Боби ҳафт
Аз он ки Худо ба бадӣ роҳ медиҳад, мо чиро меомӯзем?
1, 2. a) Агар Яҳува исёнгаронро дар боғи Адан фавран нест мекард, ин ба мо чӣ гуна таъсир мерасонд? б) Чӣ гуна Яҳува аз рӯи муҳаббати худ ба мо ғамхорӣ намуд?
«АЙЁМИ солҳои умри ман кам ва бад аст»,— гуфта буд Яъқуб, сардори қавми Исроил (Ҳастӣ 47:9). Айюб низ гуфта буд, ки рӯзҳои инсон «кам ва азобаш бисёр аст» (Айюб 14:1). Аксари мо монанди ин ду мард душворӣ, беадолатӣ ва ҳатто мусибатҳоро аз сар гузарондаем. Бо вуҷуди ин, мо наметавонем ба дунё омаданамонро беадолатӣ аз ҷониби Худо бишуморем. Албатта, бояд иқрор шавем, ки мо соҳиби ақлу тани комил нестем ва дар биҳиште, ки дар ибтидо Одаму Ҳавво аз он баҳра мебурданд, зиндагӣ намекунем, лекин оё аз худамон пурсидаем, ки агар Яҳува Одаму Ҳавворо дарҳол пас аз исён бардоштанашон нест мекард, чӣ мешуд? Дар он сурат беморӣ, андӯҳ ва марг намебуд, вале насли одамӣ низ вуҷуд намедошт ва ҳеҷ яке аз мо ба дунё намеомад. Вале Худо аз рӯи марҳамати худ роҳ дод, ки Одаму Ҳавво соҳиби фарзандон шаванд, гарчанде он фарзандон нокомилиро мерос гирифтанд. Яҳува тавассути Масеҳ ғамхорӣ намуд, ки мо он чиро ки Одам аз даст дода буд, яъне имконияти дар биҳишти рӯи замин ҷовидона ҳаёт ба сар бурданро аз нав пайдо кунем (Юҳанно 10:10; Румиён 5:12).
2 Дар бораи зиндагии абадӣ дар биҳишт, яъне дар дунёи наве, ки дар он дард, ғаму андӯҳ, беморӣ, марг ва ҳамчунин одамони бад нахоҳанд буд, фикр кунед. Чӣ дилгармкунанда аст, ки мо метавонем чунин дунёро интизор бошем! (Масалҳо 2:21, 22; Ваҳй 21:4, 5). Вале аз Китоби Муқаддас мо мефаҳмем, ки гарчанд наҷот ёфтанамон ҳам барои мо ва ҳам барои Яҳува аҳамияти калон дорад, сухан дар ин маврид оиди чизи аз ин ҳам муҳимтаре меравад.
Ба хотири исми бузурги худ
3. Иҷрошавии ниятҳои Яҳува оиди замин ва одамизод бо чӣ алоқамандии зич дорад?
3 Номи Худо бо иҷрошавии ниятҳои Ӯ оиди замин ва одамизод алоқамандии зич дорад. Исми Худо — Яҳува мебошад ва маънояш чунин аст: «Ӯ сабаби шудан мегардад». Ин ном Яҳуваро ҳамчун Ҳокими Мутаол, Худои ниятҳои бузург ва Худои ҳақиқат муаррифӣ менамояд. Азбаски Яҳува чунин мавқеи баландро ишғол мекунад, баҳри осоиштагӣ ва беҳбудии тамоми олам зарур аст, ки ҳама номи Ӯро ва ҳамчунин ҳар он чизеро ки ба ин ном вобастагӣ дорад, гиромӣ донанд ва ба Ӯ итоат кунанд.
4. Нияти Яҳува оиди замин чӣ гуна буд?
4 Пас аз он ки Яҳува Одаму Ҳавворо офарид, Ӯ ба онҳо супорише дод. Ӯ мақсади худро ба онҳо фаҳмонда гуфт, ки тамоми заминро тасарруф намоянд, яъне ҳудудҳои биҳиштро васеъ кунанд. Ҳамчунин Яҳува ба онҳо фармуд, ки соҳиби фарзанд шаванд ва заминро пур кунанд (Ҳастӣ 1:28). Оё бо гуноҳ кардани Одаму Ҳавво иҷроиши мақсади Худо номумкин гардид? Агар Яҳува, Худои пурқудрат, нияти худро оиди замин ва инсоният ба иҷро намерасонид, то чӣ дараҷа исми Ӯ мавриди маломат қарор мегирифт!
5. a) Агар Одаму Ҳавво аз меваи дарахти маърифати неку бад мехӯрданд, онҳо кай бояд дучори марг мегаштанд? б) Чӣ гуна Яҳува нияти худро дар мавриди замин ба назар гирифта, суханонашро, ки дар Ҳастӣ 2:17 нависонда шудаанд, ба ҷо овард?
5 Яҳува Одам ва Ҳавворо огоҳ намуда буд, ки агар онҳо беитоатӣ намуда, аз меваи дарахти маърифати неку бад бихӯранд, худи ҳамон рӯз хоҳанд мурд (Ҳастӣ 2:17). Мувофиқи суханони худ Яҳува онҳоро дар рӯзи гуноҳ карданашон ба ҷавобгарӣ бихонд ва ба марг маҳкум намуд. Дар назари Худо Одаму Ҳавво худи ҳамон рӯз мурданд, вале барои иҷро гардидани нияташ оиди замин Ӯ роҳ дод, ки онҳо пеш аз ҷисман мурданашон фарзанд ба дунё оранд. Ба ҳар ҳол, Одам пас аз 930 сол умр диданаш дар худи ҳамон «рӯзе», ки гуноҳ кард, фавтид, зеро 1000 сол дар назари Худо метавонад мисли як рӯз бошад (2 Петрус 3:8; Ҳастӣ 5:3–5). Суханони Яҳува оиди вақти ҷазои Одаму Ҳавво рост баромаданд ва марги онҳо ба амалӣ гардидани нияти Ӯ нисбати замин монеъ нагардид. Ҳамин тариқ ба одамони нокомил, аз ҷумла ба шарирон, иҷозат дода шуд, ки муддате зиндагӣ кунанд.
6, 7. a) Мувофиқи Хуруҷ 9:15, 16, чаро Яҳува вуҷуд доштани шариронро ба муддате роҳ медиҳад? б) Яҳува ба чӣ тариқ қудрати худро ба фиръавн нишон дод ва чӣ тавр исми Ӯ машҳур гашт? в) Бо анҷом ёфтани тартиботи шариронаи ҳозира чӣ натиҷае ҳосил хоҳад шуд?
6 Аз суханоне ки Яҳува дар айёми зиндагии Мусо ба ҳокими Миср гуфта буд, бештар аён мегардад, ки чаро Ӯ ба вуҷуд доштани шарирон роҳ медиҳад. Вақте ки фиръавн ба баромадани исроилиён аз Миср монеъ гашт, Яҳува дарҳол ӯро ҳалок накард, балки бар он сарзамин даҳ балоро оварда, ба таври аҷиб қудрати худро нишон дод. Яҳува ҳангоми эълон намудани балои ҳафтум, ба фиръавн гуфт, ки метавонист ҳам худи фиръавн ва ҳам халқашро ба осонӣ нест кунад. «Валекин»,— илова намуд Яҳува,— «барои он туро боқӣ гузоштам, ки қуввати Худро ба ту нишон диҳам, ва исми Ман дар тамоми дунё шӯҳрат ёбад» (Хуруҷ 9:15, 16).
7 Исми Яҳува ҳангоми наҷот додани исроилиён, ҳақиқатан ҳам дар ҷаҳон маълум гашт (Еҳушаъ ибни Нун 2:1, 9–11). Имрӯз низ, зиёда аз 3500 сол пас, ҳар он чизе ки Яҳува ба амал оварда буд, фаромӯш нашудааст. Ҳамин тавр на танҳо исми шахсии Яҳува шинохта шуд, балки ҳақиқат дар бораи Соҳиби ин ном маълум гашт. Аз ин аён гардид, ки Яҳува Худоест, ки ваъдаҳояшро ба ҷо меорад ва ходимонашро ҳимоя мекунад (Еҳушаъ ибни Нун 23:14). Инчунин исбот гардид, ки ҳеҷ чиз наметавонад ба иҷрошавии мақсади Яҳува монеъ гардад, зеро Ӯ Худои пурқудрат аст (Ишаъё 14:24, 27). Аз ин рӯ, мо итминон дошта метавонем, ки ба наздикӣ Яҳува тартиботи шариронаи Шайтонро пурра нобуд сохта, ходимони содиқи худро ҳифз хоҳад кард ва номи худро ҷалол хоҳад дод. Ин гуна зоҳир гардидани қудрати Яҳува баракатҳои бепоён меорад ва ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд (Ҳизқиёл 38:23; Ваҳй 19:1, 2).
Зиҳӣ умқи ҳикмати Худо!
8. Павлус моро дар хусуси чӣ ба мулоҳиза кардан даъват менамояд?
8 Павлуси расул дар номааш ба Румиён чунин саволро ба миён мегузорад: «Магар назди Худо беинсофӣ ҳаст?» ва бо қатъият ҷавоб медиҳад: «Ба ҳеҷ ваҷҳ». Сипас ӯ марҳамати Худоро махсусан қайд менамояд ва суханони худи Яҳуваро оварда мегӯяд, ки чаро Худо фиръавнро дарҳол нобуд накард. Павлус инчунин мегӯяд, ки мо, одамон, мисли гиле дар дасти кӯзагар мебошем ва баъд сухани худро идома медиҳад: «Пас, чӣ ҷои баҳс аст, ки агар Худо, бо мақсади нишон додани ғазаби Худ ва зоҳир сохтани иқтидори Худ, зарфҳои ғазабро, ки барои ҳалокат сохта шудаанд, бо пурсабрии азиме таҳаммул карда бошад, то ки фаровонии ҷалоли Худро бар зарфҳои марҳамат, ки Ӯ пешакӣ онҳоро барои ҷалол омода кардааст, зоҳир созад. Ва он зарфҳои марҳамат моем, ки Ӯ моро на фақат аз байни яҳудиён, балки аз байни халқҳо ҳам даъват намудааст» (Румиён 9:14–24).
9. a) «Зарфҳои» ғазаб, ки барои ҳалокат сохта шудаанд, киҳоянд? б) Чаро Яҳува нисбати рақибонаш пурсабрии бузурге зоҳир менамуд ва чӣ тавр барои дӯстдорони Худо ҳама чиз ба хубӣ анҷом хоҳад ёфт?
9 Аз рӯзи рух додани исён дар Адан, ҳама касоне ки ба Яҳува ва ба қонунҳои Ӯ муқобилат мекунанд, ҳамчун зарфҳои ғазаб мебошанд, ки барои ҳалокат сохта шудаанд. Дар тӯли тамоми ин вақт Яҳува пурсабрӣ зоҳир менамуд. Шарирон роҳҳои Ӯро писханд ва ходимони Ӯро таъқиб менамуданд ва ҳатто Писарашро ба қатл расониданд. Пурсабрии бузурге зоҳир намуда, Яҳува муддати кофӣ дод, то тамоми махлуқот бубинанд, ки исёни ба муқобили Ӯ бардошташуда ва роҳбарии мустақили одамӣ ба чӣ оқибати фоҷианоке меоранд. Ҳамзамон марги Исо барои одамони итоаткор роҳи наҷотро бикушод ва «аъмоли иблисро» вайрон сохт (1 Юҳанно 3:8; Ибриён 2:14, 15).
10. Чаро Яҳува дар давоми 1900 соли охир дар нобуд сохтани шарирон таҳаммул менамояд?
10 Пас аз эҳё шудани Исо беш аз 1900 сол гузаштааст, вале Яҳува то ҳол дар нобуд сохтани зарфҳои ғазаб таҳаммул менамояд. Чаро? Сабаби якум дар он аст, ки Ӯ онҳоеро, ки бояд дар Салтанати осмонӣ бо Исои Масеҳ ҳамроҳ шаванд, ҷамъ меоварад. Шумораи ин одамон, ки Павлуси расул онҳоро «зарфҳои марҳамат» номидааст, 144 000 нафар мебошад. Барои ташкил додани табақаи осмонӣ аввалан имконият ба яҳудиён дода шуд ва баъдтар Худо одамонро аз миллатҳои дигар низ даъват намуд. Яҳува ҳеҷ кадоми онҳоро маҷбур намекард, ки ба Ӯ хидмат кунанд, балки имтиёзи бо Писараш дар Салтанати осмонӣ ҳукмронӣ намуданро ба онҳое, ки ба Ӯ миннатдорӣ зоҳир менамуданд, ато кард. Ҳоло ҷамъоварии ин табақаи осмонӣ қариб ба охир расидааст (Луқо 22:29; Ваҳй 14:1–4).
11. a) Кадом гурӯҳи одамон ҳоло аз пурсабрии Яҳува манфиат мебаранд? б) Мурдагонро чӣ интизор аст?
11 Барои сокинони замин бошад чӣ умеде вуҷуд дорад? Пурсабрии Яҳува имкон медиҳад, ки аз ҳамаи халқҳо «анбӯҳи бузурги мардум» ҷамъ оварда шавад. Ҳоло шумораи ин одамон ба миллионҳо расидааст. Яҳува ваъда додааст, ки ин табақаи заминӣ аз нобудшавие, ки бар тартиботи ҳозира меояд, наҷот хоҳад ёфт ва имконияти ҷовидона дар биҳишти рӯи замин зистанро пайдо хоҳад кард (Ваҳй 7:9, 10; Забур 36:29; Юҳанно 10:16). Инчунин дар вақти муқаррарнамудаи Худо шумораи зиёди мурдагон эҳё мегарданд ва ба онҳо имконият дода мешавад, ки таҳти роҳбарии Салтанати осмонӣ то абад дар рӯи замин ҳаёт ба сар баранд. Дар Каломи Худо чунин пешгӯӣ карда шудааст: «Ҳам барои одилон ва ҳам барои золимон эҳёи мурдагон дар пеш аст» (Аъмол 24:15; Юҳанно 5:28, 29).
12. a) Аз он ки Яҳува бадиро сабру таҳаммул менамояд, мо дар бораи Ӯ чӣ мефаҳмем? б) Шумо оиди тарзи саволи баҳсталабро ҳал намудани Яҳува чӣ фикр доред?
12 Магар дар ҳамаи ин ягон беадолатие дида мешавад? Не, зеро Яҳува дар нест кардани шарирон ё «зарфҳои ғазаб» сабру таҳаммул карда, мувофиқи нияти худ амал мекунад ва нисбати дигарон ҳамдардӣ зоҳир менамояд. Чӣ Худои раҳим ва пурмеҳре! Ҳамчунин бо гузашти вақт амалӣ гардидани ниятҳои Ӯро мушоҳида намуда, мо боз ҳам беҳтар мефаҳмем, ки Яҳува чӣ гуна Худост ва паҳлӯҳои гуногуни шахсияти Ӯ, яъне адолат, марҳамат, пурсабрӣ ва хиради паҳновари Ӯро шинохта, ба ҳайрат меоем. Яҳува саволи баҳсталаберо, ки оиди ҳукмронӣ бар олам мебошад, хирадмандона ҳал намуд ва ин роҳи ҳал намудани саволи пешомада то абад аз он шаҳодат хоҳад дод, ки тарзи ҳукмронии Ӯ беҳтарин аст. Аз ин рӯ, ба суханони Павлуси расул ҳамроҳ шуда, мо метавонем чунин бигӯем: «Зиҳӣ умқи сарват ва ҳикмат ва маърифати Худо! Чӣ қадар ақлнорас аст доварии Ӯ ва таҳқиқнопазир аст роҳҳои Ӯ!» (Румиён 11:33).
Имконияти нишон додани садоқат
13. Вақте ки мо дучори ранҷу азоб мегардем, чӣ имконияте пайдо менамоем ва чӣ ба мо кӯмак мерасонад, то оқилона рафтор кунем?
13 Азбаски Худо ҳанӯз шариронро нобуд накардааст ва инсониятро мувофиқи пешгӯиаш ба комилият наовардааст, бисёре аз ходимони Худо рӯз аз рӯз дучори ранҷу азоб мегарданд. Оё мо бояд аз ин ба ғазаб оем? Ё ин гуна вазъу шароитро имконияти муносибе хоҳем шумурд, то ки дурӯғгӯй будани Шайтонро исбот намоем? Суханоне, ки дар Масалҳо 27:11 гуфта шудаанд, метавонанд ба мо қувват диҳанд: «Эй писарам! Бохирад бош, ва дили маро шод гардон, то ки ман ба бадгӯи худ тавонам ҷавоб диҳам». Шайтон, ки Яҳуваро бадгӯӣ мекунад, даъво намуд, ки агар одамон молу мулк ё саломатии худро аз даст диҳанд, Худоро маломат хоҳанд кард ва ҳатто Ӯро дашном хоҳанд дод (Айюб 1:9–11; 2:4, 5). Бинобар ин, агар мо ҳангоми озмоиш ба Яҳува содиқ бимонем ва бо ин ноҳаққии даъвои Шайтонро нишон диҳем, дили Яҳуваро шод хоҳем кард.
14. Агар мо ҳангоми озмоиш ба Яҳува таваккал намоем, чӣ баракатҳое хоҳем ёфт?
14 Агар мо ҳангоми озмоиш ба Яҳува таваккал намоем, метавонем дар худ хислатҳои хубу шоёне инкишоф диҳем. Масалан, Исо ба василаи ранҷу азоби кашидааш ба таври дигар «ба итоат омӯхта шуд». Мо низ метавонем аз озмоишҳо барои худ дарсе бигирем, яъне пуртоқатӣ, устуворӣ ва инчунин барои тариқҳои одилонаи Яҳува ҳисси миннатдориро дар худ инкишоф диҳем (Ибриён 5:8, 9; 12:11; Яъқуб 1:2–4).
15. Босаброна душвориҳоро аз сар гузаронданамон, ба дигарон чӣ манфиате оварда метавонад?
15 Амалу рафтори мо аз назари одамон пинҳон нахоҳад монд ва шояд баъзеи онҳо душвориҳоеро, ки мо аз боиси адолатдӯст буданамон аз сар мегузаронем, дида, бо гузашти вақт мефаҳманд, ки масеҳиёни ҳақиқӣ имрӯз киҳоянд. Онҳо метавонанд дар ибодат ба мо ҳамроҳ шуда, баракатҳоеро, ки ҳаёти ҷовидонӣ бо худ меорад, мерос бигиранд (Матто 25:34–36, 40, 46). Яҳува ва Писари Ӯ мехоҳанд, ки ҳамаи одамон чунин имкониятро дошта бошанд.
16. Назари мо ба душвориҳо бо мавзӯи ягонагӣ чӣ алоқамандие дорад?
16 Чӣ хуб аст, ки мо ҳатто ба душвориҳо ҳамчун ба имконияти нишон додани вафодориамон ба Яҳува ва ба ҷо овардани иродаи Ӯ менигарем! Ин гуна рафтори мо аз он шаҳодат медиҳад, ки мо ҳақиқатан ҳам мехоҳем бо Худо ва Масеҳ дар ягонагӣ бошем. Исо дар бораи ҳамаи масеҳиёни ҳақиқӣ ба Яҳува чунин дуо гуфт: «Танҳо барои онҳо [шогирдони наздикаш] илтимос намекунам, балки низ барои касоне ки ба василаи каломи онҳо ба Ман имон хоҳанд овард: то ки ҳама як бошанд; чунон ки Ту, эй Падар, дар Ман ҳастӣ ва Ман дар Ту, онҳо низ дар Мо як бошанд» (Юҳанно 17:20, 21).
17. Агар мо ба Яҳува вафодор бошем, дар чӣ эътимод дошта метавонем?
17 Агар мо ба Яҳува вафодор бошем, Ӯ ба мо саховатмандона мукофот хоҳад дод. Каломи Ӯ чунин мегӯяд: «Матину устувор бошед, ҳамеша дар кори Худованд ҷадал намоед, ва бидонед, ки меҳнати шумо пеши Худованд бар абас нест» (1 Қӯринтиён 15:58). Дар Калом инчунин гуфта мешавад: «Зеро Худо беадолат нест, ки кори шуморо, ва он меҳнати муҳаббатеро, ки ба исми Ӯ зоҳир ... [намудед], фаромӯш кунад» (Ибриён 6:10). Дар Яъқуб 5:11 қайд карда шудааст: «Инак, мо онҳоеро, ки сабр кардаанд, хушбахт мешуморем: шумо дар бораи сабри Айюб шунидаед ва анҷоми кори Худовандро дидаед, зеро ки Худованд раҳмон ва бахшанда аст». Натиҷаи сабри Айюб чӣ гуна буд? «Худованд охири Айюбро бештар аз аввали ӯ баракат дод» (Айюб 42:10–16). Бале, Яҳува «ба толибони Худ мукофот» медиҳад (Ибриён 11:6). Ва мукофоте, ки моро дар пеш интизор аст — ин ҳаёти ҷовидонӣ дар биҳишти заминӣ мебошад!
18. Бо хотираҳои дардовар дар оянда чӣ рӯй хоҳад дод?
18 Салтанати Худо тамоми осеберо, ки дар таи ҳазорсолаҳо ба инсоният расонида шуда буд, бартараф хоҳад кард. Дар он вақт шодию хурсандиамон чунон зиёд хоҳад буд, ки мо ранҷу азобҳои ҳозираро фаромӯш карда, дигар ҳеҷ гоҳ ба сабаби онҳо озурдахотир нахоҳем гашт. Ҳар рӯзи ҳаёти инсон дар дунёи нав аз фикру амалҳои рӯҳбаландкунандае, ки хотираҳои талхро оҳиста–оҳиста аз байн мебаранд, пур хоҳад буд. Яҳува мегӯяд: «Ман осмони нав [ҳукумати нави осмоние, ки бар инсоният роҳбарӣ хоҳад кард] ва замини нав [ҷамъияти одилонаи инсонӣ] меофарам, ва чизҳои пештара ба хотир нахоҳад расид ва ба дил нахоҳад омад; балки аз он чи Ман меофарам, шодӣ кунед ва то абад ба ваҷд оед». Бале, дар дунёи нави барпокардаи Яҳува одилон чунин гуфта метавонанд: «Тамоми замин ором ёфта, фароғат менамояд; ба тараннум овоз баланд мекунанд» (Ишаъё 14:7; 65:17, 18).
Саволҳо барои такрор
• Чӣ гуна Яҳува дар баробари роҳ додан ба бадӣ номи худро гиромӣ дошт?
• Чӣ тавр Яҳува бо таҳаммули «зарфҳои ғазаб» нисбати мо марҳамат зоҳир менамояд?
• Ба ранҷу азобҳое, ки дучорашон мешавем, бояд чӣ гуна назар дошта бошем?
[Tасвир дар саҳифаи 67]
Яҳува «охири Айюбро бештар аз аввали ӯ баракат дод».