1 Мӯсо
2 Ҳамин тавр офариниши осмону замин ва ҳар он чӣ дар онҳо буд,* ба охир расид.+ 2 То рӯзи ҳафтум Худо кори худро ба охир расонд ва дар рӯзи ҳафтум аз ҳама корҳое, ки мекард, ором гирифт.+ 3 Худо рӯзи ҳафтумро баракат дод ва онро муқаддас хонд, чунки дар он рӯз ӯ баъди офаридани ҳама чизҳое, ки ният дошт, ором гирифт.
4 Ин аст таърихи пайдоиши осмону замин, дар вақте ки онҳо офарида шуданд, дар рӯзе ки Яҳува* Худо замину осмонро сохт.+
5 Он вақт дар замин ҳанӯз ягон буттаи саҳро набуд ва ягон алафи саҳро нарӯида буд, чунки Яҳува Худо борон бар замин наборонида буд ва одам набуд, ки заминро кор кунад. 6 Лекин аз замин буғ боло мебаромад ва тамоми рӯйи заминро сероб мекард.
7 Яҳува Худо одамро аз хоки замин+ офарид ва ба биниаш нафаси ҳаёт+ дамид ва одам ҷони зинда шуд.+ 8 Яҳува Худо дар Адан,+ дар тарафи шарқ, боғе шинонд ва дар он одамро, ки офарида буд, гузошт.+ 9 Яҳува Худо дар замин ҳар гуна дарахти зебо ва хушхӯрро рӯёнид. Ӯ дарахти ҳаётро+ дар миёнаҷойи боғ рӯёнид ва ҳамчунин дарахти шинохти неку бадро.+
10 Аз Адан дарёе ҷорӣ мешуд, то боғро сероб кунад ва аз он ҷо ба чор дарё тақсим мешуд. 11 Номи дарёи якум Фишӯн аст, ки тамоми сарзамини Ҳавилоро, ки он ҷо тилло ҳаст, иҳота мекунад. 12 Тиллои он замин хуб аст. Ҳамчунин дар он ҷо шилми хушбӯй ва санги рухом ҳаст. 13 Номи дарёи дуюм Ҷайҳун аст, ки тамоми сарзамини Кушро иҳота мекунад. 14 Номи дарёи сеюм Даҷла*+ аст, ки он ба тарафи шарқии Ошур+ ҷорист. Дарёи чорум бошад, Фурот+ аст.
15 Яҳува Худо одамро гирифт ва дар боғи Адан гузошт, то дар он кор кунад ва онро нигоҳубин намояд.+ 16 Яҳува Худо ба одам фармуд: «Аз ҳар дарахти боғ ба серӣ бихӯр.+ 17 Лекин аз дарахти шинохти неку бад ҳаргиз нахӯр, чунки, рӯзе ки аз он бихӯрӣ, ҳатман мемирӣ».+
18 Он гоҳ Яҳува Худо гуфт: «Хуб нест, ки одам танҳо бошад. Барояш мададгор ва ёри мувофиқе месозам».+ 19 Яҳува Худо аз хок ҳар ҳайвони ваҳширо ва ҳар парандаи осмонро меофарид ва назди одам меовард, то бубинад, ки ӯ ба онҳо чӣ ном медиҳад. Чӣ номе, ки одам ба ҷонварон медод, номи онҳо ҳамон мешуд.+ 20 Одам ба ҳама ҳайвоноти хонагӣ, парандаҳои осмон ва ҳар ҳайвони ваҳшии саҳро ном монд, лекин барои ӯ мададгор ва ёри мувофиқе ёфт нашуд. 21 Аз ин рӯ Яҳува Худо хоби сахте бар одам овард ва, вақте хоби вай бурд, яке аз қабурғаҳояшро гирифту ҷояшро бо гӯшт пур кард. 22 Яҳува Худо аз қабурғаи одам зане сохт ва ӯро назди одам овард.+
23 Он вақт одам гуфт:
«Ин аст устухоне аз устухонҳоям
ва гӯште аз гӯштам.
24 Барои ҳамин мард падар ва модари худро монда, бо зани худ мепайвандад* ва ҳар ду як тан мешаванд.+ 25 Ҳар дуи онҳо, одаму занаш, луч буданд,+ лекин аз ин шарм намедоштанд.