Ибриён
12 Азбаски моро чунин абри бузурги шоҳидон иҳота кардааст, биёед ҳар гуна бор ва гуноҳро, ки ба осонӣ ба мо мепечад, аз худ дур сохта,+ масофаеро, ки дар пеш аст, бо истодагарӣ давон-давон тай кунем+ 2 ва ба Роҳнамо ва Комилгари имонамон, яъне Исо, назар дӯзем.+ Ӯ ба хотири хурсандие, ки дар пеш буд, ба шармандагӣ аҳамият надода, ба марг дар сутуни азоб* тоб овард ва аз тарафи рости тахти Худо нишаст.+ 3 Пас, барои он ки хаставу суст нашавед,+ дар бораи он касе фикр кунед, ки ба суханони нешдори гунаҳкорон,+ ки ба зарари худашон мегуфтанд, тоб овард.
4 Шумо дар мубориза бо гуноҳ ҳанӯз то ба дараҷаи рехтани хун муқобилат накардаед 5 ва насиҳатеро, ки ба шумо чун ба писарон дода шудааст, тамоман фаромӯш кардаед, ки чунин аст: «Эй писарам, насиҳати* Яҳуваро бо чашми кам набин ва, вақте туро ислоҳ кунад, зиқу рӯҳафтода нашав, 6 зеро Яҳува ҳар киро дӯст дорад, насиҳат мекунад*, бале, ӯ ҳар касеро писари худ донад, бо чӯби адаб ҷазо медиҳад*».+
7 Шумо бояд ба ин тоб оред, зеро ин барои ислоҳи* шумост. Худо ба шумо чун бо писарони худ рафтор мекунад.+ Оё писаре ҳаст, ки падараш ӯро ислоҳу сарзаниш накунад?+ 8 Лекин, агар ҳар яки шуморо ин гуна ислоҳу сарзаниш накарда бошанд, пас, шумо ҳаромзодагонед, на писарон. 9 Падарони ҷисмониямон низ моро ислоҳу сарзаниш мекарданд ва мо онҳоро эҳтиром менамудем. Пас, магар набояд боз ҳам бештар ба Падари рӯҳонии худ* фармонбардор бошем ва зинда монем?+ 10 Охир, падаронамон моро муддати кӯтоҳе, он тавре ки худашон дуруст мешумурданд, ислоҳу сарзаниш мекарданд, лекин ӯ моро доимо ба фоидаи худамон ислоҳ мекунад, то мисли ӯ поку муқаддас гардем.+ 11 Рост аст, ки дар аввал ислоҳу сарзаниш ба кас на хурсандӣ, балки ғаму дард меорад, лекин баъд барои касе, ки аз он адаб меомӯзад, меваи осоиштагиву росткорӣ ба бор меорад.
12 Пас, дастҳои суст ва зонуҳои бемаҷолро қувват бахшед,+ 13 роҳҳоро барои пойҳои худ рост кунед,+ то он чӣ мелангад, бадтар нашавад, балки шифо ёбад. 14 Кӯшиш кунед, ки бо ҳама муросо кунед+ ва поку муқаддас бошед,+ ки бе ин ҳеҷ кас Ҳазратро* намебинад. 15 Бодиққат бошед, ки ягон кас аз лутфу марҳамати Худо маҳрум нашавад, то ҳеҷ гуна решаи заҳрнок дар байни шумо сабзида, душвориҳо ба миён наорад ва бисёриҳоро нопок насозад.+ 16 Эҳтиёт шавед, то дар миёни шумо касе набошад, ки зинокорӣ* мекунад ё мисли Эсов чизҳои муқаддасро қадр намекунад. Ӯ барои як табақ хӯрок ҳаққи нахустзодагияшро фурӯхт.+ 17 Ҳамон тавре ки медонед, баъдтар, вақте ӯ хост, ки баракатро мерос гирад, рад карда шуд ва, гарчанд хеле кӯшиш кард, ки бо ашкҳо фикри падарашро дигар кунад,+ ин фоидае наовард.
18 Шумо ба чунин кӯҳе наздик наомадаед, ки ба он даст расонда шавад+ ва дар он оташ аланга занад.+ Ҳамчунин ба абри сиёҳ, торикӣ, тӯфон,+ 19 ба садои карнай+ ё ба овозе наздик нашудаед, ки сухан мегӯяд,+ ба овозе, ки халқ онро шунида илтиҷо карданд, ки дигар ба онҳо сухан нагӯяд,+ 20 зеро онҳо аз амри «ҳатто агар ҳайвоне ба кӯҳ по гузорад, онро сангсор кунед»+ ба тарсу ҳарос афтоданд. 21 Он манзара чунон ваҳмангез буд, ки Мӯсо гуфт: «Ман ба тарсу ларз омадаам».+ 22 Вале шумо ба кӯҳи Сион+ ва шаҳри Худои зинда, яъне ба Ерусалими осмонӣ,+ наздик шудаед, ҳамчунин ба даҳҳо ҳазор фариштагон, 23 ки бо ҳам ҷамъ омадаанд,+ ва ба ҷамоати нахустзодагоне, ки номҳояшон дар осмон навишта шудаанд. Шумо ба Худое, ки Довари ҳама аст,+ ба ҳаёти рӯҳонии+ росткороне, ки комил шудаанд,+ 24 ба Исо, ки миёнарави+ аҳди нав+ аст, ва ҳамчунин ба хуни пошидае наздик гаштед, ки аз хуни Ҳобил ҳам беҳтар сухан мегӯяд.+
25 Эҳтиёт шавед, ки аз гӯш додан ба оне, ки сухан мегӯяд, сар напечед*. Агар халқ ба оне, ки дар замин огоҳии муқаддасро* мегуфт, гӯш надода аз ҷазо халос нашуда бошад, ҳеҷ шакке нест, ки мо низ, агар аз оне, ки аз осмон сухан мегӯяд, рӯ гардонем, халосӣ намеёбем.+ 26 Дар он вақт овози ӯ заминро ба ларза овард,+ акнун бошад, ӯ чунин ваъда медиҳад: «Боз як бори дигар на танҳо замин, балки осмонро низ ба ларза меорам».+ 27 Суханони «боз як бори дигар» ба нест кардани чизҳое ишора мекунанд, ки ларзонда мешаванд, яъне ба он чизҳое, ки сохта шудаанд, то чизҳои ноҷунбон боқӣ монанд. 28 Бинобар ин биёед чун шахсоне, ки Подшоҳии ноҷунбону устуворро соҳиб мегарданд, минбаъд низ лутфу марҳаматро ба даст орем, то ба Худо бо тарсу ларз, ҳамон тавре ки ба ӯ писанд аст, хизмат кунем, 29 зеро Худои мо оташи сӯзанда аст.+