Боби як
Имрӯз Худоро дар ягонагӣ ибодат кардан чӣ маъно дорад?
1, 2. а) Имрӯз шумораи зиёди одамон ба чӣ мекӯшанд? б) Одамони самимӣ чӣ гуна умеди олиҷанобе доранд?
ДАР тамоми дунё шумораи ҳар чӣ бештари одамон мекӯшанд, то ки Худоро дар ягонагӣ ибодат кунанд. Ин хоҳиш миллионҳо одамонро аз ҳамаи миллатҳо, қавмҳо ва забонҳо муттаҳид месозад. Ҳар сол ба онҳо одамони бисёре ҳамроҳ мешаванд. Дар Китоби Муқаддас онҳо «шоҳидон»-и Яҳува ва «анбӯҳи бузург» номида шудаанд. Онон «шабу рӯз ... [ба Худо] хизмат мекунанд» (Ишаъё 43:10–12; Ваҳй 7:9–15). Чаро? Зеро онҳо фаҳмиданд, ки Яҳува Худои ягонаи ҳақиқӣ мебошад ва мехоҳанд мувофиқи меъёрҳои одилонаи Ӯ рафтор кунанд. Инчунин онҳо фаҳмиданд, ки дар охирзамон ё худ «айёми охир»-и ин дунёи шарир зиндагӣ доранд, ки Яҳува ба наздикӣ онро нест карда, дунёи нав, яъне биҳиштро дар рӯи замин барқарор хоҳад кард (2 Тимотиюс 3:1–5, 13; 2 Петрус 3:10–13).
2 Дар Китоби Муқаддас ваъда дода шудааст: «Боз андак сабр кун, ва шарир боқӣ нахоҳад монд ... Аммо ҳалимон вориси замин хоҳанд буд ва аз осудагии бисёр лаззат хоҳанд бурд» (Забур 36:10, 11). «Одилон вориси замин хоҳанд буд ва дар он то абад сукунат хоҳанд кард» (Забур 36:29). «Худо ҳар ашкро аз чашмони онҳо пок хоҳад кард, ва мамот дигар нахоҳад буд; ва гиря ва фиғон ва дард дигар нахоҳад буд; зеро он чи пештар буд, гузашт» (Ваҳй 21:4).
3. Ягонагии ҳақиқӣ дар ибодат чӣ гуна ба даст оварда мешавад?
3 Онҳое ки имрӯзҳо дар ягонагӣ ба Худо ибодат мекунанд, сокинони нахустини дунёи нав хоҳанд гашт. Онҳо фаҳмиданд, ки иродаи Худо дар чист ва мекӯшанд онро аз дилу ҷон ба ҷо оранд. Исо ба аҳамияти фаҳмидану иҷро намудани иродаи Худо ишора намуда, гуфт: «Ҳаёти ҷовидонӣ ин аст, ки Туро, ки Худои ягонаи ҳақиқӣ ҳастӣ, ва Исои Масеҳро, ки фиристодӣ, бишносанд» (Юҳанно 17:3). Юҳаннои расул навишта буд: «Ҷаҳон бо ҳавасҳояш гузарон аст, аммо касе ки иродаи Худоро ба ҷо меоварад, то абад боқист» (1 Юҳанно 2:17).
Маънои аслии ягонагӣ дар ибодат
4. a) Имрӯзҳо дар ягонагӣ Худоро ибодат намудани шумораи зиёди одамон нишонаи чӣ мебошад? б) Китоби Муқаддас ин муттаҳидшавиро чӣ гуна тасвир менамояд?
4 Имрӯзҳо дар ягонагӣ Худоро ибодат намудани шумораи зиёди одамон нишонаи чӣ мебошад? Нишонаи он ки анҷоми ин дунёи шарир ва омадани дунёи нави Худо хеле наздик аст. Мо шоҳиди иҷрошавии пешгӯиҳои Китоби Муқаддас мебошем, ки ин гуна муттаҳидшавии бузургро пешгӯӣ намуда буд. Дар яке аз он пешгӯиҳо зикр шудааст: «Дар айёми охир чунин воқеъ хоҳад шуд, ки кӯҳи хонаи Худованд [ибодати оливу ҳақиқии Яҳува] бар сари кӯҳҳо [бар намудҳои дигари ибодат] барқарор хоҳад гардид, ... ва қавмҳо сӯи он равона хоҳанд шуд. Ва халқҳои бисёр роҳсипор шуда, хоҳанд гуфт: “Биёед, ба кӯҳи Худованд, ва ба хонаи Худои Яъқуб бароем, то ки Ӯ тариқҳои Худро ба мо таълим диҳад, ва мо бо роҳҳои Ӯ равона шавем”» (Мико 4:1, 2; Забур 36:34).
5, 6. a) Чаро гуфтан мумкин аст, ки халқҳо ба Яҳува рӯ меоваранд? б) Кадом саволҳоро мо бояд ба худ бидиҳем?
5 Гарчанде ки ҳамаи халқҳо дар кулли худ дар маъбади рӯҳонии Яҳува хидмат намекунанд, миллионҳо нафар аз миёни онҳо чунин хидматро ба ҷо меоранд. Шиносоӣ бо ниятҳои некӯи Яҳува ва шахсияти пурмеҳри Ӯ ба умқи дили онҳо таъсир мерасонад. Ин одамон бо фурӯтанӣ дар ҷустуҷӯи онанд, ки Худо аз онҳо чиро талабгор аст. Дуои онҳо чун дуои таронасарост, ки гуфтааст: «Маро таълим деҳ, то ки иродаи Туро ба ҷо оварам, зеро ки Худои ман Ту ҳастӣ» (Забур 142:10).
6 Оё шумо худро дар қатори анбӯҳи бузурги мардуме, ки имрӯз Яҳува дар ибодат муттаҳид сохтааст, мебинед? Оё мувофиқи дастуроти Яҳува, ки дар Китоби Муқаддас навишта шудаанд, рафтор карда, нишон медиҳед, ки он барои шумо дар ҳақиқат Каломи Худост? То чӣ андоза шумо тайёред «бо роҳҳои Ӯ равона» бошед?
Чӣ тавр ягонагӣ ба даст оварда мешавад
7. a) Саранҷом ягонагӣ дар ибодат то чӣ андоза паҳн хоҳад шуд? б) Чаро бояд аз ҳоло ба ибодаткунандагони Яҳува ҳамроҳ шавем ва чӣ гуна метавонем ба дигарон кӯмак расонем, то онҳо низ Яҳуваро ибодат кунанд?
7 Хости Худо ин аст, ки тамоми махлуқоти бошуур дар ибодати ҳақиқӣ муттаҳид бошанд. То чӣ андоза мо интизори фаро расидани он рӯзе ҳастем, ки тамоми махлуқоти зинда Худои ягонаи ҳақиқиро ибодат хоҳад кард! (Забур 102:19–22). Аммо пеш аз ин Яҳува онҳоеро, ки аз иҷрои иродаи одилонаи Ӯ сар мепечанд, несту нобуд мекунад. Азбаски Яҳува Худои раҳим аст, Ӯ пешакӣ одамонро дар тамоми гӯшаю канори замин аз ниятҳои худ воқиф сохта, имконият медиҳад, ки онҳо ислоҳ шаванд (Ишаъё 55:6, 7). Бад–ин сабаб, дар рӯзҳои мо «ба ҳар қабила ва сибт, ва забон ва қавм» чунин муроҷиати муҳим равона карда шудааст: «Аз Худо тарсед ва Ӯро ҷалол диҳед, зеро ки соати доварии Ӯ фаро расидааст; ва ба Офаридгори осмон ва замин, ва баҳр ва чашмаҳои об саҷда кунед» (Ваҳй 14:6, 7). Оё шумо ин даъватро қабул намудаед? Агар ин тавр бошад, шумо имтиёз пайдо мекунед, ки дигаронро низ ба шинохтани Худои ҳақиқӣ ва ибодат кардани Ӯ даъват намоед.
8. Пас аз гирифтани таълимоти асосии Китоби Муқаддас, мо бояд дар чӣ бештар бикӯшем?
8 Баъзе одамон мегӯянд, ки ба Худо имон доранд, вале дар амал ҳамеша аз паи хоҳишҳои худ мебошанд. Ибодати ин гуна шахсон мақбули Яҳува нест. Худо мехоҳад, ки одамон ба «дониши иродаи Ӯ» бирасанд ва мувофиқи он ҳаёт ба сар баранд (Қӯлассиён 1:9, 10). Аз ин сабаб шахсони сипосгузор пас аз омӯхтани таълимоти асосии Китоби Муқаддас, сӯи камолоти масеҳӣ мешитобанд. Онҳо бо ҷидду ҷаҳд мекӯшанд, ки Яҳуваро беҳтар бишносанд, дар фаҳмиши Каломи Ӯ биафзоянд ва чизи фаҳмидаашонро ҳар чӣ бештар дар зиндагии худ истифода баранд. Ин гуна одамон мехоҳанд, ба хислатҳои Падари осмониамон пайравӣ намоянд ва ба ҳама чиз аз нуқтаи назари Ӯ нигаранд. Чунин хоҳиш онҳоро бармеангезад, ки дар кори ҳаётнаҷотдиҳандае, ки ҳоло Яҳува дар саросари замин гузаронида истодааст, саҳмгузор бошанд. Оё хоҳиши шумо низ чунин аст? (Марқӯс 13:10; Ибриён 5:12–6:3).
9. Чӣ гуна имрӯзҳо ягонагии ҳақиқӣ имконпазир мегардад?
9 Аз Китоби Муқаддас аён мегардад, ки ходимони Яҳува бояд халқи муттаҳид бошанд (Эфсӯсиён 4:1–3). Гарчанде ки мо дар дунёи номуттаҳид ҳаёт ба сар мебарем ва то ҳол бо нокомилиамон дар мубориза ҳастем, ягонагӣ дар байни мо бояд аллакай ҳозир дида шавад. Исо самимона дуо мегуфт, ки ҳамаи шогирдонаш «як бошанд» ва аз ягонагии ҳақиқӣ баҳра баранд. Маънии дуои Исо чунин буд, ки шогирдонаш бояд бо Яҳува ва бо ӯ муносибати наздик дошта бошанд ва бо ҳамдигар якдил шаванд (Юҳанно 17:20, 21). Ба ин мақсад Яҳува ҷамъомади масеҳиро ҳамчун созмон истифода бурда, халқи худро таълим медиҳад.
Кадом омилҳо ба ягонагӣ мусоидат мекунанд?
10. a) Вақте ки аз Китоби Муқаддас ба саволҳое, ки ба мо дахл доранд, ҷавоб меёбем, чӣ гуна хислатҳоро дар худ инкишоф медиҳем? б) Ба саволҳои дар ин сатр овардашуда ҷавоб дода, омилҳоеро, ки ба ягонагии масеҳӣ мусоидат мекунанд, дида бароед.
10 Дар поён ҳафт омили асосие, ки ба ягонагӣ дар ибодат мусоидат мекунанд, қайд карда шудаанд. Ба саволҳои овардашуда ҷавоб дода, андеша намоед, ки чӣ гуна ҳар як омил ба муносибатҳои шумо бо Яҳува ва ҳамимонон таъсир мерасонад. Андешаронӣ дар бобати ин омилҳо ва хондани оятҳое, ки қайд гардидаанд, вале матнашон оварда нашудааст, ба мо дар инкишофдиҳии ҳикмати илоҳӣ, мулоҳизакорӣ ва фаросат — хислатҳое, ки ба ҳамаи мо заруранд, ёрӣ хоҳанд дод (Масалҳо 5:1, 2; Филиппиён 1:9–11). Биёед ин омилҳоро як–як муҳокима кунем.
1. Мо эътироф менамоем, ки Яҳува ҳақ дорад меъёрҳои некиву бадиро барои инсон муайян созад. «Бо тамоми дили худ ба Худованд таваккал намо, ва ба хиради худ такя накун. Дар ҳамаи тариқҳои худ Ӯро дарк намо ва Ӯ роҳҳои туро ҳамвор хоҳад кард» (Масалҳо 3:5, 6).
Барои чӣ ҳангоми қарор баровардан ба мо зарур аст, ки маслиҳат ва ҳидояти Яҳуваро ҷӯем? (Забур 145:3–5; Ишаъё 48:17).
2. Каломи Худо — раҳнамои мост. «Чун шумо каломи Худоро аз мо шунида қабул кардед, онро на ҳамчун каломи одамизод қабул кардед, балки ҳамчун каломи Худо, ки он дар ҳақиқат чунин аст ва он дар шумо, имондорон, амал мекунад» (1 Таслӯникиён 2:13).
Чаро аз рӯи гувоҳи дил амал кардан хатарнок аст? (Масалҳо 14:12; Ирмиё 10:23, 24; 17:9).
Агар мо доир ба ин ё он масъала маслиҳати дар Китоби Муқаддас навишташударо надонем, бояд чӣ кор кунем? (Масалҳо 2:3–5; 2 Тимотиюс 3:16, 17).
3. Мо ҳама аз як барномаи ғизогирии рӯҳонӣ манфиат мегирем. «Ҳамаи писарони ту аз Худованд таълим хоҳанд гирифт» (Ишаъё 54:13). «Диққат кунем, ки якдигарро ба муҳаббат ва аъмоли нек барангезонем, ва ҷамъомади худро тарк накунем, чунон ки баъзе касонро таомул шудааст, балки якдигарро насиҳат диҳем, ва бештар ба қадри он ки шумо наздик шудани он рӯзро [рӯзи ҳалокатро] мебинед» (Ибриён 10:24, 25).
Аз ғизои рӯҳоние, ки Яҳува фароҳам меоварад, пурра истифода бурда, мо аз чӣ баҳраманд мегардем? (Ишаъё 65:13, 14).
4. Роҳнамои мо Исои Масеҳ аст, на одам. «Шумо набояд устод хонда шавед, зеро ки устоди шумо якест, яъне Масеҳ аст ва ҳамаи шумо бародаронед; ва ҳеҷ касро бар замин падари худ нахонед, зеро ки Падари шумо якест, ки дар осмон аст; ва набояд роҳнамо хонда шавед, зеро ки Роҳнамои шумо якест, яъне Масеҳ аст» (Матто 23:8–10).
Оё касе гуфта метавонад, ки аз дигарон беҳтар аст? (Румиён 3:23, 24; 12:3).
5. Мо боварии комил дорем, ки Салтанати Худо — ягона умеди инсоният аст. «Пас ба ин мазмун дуо гӯед: “Эй Падари мо, ки дар осмонӣ! исми Ту муқаддас бод; Малакути Ту биёяд; иродаи Ту, чунон ки дар осмон аст, дар замин ҳам ба амал ояд”. Аммо аввал Малакути Худо ва адолати Ӯро биҷӯед ва ҳамаи ин чизҳо ба шумо ба таври илова дода хоҳад шуд» (Матто 6:9, 10, 33).
Чӣ тавр «аввал Малакут»-ро ҷӯё будан ба нигоҳ доштани ягонагиамон мусоидат мекунад? (Мико 4:3; 1 Юҳанно 3:10–12).
6. Рӯҳулқудс дар ходимони Яҳува хислатҳоеро, ки барои нигоҳ доштани ягонагии масеҳӣ заруранд, ба вуҷуд меорад. «Самари Рӯҳ инҳост: муҳаббат, шодмонӣ, осоиштагӣ, пурсабрӣ, меҳрубонӣ, марҳамат, имон, фурӯтанӣ, парҳезгорӣ» (Ғалотиён 5:22, 23).
Барои он ки Худо рӯҳашро ба мо диҳад ва самари он дар мо ба вуҷуд ояд, чӣ бояд кунем? (Аъмол 5:32).
Масеҳие, ки самари рӯҳи Худоро дорад, чӣ гуна бо ҳамимонони худ рафтор мекунад? (Юҳанно 13:35; 1 Юҳанно 4:8, 20, 21).
7. Ҳамаи парастандагони ҳақиқии Худо дар мавъизаи хушхабари Салтанати Ӯ ширкат менамоянд. «Ин Инҷили Малакут дар тамоми олам мавъиза хоҳад шуд, то ки барои ҳамаи халқҳо шаҳодате шавад; ва он гоҳ интиҳо фаро хоҳад расид» (Матто 24:14).
Чӣ моро бармеангезад, ки ҳар чӣ бештар дар кори мавъиза иштирок кунем? (Матто 22:37–39; Румиён 10:10).
11. Агар ҳақиқатҳои Китоби Муқаддасро дар ҳаёт ба кор барем, чӣ фоидае ба даст хоҳем овард?
11 Дар ягонагӣ Яҳуваро ибодат намуда, мо ба Ӯ наздиктар мешавем ва аз муошират бо ҳамимонон рӯҳбаланд мегардем. Дар Забур 132:1 мо мехонем: «Инак, чӣ хуш аст ва чӣ дилпазир, ки бародарон дар як ҷой ҳамнишин бошанд [«бо ҳам дар ягонагӣ сокин бошанд», ТДН]». Воқеан ҳам чӣ хуш аст, ки аз ин ҷаҳони пур аз худпарастӣ, бадахлоқӣ ва зӯроварӣ дур гашта, бо онҳое ки аз самими дил Яҳуваро дӯст медоранд ва ба қонунҳои Ӯ итоат мекунанд, ҷамъ оем!
Аз таъсироти ҷудоиовар барҳазар бошед
12. Чаро ба мо зарур аст, ки аз рӯҳияи худсарӣ канорагирӣ намоем?
12 Барои нигоҳ доштани ягонагии умумиҷаҳониамон, ки барои мо хеле боарзиш аст, бояд аз таъсироти ҷудоиовар барҳазар бошем. Яке аз хатарҳое, ки ба ягонагӣ таҳдид мекунад, ин рӯҳияи мустақилият аз Худо ва қонунҳои Ӯ мебошад. Яҳува ба мо ошкор мекунад, ки сарчашмаи саркашӣ Шайтон Иблис аст. Донистани ин ҳақиқат ба мо ёрӣ медиҳад, ки аз ин рӯҳия канорагирӣ намоем (2 Қӯринтиён 4:4; Ваҳй 12:9). Маҳз зери таъсири Шайтон Одаму Ҳавво аз гуфтаи Яҳува сар тофта, баръакси хости Худо амал намуданд ва натиҷаи ин ҳам барои онҳо ва ҳам барои мо фоҷианок баромад (Ҳастӣ 3:1–6, 17–19). Имрӯз рӯҳияи мустақилият аз Худо ва беитоатӣ ба қонунҳои Ӯ тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст. Аз ин рӯ, ба мо лозим аст ин рӯҳияи худсариро дар худ пахш намоем.
13. Аз чӣ аён буда метавонад, ки мо ҳақиқатан ҳам худро барои зиндагӣ дар дунёи одилонаи Худо тайёр карда истодаем?
13 Масалан, дар бораи ваъдаи ҳаяҷоновари Яҳува андеша намоед, ки Ӯ ба ҷои ҷаҳони шарири имрӯза осмони нав ва замини навро, ки «дар онҳо адолат сокин хоҳад буд», барқарор мекунад (2 Петрус 3:13). Магар ин ваъда моро барнамеангезад, ки ба ҳаёте ки дар он адолат ҳукмфармо хоҳад буд, тайёрӣ бинем? Барои ин бояд ба маслиҳати Китоби Муқаддас диққат намоем: «Ҷаҳонро дӯст надоред, на он чиро, ки дар ҷаҳон аст: касе ки ҷаҳонро дӯст медорад, дар вай муҳаббати Падар нест» (1 Юҳанно 2:15). Бинобар ин мо аз рӯҳияи ин ҷаҳон, ки пур аз худсарӣ, худпарастӣ, бадахлоқӣ ва зӯроварист, парҳез мекунем ва ба майлу хоҳиши ҷисми нокомили худ нигоҳ накарда, кӯшиш мекунем доимо ба суханони Яҳува гӯш диҳем ва аз таҳти дил ба Ӯ итоат намоем. Мо бо тарзи зиндагониамон нишон медиҳем, ки тамоми фикру хоҳиши мо ба иҷрои иродаи Яҳува равона карда шудааст (Забур 39:9).
14. a) Чаро бояд аз фурсат истифода бурда, тариқҳои Яҳуваро омӯзем ва бо онҳо равона бошем? б) Аз оятҳои дар сатр ишорашуда шахсан мо чиро меомӯзем?
14 Яҳува дар нобуд кардани ин дунёи шарир ва тарафдорони он таъхир намекунад. Ӯ он рӯзро мавқуф нахоҳад гузошт ва меъёрҳои худро барои онҳое, ки ба ин дунё дилбастагӣ дошта, ба фаҳмидану иҷро намудани иродаи Ӯ рағбати зиёд надоранд, дигар нахоҳад кард. Ҳоло вақти амал кардан аст! (Луқо 13:23, 24; 17:32; 21:34–36). Бинобар ин, чӣ хурсандиовар аст дидани он ки анбӯҳи бузурги одамон ин фурсати бебаҳоро ғанимат шумурда, аз дилу ҷон таълимеро, ки Яҳува тавассути Калом ва созмони худ медиҳад, ҷӯё мебошанд ва дар ягонагӣ бо роҳҳои Ӯ сӯи дунёи нав равонаанд! Ва чӣ қадаре ки мо Яҳуваро бештар мешиносем, ҳамон қадар муҳаббатамон нисбати Ӯ зиёдтар мегардад ва хоҳиши ба Ӯ хидмат карданамон меафзояд.
Саволҳо барои такрор
• Хости Яҳува оиди ибодат чӣ гуна аст?
• Пас аз шинос шудан бо таълимоти асосии Китоби Муқаддас, мо бояд дар чӣ бештар саъю кӯшиш намоем?
• Чӣ тавр шахсан мо метавонем ба нигоҳ доштани ягонагӣ бо онҳое, ки мисли мо Яҳуваро ибодат менамоянд, мусоидат кунем?
[Tасвир дар саҳифаи 4]
«Ҳалимон вориси замин хоҳанд буд ва аз осудагии бисёр лаззат хоҳанд бурд».