳониамон бояд сари худро аз зарбаҳои Шайтон муҳофизат кунем. Ӯ ба воситаи васваса ва ҳар гуна ақидаҳо фикрронии моро тирборон мекунад. Хуб, чи хеле кулоҳ сари аскарро муҳофизат менамояд, умедамон фикрронии моро ҳифз мекунад, то ба Яҳува содиқ монем.
9. Бо шахсоне, ки умед надоранд, чӣ рӯй медиҳад?
9 Умед ба ҳаёти ҷовидона ба мо ёрдам мекунад, ки аз рӯйи хирад амал кунем ва қарорҳои дуруст барорем. Вале, агар умедамон суст гардад ва гузорем, ки хоҳишҳои ҷисм ақламонро тира гардонанд, мо дар бораи ҳаёти ҷовидона фаромӯш мекунем. Мисоли баъзе масеҳиёни шаҳри Қӯринтро мегирем: Онҳо ба ваъдаи муҳими Худо, яъне ба зиндашавӣ, имонашонро гум карданд (1 Қӯр. 15:12). Павлус дар бораи чунин одамон навишт, ки онҳо танҳо барои қонеъ кардани хоҳишҳои шахсиашон зиндагӣ мекунанд (1 Қӯр. 15:32). Имрӯз низ бисёр одамоне, ки ба ваъдаҳои Худо бовар намекунанд, кӯшиш меварзанд, ки чи қадаре аз дасташон ояд, айни замон ҳаёташонро хурсандиовар гардонанд. Мо бошем, ба ваъдаи Худо дар бораи оянда умед мебандем. Умеди мо мисли кулоҳест, ки фикррониамонро ҳимоя мекунад ва кумак мерасонад, ки танҳо дар бораи худамон фикр накунем, зеро ин ба муносибатамон бо Яҳува зарар мерасонад (1 Қӯр. 15:33, 34).
10. Чӣ тавр умед моро аз фикрҳои нодуруст муҳофизат карда метавонад?
10 Кулоҳи умед моро инчунин муҳофизат мекунад, то фикр накунем, ки ҳеҷ гоҳ розигии Яҳуваро ба даст оварда наметавонем. Масалан, баъзеҳо шояд гӯянд: «Ман ҳеҷ гоҳ дар қатори онҳое, ки ҷовидона зиндагӣ мекунанд, намешавам, зеро мувофиқ нестам. Ҳеҷ гоҳ ба меъёрҳои Яҳува ҷавобгӯ шуда наметавонам». Гуфтаҳои ба ном тасаллидиҳандаи Айюб Элифозро ба ёд оред,— ӯ фикрҳои ба ин монанд гуфта буд. Элифоз гуфт: «Инсони хокӣ худаш кист, ки пок бошад?» Дар бораи Худо гап зада илова кард: «Ӯ ба фариштагони муқаддаси худ бовар надорад ва ҳатто осмон дар назараш пок нест» (Айюб 15:14, 15). Чӣ дурӯғи азиме! Дар ёд дошта бошед, ки аз пушти чунин фикрронӣ Шайтон меистад. Ӯ медонад, ки агар шумо побанди ин гуна фикрҳо гардед, умедатонро аз даст медиҳед. Барои ҳамин чунин дурӯғҳоро рад намоед ва диққати худро ба ваъдаҳои Яҳува равона созед. Ҳеҷ гоҳ шубҳа накунед, ки Яҳува мехоҳад, шумо ҷовидона зиндагӣ кунед ва барои ин тайёр аст ба шумо кумак кунад (1 Тим. 2:3, 4).
УМЕДАТОНРО ҚАВӢ НИГОҲ ДОРЕД
11. Чаро барои иҷро гаштани умедамон мо бояд пурсабр бошем?
11 Қавӣ нигоҳ доштани умед на ҳама вақт осон аст. Барои Яҳуваро интизор шудан шояд ба мо сабру тоқат нарасад. Дар ин сурат бояд дар ёд дошта бошем, ки Яҳува ҷовидонист, бинобар ин назари ӯ ба вақт аз назари мо фарқ мекунад. Ӯ ваъдаҳояшро ба таври беҳтарин иҷро хоҳад кард, вале шояд на дар вақту соате, ки мо интизорем (2 Пет. 3:8, 9). Пас, чӣ кумак мекунад, ки умедамонро қавӣ нигоҳ дошта, пурсаброна иҷро шудани ваъдаҳои Яҳуваро интизор шавем? (Яъқ. 5:7, 8).
12. Мувофиқи Ибриён 11:1, 6 умед бо имон чӣ алоқамандӣ дорад?
12 Агар мо ба Яҳува, Оне, ки моро ба муродамон мерасонад, наздик монем, умеди мо қавӣ мегардад. Дар асл, мувофиқи Китоби Муқаддас барои умед пайдо кардан мо бояд имон дошта бошем, ки Яҳува вуҷуд дорад ва «ба онҳое, ки ӯро аз таҳти дил мекобанд, мукофот медиҳад». (Ибриён 11:1, 6-ро хонед.) Бале, чи қадаре Яҳува бароямон воқеӣ бошад, ҳамон қадар мо дилпур мешавем, ки ӯ ба ваъдаҳояш вафо мекунад. Пас, биёед баъзе роҳҳоеро дида бароем, ки муносибатамонро бо Яҳува наздик мегардонаду умедамонро бошад, қавӣ.
13. Чӣ тавр мо ба Худо наздик шуда метавонем?
13 Ба Яҳува дуо гӯед ва Каломашро хонед. Мо Яҳуваро дида натавонем ҳам, ба ӯ наздик шуда метавонем. Дар дуо бо ӯ суҳбат карда боварӣ дошта метавонем, ки ӯ мор гӯш мекунад (Ирм. 29:11, 12). Вақте Китоби Муқаддасро мехонем ва мулоҳиза меронем, ба маъное Яҳуваро мешунавем. Инчунин дар бораи ғамхории Яҳува ба хизматгорони пешинаш хонда умеди мо қавитар мегардад. Бале, Китоби Муқаддас «барои таълими мо навишта шудааст, то ба воситаи истодагарии худ ва тасаллие, ки аз Навиштаҳо меёбем, умедвор бошем» (Рум. 15:4).
14. Чаро дар бораи корҳое, ки Яҳува ба дигарон мекунад, мулоҳиза рондан даркор?
14 Мулоҳиза ронед, ки чӣ тавр Яҳува дар гузашта ба ваъдаҳояш вафо карда буд. Мисоли Иброҳим ва Сороро мегирем. Вақте синну соли онҳо ба ҷойе расида буд, Яҳува ваъда дод, ки онҳо кӯдакдор мешаванд (1 Мӯсо 18:10). Иброҳим ваъдаи Яҳуваро шунида чӣ тавр муносибат кард? Мувофиқи Китоби Муқаддас: «Иброҳим умед баст ва барои ҳамин имон овард, ки падари халқҳои бисёр мешавад» (Рум. 4:18). Ҳарчанд он вақт аз назари одамӣ вазъияташон беилоҷ менамуд, Иброҳим шакке надошт, ки Яҳува ваъдаашро иҷро мекунад. Яҳува ин марди содиқро ноумед нагардонд (Рум. 4:19–21). Мо аз ин гуна воқеаҳо чӣ меомӯзем? Чи қадаре ки вазъият ба назарамон ноилоҷ натобад, мо ҳама вақт боварӣ дошта метавонем, ки Яҳува ҳатман дар гапаш меистад.
15. Чаро мо бояд дар бораи корҳое, ки Яҳува бароямон мекунад, мулоҳиза ронем?
15 Дар бораи чизе, ки Яҳува бароятон мекунад, мулоҳиза ронед. Фикр кунед, ки чӣ тавр шахсан шумо аллакай аз иҷрошавии ваъдаҳои Худо, ки дар Каломаш оварда шудаанд, манфиат гирифтед. Масалан, Исо ваъда дода буд, ки Падараш дар бораи ниёзҳои шумо ғамхорӣ мекунад (Мат. 6:32, 33). Ӯ инчунин боварӣ бахшидааст, ки агар шумо аз Яҳува рӯҳи муқаддас пурсед, ӯ ҳатман онро бароятон медиҳад (Луқ. 11:13). Дар асл, Яҳува имрӯз ба ин ваъдаҳои худ вафо мекунад. Дар бораи дигар ваъдаҳои Яҳува фикр кунед, ки ӯ иҷро карда истодааст. Масалан, ӯ ваъда медиҳад, ки шуморо мебахшад, тасаллӣ медиҳад ва аз ҷиҳати рӯҳонӣ таъмин мекунад (Мат. 6:14; 24:45; 2 Қӯр. 1:3). Агар дар бораи корҳое, ки Яҳува бароятон аллакай кардааст, мулоҳиза ронед, умедатон ба оянда қавитар мегардад.
АЗ УМЕДИ ХУД ШОДӢ КУНЕД
16. Чаро умед ҳадияи бебаҳо аст?
16 Умед ба ояндаи абадӣ ҳадияи беҳамтоест аз ҷониби Худо. Мо бесаброна ин ояндаи олиҷанобро интизорем — он ҳатман меояд. Умедамон лангарест, ки дар озмоишҳо ба мо қувват мебахшад, кумак мекунад, ки ба озору азият тоб орем ва ҳатто аз марг натарсем. Он монанди кулоҳест, ки фикррониямонро муҳофизат мекунад, то бадиро рад намоему ба некӣ бичаспем. Умеди мо, ки бар Китоби Муқаддас асос меёбад, моро ба Худо наздиктар мегардонад ва ошкор месозад, ки ӯ моро беҳад дӯст медорад. Бале, агар умедамонро зинда ва қавӣ нигоҳ дорем, манфиати зиёд мегирем.
17. Чаро умедамон ба мо хурсандӣ мебахшад?
17 Павлуси расул дар номааш ба румиён гуфта буд: «Аз умедатон хурсандӣ ёбед» (Рум. 12:12). Павлус хурсанд буда метавонист, зеро ӯ боварӣ дошт, ки агар то охир содиқ монад, ниҳоят, дар осмон соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ мегардад. Мо низ имрӯз аз умеди худ шодӣ карда метавонем, зеро заррае ҳам шубҳа надорем, ки Яҳува ваъдаҳояшро иҷро мекунад. Забурнавис гуфтааст: «Хушбахт аст касе, ки... умеди ӯ Худояш Яҳува аст... Он кӣ ҳамеша бовафост» (Заб. 146:5, 6).
СУРУДИ 55 Шуд ҳаёт абадӣ!
a Яҳува ба мо умеди олиҷаноб додааст. Ин умед ба ҳаётамон маъно бахшида ёрдам мекунад, ки диққатро ба озмоишҳои имрӯза равона накунем ва нигоҳ накарда ба мушкилиҳо ба Яҳува содиқ монем. Умедамон моро аз фикрҳои нодуруст муҳофизат мекунад. Мавридҳои номбаршуда барои қавӣ гардондани имонамон сабаби раднопазиранд. Мо инро аз мақолаи зерин мефаҳмем.
b ШАРҲИ РАСМҲО: Чи хеле кулоҳ сари аскарро муҳофизат мекунад ва лангар киштиро дар ҷояш устувор нигоҳ медорад, умедамон фикрронии моро ҳимоя карда дар озмоишҳо қувват мебахшад. Хоҳаре бо дилпурӣ ба Яҳува дуо гуфта истодааст. Бародаре мулоҳиза ронда истодааст, ки чӣ тавр Яҳува дар мавриди Иброҳим ба ваъдаҳояш вафо карда буд. Бародари дигар мулоҳиза меронад, ки чӣ тавр Яҳува шахсан ӯро баракат медиҳад.