Яҳува медонад, ки чӣ гуна халқашро наҷот диҳад
«Худованд медонад, ки чӣ гуна парҳезгоронро аз озмоиш раҳо кунад» (2 ПЕТ. 2:9).
ЧАРО МО БОВАРӢ ДОШТА МЕТАВОНЕМ, КИ ЯҲУВА...
вақти ба амал омадани воқеаҳоро назорат мекунад, то нияташро иҷро кунад?
тайёр аст қувваташро барои наҷоти халқаш истифода барад?
аниқ медонад, ки воқеаҳо дар давоми мусибати бузург чӣ тавр сурат хоҳанд гирифт?
1. Дар вақти «мусибати бузург» ҳолати ҷаҳон чӣ гуна хоҳад буд?
НОБУДШАВИИ дунёи Шайтон ба таври ногаҳонӣ, вақте ки одамон инро интизор нестанд, сар мешавад (1 Тас. 5:2, 3). Вақте, ки «рӯзи бузурги Худованд» сар мешавад, ҷаҳонро бесарусомонӣ ва харобӣ фаро хоҳад гирифт (Саф. 1:14–17). Тангиву мусибатҳо дар он рӯзҳо чизи муқаррарӣ хоҳанд гашт. «Дар он замон чунон мусибати бузурге хоҳад шуд, ки аз ибтидои олам то ҳол нашудааст». (Матто 24:21, 22–ро бихонед.)
2, 3. а) Халқи Худо дар вақти «мусибати бузург» бо чӣ дучор хоҳад шуд? б) Чӣ моро ба он чизе ки дар пеш аст, қувват бахшида метавонад?
2 Вақте ки «мусибати бузург» ба авҷи худ мерасад, халқи Худо аз тарафи «Ҷуҷ, ки дар замини Моҷуҷ... аст», ба ҳамлаи ҳаматарафа дучор мешавад. Дар давоми ин ҳамла «лашкари сершумор... мисли абре ки заминро мепӯшонад» ба хизматгорони Худо фишор хоҳанд овард (Ҳиз. 38:2, 14–16). Ягон ташкилоти инсонӣ халқи Яҳуваро ҳимоя нахоҳад кард. Наҷоти онҳо танҳо аз Худо вобаста мегардад. Вақте душманон барои пурра нест кардани халқи Яҳува ба онҳо ҳамла мекунанд, онҳо чӣ гуна муносибат хоҳанд кард?
3 Агар шумо хизматгори Яҳува бошед, оё боварӣ доред, ки Яҳува барои халқи худро дар давоми мусибати бузург зинда нигоҳ доштан қудрат дорад ва инро мекунад? Павлуси ҳавворӣ навишт: «Худованд медонад, ки чӣ гуна парҳезгоронро аз озмоиш раҳо кунад ва шариронро барои ҷазо то рӯзи доварӣ дар қайду банд нигоҳ дорад» (2 Пет. 2:9). Мулоҳиза оиди корҳои наҷоти дар гузашта кардаи Яҳува метавонад моро ба он чизе, ки дар пеш аст, қувват бахшад. Биёед ҳоло се мисолро дида мебароем. Онҳо ба мо боварӣ мебахшанд, ки Яҳува барои наҷот додани халқаш қудрат дорад.
АЗ ТӮФОН НАҶОТ ДОД
4. Пеш аз омадани Тӯфон кадом корҳо бояд анҷом дода мешуданд?
4 Аввал, воқеаи Тӯфони рӯзҳои Нӯҳро дида мебароем. Пеш аз омадани Тӯфон, аввал корҳои муайянро анҷом додан лозим буд. Киштии калоне бояд сохта мешуд ва пеш аз фурӯ рехтани обҳои тӯфон ҳайвонҳоро эҳтиёткорона ба он дохил кардан лозим буд. Китоби Ҳастӣ намегӯяд, ки Яҳува аввал тамом шудани сохтмони киштиро интизор шуда, баъд вақти омадани Тӯфонро муайян кард. Яҳува ба ташвиш намеомад, ки гӯё киштӣ дар вақташ сохта намешавад. Ӯ аниқ медонист, ки барои сохтани он чӣ қадар вақт лозим аст. Барои ҳамин, чанд вақт пеш аз он ки Худо ба Нӯҳ дар бораи сохтани киштӣ чизе гуфт, Ӯ вақти сар шудани Тӯфонро аллакай муайян карда буд. Мо инро аз куҷо медонем?
5. Мувофиқи Ҳастӣ 6:3 Яҳува чиро эълон кард ва кай ин қарор бароварда шуд?
5 Китоби Муқаддас ба мо мегӯяд, ки Яҳува дар осмон қарор қабул кард. Мувофиқи Ҳастӣ 6:3 Ӯ гуфт: «Рӯҳи Ман дар одамизод доим нахоҳад монд, зеро ки вай башар аст; бигзор айёми вай саду бист сол бошад». Яҳува бо ин гуфтанӣ набуд, ки одамон ба ҳисоби миёна ҳамин қадар умр хоҳанд дид. Ин ҳукми доваронаи Яҳува буд. Он нишон медод, ки кай Ӯ барои аз замин нест кардани бадкорон амал мекунадa. Азбаски Тӯфон соли 2370–и то эраи мо сар шуд, мо хулоса мебарорем, ки Худо ин қарорро соли 2490–и то эраи мо баровард. Он вақт Нӯҳ 480–сола буд (Ҳас. 7:6). Тахминан баъди 20 сол, дар соли 2470–и то эраи Нӯҳ писари якумашро ба дунё овард (Ҳас. 5:32). Баъди он ки се писари Нӯҳ таваллуд шуданд, ба омадани Тӯфон тахминан 100 сол монда буд. Вале Яҳува ҳанӯз ба Нӯҳ дар бораи он ки вай дар наҷот ёфтани оилаи инсоният нақши махсус мебозад, чизе нагуфта буд. Пеш аз он ки инро ба Нӯҳ гӯяд, Худо чанд вақт интизор шуд?
6. Кай Яҳува ба Нӯҳ сохтани киштиро амр дод?
6 Яҳува аз афташ пеш аз он ки ба Нӯҳ дар бораи он чизе ки карданӣ буд, гӯяд, даҳсолаҳо интизор шуд. Чаро чунин гуфтан мумкин аст? Навиштаҳои илоҳӣ қайд мекунанд, ки вақте ки Худо ба Нӯҳ сохтани киштиро амр дод, писарони Нӯҳ аллакай калон шуда оиладор шуда буданд. Яҳува ба ӯ гуфт: «[Ман] аҳди худро бо ту барқарор мекунам, ва ба киштӣ медароӣ, ту, ва писаронат, ва занат, ва занони писаронат бо ту» (Ҳас. 6:9–18). Барои ҳамин, вақте ки ба Нӯҳ сохтани киштӣ супориш дода шуд, то омадани Тӯфон мумкин ҳамагӣ 40–50 сол боқӣ монда буду халос.
7. а) Чӣ тавр Нӯҳ ва оилааш имон зоҳир карданд? б) Кай оқибат Худо ба Нӯҳ вақти омадани Тӯфонро хабар дод?
7 Дар рафти сохтани киштӣ Нӯҳ ва оилааш эҳтимол фикр мекарданд, ки чӣ хел Худо Тӯфонро ба амал меорад ва кай он сар мешавад. Вале норасоии дониш дар бораи чунин тафсилотҳо онҳоро аз сохтани киштӣ бознадошт. Навиштаҳо қайд мекунанд: «Нӯҳ чунин кард; ҳар он чиро, ки Худо ба ӯ фармуда буд, ба ҷо овард» (Ҳас. 6:22). Яҳува ба Нӯҳ ва оилааш вақти омадани Тӯфонро ҳамон вақт хабар дод, ки ба он ҳамагӣ ҳафт рӯз монда буд. Ин вақт кофӣ буд, то Нӯҳ ҳайвонҳоро ба даруни киштӣ ҷамъ кунад. Аз ин рӯ, вақте ки обҳои тӯфон «соли шашсадуми ҳаёти Нӯҳ, дар моҳи дуюм, дар рӯзи ҳафдаҳуми моҳ» ба боридан сар карданд, ҳама чиз тайёр буд (Ҳас. 7:1–5, 11).
8. Чӣ тавр нақл оиди Тӯфон ба мо боварӣ мебахшад, ки Яҳува вақти наҷот додани халқашро медонад?
8 Нақл оиди Тӯфон нишон медиҳад, ки Яҳува ҳамеша халқашро дар вақти беҳтарин ва ба таври беҳтарин наҷот медиҳад. Дар сурати наздик омадани анҷоми ин тартибот, мо боварӣ дошта метавонем, ки ҳамаи ниятҳои Яҳува айнан дар «рӯз ва соат»–и таъинкардаи Ӯ иҷро хоҳад шуд. (Мат. 24:36; Ҳабаққуқ 2:3–ро бихонед.)
НАЗДИ БАҲРИ СУРХ НАҶОТ ДОД
9, 10. Чӣ тавр Яҳува халқашро истифода бурд, то ки лашкари Мисрро ба дом афтонад?
9 Аз мисоли болоӣ мо фаҳмидем, ки Яҳува вақти рӯй додани воқеаҳоро пурра назорат мекунад, то ки нияти худро иҷро намояд. Мисоли дуюме, ки мо дида мебароем, сабаби дигарро қайд мекунад, ки мо чаро мо метавонем боварӣ дошта бошем, ки Яҳува халқашро наҷот медиҳад: Ӯ қувваи бемаҳдуди худро истифода мебарад, то иродааш аниқ иҷро шавад. Шубҳае нест, ки Яҳува барои халос кардани хизматгоронаш қудрат дорад. Бо вуҷуди ин, баъзан Ӯ дар вазъияти хатарнок будани онҳоро роҳ медиҳад, то душманонашонро ба дом афтонад. Ҳангоми аз ғуломии Миср наҷот додани исроилиён маҳз чунин воқеа рӯй дод.
10 Исроилиён, ки аз Миср равон буданд, шояд қариб се миллион нафарро ташкил медоданд. Яҳува тавассути Мусо онҳоро ба роҳе роҳнамоӣ кард, то фиръавн фикр кунад, ки онҳо роҳро гум кардаанд. (Хуруҷ 14:1–4-ро бихонед.) Фиръавн ба васваса дода шуда, қувваи ҳарбиашро аз ақиби ғуломони пештарааш равона кард ва назди Баҳри Сурх ба онҳо расид. Ба назар чунин метофт, ки онҳо ягон роҳи гурез надоранд (Хур. 14:5–10). Аммо дар асл, ба исроилиён ягон хатар таҳдид намекард. Чаро? Зеро Яҳува тайёр буд, ки ба ин вазъият дахолат кунад.
11, 12. a) Чӣ тавр Яҳува бар манфиати халқаш амал кард? б) Дар натиҷаи дахолат кардани Худо чӣ рӯй дод ва ин воқеа дар бораи Яҳува ба мо чиро таълим медиҳад?
11 «Сутуни абр», ки ба исроилиён роҳнамоӣ мекард, ба қафои онҳо ҳаракат карда байни онҳову лашкари наздикшудаистодаи фиръавн истод ва тарафи мисриён торик гашт. Тарафи исроилиёнро бошад, сутун ҳатто шабона ба таври мӯъҷизанок равшан нигоҳ медошт. (Хуруҷ 14:19, 20–ро бихонед.) Сипас Яҳува оби баҳрро бо боди шарқии сахте аз ҳам ҷудо кард. Барои ин бешубҳа фурсати зиёд сарф шуд, зеро Китоби Муқаддас мегӯяд, ки шамол «тамоми шаб» вазида баҳрро хушк гардонд «ва банӣ–Исроил андаруни баҳр бар хушкӣ равона шуданд». Нисбат ба лашкари фиръавн ва аробаҳои онҳо, исроилиён бо суръати хеле суст роҳ мегаштанд. Вале мисриён ҳеҷ ба исроилиён расида наметавонистанд, зеро Яҳува барои халқаш ҷанг мекард. Ӯ «ӯрдуи мисриёнро ба изтироб овард ва чархҳои аробаҳояшонро баровард, ба тавре ки онҳо базӯр ҳаракат мекарданд» (Хур. 14:21–25).
12 Вақте ки ҳамаи исроилиён сиҳат саломат ба он тараф гузаштанд, Яҳува ба Мусо гуфт: «Дасти худро бар баҳр дароз кун, то ки обҳо бар мисриён, ба аробаҳо ва саворони онҳо баргардад». Дар сурате ки лашкарон аз обҳои фурӯ омадаистода гурехтанӣ шуданд, «Худованд мисриёнро андаруни баҳр вожгун сохт». Наҷот ёфтани онҳо имконнопазир буд. Ҳеҷ яки онҳо зинда намонданд (Хур. 14:26–28). Ҳамин тариқ Яҳува нишон дод, ки Ӯ қудрат дорад дар ҳар гуна вазъият халқашро наҷот диҳад.
НАҶОТ ҲАНГОМИ НОБУДШАВИИ ЕРУСАЛИМ
13. Исо чӣ гуна дастурот дод ва дар пайравони ӯ эҳтимол кадом савол пайдо мешуд?
13 Мисоли сеюме, ки дида мебароем, дар бораи он аст, ки вақте ки дар асри як лашкари румиён ба Ерусалим ҳамла карданд, чӣ рӯй дод. Ин мисол нишон медиҳад, ки Яҳува аниқ медонад, ки барои иҷро гаштани нияти Ӯ воқеаҳо чӣ тавр иҷро мешаванд. Ба воситаи Писараш, Яҳува барои наҷот ёфтани масеҳиёне, ки то нобудшавии соли 70 эраи мо дар Яҳудо ва Ерусалим мезистанд, дастурот дод. Исо гуфт: «Чун кароҳати харобиро, ки Дониёли набӣ ба забон овардааст, дар ҷои муқаддас бар по бубинед... он гоҳ онҳое ки дар Яҳудо мебошанд, ба кӯҳистон гурезанд» (Мат. 24:15, 16). Вале пайравони Исо чӣ тавр вақти иҷроиши ин пешгӯиро фаҳмида метавонистанд?
14. Сар шудани воқеаҳо чӣ тавр маънои дастуроти Исоро равшан сохтанд?
14 Сар шудани воқеаҳо маънои суханони Исоро равшан сохтанд. Соли 66–уми эраи мо лашкари румӣ зери роҳбарии Сестий Галл ба Ерусалим омад, то шӯриши яҳудиёнро пахш кунад. Шӯришчиёни яҳудӣ, ки ҳамчунин зелотҳо ном доштанд, паноҳгоҳ ҷуста дар даруни маъбад пинҳон шуданд. Лашкарони румӣ ба вайрон кардани деворҳои маъбад сар карданд. Масеҳиёни ҳушёр фаҳмиданд, ки ин чӣ маъно дорад. Он ки лашкари бутпарастон бо байрақҳои бутпарастонаашон дар назди девори маъбад меистоданд, нишон медод, ки «кароҳат... дар ҷои муқаддас» аст. Ин вақти он буд, ки пайравони Исо «ба кӯҳистон гурезанд». Вале онҳо чӣ тавр аз шаҳре, ки дар иҳотаи душман буд, гурехта метавонистанд? Рафти воқеаҳоро дигаргунии ғайричашмдоште интизор буд.
15, 16. а) Исо чӣ гуна дастуроти аниқу равшан дод ва чаро итоат ба он ба пайравони ӯ ҳаётан муҳим буд? б) Наҷоти мо аз чӣ вобаста аст?
15 Бо сабаби тамоман номаълум, Сестий Галл ва қувваҳои мусаллаҳи ӯ Ерусалимро тарк намуда ақиб нишастанд. Зелотҳо онҳоро аз ақибашон таъқиб карданд. Ҳоло, вақте ки румиён ва шӯришчиёни яҳудӣ аз шаҳр берун буданд, пайравони Исо ба гурехтан имконият доштанд. Исо ба онҳо аниқу равшан гуфта буд, ки чизҳои моддиашонро гузошта бетаъхир аз он ҷо раванд. (Матто 24:17, 18–ро бихонед.) Чаро ба зудӣ амал кардан хеле муҳим буд? Зеро дар давоми ҳамагӣ чанд рӯз зелотҳо баргаштанд ва мардуми Ерусалим ва Яҳудоро маҷбур карданд, ки ба шӯриши онҳо ҳамроҳ шаванд. Аз сабаби он ки баъзе гурӯҳи яҳудиён бо якдигар барои ҳокимият талош мекарданд, вазъияти шаҳр ба зудӣ бад гашт. Аз Ерусалим баромадан торафт душвортар мешуд. Вақте ки румиён соли 70 эраи мо баргаштанд, гурехтан имконнопазир гашт (Луқ. 19:43). Онҳое, ки дар шаҳр монда буданд, ба дом афтоданд! Вале масеҳиёне, ки ба дастуроти Исо итоат карда, ба кӯҳҳо гурехтанд, наҷот ёфтанд. Онҳо бо чашмони худ диданд, ки Яҳува медонад, ки халқашро чӣ тавр наҷот диҳад. Аз ин нақл мо чӣ меомӯзем?
16 Дар вақти мусибати бузург, вақте ки ба амал омадани воқеаҳо сар мешавад, масеҳиён бояд ба дастуроти Каломи Худо ва ташкилоти Ӯ гӯш диҳанд. Масалан, Исо ба пайравонаш дастур дод, ки «ба кӯҳистон гурезанд». Ба мо низ дар давоми мусибати бузург дастуроти ба ин монанд дода хоҳад шуд. Он вақт мо чӣ тавр хоҳем гурехт? Инро ҳоло мо аниқ намедонемb. Лекин мо боварӣ дошта метавонем, ки Яҳува маънои он дастуротро дар вақти лозима ба мо равшан хоҳад кард. Азбаски наҷоти мо аз итоаткориамон вобаста аст, хуб мебуд, ки аз худ бипурсем: «Ба он дастуроте, ки ҳозир Яҳува ба халқаш медиҳад, ман чӣ гуна муносибат мекунам? Оё ман зуд аз рӯи онҳо амал мекунам ё итоат ба онҳо бароям душвор аст?» (Яъқ. 3:17).
ЯҲУВА БАРОИ ВОҚЕАҲОИ ОЯНДА МОРО ҚУВВАТ БАХШИДААСТ
17. Аз пешгӯии Ҳабаққуқ мо оиди бар халқи Худо ҳамла кардани Ҷуҷ чиро мефаҳмем?
17 Биёед ҳоло оиди ҳамлаи Ҷуҷ, ки дар аввали мақола дар борааш гуфтем, бештар сухан ронем. Дар пешгӯии ба ин монанд Ҳабаққуқ гуфт: «Чун шунидам, ботинамро ларза гирифт, аз он садо лабҳоям ба раъша омад, заъф то мағзи устухонҳоям ҷойгир шуд, ва ман дар ҷои нишасти худ ба ларзиш омадам; ва ҳол он ки дар интизори рӯзи тангӣ, вақте ки қавме бо фавҷҳои худ бар мо ҳуҷум оварданд, ман бояд ором бошам» (Ҳаб. 3:16). Вақте Ҳабаққуқ шунид, ки ҳамлаи душманон бар халқи Худо наздик шуда истодааст, меъдаи ӯ ба дард даромад, лабҳояш ларзиданд ва ҷисмаш суст гашт. Муносибати Ҳабаққуқ нишон медиҳад, ки вақте ки лашкари Ҷуҷ бар муқобили мо ҳамла мекунад, ин ба назари мо хеле даҳшатнок хоҳад тофт. Вале Ҳабаққуқ тайёр буд, ки оромона рӯзи Яҳуваро интизор шавад. Ӯ боварӣ дошт, ки Яҳува халқашро наҷот медиҳад. Мо низ метавонем ҳамин тавр дилпур бошем (Ҳаб. 3:18, 19).
18. а) Чаро мо бояд аз ҳамлаи дар пеш истода натарсем? б) Дар мақолаи навбатӣ мо чиро муҳокима мекунем?
18 Се мисоле, ки мо дида баромадем, бешубҳа нишон медиҳанд, ки Яҳува медонад, ки чӣ тавр халқашро наҷот диҳад. Мақсади Ӯ иҷро нашуда намемонад; Ӯ албатта бар душманонаш ғалаба хоҳад кард. Барои дидани он ғалабаи ботантанаи Яҳува, мо бояд то охир содиқ монем. Чӣ тавр Яҳува ба мо кӯмак мекунад, ки ҳоло беайбиамонро нигоҳ дорем? Ин мавзӯи мақолаи оянда аст.
[Эзоҳҳо]
a Нигаред ба «Бурҷи дидбонӣ» (рус.) аз 15 декабри 2010, саҳ. 30, 31
b Нигаред ба «Бурҷи дидбонӣ» (рус.) аз 1 майи с. 1999, саҳ. 19.
[Тасвир дар саҳифаи 22]
Оё ба исроилиён аз тарафи лашкари фиръавн ягон хатар таҳдид мекард?