Румиён
12 Пас, эй бародарон, ба хотири дилсӯзии Худо аз шумо илтимос мекунам, ки ҷисмҳои худро ҳамчун қурбонии зинда, пок+ ва писандидаи Худо пешкаш кунед,+ то хизмати ӯро оқилона ба ҷо оред.+ 2 Дигар худро ба одамони ин ҷаҳон* ҳамшакл насозед, балки фикрронии худро дигаргун кунед,+ то бифаҳмед,+ ки хости неку, писандида ва комили Худо чист.
3 Ба воситаи лутфу марҳамате, ки ба ман карда шуд, ба ҳамаи шумо мегӯям: худро аз будатон баланд баҳо надиҳед,+ балки солимфикр бошед ва худро ба андозаи имоне, ки аз Худо гирифтаед, баҳо диҳед.+ 4 Чи тавре ки дар бадани мо узвҳо бисёранд+ ва на ҳамаи онҳо ҳамон як корро иҷро мекунанд, 5 ҳамон тавр мо низ, ҳарчанд бисёрем, якҷоя бо Масеҳ як баданем, вале дар алоҳидагӣ узвҳое ҳастем, ки ба якдигар пайванданд.+ 6 Азбаски ба мо аз рӯйи лутфу марҳамат атоҳои гуногун дода шудаанд, биёед мувофиқи атое, ки ба ҳар яки мо дода шудааст,+ амал кунем: ҳар кӣ атои пешгӯйӣ дорад, ба андозаи имоне, ки ба ӯ дода шудааст, пешгӯйӣ кунад, 7 ҳар кӣ атои хизматгузорӣ дорад, бо хизмат машғул шавад, ҳар кӣ атои таълимдиҳӣ дорад, бо таълимдиҳӣ банд бошад.+ 8 Касе рӯҳбаланд мекунад*, бигзор рӯҳбаланд кунад,+ касе хайр мекунад*, бо саховатмандӣ хайр кунад,+ касе назорат мекунад*, боғайратона назорат кунад,+ касе раҳм мекунад, инро аз таҳти дил кунад.+
9 Бигзор муҳаббати шумо самимӣ* бошад.+ Аз бадӣ нафрат кунед,+ ба некӣ бичаспед. 10 Ба якдигар меҳру муҳаббати бародарона дошта бошед. Дар ҳурмату иззати якдигар пешдастӣ кунед.+ 11 Боғайрат бошед, танбалӣ накунед*.+ Аз шӯру шавқи рӯҳ пур бошед.+ Ба Яҳува ғуломвор хизмат кунед.+ 12 Аз умедатон хурсандӣ ёбед. Дар азобҳо истодагӣ намоед.+ Ҳамеша дуо гӯед.+ 13 Поконро дар муҳтоҷияшон дастгирӣ кунед.+ Меҳмоннавозиро пеша кунед.+ 14 Озордеҳонатонро дуои нек кунед.+ Бале, дуои нек кунед, на дуои бад.+ 15 Бо шодикунандагон шодӣ кунед, бо гирякунандагон — гиря. 16 Ба дигарон чун ба худатон муносибат кунед. Ҳавобаланд набошед, балки хоксориро пеша кунед.+ Дар назари худ доно набошед.+
17 Ба ҳеҷ кас дар ивази бадӣ бадӣ накунед.+ Аз пайи корҳое шавед, ки дар назари тамоми мардум неканд*. 18 Ба қадри имкон, то ҷое ки аз дастатон меояд, бо ҳамаи одамон муросо кунед*.+ 19 Эй азизон, қасд нагиред, монед, ки Худо хашмашро фурӯ резад,+ чунки навишта шудааст: «“Қасос аз ман аст, ман сазо медиҳам”,— мегӯяд Яҳува».+ 20 Аммо, «агар душманат гушна бошад, ӯро сер кун, агар ташна бошад, ба ӯ об деҳ, зеро бо ин рафторат бар сари ӯ лахчаҳои оташ ҷамъ меорӣ»*.+ 21 Бо бадӣ мағлуб нашав, балки бадиро бо некӣ мағлуб кун.+