БОБИ 26
«Ҳеҷ яке аз шумо ҳалок намегардед»
Павлус ҳангоми садамаи киштӣ имони бузургашро ба Худо ва муҳаббаташро ба одамон нишон медиҳад
Бар Корнома 27:1–28:10 асос ёфтааст
1, 2. Павлусро чӣ гуна сафар интизор буд ва, эҳтимол, ӯ аз чӣ хавотир мешуд?
ПАВЛУС як сару сад хаёл дорад. Дар сари ӯ суханони Фестус, ки «назди қайсар меравӣ» гуфта буд, давр мезанад. Ӯ, эҳтимол, фикр мекунад, ки баъди назди қайсар рафтан ояндааш чӣ мешуда бошад. Ду соли охир Павлус дар ҳабсхона буд, барои ҳамин сафари ӯ ба Рум як дигаргунӣ ба ҳисоб мерафт (Кор. 25:12). Павлус аз сафарҳои баҳрияш бисёр хотираҳои фаромӯшнашаванда дорад. Он сафарҳо танҳо саёҳати баҳри беканор ва ҳаловат аз вазиши шамоли форам набуданд. Ҳоло Павлус хавотир аст, ки чӣ хел сафар карда, бо қайсар гуфтугӯ мекунад.
2 Павлус маротибаҳои зиёд «дар хатарҳо дар баҳр» буд. Масалан, се маротиба киштии ӯ ба садама дучор шуд ва боре ба ӯ лозим омад, ки як шабу як рӯзро дар баҳр гузаронад (2 Қӯр. 11:25, 26). Лекин ин сафар аз сафарҳои пешинааш, ки дар озодӣ чун миссионер саёҳат мекард, тамоман фарқ мекунад. Павлус ҳоло чун маҳбус роҳи дурударозро тай мекард, ки он беш аз 3000 километрро аз Қайсария то Рум ташкил медиҳад. Оё ӯ то он ҷо сиҳату саломат мерасида бошад? Ҳатто ба Рум дар амони Худо тинҷу саломат расад ҳам, оё ӯро ба марг маҳкум мекарда бошанд? Набояд фаромӯш кард, ки кори судии ӯро бояд ҳокими пурқудрати он давру замон, ки дар ҷаҳони Шайтон ҳукмронӣ мекард, дида мебаромад.
3. Павлус ба иҷрои кадом кор камар баст ва мо дар ин боб чиро муҳокима мекунем?
3 Ҳоло ки мо дар бораи фикру ҳиссиёти Павлус тасаввурот пайдо кардем, чӣ фикр доред, оё ӯ аз он чизе, ки дар пеш аст, худро ночору ноумед меҳисобад? Не! Албатта, ӯ медонад, ки сафараш бе душворӣ намешавад, вале ҳамзамон намедонад, ки айнан бо чӣ гуна мушкилӣ рӯ ба рӯ мешавад. Павлус медонист, ки хавотир шудан фоида надорад ва тағйир додани вазъият низ дар ихтиёри ӯ нест. Бинобар ин ӯ қарор мекунад, ки ғаму ғуссаро ба дил роҳ намедиҳаду дилашро шод медорад (Мат. 6:27, 34). Павлус медонист, ки хости Худо ин аст, ки ӯ бояд дар ҳар фурсат ба дигарон, ҳатто ба калоншавандагону ҳокимон, дар бораи Подшоҳии Худо шаҳодат диҳад (Кор. 9:15). Павлус азми қавӣ дорад, ки ба ягон монеа нигоҳ накарда ин супориши Яҳуваро иҷро кунад. Дар бораи мо чӣ гуфтан мумкин аст: оё мо ҳам чунин хоҳиш дорем? Биёед Павлусро дар сафараш ҳамроҳӣ карда, фикр кунем, ки аз ӯ чӣ сабақ гирифта метавонем.
«Боди мухолиф» мевазид (Корнома 27:1–7а)
4. Павлус дар чӣ гуна киштӣ сафар кард ва ҳамроҳони ӯ кӣ буданд?
4 Павлусро ҳамроҳи якчанд бандии дигар Юлиус ном мирисад ба Рум мебурд. Ҳамаи онҳо ба киштии тоҷирон нишастанд, ки аз Адрамит ба Қайсария омада буд. Адрамит бандаргоҳи соҳили ғарбии Осиёи Хурд буд, ки дар рӯ ба рӯяш, дар ҷазираи Лесбос, шаҳри Митилинӣ ҷой дошт. Киштии Павлусу ҳамсафаронаш аввал ба шимол, баъдан ба ғарб сафар карда дар роҳ дар чанд ҷо истод, то ки бори киштиро фароранду чизҳои дигарро бор кунанд. Ин киштӣ асосан барои боркашӣ буд, на барои бурдани мусофирон, аз ҷумла маҳбусон. (Нигаред ба чорчӯбаи «Киштиҳои тиҷоратӣ ва мусофирони он».) Хайрият ки, дар байни он ҷинояткорон Павлус танҳо набуд, камаш ду бародар ӯро ҳамроҳӣ мекард: Ористархус ва Луқо, ки дар ин бора навиштааст. Аниқ нест, ки ин ду рафиқи Павлус роҳпулӣ доданд ё чун хизматгори Павлус бепул сафар карданд (Кор. 27:1, 2).
5. Павлус дар Сидӯн киҳоро дида тавонист ва мо аз ин воқеа чӣ меомӯзем?
5 Онҳо бо киштӣ дар як рӯз тахминан 110 километр роҳро ба самти шимол тай намуда, дар соҳили Сурия, дар Сидӯн, таваққуф намуданд. Аз афташ, Юлиус бо Павлус чун бо дигар ҷинояткорон муносибат намекард. Эҳтимол, ӯ медонист, ки Павлус шаҳрванди Рум асту ҳоло гунаҳкор буданаш тасдиқ нашудааст (Кор. 22:27, 28; 26:31, 32). Ӯ ҳатто дар Сидӯн ба Павлус иҷозат дод, ки бо ҳамимононаш дидорбинӣ кунад. Эҳтимол, бародару хоҳарони он ҷо хеле хурсанд шуданд, ки дар ҳаққи Павлус, ки муддати зиёд дар зиндон буд, ғамхорӣ карда метавонанд. Фикр кунед, ки шумо киро меҳмондорӣ карда метавонед, зеро ба дигарон муҳаббату ғамхорӣ нишон дода худатон рӯҳбаландӣ мегиред (Кор. 27:3).
6–8. Сафари Павлус аз Сидӯн то Қнидус чӣ гуна буд ва Павлус, аз афташ, барои хизмат чӣ имкониятҳо пайдо кард?
6 Киштӣ аз Сидӯн ба тарафи шимол шино мекунад, сипас аз Қилиқия, аз наздикиҳои шаҳри Тарсус, мегузарад, ки он ҷо зодгоҳи Павлус буд. Луқо нанавиштааст, ки киштӣ боз дар куҷоҳо таваққуф кард, лекин як чизро қайд намуд: онҳо бо «боди мухолиф» дучор шуданд (Кор. 27:4, 5). Ба боду ҳавои хавфнок нигоҳ накарда Павлус, эҳтимол, ҳар фурсатро ғанимат дониста мавъиза мекард. Бешубҳа, ӯ ба маҳбусон ва дигар киштинишастагон, аз ҷумла баҳрнавардон ва сарбозон, ҳамчунин ба шахсоне, ки дар бандаргоҳҳо вомехӯрд, дар бораи Подшоҳии Худо шаҳодат медод. Оё мо мисли Павлус домани ҳар фурсатро маҳкам дошта хушхабарро ба дигарон мерасонем?
7 Чанде пас киштӣ ба бандари Миро, ки дар соҳили ҷанубии Осиёи Хурд ҷойгир буд, мерасад. Дар ин ҷо одатан киштиҳои Миср таваққуф мекарданд, ки дар он замонҳо ба Рум ғалладона мебурданд (Кор. 27:6). Дар Миро мирисад Юлиус киштиеро меёбад, ки ба Рум равона буд, аз ин рӯ ба аскарону маҳбусон фармон медиҳад, ки ба он савор шаванд. Ин киштӣ, аз афташ, аз киштии аввала калонтар буд, чунки гандум дошт. Ғайр аз ин, он боз 276 нафар — баҳрнавардон, сарбозон, маҳбусон ва дигар одамонро, ба Рум мебурд. Гуфтан мумкин аст, ки ин киштӣ барои Павлус минтақаи наву калонтаре шуд ва, бешак, ӯ дар он ҷо низ дар бораи имонаш шаҳодат медод.
8 Киштии онҳо дар Қнидус бозистод, ки дар қисми ҷанубу ғарбии Осиёи Хурд ҷойгир буд. Вақте бодҳои ҳамсамт мевазиданд, киштӣ метавонист тахминан дар як рӯз ба он ҷо рафта расад. Лекин Луқо мегӯяд: «Рӯзҳои зиёд мо суст ҳаракат карда, бо як азоб ба Қнидус расидем» (Кор. 27:7а). Вазъи обу ҳаво торафт бад мешуд. (Нигаред ба чорчӯбаи «Бодҳои мухолифи баҳри Миёназамин».) Азбаски шамол муқобили киштӣ мевазиду мавҷҳои баҳр баланд мехестанд, тасаввур кунед, ки мусофирони киштӣ чӣ ҳис мекарданд.
«Тӯфон киштиро бошиддат такон медод» (Корнома 27:7б–26)
9, 10. Дар наздикиҳои Крит чӣ гуна душворӣ сар зад?
9 Сардори киштӣ мехост, ки аз Қнидус роҳашонро давом дода, ба тарафи ғарб шино кунанд. Лекин, чуноне Луқо менависад, «шамол мухолифат мекард», яъне намегузошт, ки онҳо ба самти даркорӣ ҳаракат кунанд (Кор. 27:7б). Вақте онҳо аз соҳил дуртар рафтанд, шамоли сахти шимолу ғарбӣ онҳоро, эҳтимол, бо суръати баланд, ба тарафи ҷануб бурд. Лекин, чуноне ки пеш аз ин онҳоро ҷазираи Кипр аз боди мухолиф паноҳ дода буд, ин дафъа ҷазираи Крит муҳофизаташон кард. Вақте киштӣ аз димоғаи Салмӯн, аз канори шарқии Крит, гузашт, вазъият андак беҳтар шуд. Азбаски киштӣ аз ҷануби ҷазира буд, ҷазира онро аз шамоли сахт то андозае ҳимоя мекард. Тасаввур кунед, ки чӣ тавр мусофирони киштӣ ин хавфу хатарро паси сар карда нафаси осуда кашиданд. Вале баҳрнавардон ба ҳар ҳол хавотир буданд. Онҳо медонистанд, ки зимистон наздик шуда истодаасту ҳавои номусоид дар пеш аст, ин бошад, ҳаракати киштиро дар баҳр душвору хатарнок мегардонад.
10 Луқо ин воқеаро шарҳ дода мегӯяд: «Мо базӯр лаб-лаби соҳил [-и Крит] шино карда, ба Бандарҳои нек ном ҷое омадем». Ҳарчанд ҷазира онҳоро аз вазиши шамолҳои сахт ҳимоя мекард, ба ҳар ҳол идора кардани киштӣ бисёр душвор буд. Охиру оқибат киштии онҳо дар халиҷи хурдакаке лангар мезанад. Тахмин меравад, ки ин халиҷ дар ҷое воқеъ буд, ки соҳили ҷазира сӯйи шимол тоб мехӯрад. Онҳо дар он ҷо чанд муддат истоданд? Луқо мегӯяд, ки «вақти зиёде». Вале, ҳар қадаре онҳо дар он ҷо зиёдтар таваққуф мекарданд, ҳамон қадар шино кардан хатарнок мешуд, зеро моҳҳои сентябру октябр барои сафари баҳрӣ хавфноктар буд (Кор. 27:8, 9).
11. Павлус ба ҳамсафарони худ чӣ маслиҳат дод, вале онҳо ба чӣ қарор омаданд?
11 Эҳтимол, баъзеҳо аз Павлус маслиҳат пурсиданд, ки сафарашонро давом диҳанд ё не, чунки ӯ дар баҳри Миёназамин маротибаҳои зиёд сафар карда буд. Павлус ба онҳо маслиҳат дод, ки давом додани сафар на танҳо «ба бору киштӣ зарару талафоти зиёд меорад», балки барои ҷони худи мусофирон хеле хатарнок аст. Лекин киштирон ва соҳиби киштӣ сафарашонро давом доданӣ шуданд. Онҳо, эҳтимол, фикр карданд, ки бояд барои ист ҷойи бехавфтаре ёбанд. Барои ҳамин онҳо Юлиусро ба гап ғалтонданд ва аксарият розӣ шуданд, ки ба Финиқо, бандаршаҳре, ки дуртар ҷойгир буд, шино кунанд. Аз афташ, бандари он ҷо калону барои зимистонгузаронӣ мувофиқ буд. Ҳамин ки шамолаки фиребандаи ҷанубӣ вазид, киштӣ ба роҳ баромад (Кор. 27:10–13).
12. Баъди аз Крит рафтан чӣ гуна хатар пеш омад ва барои ғарқ нашудан баҳрнавардон чӣ чора андешиданд?
12 Лекин офате пеш омад: аз шимолу шарқ «шамоли пурзӯр» бархост. Аз ин рӯ онҳо муваққатан дар «ҷазираи хурде, ки Кавдо номида мешуд»-у аз Бандарҳои нек қариб 65 километр дуртар буд, паноҳ ёфтанд. Вале киштӣ ҳоло ҳам дар хатар буд, зеро бод метавонист онро ба тарафи ҷануб барад ва дар наздикии соҳилҳои Африқо ба реги пастоби Сиртис зада майда кунад. Барои аз ин хатар эмин будан баҳрнавардон қаиқеро, ки дар ақиби киштӣ буд, ба саҳни киштӣ бо як азоб бароварданд, чунки даруни қаиқ, эҳтимол, пури об буд. Сипас онҳо банду занҷирҳоро аз таги киштӣ гузаронда, танаи онро бандубаст карданд. Ҳамчунин онҳо занҷиру арғамчинҳоро поён кашиданд ва бодбони калонро ҷамъ карданд. Баҳрнавардон зӯр зада киштиро дар муқобили шамол нигоҳ медоштанд, то тӯфон онҳоро фурӯ набарад. Ин, дар ҳақиқат, як даҳшат буд! Ҳама корҳое, ки онҳо барои ғарқ нашудан карданд, кофӣ набуд, чунки ҳоло ҳам «тӯфон киштиро бошиддат такон медод». Дар рӯзи сеюм бошад, онҳо асбобу анҷоми киштиро ба баҳр партофтанд, то киштӣ рӯйи об монда тавонад (Кор. 27:14–19).
13. Тасвир кунед, ки ҳангоми тӯфон дар киштӣ вазъият чӣ хел буд.
13 Аз эҳтимол дур нест, ки мусофирони киштӣ ба тарсу таҳлука афтоданд. Вале Павлусу рафиқонаш дилпур буданд, ки зинда мемонанд, зеро ҳазрати Исо пешакӣ Павлусро боварӣ бахшида буд, ки ӯ дар Рум низ дар борааш шаҳодат медиҳад. Ин ваъдаро баъдтар фаришта ҳам тасдиқ кард (Кор. 19:21; 23:11). Дар давоми ду ҳафта шабу рӯз тӯфон буд. Аз боришоти беист ва абрҳои ғафсу тира офтобу ситораҳоро дида намешуд. Барои ҳамин киштирон ҷой ва ба кадом самт рафтани киштиро муайян карда наметавонист. Дар чунин ҳолат табиист, ки касе дар бораи хӯрдан фикр намекард. Охир, дар вақти сармову борон, дилбеҳузурӣ ва тарсу ваҳм хӯрдан ба ҳушу хаёли кас намеояд.
14, 15. а) Барои чӣ Павлус огоҳиеро, ки пештар дода буд, хотиррасон кард? б) Мо аз Павлус, ки ба дигарон хабари умедбахшро мерасонд, чӣ меомӯзем?
14 Павлус аз ҷояш хеста, ба ҳамсафаронаш гуфт, ки аз ин ҳодиса огоҳашон карда буд, вале онҳо ба гапаш гӯш надоданд. Бо ин суханон Павлус ҳамроҳонашро таъна заданӣ набуд, ӯ танҳо мехост фаҳмонад, ки маслиҳаташ дуруст буд. Сипас Павлус гуфт: «Ба шумо мегӯям, ки натарсед, зеро ҳеҷ яке аз шумо ҳалок намегардед, фақат киштӣ талаф мешавад» (Кор. 27:21, 22). Ин ваъда ба дили шунавандагонаш малҳам шуд. Эҳтимол, Павлус бисёр хурсанд буд, ки Яҳува ба воситаи ӯ ин суханони умедбахшро расонд. Хуб мебуд, мо ҳам фаромӯш накунем, ки Яҳува дар бораи ҳар як инсон ғамхорӣ мекунад, чунки ҳаёти онҳо барояш гаронбаҳост. Петруси расул дар ин бора навишта буд: «Яҳува... нобуд шудани касеро намехоҳад. Хости ӯ ин аст, ки ҳама ба тавба рӯ оранд» (2 Пет. 3:9). Ҳоло ҳаёти пурқимати одамон дар хатар мебошад. Бинобар ин ҳар фурсатро ғанимат дониста хабари умедбахши Яҳуваро ба онҳо расондан хеле таъҷилист!
15 Эҳтимоли зиёд аст, ки Павлус дар бораи «ваъдае, ки Худо... дода буд», ба бисёриҳо нақл мекард (Кор. 26:6; Қӯл. 1:5). Ҳоло бошад, Павлус ба онҳо умед бахшид, ки дар садамаи киштӣ наҷот меёбанд. Ӯ гуфт: «Имшаб фариштаи Худо... ба ман намудор шуда, гуфт: “Натарс, эй Павлус! Ту бояд дар пеши қайсар ҳозир шавӣ. Худо ба хотири ту ҳамаи ҳамсафаронатро низ наҷот медиҳад”. Бинобар ин, эй мардон, натарсед, зеро ман бовар дорам, ки ҳар он чӣ Худо ба ман гуфт, айнан ба амал меояд, фақат ки мо бояд ба пастоби ягон ҷазира бархӯрем» (Кор. 27:23–26).
«Ҳама зиндаю саломат ба соҳил расиданд» (Корнома 27:27–44)
16, 17. а) Кай Павлус дуо гуфт ва ин чӣ натиҷа овард? б) Суханони Павлус чӣ хел иҷро шуданд?
16 Тӯли ду ҳафтаи тарсовару ваҳмангез киштие, ки бо шамоли шадид ронда мешуд, тахминан 870 километрро тай кард. Аммо баъд, эҳтимол, ба гӯши баҳрнавардон садои ба соҳил бархӯрдани мавҷҳо расиду онҳо фикр карданд, ки ба хушкӣ наздик шуда истодаанд. Барои он ки бод киштиро ронда набарад, онҳо лангарҳои ақиби онро ба баҳр партофтанд. Баҳрнавардон бо нияти дар соҳил боздоштани киштӣ пеши онро ба тарафи хушкӣ гардонданд, вале баъд гурехтанӣ шуданд. Он гоҳ Павлус ба мирисад ва сарбозонаш гуфт: «Агар ин одамон дар киштӣ намонанд, шумо наҷот намеёбед». Аз ин рӯ сарбозон нагузоштанд, ки баҳрнавардон гурезанд. Вақте киштӣ каме оромтар шуд, Павлус одамонро даъват кард, ки ягон чиз хӯранд, ва бори дигар онҳоро дилпур кард, ки наҷот меёбанд. Баъд ӯ «дар назди ҳамаи онҳо Худоро шукргузорӣ намуд» (Кор. 27:31, 35). Дуои шукронаи ӯ барои Луқо ва Ористархус ибратбахш буд. Он барои масеҳиёни имрӯза низ намунаи ибрат аст. Мо ҳам метавонем дар ҳузури дигарон дуо гуфта онҳоро қувват бахшем.
17 Баъд аз дуои Павлус «ҳама рӯҳбаланд шуда, каме хӯрок хӯрданд» (Кор. 27:36). Баҳрнавардон гандумро ба об партофта бори киштиро сабуктар карданд, то ки он то соҳил рафта расад. Вақте ки рӯз шуд, баҳрнавардон банди лангарро буриданд, бандҳои сукконро дар қафои киштӣ сар доданд ва бодбони хурди қисми пешро кушоданд, то ки, каме ҳам бошад, киштиро идора карда тавонанд. Вақте онҳо ба соҳил наздик шуданд, қисми пеши киштӣ, дар рег бошад ё дар лойқа, дармонд ва қафояш аз зарби мавҷҳои пурзӯр шикаста пора-пора шуд. Баъзе аскарон маҳбусонро куштанӣ шуданд, то ки ягонтои онҳо нагурезанд, вале Юлиус онҳоро аз ин кор боздошт. Ӯ ба ҳама фармуд, ки сӯйи соҳил шино кунанд ё тахтапораҳоро қапида ба он ҷо расанд. Ҳамин тавр, чи хеле ки Павлус пешгӯйӣ карда буд, ҳамаи онҳо, расо 276 нафар, наҷот ёфтанд. Бале, «ҳама зиндаю саломат ба соҳил расиданд». Вале дар кадом макон онҳо қарор гирифтанд? (Кор. 27:44).
«Меҳрубонии бениҳоят зиёде карданд» (Корнома 28:1–10)
18–20. Мардуми Малта чӣ тавр «меҳрубонии бениҳоят зиёде карданд» ва Худо ба воситаи Павлус чӣ гуна муъҷиза нишон дод?
18 Маълум шуд, ки мусофирони киштӣ ба ҷазираи Малта, ки дар ҷануби Ситсилия воқеъ буд, омада расиданд. (Нигаред ба чорчӯбаи «Гап дар бораи кадом Малта меравад?».) Сокинони ин ҷазира нисбати онҳо «меҳрубонии бениҳоят зиёде карданд» (Кор. 28:2). Онҳо гулхан афрӯхтанд, то наҷотёфтагон, ки тап-тар буданду аз хунукӣ дарақ-дарақ меларзиданд, каме гарм шаванд. Ба болои ҳамаи ин, борон меборид. Барои ҳамин оташи афрӯхтаи онҳо айни муддао буд. Ногаҳон онҳо шоҳиди як муъҷиза гаштанд.
19 Барои он ки оташи гулхан хомӯш нашавад, ба он бояд ҳезум мепартофтанд. Павлус хост, ки дар ин кор ёрдам кунад. Ӯ як бағал ҳезум ҷамъ карда, ба алов партофт, вале аз байни ҳезум мори афъӣ баромада, ба дасташ печиду ӯро газид. Инро дида сокинони Малта фикр карданд, ки ин ҷазои илоҳистa.
20 Сокинони ҷазира гумон карданд, ки бадани Павлус аз заҳри мор «варам мекунад». Мувофиқи як сарчашмаи илмӣ, калимае, ки «варам мекунад» тарҷума шудааст, дар забони асл истилоҳи тиббӣ мебошад. Ин ҳайратовар нест, зеро нависандаи воқеа Луқои табиб буд (Кор. 28:6; Қӯл. 4:14). Чизе набошад, Павлус дасташро афшонда аз он ҷонвар халос шуд ва ҳеҷ осебе надид.
21. а) Чӣ нишон медиҳад, ки Луқо воқеаро аниқу дақиқ тасвир кардааст? б) Павлус чӣ гуна муъҷизаҳо кард ва сокинони Малта ба ин чӣ хел муносибат карданд?
21 Дар он ҷазира Публиюс ном заминдори сарватманде зиндагӣ мекард. Ӯ, аз афташ, дар Малта мансабдори аз ҳама баландмартабаи румӣ ҳисоб меёфт. Луқо мегӯяд, ки ӯ «сардори ҷазира» буд. Ҷолиб аст, ки айнан ҳамин гуна унвон дар ду навиштаҷоти қадимаи малтагӣ вомехӯрад. Публиюс Павлусу ҳамроҳонашро дар давоми се рӯз нағз меҳмондорӣ кард. Он вақт падари Публиюс бемор буд. Луқои табиб дар ин маврид ҳам ҳолати беморро аниқ ва бо забони тиббӣ тасвир мекунад. Ӯ менависад, ки «падари Публиюс бо табларза ва дарди сахти шикам дар бистар мехобид». Павлус дуо гуфта, дастони худро бар он мард мегузорад ва ӯ шифо меёбад. Мардум ин муъҷизаро дида ба ҳайрат меоянд ва беморони худро бо нияти шифо назди Павлус меоранд. Мардум ба Павлусу рафиқонаш туҳфаҳои зиёд медиҳанд ва барои сафарашон чизҳои заруриро омода месозанд (Кор. 28:7–10).
22. а) Як олим ба нақли Луқо дар бораи сафари Рум чӣ гуна баҳо дод? б) Дар боби оянда гап дар бораи чӣ меравад?
22 Сафари Павлус то Малта бо тамоми ҷузъиёташ нақл шудааст. Як олим дар ин бора мегӯяд: «Ин воқеае, ки Луқо нақл кардааст, яке аз муфассалтарин тасвири воқеаҳои Китоби Муқаддас мебошад. Ҷузъиёти он дар бораи баҳрнавардии асри як чунон аниқ ва вазъи шарқи баҳри Миёназамин чунон саҳеҳ тасвир ёфтааст, ки... аз афташ, ин воқеа дар асоси дафтари қайдҳои сафари монанде навишта шудааст». Аз эҳтимол дур нест, ки Луқо Павлусро ҳамроҳӣ карда, бо худ дафтари хотира дошт. Агар ин тавр бошад, ӯ дар бораи воқеаҳои минбаъдаи сафарашон низ қайдҳои зиёде карда буд. Пас, биёед аз боби навбатӣ фаҳмем, ки, вақте Павлус ниҳоят ба Рум мерасад, бо ӯву ҳамроҳонаш чӣ мешавад.
a Ҳоло дар ҷазираи Малта морҳои афъӣ нестанд. Азбаски сокинони ҷазира аз пайдо шудани мори афъӣ ҳайрон нашуданд, хулоса кардан мумкин аст, ки он вақтҳо ин гуна морҳо буданд. Эҳтимол, морҳои афъӣ бо гузашти садсолаҳо аз сабаби дигар шудани иқлим нобуд шуданд ё ин ки бо зиёд шудани аҳолии ҷазира одамон он морҳоро нест карданд.