Ба Яҳува бо дили пурра хизмат кунед
«Эй писарам... Худои падари худро бишнос, ва Ӯро бо дили комил... ибодат намо» (1 ВАҚ. 28:9).
БА ИН САВОЛҲО ҶАВОБ ЁБЕД:
Дили рамзӣ чист?
Яке аз роҳҳои тафтиш кардани диламон кадом аст?
Чӣ тавр мо бо дили пурра ба Яҳува хизмат карда метавонем?
1, 2. а) Ба кадом узви инсон Каломи Худо ба маънои рамзӣ бештар ишора мекунад? б) Чаро фаҳмидани маънои дили рамзӣ муҳим аст?
КАЛОМИ ХУДО бисёр вақт узвҳои баданро ба маънои рамзӣ истифода мебарад. Масалан, пайғамбар Айюб гуфт: «Ҳеҷ ситаме дар дасти ман нест». Шоҳ Сулаймон қайд намуд: «Хабари хуш устухонҳоро аз илик пур мекунад». Яҳува Ҳизқиёлро эътимод бахшид: «Пешонии туро мисли алмосе ки аз санги хоро сахттар аст, гардонидаам». Ва баъзеҳо ба Павлуси ҳавворӣ мегуфтанд: «Суханонат ба гӯши мо аҷиб мерасад» (Айюб 16:17; Мас. 15:30; Ҳиз. 3:9; Аъм. 17:20).
2 Лекин ба як узви бадан Китоби Муқаддас ба маънои рамзӣ бештар ишора мекунад. Ин ҳамон узвест, ки Ҳаннои содиқ дар дуояш зикр карда буд: «Дили ман дар Худованд хурсанд шудааст» (1 Подш. 2:1). Нависандагони Китоби Муқаддас қариб ҳазор маротиба ба дил ишора намудаанд ва қариб ҳамеша ба маънои рамзӣ. Фаҳмидани он ки дили рамзӣ чист, хеле муҳим аст, зеро Китоби Муқаддас мегӯяд, ки онро мо бояд муҳофизат кунем. (Масалҳо 4:23–ро бихонед.)
ДИЛИ РАМЗӢ ЧИСТ?
3. Чӣ тавр мо маънои дили рамзиро фаҳмида метавонем? Мисол оред.
3 Ҳарчанд Китоби Муқаддас чӣ маъно доштани дили рамзиро шарҳ намедиҳад, ба ҳар ҳол мо маънои онро фаҳмида метавонем. Чӣ тавр? Масалан, дар бораи тасвири зебое фикр кунед, ки аз ҳазорҳо сангчаҳои хурд дар девори ягон биное сохта шудааст. Барои дидани он ки аз ҳамаи ин сангчаҳо чӣ гуна тасвир ҳосил шудааст, мо бояд каме дуртар рафта ба он нигоҳ кунем. Мисли ин, агар мо ба бисёр ҷойҳои Китоби Муқаддас, ки он ҷо калимаи «дил» истифода шудааст, назар кунем, мефаҳмем, ки дили рамзӣ чиро тасвир мекунад.
4. а) Калимаи «дил» дар Китоби Муқаддас ба кадом маъно меояд? б) Суханони Исо аз Матто 22:37 чӣ маъно доранд?
4 Нависандагони Китоби Муқаддас калимаи «дил»–ро барои тасвир кардани ботини инсон истифода бурдаанд. Он чунин чизҳоро, ба монанди хоҳишҳо, фикрҳо, хислат, рӯҳия, қобилиятҳо, ният ва мақсадҳои моро дар бар мегирад. (Такрори Шариат 15:7; Масалҳо 16:9; Аъмол 2:26–ро бихонед.) Чӣ тавре ки як маълумотнома қайд мекунад, дили рамзӣ гуфта «олами дарунии инсон» дар назар дошта мешавад. Вале дар баъзе мавридҳо калимаи «дил» на ҳамаи ин чизҳоро дар бар мегирад. Масалан, Исо гуфт: «Худованд Худои худро бо тамоми дили ту ва бо тамоми ҷони ту ва бо тамоми ҳуши ту дӯст бидор» (Мат. 22:37). Ин ҷо калимаи «дил» ба хоҳишҳо ва ҳиссиёти аслии даруни инсон ишора мекунад. Исо бо он ки дил, ҷон ва ҳушро дар алоҳидагӣ қайд кард, таъкид намуд, ки мо бояд муҳаббатамонро ба Худо бо ҳиссиёт, бо тарзи ҳаёт ва ҳамчунин бо истифодаи қобилиятҳои ақлиамон зоҳир кунем (Юҳ. 17:3; Эфс. 6:6). Лекин, вақте ки калимаи «дил» худаш дар алоҳидагӣ меояд, он ба ботини инсон ишора мекунад.
ЧАРО МО БОЯД ДИЛИ ХУДРО МУҲОФИЗАТ КУНЕМ
5. Чаро мо мехоҳем, ки ҳар кори аз дастамон меомадаро карда ба Яҳува бо дили пурра хизмат кунем?
5 Шоҳ Довуд ба Сулаймон хотиррасон намуд: «Эй писарам Сулаймон, Худои падари худро бишнос, ва Ӯро бо дили комил ва бо ҷони иштиёқманд ибодат намо, зеро ки Худованд ҳамаи дилҳоро имтиҳон мекунад, ва ҳар андеша ва фикрро мефаҳмад» (1 Вақ. 28:9). Дар ҳақиқат, Яҳува ҳамаи дилҳоро тафтиш мекунад, аз он ҷумла дили моро (Мас. 17:3; 21:2). Мо танҳо дар он сурат дӯсти Яҳува буда метавонем ва ояндаи хушбахтонаро соҳиб мешавем агар чизе, ки Яҳува дар дили мо меёбад, ба Ӯ маъқул бошад. Пас, мо мехоҳем, ки насиҳати Довудро қабул карда ҳар кори аз дастамон меомадаро кунем, то ба Яҳува «бо дили комил», яъне бо дили пурра хизмат кунем.
6. Оиди хоҳиши ба Яҳува хизмат кардан мо бояд чиро дарк намоем?
6 Чун Шоҳиди Яҳува боғайратона хизмат кардани мо аллакай нишон медиҳад, ки мо дар ҳақиқат ба Худо бо дили пурра хизмат кардан мехоҳем. Вале ҳамзамон мо дарк мекунем, ки фишорҳои ҷаҳони Шайтон ва майлҳои гунаҳкоронаи ҷисми мо таъсири калон доранд ва метавонанд хоҳиши бо тамоми дил ба Худо хизмат карданро дар мо суст гардонанд (Ирм. 17:9; Эфс. 2:2). Пас, барои боварӣ ҳосил кардан ба он ки иродаи мо ба хизмати Худо суст нашудааст, мо бояд мунтазам дили худро тафтиш кунем. Чӣ тавр мо ин корро карда метавонем?
7. Чӣ ҳолати дили моро нишон медиҳад?
7 Ягон инсон ботини моро дида наметавонад — ҳамон тавре ки касе даруни дарахтро дида наметавонад. Лекин, чӣ тавре ки Исо дар Мавъизаи Болоикӯҳӣ гуфт, мисли он ки меваи дарахт ҳолати дарунии дарахтро нишон медиҳад, ҳамин тавр корҳои мо ҳолати аслии дили моро нишон медиҳанд (Мат. 7:17–20). Биёед яке аз ин корҳоро дида бароем.
ЯК РОҲЕ, КИ МО ДИЛИ ХУДРО ТАФТИШ КАРДА МЕТАВОНЕМ
8. Мувофиқи суханони Исо аз Матто 6:33, мо чӣ тавр нишон медиҳем, ки дар диламон чӣ ҳаст?
8 Дар Мавъизаи Болоикӯҳӣ Исо ҳамчунин ба шунавандагонаш гуфт, ки маҳз кадом корашон нишон медиҳад, ки онҳо бо дили пурра ба Яҳува хизмат кардан мехоҳанд. Ӯ гуфт: «Аввал Малакути Худо ва адолати Ӯро биҷӯед ва ҳамаи ин чизҳо ба шумо ба таври илова дода хоҳад шуд» (Мат. 6:33). Дар ҳақиқат, чизе, ки дар ҳаёти мо аввалиндараҷа аст, нишон медиҳад, ки дар қаъри диламон мо чӣ мехоҳем, дар бораи чӣ фикр мекунем ва чӣ гуна нақшаҳо дорем. Пас, як роҳи фаҳмидани он ки оё мо бо дили пурра ба Худо хизмат мекунем ё не, ин тафтиш кардани чизҳои аввалиндараҷаи ҳаётамон аст.
9. Исо баъзе мардонро ба чӣ даъват кард ва ҷавоби онҳо чиро ошкор намуд?
9 Биёед воқеаеро дида бароем. Он чанде пас аз он ки Исо ба пайравонаш «аввал Малакути Худо»–ро биҷӯед, гуфт, рӯй дод. Ин воқеа нишон медиҳад, ки дар ҳақиқат фикру ҳиссиёти даруни инсонро аз он чизе ки вай дар ҳаёташ дар ҷои аввал мемонад, фаҳмидан мумкин аст. Нависандаи Инҷил, Луқо, мегӯяд, ки Исо «азми [қарори қатъии] сафари Ерусалим кард», ҳарчанд хуб медонист, ки он ҷо баъдтар ӯро чӣ интизор аст. Ҳангоме ки ӯ ва ҳаввориёнаш «дар роҳ буданд», Исо якчанд мардонро вохӯрд ва онҳоро даъват кард, ки ӯро пайравӣ намоянд. Он мардон тайёр буданд, ки даъвати ӯро қабул намоянд — вале онҳо хостанд, ки аввал баъзе чизҳои дигарро кунанд. Як мард ҷавоб дод: «Ба ман иҷозат деҳ, ки рафта, аввал падари худро дафн кунам». Дигарӣ гуфт: «Туро пайравӣ хоҳам кард, лекин аввал ба ман иҷозат деҳ, ки бо аҳли хонаи худ хайрухуш кунам» (Луқ. 9:51, 57–61). Мо албатта мебинем, ки байни азми устувору самимии Исо ва хоҳиши сусти он мардон чӣ фарқияти калоне буд! Ташвишҳои худро аз манфиатҳои Салтанат аввал гузошта онҳо нишон доданд, ки дилашон нисбати Худо пурра набуд.
10. а) Мо ба даъвати Исо оиди пайрави ӯ шудан чӣ тавр ҷавоб додем? б) Исо кадом мисоли кӯтоҳро овард?
10 Баръакси муносибати он мардон мо бохирадона даъвати Исоро қабул карда пайрави ӯ шудем ва ҳоло ҳар рӯз ба Яҳува хизмат мекунем. Бо ин роҳ мо нишон медиҳем, ки дар диламон нисбати Яҳува чӣ ҳис мекунем. Лекин, ҳатто агар дар ҷамъомад фаъол бошем ҳам, бояд дар хотир дорем, ки дили мо зери хатар буда метавонад. Чӣ гуна хатар? Дар сӯҳбат бо он мардоне, ки шогирди ӯ шуда метавонистанд, Исо аз он хатар огоҳ намуда гуфт: «Касе ки дасташро болои амоч монда бошад ва ба ақиб нигоҳ кунад, ба Малакути Худо лоиқ нест» (Луқ. 9:62). Мо аз ин мисол чӣ гуна дарс гирифта метавонем?
ОЁ МО «БА НЕКӢ» МЕЧАСПЕМ?
11. Бо коргари масали Исо чӣ рӯй дод ва чаро?
11 Барои мисоли Исоро хубтар фаҳмида аз он дарс гирифтан, биёед қадре ба он обу ранг диҳем ва тафсилоти иловагӣ дарорем. Мардикор бо шудгор кардани замин машғул аст. Лекин дар вақти кор ӯ фикри хонаашро, ки он ҷо аҳли оилаву дӯстонаш ҳастанд, хӯрок, мусиқӣ, ханда ва сояву салқинӣ аст, аз сар дур карда наметавонад. Дили ӯ ба онҳо сахт кашол аст. Баъди қисми зиёди заминро шудгор кардан, хоҳиши он чизҳо дар дили мардикор чунон пурзӯр мешавад, ки ӯ гашта «ба ақиб нигоҳ» мекунад. Ҳарчанд ҳоло дар саҳро то коштани тухмӣ кор бисёр аст, коргар диққаташро парешон сохт ва кори худро нағз иҷро накард. Албатта хӯҷаин аз ӯ хафа шуд, зеро коргари вай истодагарӣ зоҳир накард.
12. Чӣ тавр масеҳие имрӯз метавонад дар вазъияте, ки ба вазъияти коргари масали Исо монанд аст, қарор гирад?
12 Ҳоло дида мебароем, ки чӣ тавр дар рӯзҳои мо воқеаи ба ин монанд рӯй дода метавонад. Коргар метавонад ягон масеҳие бошад, ки ба назар хуб хизмат мекунад, лекин дар асл ба ӯ хатари рӯҳонӣ таҳдид менамояд. Масалан, биёед бародареро тасаввур мекунем, ки ба вохӯриҳо ташриф меорад ва дар хизмат иштирок мекунад. Лекин ҳамзамон, ӯ фикри баъзе чизҳои ин ҷаҳонро, ки ба ӯ маъқул аст, аз сараш дур карда наметавонад. Дар қаъри дилаш ӯ ин чизҳоро сахт мехоҳад. Баъди якчанд сол ба Худо хизмат кардан, хоҳиши баъзе чизҳои ин ҷаҳон дар дилаш чунон пурзӯр мешавад, ки ӯ гашта «ба ақиб нигоҳ» мекунад. Бо вуҷуди он ки ҳоло дар хизмати Худо кор бисёр аст, ӯ «каломи ҳаётро нигоҳ» намедорад ва ӯ мисли пештара ба Худо хизмат намекунад (Фил. 2:16). Яҳува, «Соҳиби дарав», аз дидани он ки коргараш истодагарӣ зоҳир намекунад, ғамгин мешавад (Луқ. 10:2).
13. Ба Яҳува бо дили пурра хизмат кардан чиро дар бар мегирад?
13 Дарс аз ин мисол хеле равшан аст. Бо дили пурра ба Яҳува хизмат кардан на танҳо мунтазам ба вохӯриҳои ҷамъомад ташриф овардан ва дар хизмат иштирок карданро дар бар мегирад (2 Вақ. 25:1, 2, 27). Агар масеҳӣ дар дилаш дӯст доштани чизҳои дар ақиббуда, яъне чизҳоеро, ки қисми тарзи ҳаёти ҷаҳони Шайтонанд, давом диҳад, дӯстии байни худ ва Яҳуваро зери хатар мегузорад (Луқ. 17:32). Танҳо агар мо дар ҳақиқат «аз бадӣ нафрат» кунему «ба некӣ» бичаспем, мо ба «Малакути Худо лоиқ» мешавем (Рум. 12:9; Луқ. 9:62). Ҳатто агар баъзе чизҳои ҷаҳони Шайтон ба назар фоиданок ва дилпазир тобанд ҳам, мо бояд боварӣ ҳосил кунем, ки ҳеҷ чиз моро бознамедорад, ки бо дили пурра ба Яҳува хизмат кунем. (2 Қӯр. 11:14; Филиппиён 3:13, 14–ро бихонед.)
ҲУШЁР БИМОНЕД!
14, 15. а) Чӣ тавр Шайтон мекӯшад, ки ба ҳолати дили мо таъсир расонад? б) Бо мисол фаҳмонед, ки чаро тарзи амали Шайтон хеле хатарнок аст?
14 Муҳаббат ба Яҳува моро барангехт, ки ҳаёти худро ба Ӯ бахшем. Аз он вақт инҷониб, бисёре аз мо тӯли солҳо нишон доданд, ки ба Яҳува бо дили пурра хизмат мекунанд. Вале, Шайтон нисбати мо ором нашудааст. Вай то ҳол мекӯшад, ки дили моро ба нишон гирад (Эфс. 6:12). Албатта вай медонад, ки мо яку якбора хизмати Яҳуваро бас намекунем. Аз ин рӯ, Шайтон ба воситаи ин дунё мекӯшад, ки ғайрати моро оҳиста–оҳиста суст кунад. (Марқӯс 4:18, 19–ро бихонед.) Чаро ин тарзи амали Шайтон ин қадар самаранок аст?
15 Барои гирифтани ҷавоб тасаввур кунед, ки шумо дар равшании фурӯзонаки 100 волта китоб мехонед ва фурӯзонак месӯзад. Азбаски хона тамоман торик мешавад, шумо дарҳол чӣ рӯй доданашро пай бурда фурӯзонаки нав мемонед. Хона аз нав равшан мешавад. Шоми рӯзи дигар шумо дар равшании ҳамон чароғ китоб мехонед. Лекин шумо бехабаред, ки касе фурӯзонаки нави 100 волтаро ба 95 волта иваз кардааст. Оё шумо фарқиятро ҳис мекунед? Эҳтимол не. Ва агар рӯзи дигар касе фурӯзонаки 90 волта монад, он гоҳ–чӣ? Эҳтимол шумо ин дафъа ҳам пай намебаред. Барои чӣ? Барои он ки равшании чароғ оҳиста–оҳиста паст шуда истодааст ва шумо онро намефаҳмед. Мисли ин, таъсири ҷаҳони Шайтон метавонад ғайрати моро дар хизмати Яҳува оҳиста–оҳиста суст гардонад. Агар чунин рӯй диҳад, пас Шайтон муваффақ шудааст, ки ғайрати самимии моро дар хизмати Яҳува гӯё аз 100 волт кам кунад. Дар сурати эҳтиёт нашуданаш, масеҳӣ метавонад дигаргунии оҳиста–оҳиста ба амал омадаистодаро ҳатто пай набарад (Мат. 24:42; 1 Пет. 5:8).
ДУО ГУФТАН ХЕЛЕ МУҲИМ АСТ
16. Чӣ тавр мо худро аз дасисаҳои Шайтон муҳофизат карда метавонем?
16 Чӣ тавр мо худро аз чунин дасисаҳои Шайтон муҳофизат карда диламонро нисбати Яҳува пурра содиқ нигоҳ дошта метавонем? (2 Қӯр. 2:11). Дуо гуфтан хеле муҳим аст. Павлус ҳамимононашро ташвиқ кард, ки «ба дасисаҳои иблис муқобилат» намоянд. Сипас ӯ онҳоро барангехт: «Дар ҳар вақт дар Рӯҳ бо ҳар дуо ва илтимос дуо гӯед» (Эфс. 6:11, 18; 1 Пет. 4:7).
17. Мо аз дуоҳои Исо чӣ дарс мегирем?
17 Барои ба Шайтон муқобилият кардан, мо бояд ба Исо пайравӣ кунем. Ӯ ҳамеша дар дуо ба Худо такя мекард. Аз ин рӯҳияи ӯ маълум буд, ки ӯ барои бо дили пурра ба Худо хизмат кардан хоҳиши қавӣ дорад. Масалан, аҳамият диҳед, ки Луқо оиди он ки Исо шаби пеш аз маргаш чӣ тавр дуо гуфт, чӣ менависад: «Ӯ дар изтироб афтода, бо ҷаҳди бештаре дуо мегуфт» (Луқ. 22:44). Исо аз ин пеш ҳам бо ҷидду ҷаҳд дуо мегуфт, лекин дар ин ҳолат, вақте ки бо озмоиши сахттарини ҳаёти заминиаш рӯ ба рӯ шуд, ӯ «бо ҷаҳди бештаре» дуо гуфт ва дуои ӯ мустаҷоб шуд. Намунаи Исо нишон медиҳад, ки баъзе дуоҳо назар ба дигарашон боисрортар буда метавонанд. Чӣ қадаре ки озмоишамон сахттар ва таъсироти Шайтон пурзӯртар шавад, мо бояд «бо ҷаҳди бештар» дар дуо аз Яҳува муҳофизат пурсем.
18. а) Дар мавриди дуо мо бояд ба худ чӣ гуна савол диҳем ва чаро? б) Кадом омилҳо ба дили мо таъсир мекунанд ва бо кадом роҳ? (Ба замимаи саҳифаи 16 нигаред.)
18 Чӣ тавр ин гуна дуоҳо ба мо таъсир мекунанд? Павлус қайд намуд: «Ҳамеша дар дуо ва илтимос бо шукргузорӣ хоҳишҳои худро ба Худо ошкор намоед,— ва осоиштагии Худо, ки аз ҳар хирад болотар аст, дилҳои шумо ва фикрҳои шуморо... нигоҳ хоҳад дошт» (Фил. 4:6, 7). Бале, агар ба Яҳува бо дили пурра хизмат кардан хоҳем, ба мо боисрор ва зуд–зуд дуо гуфтан лозим аст (Луқ. 6:12). Пас, аз худ бипурсед: «Ман то чӣ андоза боисрор ва тез–тез дуо мегӯям?» (Мат. 7:7; Рум. 12:12). Ҷавоби шумо нишон медиҳад, ки хоҳиши ба Худо хизмат карданатон то чӣ андоза қавӣ аст.
19. Барои минбаъд низ ба Яҳува бо дили пурра хизмат кардан шумо чӣ кор карданиед?
19 Чӣ тавре ки дида баромадем, чизҳои аввалиндараҷаи ҳаётамон дар бораи ҳолати дили мо бисёр чизро ошкор мекунанд. Мо мехоҳем боварӣ ҳосил кунем, ки ягон чизе, ки мо дар ақиб гузоштем ва ягон дасисаҳои маккоронаи Шайтон хоҳиши бо дили пурра ба Яҳува хизмат кардани моро суст намекунад. (Луқо 21:19, 34–36-ро бихонед.) Аз ин рӯ, мисли Довуд мо аз Яҳува илтиҷо мекунем: «Диламро якто гардон» (Заб. 85:11).
[Чорчӯба дар саҳифаи 16]
СЕ ЧИЗЕ, КИ БА ДИЛИ МО ТАЪСИР МЕКУНАД
Чӣ тавре ки мо барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани дили аслиамон чораҳо меандешем, ҳамон тавр мо метавонем барои солим нигоҳ доштани дили рамзиамон баъзе корҳоро кунем. Се омили муҳимро дида мебароем:
1 Ғизо. Дили аслии мо ба миқдори кофии ғизои солим ниёз дорад. Мисли ин, мо бояд бикӯшем, ки миқдори лозимаи ғизои фоиданоки рӯҳониро қабул кунем. Инро мо ба воситаи мунтазам гузаронидани омӯзиши шахсӣ, мулоҳизаронӣ ва ташрифорӣ ба вохӯриҳо карда метавонем (Заб. 1:1, 2; Мас. 15:28; Ибр. 10:24, 25).
2 Машқ. Барои солим будан, дили аслии мо баъзан ба машқи ҷисмонии сахт ниёз дорад. Ба ин монанд, мо бояд дили рамзии худро машқ диҳем. Иштироки боғайратона дар хизмат ва саъю кӯшиши зиёдтар дар он дили рамзии моро дар ҳолати хуб нигоҳ медорад (Луқ. 13:24; Фил. 3:12).
3 Муҳити атроф. Муҳити аз Худо бегона, ки мо бояд он ҷо кор кунем ва зиндагӣ кунем, дили аслӣ ва рамзии моро зери фишори сахт қарор дода метавонад. Лекин мо чунин фишорро паст карда метавонем, агар ҳар қадар бештар бо ҳамимонон, ки ба мо самимона ғамхорӣ мекунанд ва бо дили пурра ба Яҳува хизмат мекунанд, муошират намоем (Заб. 118:63; Мас. 13:20).