Марқус
5 Сипас онҳо ба тарафи дигари баҳр, ба сарзамини ҷарҷасиён, расиданд.+ 2 Ҳамин ки Исо аз қаиқ фаромад, марде, ки дар банди дев буд, аз байни қабрҳо баромада, ба наздаш омад. 3 Вай дар қабристон зиндагӣ мекард ва ҳеҷ кас вайро бо ягон чиз, ҳатто бо занҷир, бандубаст карда наметавонист. 4 Борҳои зиёд одамон ба дасту пояш занҷиру завлона мебастанд, лекин вай занҷирҳоро меканду завлонаҳоро пора-пора мекард ва зӯри ҳеҷ кас намерасид, ки вайро ром кунад. 5 Рӯзу шаб вай дар миёни қабрҳову кӯҳҳо доду фарёд мезад ва худро бо сангҳо зада хуншор мекард. 6 Лекин, вақте ки он мард аз дурӣ Исоро дид, давида наздаш рафт ва таъзим кард.+ 7 Сипас вай бо овози баланд фарёд зад: «Эй Исо, Писари Худои* Таоло, ту ба ман чӣ кор дорӣ? Бо Худо қасам хӯр, ки маро азоб намедиҳӣ»,+ 8 зеро аз ин пеш Исо ба вай чунин гуфта буд: «Эй рӯҳи нопок, аз ин мард берун шав!»+ 9 Исо аз вай пурсид: «Номи ту чист?» Вай ҷавоб дод: «Номи ман Қӯшун* аст, зеро мо бисёрем». 10 Ӯ аз Исо гаштаву баргашта илтиҷо кард, ки онҳоро аз он сарзамин пеш накунад.+
11 Он вақт дар теппа галаи калони хукҳо+ мечарид.+ 12 Девҳо аз Исо илтиҷо карданд: «Моро ба хукҳо равона кун, то ба онҳо дароем». 13 Ӯ ба онҳо иҷозат дод ва рӯҳҳои нопок аз он мард берун шуда, ба хукҳо даромаданд. Он гоҳ галаи хукон, ки тақрибан 2000 хук дошт, яку якбора худро аз ҷарӣ ба баҳр партофт ва дар он ғарқ шуд. 14 Хукбонон бошанд, гурехта, дар шаҳру қишлоқҳо ин воқеаро нақл карданд ва мардум он ҷо омад, то бубинад, ки чӣ рӯй додааст.+ 15 Одамон пеши Исо омада, мардеро, ки пештар дар банди қӯшуни девҳо буду ҳоло дар тан либос дошт ва ақлаш солим буд, диданд ва аз ин ба тарсу ҳарос афтоданд. 16 Шоҳидони воқеа ба онҳо чизҳоеро, ки бо он мард ва хукҳо рӯй дода буд, нақл карданд. 17 Он гоҳ одамон аз Исо илтиҷо карданд, ки аз маҳалли онҳо биравад.+
18 Вақте ӯ ба қаиқ менишаст, марде, ки пеш дев дошт, аз ӯ илтиҷо кард, ки ҳамроҳаш равад.+ 19 Лекин Исо ба вай иҷозат надод, балки чунин гуфт: «Ба хона, пеши хешу таборат, бирав ва ба онҳо нақл кун, ки Яҳува бароят чӣ корҳое кард ва чӣ тавр ба ту раҳм намуд». 20 Он мард аз он ҷо рафта, дар Декаполис* ҳама корҳоеро, ки Исо барояш карда буд, нақл кард ва тамоми мардум дар ҳайрат монданд.
21 Баъди он ки Исо боз бо қаиқ ба он тарафи баҳр гузашт, мардуми зиёде дар лаби баҳр назди ӯ ҷамъ омаданд.+ 22 Яке аз нозирони ибодатхона низ, ки Ёир ном дошт, он ҷо омад ва ӯро дида пеши пояш афтод.+ 23 Ӯ зориву таваллои бисёр карда, гуфт: «Духтарчаи ман сахт касал аст*. Илтимос, ба хонаи ман омада, бар ӯ даст гузор,+ то вай шифо ёбаду зинда монад». 24 Исо розӣ шуда, ҳамроҳи вай рафт. Аз қафои ӯ мардуми бисёре мерафтанд ва ӯро фишор медоданд.
25 Дар он ҷо зане буд, ки 12 сол боз гирифтори хунравӣ буд.+ 26 Ин зан пеши духтурони зиёде рафта, аз дасти онҳо азоби бисёр кашида буд. Ӯ тамоми буду шудашро барои табобат сарф кард, лекин беҳбудие надид, баръакс, аҳволаш торафт бадтар мешуд. 27 Вақте ки ӯ дар бораи Исо шунид, аз байни мардум гузашта, аз ақиб ба Исо наздик шуду ба либосаш даст расонд,+ 28 зеро мегуфт: «Агар ақаллан ба либоси ӯ даст расонам, сиҳат мешавам».+ 29 Ҳамон замон хунравии зан бозмонд ва ӯ ҳис кард, ки аз бемории вазнинаш шифо ёфтааст.
30 Исо дарҳол пай бурд, ки қуввае+ аз вай берун шуд, ва ба гирду атроф нигоҳ карда, гуфт: «Кӣ ба либоси ман даст расонд?»+ 31 Шогирдонаш ба ӯ гуфтанд: «Устод, мебинӣ, ки мардум туро фишор медиҳаду боз мепурсӣ, ки ба либосат кӣ даст расонд». 32 Аммо ӯ ба атроф нигоҳ карда касеро мекофт, ки ба ӯ даст расонид. 33 Он зан, чун фаҳмид, ки бо ӯ чӣ рӯй дод, тарсону ларзон омада, пеши пойи Исо афтод ва ҳама чизро ростқавлона нақл кард. 34 Исо ба вай гуфт: «Духтарам, имонат туро шифо дод. Бирав ва дар амони Худо бош!+ Бигзор ин касалии вазнин туро дигар азоб надиҳад».+
35 Вақте ки ӯ ҳанӯз гап мезад, аз хонаи нозири ибодатхона одамон омаданд ва гуфтанд: «Духтарат аллакай мурд. Дигар Устодро ташвиш додан чӣ даркор?»+ 36 Лекин Исо суханони онҳоро шунида ба нозири ибодатхона гуфт: «Ғам нахӯр, фақат имон дошта бош».+ 37 Худаш бошад, ба ҳеҷ кас, ғайр аз Петрус, Яъқуб ва бародараш Юҳанно, иҷозат надод, ки ҳамроҳаш раванд.+
38 Вақте ки онҳо ба хонаи нозири ибодатхона омаданд, Исо ғавғоро шунид ва дид, ки одамон гиряву нола мекунанд.+ 39 Ӯ ба хона даромад ва ба онҳо гуфт: «Барои чӣ гиряву нола карда ин қадар ғавғо мебардоред? Кӯдак намурдааст, балки хоб аст».+ 40 Инро шунида одамон ба ӯ писханд заданд. Лекин ӯ ҳамаи онҳоро аз хона берун кард ва танҳо ба падару модари духтар ва шогирдонаш иҷозат дод, ки ҳамроҳи ӯ ба хонае, ки духтарча хоб буд, дароянд. 41 Сипас Исо дасти кӯдакро гирифта, гуфт: «Та́лито қу́ми», ки маънояш чунин аст: «Эй духтарак, ба ту мегӯям: бархез!».+ 42 Ҳамон лаҳза духтар, ки 12-сола буд, аз ҷояш хеста, роҳ рафт. Инро дида падару модари духтар аз хурсандӣ дар курта намеғунҷиданд. 43 Вале Исо гаштаву баргашта* ба онҳо гуфт, ки ба ҳеҷ кас дар ин бора гап назананд,+ ва фармуд, ки ба духтарча ягон хӯрок диҳанд.