Ҳисси бетаъхириро дар худ нигоҳ доред
«Каломро мавъиза кунӣ ва... омода [«бетаъхир», ТДН] бошӣ» (2 ТИМ. 4:2).
ОЁ ШУМО ФАҲМОНДА МЕТАВОНЕД?
Чаро масеҳиёни асри як бетаъхир мавъиза мекарданд?
Чӣ тавр мо ҳисси бетаъхириамонро нигоҳ дошта метавонем?
Чаро мавъизаи Салтанат ҳоло аз ҳарвақта бештар таъхирнопазир аст?
1, 2. Дар алоқамандӣ бо насиҳати бетаъхир мавъиза кардан кадом саволҳо ба миён меоянд?
ОДАМОНЕ, КИ корашон наҷот додани ҳаёти дигарон аст, одатан бо ҳисси бетаъхирӣ амал мекунанд. Масалан, кормандони сӯхторхомӯшкунӣ баробари шунидани хабари сӯхтор фавран амал мекунанд, зеро онҳо медонанд, ки ҳаёти одамон дар хатар аст.
2 Чун Шоҳидони Яҳува мо умед дорем, ки ба одамон барои наҷот ёфтан кӯмак кунем. Барои ҳамин, мо ба супориши мавъизаи хушхабари Салтанат ҷиддӣ менигарем. Албатта мо дигаронро ба ваҳму воҳима намеандозем ва беақлона давутоз намекунем. Пас, вақте Павлус моро ба «бетаъхир» мавъиза кардан барангехт, ӯ чиро дар назар дошт? (2 Тим. 4:2, ТДН). Чӣ тавр мо бетаъхир мавъиза карда метавонем? Ва чаро кори мо ин қадар фаврӣ аст?
ЧАРО КОРИ МАВЪИЗА ТАЪХИРНОПАЗИР АСТ?
3. Он ки одамон хабари Салтанатро қабул мекунанд ё рад мекунанд, чӣ гуна натиҷаҳо оварда метавонад?
3 Вақте шумо дарк мекунед, ки дар натиҷаи мавъизаи мо чӣ ба даст меояду чӣ аз даст меравад, шумо эҳтимол ҳис мекунед, ки ҳар як фурсатро ғанимат дониста ба одамон дар бораи хушхабар гап задан лозим аст (Рум. 10:13, 14). Каломи Худо мегӯяд: «Ҳангоме ки Ман ба шарир гӯям: “Албатта хоҳӣ мурд” ва ӯ аз гуноҳи худ тавба карда, аз рӯи адлу инсоф амал намояд... ӯ албатта зинда хоҳад монд ва нахоҳад мурд. Ҳамаи гуноҳҳое ки ӯ кардааст, ба ёд оварда нахоҳад шуд» (Ҳиз. 33:14–16). Дар ҳақиқат, Китоби Муқаддас ба онҳое, ки хабари Салтанатро таълим медиҳанд, мегӯяд: «Ҳам худатро наҷот медиҳӣ ва ҳам шунавандагонатро» (1 Тим. 4:16; Ҳиз. 3:17–21).
4. Чаро ба Тимотиюс лозим буд, ки ҳисси бетаъхириро нигоҳ дорад?
4 Чаро Павлус ба Тимотиюс гуфт, ки дар кори мавъиза ҳисси бетаъхириро нигоҳ дорад? Барои фаҳмидани ин, контексти ояти асосии мақоларо дида мебароем. Мо мехонем: «Каломро мавъиза кунӣ ва дар вақти муносиб ё номуносиб омода [«бетаъхир», ТДН] бошӣ, бо тамоми пурсабрӣ омӯзгорӣ ва мазаммат, манъ ва насиҳат кунӣ. Зеро замоне фаро хоҳад расид, ки таълимоти солимро қабул нахоҳанд кард, балки бар тибқи ҳавасҳои худ барои худ муаллимоне хоҳанд баргузид, ки нутқашон ба гӯшҳо хуш ояд; ва гӯшҳои худро аз ростӣ гардонда, ба қиссаҳо рӯ хоҳанд овард» (2 Тим. 4:2–4). Исо пешгӯӣ карда буд, ки вақте мерасад, ки осият паҳн мегардад (Мат. 13:24, 25, 38). Азбаски ин вақт наздик мешуд, Тимотиюс мебоист бетаъхир ҳатто дар дохили ҷамъомад «каломро мавъиза» мекард, то масеҳиён аз таълимоти дурӯғин, ки ба назар ҷолиб метофтанду дар асл фиребанда буданд, гумроҳ нашаванд. Сухан дар бораи ҳаёти одамон мерафт. Дар бораи рӯзҳои мо чӣ гуфтан мумкин аст?
5, 6. Мо дар хизмат бо кадом ақидаҳои паҳншуда рӯ ба рӯ мешавем?
5 Дуршавӣ аз ибодати ҳақиқӣ ҳоло паҳн гаштааст (2 Тас. 2:3, 8). Кадом таълимотҳо имрӯз ба гӯши одамон хуш меоянд? Дар бисёр ҷойҳо назарияи эволютсия мисли дине бо ҷӯшу хурӯш пеш рафта истодааст. Ҳарчанд эволютсия одатан бо забони илмӣ фаҳмонда мешавад, он қариб ба як таълимоти динӣ табдил ёфтааст. Он ба муносибати одамон нисбати Худо ва дигарон таъсир мекунад. Боз як ақидаи паҳнгашта он аст, ки Худо нисбати мо бепарво аст ва ба мо ҳам зарур нест, ки дар бораи Ӯ фикр кунем. Чаро ин таълимотҳо ин қадар ҷолибанд, ки миллионҳо одамон ба онҳо бовар карда, ба хоби рӯҳонӣ рафтаанд? Ҳар дуи онҳо бар чунин фикр асос меёбанд: «Шумо ҳар коре ки хоҳед карда метавонед, зеро касе аз шумо ҳисобот намепурсад». Ин ақида дар ҳақиқат ба гӯши бисёриҳо хуш меояд. (Забур 9:25–ро бихонед.)
6 Вале дигар ақидаҳо низ ҳастанд, ки ба гӯши одамон хуш меоянд. Ба баъзе касоне, ки то ҳол ба калисо мераванд, муаллимоне маъқуланд, ки ба онҳо мегӯянд: «Новобаста аз он ки шумо чӣ кор мекунед, Худо шуморо дӯст медорад». Коҳинону пирони калисо ба гӯши онҳо хуш омада мегӯянд, ки ба туфайли қайд кардани иду маросимҳо, ба ҷо овардани ибодат дар калисо, ва истифода аз тасвирҳои динӣ онҳо баракати Худоро соҳиб мешаванд. Шумораи ками ин одамон дарк мекунанд, ки дар ҳолати хатарнок қарор доранд (Заб. 113:12–16). Лекин, агар мо онҳоро аз хоби рӯҳонӣ бедор карда тавонему онҳо хабари ҳақиқии Китоби Муқаддасро фаҳманд, онҳо метавонанд аз Салтанати Худо баҳравар шаванд.
БЕТАЪХИР МАВЪИЗА КАРДАН ИМРӮЗ ЧӢ МАЪНО ДОРАД?
7. Чӣ тавр мо ҳисси бетаъхирӣ нишон дода метавонем?
7 Ҷарроҳи бовиҷдон бояд диққаташро пурра ба кораш равона кунад, зеро ҳаёти одамон аз он вобаста аст. Дар хизмати масеҳиамон мо бо он ҳисси бетаъхирӣ нишон медиҳем, ки агар диққатамонро пурра ба кори худ равона кунем, масалан дар бораи мавзӯю саволҳо ё маълумоте, ки барои одамони маҳалламон шавқовар буда метавонанд, фикр кунем. Ҳисси бетаъхирӣ ҳамчунин шояд моро барангезад, ки дар реҷаи худ дигаргунӣ дарорем ва ҳамон вақт назди одамон равем, ки онҳо ба гӯш кардани мо бештар моиланд (Рум. 1:15, 16; 1 Тим. 4:16).
8. Бо ҳисси бетаъхирӣ амал кардан одатан чиро дар бар мегирад?
8 Ҳисси бетаъхирӣ доштан ҳамчунин гузоштани афзалиятҳоро дар бар мегирад, яъне мо муайян мекунем, ки кадом корҳо дар ҳаётамон аввалиндараҷаанд. (Ҳастӣ 19:15–ро бихонед.) Масалан, тасаввур кунед, ки баъди гирифтани ҷавоби ташхис, духтур шуморо ба ҳуҷраи кориаш даъват карда ба шумо қатъӣ мегӯяд: «Гӯш кунед! Дар вазъияти шумо бетаъхир амал кардан даркор аст. Шумо зиёдаш як моҳ доред, ки барои бемориатон чизе кунед». Шумо албатта аз он ҷо мисли он ки сӯхтор рӯй дода бошад, тирвор баромада намеравед. Лекин шумо эҳтимол тавсияҳои духтурро мегиред, ба хона меравед, ва ҷиддан фикр мекунед, ки дар вазъияти шумо кадом корҳо аввалиндараҷа ҳастанд.
9. Чаро мо гуфта метавонем, ки Павлус бо ҳисси бетаъхирӣ дар Эфсӯс хизмат мекард?
9 Мо метавонем ҳисси бетаъхирии Павлусро аз суханоне, ки вай ба пирони Эфсӯс оиди дар вилояти Осиё мавъиза карданаш гуфт, пай барем. (Аъмол 20:18–21-ро бихонед.) Аз афташ аз рӯзи аввали ба он ҷо омаданаш, ӯ хона ба хона хушхабарро мавъиза мекард. Илова бар ин, дар давоми ду сол ӯ аз рӯи реҷаи мунтазам «ҳар рӯз дар мадрасаи Тиронус ном шахсе» нутқ мегуфт (Аъм. 19:1, 8–10). Равшан аст, ки ҳисси таъхирнопазирии Павлус ба тарзи ҳаёташ таъсир мекард. Даъвати бародарон оиди бетаъхир мавъиза кардан маънои онро надорад, ки мо ба ваҳму воҳима афтода онро аз қувват берун ҳисоб кунем. Ба ҳар ҳол, мо бояд кори мавъизаро дар ҳаётамон дар ҷои аввал гузорем.
10. Чаро мо хурсанд буда метавонем, ки қариб 100 сол пеш масеҳиён бо ҳисси бетаъхирӣ амал карданд?
10 Намунаи гурӯҳи хурди Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас, ки пеш аз соли 1914 мавъизаи хушхабарро сар карданд, нишон медиҳад, ки бо ҳисси бетаъхирӣ мавъиза кардан чӣ маъно дорад. Ҳарчанд шумораи онҳо танҳо якчанд ҳазор буд, онҳо дар кадом вақт зиндагӣ карданашонро ба назар мегирифтанд ва бо ҷидду ҷаҳд бо кори мавъизаи Салтанат банд буданд. Мавъизаи онҳо дар садҳо рӯзномаҳо чоп мешуд. Онҳо барномаи расму тасвирҳои ба ҳаракат даровардашударо, ки «Фотодрамаи офариниш» ном дошт, ба одамон пешкаш мекарданд. Бо ин роҳ онҳо ба миллионҳо одамон хушхабарро мерасонданд. Агар онҳо ҳисси бетаъхирӣ намедоштанд, пас чӣ тавр бисёре аз мо хабари Салтанатро шунида метавонистем? (Забур 118:60–ро бихонед.)
ЭҲТИЁТ ШАВЕД, КИ ҲИССИ БЕТАЪХИРИАТОН ГУМ НАШАВАД
11. Чӣ тавр баъзеҳо ҳисси бетаъхириашонро гум карданд?
11 Агар чизҳои дигар диққати шахсро парешон кунад, вай метавонад то чӣ андоза муҳим будани кори мавъизаро фаромӯш кунад. Тартиботи шайтонӣ тавре сохта шудааст, ки моро ба хоҳишҳои шахсӣ ва корҳои начандон муҳим андармон созад (1 Пет. 5:8; 1 Юҳ. 2:15–17). Баъзе касоне, ки як вақтҳо хизмати Яҳува дар ҷои аввали ҳаёташон буд, ҳисси бетаъхириашонро гум карданд. Масалан, масеҳии асри як Димос «ҳамкор»–и Павлус буд, вале диққати ӯро тартиботи аз Худо бехабар парешон кард. Ба ҷои он ки минбаъд низ дар вақти тангӣ бародаронро дастгирӣ кунад, ӯ Павлусро тарк кард (Филем. 23, 24; 2 Тим. 4:10).
12. Ҳоло мо чӣ гуна имконият дорем ва кадом имконият барои мо ҷовидона фароҳам мегардад?
12 Барои ҳисси бетаъхириро нигоҳ доштан ба мо лозим аст, ки бо хоҳиши аз ҳаёт ҳузуру ҳаловати бештар гирифтан мубориза барем. Мо бояд барои «ҳаёти ҷовидониро аз они худ» сохтан саъю кӯшиш кунем (1 Тим. 6:18, 19). Шумо эҳтимол ягон шубҳа надоред, ки ҳаёти ҷовидонӣ дар замин барои аз корҳои шавқовар ҳаловат бурдан имконияти фаровон фароҳам меорад. Вале ҳоло, мо имконият дорем, ки ба дигарон барои дар Ҳармиҷидӯн зинда мондан кӯмак кунем ва ин имконият танҳо дар замони мо ҳаст.
13. Ҳоло, ки мо масеҳӣ гаштаем, чӣ тавр ҳисси бетаъхириро нигоҳ дошта метавонем?
13 Азбаски аксарияти одамони ҷаҳон дар гирду атрофи мо бехирадона ба хоби рӯҳонӣ рафтаанд, чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки ҳисси бетаъхириамонро гум накунем? Мо метавонем оиди он мулоҳиза кунем, ки як вақтҳо гӯё дар зулмот хоб будем. Лекин мо бедор шудем ва чӣ тавре ки Павлус қайд кард, Масеҳ ба мо нур пошид. Мо ҳоло имконияти беҳамто дорем, ки ба дигарон ин нурро расонем. (Эфсӯсиён 5:14–ро бихонед.) Баъди инро қайд кардан, Павлус навишт: «Бодиққат назар кунед, ки чӣ гуна рафтор менамоед, на чун бехирадон, балки чун хирадмандон, ва фурсатро ғанимат донед, чунки ин рӯзҳо шарир аст» (Эфс. 5:15, 16). Ба чунин шарорат нигоҳ накарда, биёед барои корҳое, ки моро рӯҳан бедор нигоҳ медоранд, «фурсат» ҷӯем.
МО ДАР ДАВРАИ МУҲИМИ ТАЪРИХӢ ЗИНДАГӢ ДОРЕМ
14–16. Чаро мавъизаи Салтанат ҳоло аз ҳарвақта бештар таъхирнопазир аст?
14 Хизмати масеҳӣ ҳамеша таъхирнопазир буд, вале ҳоло он аз ҳарвақта ҳам бештар муҳим гаштааст. Аз соли 1914, аломати охирзамон, ки дар Каломи Худо тасвир шудааст, равшан аён гашт (Мат. 24:3–51). Ҳаёти инсоният аз ҳарвақта бештар дар хатар аст. Қатъи назар аз аҳдномаҳои ба наздикӣ басташуда, давлатҳои пуриқтидор то ҳол қариб 2 000 адад ракетаҳои ядроиро дар ҳолати омодагӣ нигоҳ медоранд. Ҳокимиятҳо дар бораи садҳо ҳодисаҳои «гум» шудани маводҳои ядроӣ хабар медиҳанд. Оё қисми онҳо ба дасти террористон наафтодааст? Мушоҳидакунандагон мегӯянд, ки инсоният метавонад дар натиҷаи ҷанге, ки террористе сар мекунад, ба осонӣ нобуд шавад. Аммо ҷанг ягона чизе нест, ки ҳаёти инсониятро зери хатар мегузорад.
15 «Дигаршавии иқлим проблемаи калонтарини ҷаҳониест, ки дар асри 21 ба саломатии инсон таҳдид мекунад»,— гуфта мешавад дар маҷаллаи Лансет ва коллеҷи донишгоҳии Лондон, дар ҳисобот барои соли 2009. Дар он ҳисобот омадааст: «Дигаршавии иқлим ба саломатии аксарияти аҳолии даҳсолаҳои минбаъда таъсир хоҳад кард ва ҳаёту беҳбудии миллиардҳо одамонро зери хатари афзоянда хоҳад гузошт». Баландшавии сатҳи баҳрҳо, хушксоливу обхезиҳо, эпидемияҳо, тундбодҳо ва мубориза барои захираҳои каммонда метавонанд дар миқёси калон офатҳои харобиоварро ба амал оваранд. Бале, аз сабаби ҷангҳову офатҳо ҳаёти инсоният дар хатар аст.
16 Баъзеҳо шояд фикр кунанд, ки хатари ҷанги ядроӣ воқеаҳоеро, ки «аломат»–ро ташкил медиҳанд, ба амал оварда метавонад. Лекин, аксарият маънои аслии аломатро намефаҳманд. Ҳол он ки он аломат аллакай даҳсолаҳо боз аён аст ва дар ҳақиқат ҳузур доштани Масеҳ ва босуръат наздик шуда истодани анҷоми ин тартиботро нишон медиҳад (Мат. 24:3). Аз ин пеш қисмҳои аломат то ба ин дараҷа равшан аён набуданд. Ҳоло вақти он аст, ки одамон аз хоби рӯҳонӣ бедор шаванд. Хизмати мо ба онҳо барои бедоршавӣ кӯмак карда метавонад.
17, 18. а) Чӣ тавр донистани «вақт» ба мо таъсир мекунад? б) Чӣ муносибати одамонро ба хабари Салтанат дигар карда метавонад?
17 Танҳо муддати кӯтоҳе боқӣ мондааст, ки муҳаббатамонро ба Яҳува исбот кунем ва кори мавъизаро, ки яке аз аломатҳои охирзамон аст, ба анҷом расонем. Он чи ки Павлус дар асри як ба масеҳиёни румӣ гуфт, дар рӯзҳои мо аҳамияти боз ҳам бузургтар дорад: «Шумо вақтро медонед, ки аллакай соати аз хоб бедор шуданатон расидааст: зеро ки алҳол наҷоти мо назар ба он вақте ки имон овардем, наздиктар аст» (Рум. 13:11).
18 Воқеаҳое, ки оиди охирзамон пешгӯӣ шуда буданд, метавонанд одамонро ба дарк кардани ниёзҳои рӯҳониашон барангезанд. Дигарон ба кӯмак мӯҳтоҷ будани инсониятро дарк мекунанд, вақте дар бораи он фикр мекунанд, ки кӯшишҳои ҳокимиятҳои инсонӣ барои бартараф кардани бӯҳронҳои иқтисодӣ, хатари ядроӣ, ҷинояткориҳои зӯроварона ё харобшавии муҳити атроф бебарор аст. Ҳамзамон дигарон аз сабаби воқеаҳои ҳаёти оилавиашон, мисли душвориҳои бо саломатӣ алоқаманд, талоқ ё марги шахси наздик ниёзҳои рӯҳониашонро дарк мекунанд. Вақте ки мо дар хизмат иштирок мекунем, мо худро барои ба чунин одамон кӯмак кардан дастрас месозем.
БО ҲИССИ БЕТАЪХИРӢ АМАЛ КУНЕД
19, 20. Чӣ тавр ҳисси бетаъхирӣ бисёре аз масеҳиёнро барангехт, ки тарзи ҳаёташонро дигар кунанд?
19 Ҳисси бетаъхирӣ бисёри масеҳиёнро барангехт, ки иштироки худро дар хизмат бештар гардонанд. Масалан, дар Эквадор як ҷуфти ҷавони ҳамсарон баъди гӯш кардани барномаи анҷумани махсуси якрӯзаи соли 2006, ки «Чашми худро оддӣ нигоҳ доред» ном дошт, қарор доданд, ки ҳаёти худро оддӣ кунанд. Онҳо чизҳои барояшон нозарурро рӯйхат карданд ва дар давоми се моҳ аз манзили сеҳуҷрагӣ ба якҳуҷрагӣ кӯчиданд, баъзе чизҳоро фурӯхтанд ва аз қарзҳояшон озод шуданд. Дере нагузашта онҳо ба қатори пешравони ёвар ҳамроҳ шуданд ва пешниҳоди нозири ноҳиявиро қабул карда, ба ҷамъомаде, ки он ҷо ниёзи бештар буд, гузаштанд.
20 Бародаре аз Амрикои шимолӣ менависад: «Вақте ки ману занам соли 2006 ба анҷумани ноҳиявӣ ташриф овардем, аз таъмид гирифтанамон аллакай 30 сол сипарӣ шуда буд. Баъди анҷуман, ҳангоми ба хона рафтан мо дар мошин якҷоя муҳокима кардем, ки чӣ тавр мо маслиҳатҳоеро, ки оиди оддӣ гардондани ҳаёт садо доданд, истифода бурда метавонем (Мат. 6:19–22). Мо соҳиби се хона, замин, автомобилҳои бароҳату қимматбаҳо, киштӣ ва мошини калоне будем, ки чун хонаи истиқоматӣ таҷҳизонида шуда буд. Мо худро чун масеҳиёни беақл ҳис мекардем ва аз ин рӯ қарор додем, ки ба хизмати пурравақт мақсад гузорем. Соли 2008 мо дар хизмати пешравӣ ба духтарамон ҳамроҳ шудем. Бо бародарон боз ҳам наздиктар ҳамкорӣ кардан хеле хурсандибахш аст! Мо имконият дорем, ки дар ҷое, ки ниёзи калонтар аст, хизмат кунем. Ҳамчунин, ба Яҳува бештар хизмат кардан моро ба Ӯ наздиктар кард. Хусусан дидани он ки чӣ тавр чашмони одамон ҳангоми шунидан ва фаҳмидани ҳақиқати Каломи Худо медурахшад, бароямон мукофот аст».
21. Донистани чӣ моро ба амал бармеангезад?
21 Мо медонем, ки ба қарибӣ ин тартиботи шариронаро «рӯзи доварӣ ва ҳалокати мардуми осӣ» интизор аст (2 Пет. 3:7). Дониш аз Каломи Худо моро бармеангезад, ки омадани мусибати бузург ва дунёи навро, ки баъди он меояд, боғайратона эълон кунем. Мо бо ҳисси бетаъхирӣ ба одамон расондани умеди ҳақиқиро давом медиҳем. Бо иштироки пурра дар ин кори бетаъхир мо муҳаббати ҳақиқии худро ба Худо ва одамон зоҳир мекунем.