Луқо
9 Пас аз он Исо 12 расулашро назди худ даъват карда, ба онҳо қудрату ҳокимият дод, ки бар ҳамаи девҳо ҳукмфармоӣ кунанд+ ва беморонро шифо диҳанд.+ 2 Сипас онҳоро фиристод, то хабари Подшоҳии Худоро эълон намоянд ва беморонро сиҳат кунанд. 3 Ӯ ба онҳо гуфт: «Барои сафар бо худ чизе нагиред: на асое, на тӯшаи роҳе, на ноне, на пуле* ва на либоси иловагие*.+ 4 Дар ҳар ҷо ба ҳар хонае, ки дароед, то рафтанатон дар он ҷо бимонед.+ 5 Агар дар ягон ҷой одамон шуморо қабул накунанд, ҳангоми аз он шаҳр баромаданатон чанги поятонро афшонед*, то барои онҳо шаҳодате шавад».+ 6 Он гоҳ онҳо ба роҳ баромаданд ва дар он сарзамин деҳа ба деҳа гашта, дар ҳама ҷо хушхабарро паҳн карданду беморонро шифо доданд.+
7 Ҳиродус*, ки ҳокими вилоят* буд, ҳамаи ин воқеаҳоро шунида сахт ба ташвиш омад, зеро баъзеҳо мегуфтанд, ки Яҳё аз мурдагон зинда шудааст,+ 8 дигарон мегуфтанд, ки Илёс дубора пайдо шудааст, баъзеи дигар бошанд, мегуфтанд, ки яке аз пайғамбарони қадим зинда шудааст.+ 9 Бинобар ин Ҳиродус гуфт: «Ман сари Яҳёро аз танаш ҷудо кардам.+ Пас, шахсе, ки дар борааш ин суханонро мешунавам, кист?» Аз ин рӯ ӯ имкон меҷуст, ки ӯро бубинад.+
10 Вақте расулон баргаштанд, ҳамаи корҳои кардаашонро ба Исо нақл карданд.+ Он гоҳ ӯ онҳоро бо худ гирифта, ба Байт-Сайдо ном шаҳре рафт, то дар он ҷо ҳамроҳашон танҳо бимонад.+ 11 Аммо мардум инро фаҳмида аз пайи Исо рафтанд ва ӯ онҳоро бо чеҳраи кушод пешвоз гирифта, дар бораи Подшоҳии Худо нақл кард ва беморонро шифо дод.+ 12 Вақте рӯз бегоҳ мешуд, 12 расули Исо ба наздаш омада, гуфтанд: «Мардумро ҷавоб деҳ, то ба қишлоқҳо ва маҳалҳои гирду атроф рафта, барои худ ҷойи хоб ва хӯроке ёбанд, зеро ин ҷо ҷойи беодам аст».+ 13 Вале ӯ ба онҳо гуфт: «Шумо ба онҳо хӯрок диҳед».+ Онҳо гуфтанд: «Мо ғайр аз панҷ нон ва ду моҳӣ дигар чизе надорем. Ё худамон рафта, барои ҳамаи ин одамон хӯрок харем?» 14 Дар он ҷо бошад, тақрибан 5000 мард буд. Исо ба шогирдонаш гуфт: «Онҳоро 50-нафарӣ шинонед». 15 Онҳо гуфтаи Исоро ба ҷо оварда, ҳамаро шинонданд. 16 Ӯ панҷ нону ду моҳиро гирифта, ба осмон нигоҳ кард ва дуо гуфт. Баъди ин ӯ нонҳоро шикаст ва ба шогирдонаш дод, то нону моҳиро дар пеши мардум гузоранд. 17 Ҳама хӯрда сер шуданд ва аз нонпораҳои боқимонда 12 сабадро пур карданд.+
18 Пас аз чанде, вақте Исо дар танҳоӣ дуо мегуфт, шогирдон наздаш омаданд ва ӯ аз онҳо пурсид: «Мардум маро кӣ меҳисобад?»+ 19 Онҳо гуфтанд: «Баъзеҳо Яҳёи Таъмиддиҳанда мегӯянд, дигарон — пайғамбар Илёс, боз қисме мегӯянд, ки яке аз пайғамбарони қадим зинда шудааст».+ 20 Он гоҳ ӯ ба онҳо гуфт: «Худи шумо маро кӣ меҳисобед?» Петрус ҷавоб дод: «Ту Масеҳи Худо ҳастӣ».+ 21 Баъд аз ин Исо ба онҳо таъкид карда фармуд, ки дар ин бора ба ҳеҷ кас гап назананд.+ 22 Ӯ гуфт: «Фарзанди одам бояд азобҳои зиёдеро аз сар гузаронаду пирон, коҳинони калон ва шариатдонон ӯро рад карда, кушанд+ ва ӯ дар рӯзи сеюм зинда шавад».+
23 Пас аз он Исо ба ҳама чунин гуфт: «Ҳар кӣ аз пайи ман рафтан хоҳад, бигзор аз баҳри худ барояд+ ва сутуни азобашро* ҳар рӯз бардошта, доимо маро пайравӣ кунад.+ 24 Ҳар кӣ ҷони худро наҷот додан хоҳад, онро аз даст медиҳад, лекин ҳар кӣ ҷони худро ба хотири ман аз даст диҳад, онро ба даст меорад.+ 25 Агар одам тамоми ҷаҳонро соҳиб гардад, вале ба худ зарар расонад ё ҳаёташро аз даст диҳад, аз ин ба ӯ чӣ фоида?+ 26 Ҳар кӣ аз ман ва аз суханонам шарм дорад, Фарзанди одам ҳам, вақте дар ҷалоли худ, дар ҷалоли Падар ва дар ҷалоли фариштагони муқаддас меояд, аз вай шарм медорад.+ 27 Ба ростӣ ба шумо мегӯям: баъзе аз онҳое, ки дар ин ҷо истодаанд, то Подшоҳии Худоро набинанд, мазаи маргро намечашанд».+
28 Тақрибан ҳашт рӯз пас аз гуфтани ин суханон Исо Петрус, Юҳанно ва Яъқубро бо худ гирифта, ба кӯҳе барои дуо гуфтан баромад.+ 29 Вақте ӯ дуо мегуфт, чеҳрааш дигаргун шуд ва либосаш сап-сафеди дурахшон гашт. 30 Ногаҳон ду марде пайдо шуда, бо ӯ суҳбат кардан гирифтанд. Ин ду кас Мӯсо ва Илёс буданд. 31 Онҳо намуди пурҷалол доштанд ва дар бораи рафтани Исо, ки бояд дар Ерусалим ба амал меомад, гап мезаданд.+ 32 Дар ин миён Петрус ва ҳамроҳонашро хоб зер карда буд, вале, вақте онҳо ҳушёр шуданд, Исоро дар ҷалолаш ва ду марди назди вай истодаро диданд.+ 33 Ҳангоме ки ин ду мард аз назди Исо дур мешуданд, Петрус ба ӯ гуфт: «Устод, дар ин ҷо будани мо хуб аст. Биё се хайма занем — якеаш барои ту, дигараш барои Мӯсо ва сеюмаш барои Илёс». Вай худаш намефаҳмид, ки чӣ мегӯяд. 34 Вақте вай ин суханонро мегуфт, дар болои сарашон абре пайдо шуд ва, ҳангоме ки абр онҳоро пӯшонид, расулон ба ҳарос афтоданд. 35 Он гоҳ аз абр овозе+ омад: «Ин Писари ман аст, ман ӯро интихоб кардаам.+ Ӯро гӯш кунед».+ 36 Дар вақти садо додани овоз онҳо Исоро танҳо диданд. Шогирдон дар бораи чизҳои дидаашон ба ҳеҷ кас чизе нагуфтанд ва дар он рӯзҳо дар ин бора нақл намекарданд.+
37 Рӯзи дигар, вақте ки онҳо аз кӯҳ фаромаданд, мардуми бисёре ӯро пешвоз гирифт.+ 38 Ногаҳон марде аз миёни одамон фарёд зада гуфт: «Устод, илтиҷо мекунам, ба писарам назар андоз, чунки ӯ писари ягонаи ман аст.+ 39 Рӯҳе ба ӯ дармеафтад ва ӯ якбора фарёд зада, бо ларза сахт печутоб мехӯраду аз даҳонаш кафк мебарояд ва танҳо баъд аз азоб доданаш рӯҳ ӯро базӯр сар медиҳад. 40 Ман шогирдонатро зорӣ кардам, ки он рӯҳро берун кунанд, аммо онҳо натавонистанд». 41 Исо дар ҷавоб гуфт: «Эй насли беимон ва гунаҳкор,+ то кай бо шумо бошам ва шуморо тоқат кунам? Писаратро пеши ман биёр».+ 42 Вақте ки писари он мард наздик мешуд, дев ӯро ба замин афтонд ва ӯ сахт печутоб хӯрд. Вале Исо рӯҳи нопокро сарзаниш кард ва писаракро шифо дода, ба падараш баргардонд. 43 Он гоҳ тамоми мардум аз бузургии қудрати Худо ба ҳайрат омаданд.
Вақте ки ҳама аз корҳои кардаи Исо ҳайратзада буданд, ӯ ба шогирдонаш гуфт: 44 «Бодиққат гӯш диҳед ва ин суханонро дар хотир доред: Фарзанди одам ба дасти душманонаш супурда мешавад».+ 45 Аммо онҳо суханони ӯро нафаҳмиданд. Маънои гапи ӯ барои онҳо пӯшида буд, то чизеро дарк накунанд, ва онҳо ҷуръат накарданд, ки дар ин бора аз ӯ чизе бипурсанд.
46 Баъд аз ин дар байни шогирдон баҳсу мунозира бархост, ки кадоме аз онҳо бузургтар аст.+ 47 Исо, ки андешаҳои дили онҳоро медонист, кӯдакеро оварда, дар паҳлуяш гузошт 48 ва ба онҳо гуфт: «Ҳар кӣ ин кӯдакро ба хотири номи ман қабул кунад, маро ҳам қабул мекунад. Ҳар кӣ маро қабул кунад, Фиристандаи маро ҳам қабул мекунад,+ зеро шахсе, ки дар байни шумо чун хурдтарин рафтор мекунад, бузург аст».+
49 Юҳанно бошад, гуфт: «Устод, мо мардеро дидем, ки ба номи ту девҳоро аз одамон берун мекунад, ва хостем пеши роҳашро гирем, чунки вай ҳамроҳи мо туро пайравӣ намекунад».+ 50 Лекин Исо гуфт: «Вайро аз ин кор бознадоред, зеро ҳар кӣ зидди шумо нест, бо шумост».
51 Рӯзҳои ба осмон бурда шудани Исо наздик мешуданд+ ва ӯ азми қавӣ дошт, ки ба Ерусалим равад. 52 Ӯ баъзе шогирдонашро пешопеши худ фиристод. Онҳо рафта, ба як қишлоқи сомариён даромаданд, то барояш ҳама чизро тайёр кунанд. 53 Аммо сокинони он ҷо Исоро қабул накарданд,+ зеро ӯ ба Ерусалим равона буд. 54 Инро дида шогирдонаш Яъқубу Юҳанно+ гуфтанд: «Ҳазрат, мехоҳӣ бигӯем, ки аз осмон оташ фаромада, онҳоро нобуд созад?»+ 55 Вале Исо ба онҳо нигоҳ карда, онҳоро сарзаниш кард. 56 Сипас ӯ ҳамроҳи шогирдонаш ба қишлоқи дигаре рафт.
57 Ҳангоме ки онҳо дар роҳ буданд, касе ба ӯ гуфт: «Ҳар ҷое равӣ, ман туро пайравӣ мекунам». 58 Аммо Исо ба вай гуфт: «Рӯбоҳон хона ва парандагони осмон лона доранд, вале Фарзанди одам ҷое надорад, ки сар монад».+ 59 Сипас ӯ ба каси дигаре рӯ оварда, гуфт: «Биёву маро пайравӣ кун». Он мард гуфт: «Ҳазратам, иҷозат деҳ аввал рафта, падарамро гӯр кунам».+ 60 Вале Исо ба вай гуфт: «Бигзор мурдагон+ мурдагони худро гӯронанд, ту бошӣ, рафта, дар ҳама ҷо Подшоҳии Худоро эълон кун».+ 61 Боз як кас гуфт: «Ҳазрат, ман туро пайравӣ мекунам, лекин иҷозат деҳ, ки аввал бо аҳли хонаи худ хайрухуш кунам». 62 Исо ба ӯ гуфт: «Касе, ки дасти худро бар испор* гузошта, ба ақиб нигоҳ мекунад,+ лоиқи Подшоҳии Худо нест».+