БОБИ 15
Аз меҳнати худ лаззат баред
«Барои одамизод чизе хубтар аз ин нест, ки... ҷони худро аз меҳнати худ лаззат диҳад» (ВОИЗ 2:24).
1–3. a) Бисёр одамон ба корашон чӣ гуна муносибат доранд? б) Китоби Муқаддас моро бармеангезад, ки ба кор чӣ гуна муносибат дошта бошем ва кадом саволҳоро мо дар ин боб дида мебароем?
БА БИСЁР одамони ҷаҳони имрӯза корашон хурсандӣ намеорад. Онҳо соатҳо дар коре, ки ба онҳо маъқул нест меҳнат карда, ҳар рӯз бо дили нохоҳам ба кор мераванд. Онҳое ки ба кор чунин муносибат доранд, чӣ гуна аз он хурсандӣ гирифта метавонанд, қаноатмандӣ бошад он тараф истад?
2 Китоби Муқаддас одамонро бармеангезад, ки ба меҳнат муносибати дуруст дошта бошанд. Дар он гуфта мешавад, ки меҳнат ва самари он як баракатест. Сулаймон навишта буд: «Агар ҳар одам бихӯрад ва бинӯшад ва аз ҳар меҳнати худ некӣ бинад,— ин низ атои Худост» (Воиз 3:13). Азбаски Яҳува моро дӯст медорад ва ба мо беҳбудиро хоҳон аст, Ӯ мехоҳад, ки мо аз корамон қаноатмандӣ гирем ва аз самари меҳнати худ лаззат барем. Аз ин рӯ, барои дар муҳаббати Яҳува мондан, ба мо зарур аст, ки аз рӯи нуқтаи назар ва принсипҳои Ӯ нисбати кор, зиндагӣ кунем. (Воиз 2:24; 5:18-ро хонед.)
3 Дар ин боб мо чор саволи зеринро дида мебароем: Чӣ гуна мо аз меҳнати худ лаззат бурда метавонем? Кадом намудҳои кор ба масеҳиёни ҳақиқӣ мувофиқат намекунанд? Чӣ гуна мо дар мавриди кори ҷаҳонӣ ва корҳои рӯҳонӣ солимфикрӣ зоҳир карда метавонем? Ва кадом кори аз ҳама муҳимро мо иҷро карда метавонем? Вале дар аввал биёед, намунаи ду меҳнаткаши бузургтарини дунё — Яҳува Худо ва Исои Масеҳро дида бароем.
МЕҲНАТКАШИ БУЗУРГТАРИН ВА МЕЪМОРИ МОҲИР
4, 5. Чӣ гуна дар Китоби Муқаддас нишон дода шудааст, ки Яҳува самаранок меҳнат мекунад?
4 Яҳува — меҳнаткаши бузургтарин аст. Дар Ҳастӣ 1:1 гуфта шудааст: «Дар ибтидо Худо осмон ва заминро офарид». Вақте ки Худо офаридани заминро ба анҷом расонд, Ӯ чунин хулоса кард: «Хеле хуб аст» (Ҳастӣ 1:31). Дигар хел карда гӯем, Ӯ аз ҳар он чизе ки дар замин офарид хеле қаноатманд гардид. Чуноне ки дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, Яҳува «Худои хушбахт», бешубҳа аз меҳнаташ хурсандии зиёд гирифт (1 Тимотиюс 1:11, ТДН).
5 Худои меҳнатдӯсти мо ҳеҷ гоҳ меҳнат карданро бас намекунад. Ҳазорсолаҳо пас аз офариниши замин, Исо чунин гуфт: «Падари Ман то кунун кор мекунад» (Юҳанно 5:17). Падар кадом корҳоро мекард? Ӯ аз осмон фаъолона одамонро роҳнамоӣ мекард ва ба онҳо ғамхорӣ менамуд. Ӯ «махлуқ [офарида]-и нав»-ро офарид, яъне тадҳиншудагонро, ки бо Исо дар осмон роҳбарӣ хоҳанд кард (2 Қӯринтиён 5:17). Худо ҳама корро баҳри мақсадаш нисбати одамон ба иҷро расонд, то онҳое ки Ӯро дӯст медоранд соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ гарданд (Румиён 6:23). Яҳува, шояд аз натиҷаи меҳнати худ хеле хурсанд гардида буд. Ӯ миллионҳо одамонро ба худ ҷалб кард: онҳо хабари Салтанатро қабул карданд ва ҳаёти худро тағйир доданд, то ки худро дар муҳаббати Ӯ нигоҳ доранд (Юҳанно 6:44).
6, 7. Чӣ тавр Исо чун коргари боғайрат обрӯ пайдо кард?
6 Исо чун меҳнаткаши боғайрат обрӯ пайдо кард. То ба замин омаданаш, ӯ дар офариниши ҳама чиз ки «дар осмон ва бар замин» мебошад, дар назди Худо «меъмори моҳир» буд (Масалҳо 8:22–31, ТДН; Қӯлассиён 1:15–17). Вақте ки Исо дар замин зиндагӣ мекард, ӯ боғайратона меҳнат карданро давом дод. Аз хурдиаш ӯ ҳунари сохтмониро таълим гирифта, чун «наҷҷор» машҳур гашт (Марқӯс 6:3)a. Ин ҳунар заҳмати зиёд ва маҳорати гуногунро талаб мекард, хусусан вақте ки мошини чӯббурӣ, маҳсулоти сохтмонӣ ва асбобҳои электронӣ вуҷуд надоштанд. Оё тасаввур карда метавонед, ки чӣ гуна Исо тахтаҳояшро тайёр мекард? Ӯ мумкин худаш дарахтонро мебурид ва онҳоро ба ҷои кораш мекашонд. Тасаввур кунед, ки чӣ гуна ӯ хонаҳо месохт: болори бомро тайёр карда, онро ба боми хона мебардошт, дарҳо месохт ва мумкин ягон намуди мебелро тайёр мекард. Исо, бешубҳа, худаш медонист, ки кори моҳирона иҷрошуда қаноатмандӣ меорад.
7 Исо хизматашро хеле боғайратона иҷро мекард. Тӯли сеюним сол ӯ пурра бо ин кори муҳимтарин машғул буд. Бо нияти ба ҳар чӣ бештари одамон мавъиза кардан, ӯ субҳидам хеста, то ними шаб хизмат мекард, яъне вақташро беҳуда намегузаронд (Луқо 21:37, 38; Юҳанно 3:2). Ӯ «дар шаҳрҳо ва деҳот гашта, мавъиза мекард ва Малакути Худоро башорат медод» (Луқо 8:1). Исо садҳо километр роҳҳои пури чангро пиёда тай карда, ба одамон хушхабарро мерасонд.
8, 9. Чӣ гуна Исо аз меҳнати худ лаззат мебурд?
8 Оё Исо натиҷаи хизмати боғайраташро медид? Албатта! Ӯ тухми ҳақиқатро кошта, баъд аз худ киштзореро, ки барои дарав тайёр буд, боқӣ гузошт. Иҷрои иродаи Худо Исоро чунон қувват мебахшид ва чунон дастгирӣ мекард, ки ӯ баҳри он тайёр буд, ки баъзан аз хӯрдани хӯрок даст кашад (Юҳанно 4:31–38). Фикр кунед, ки чӣ қаноатмандиеро Исо шояд ҳис карда бошад, вақте ки дар охири хизмати заминиаш бо дили пур ба Падари худ чунин гуфт: «Ман Туро дар рӯи замин ҷалол додам ва кореро, ки ба Ман супурда будӣ, то бикунам, ба анҷом расондам» (Юҳанно 17:4).
9 Бешубҳа, Яҳува ва Исо аз самари меҳнати худ ҳаловат мебаранд ва дар ин ба мо намунаи беҳтарин мегузоранд. Муҳаббат ба Яҳува моро бармеангезад, ки «ба Худо тақлид» намоем (Эфсӯсиён 5:1). Муҳаббат ба Исо бошад, моро бармеангезад, ки «аз паи Ӯ равона» шавем (1 Петрус 2:21). Биёед ҳоло дида бароем, ки чӣ тавр мо низ аз меҳнати худ лаззат бурда метавонем.
АЗ МЕҲНАТИ ХУД ЛАЗЗАТ БАРЕД
10, 11. Чӣ ба мо метавонад кӯмак расонад, ки нисбати корамон муносибати дурустро инкишоф диҳем?
10 Дар ҳаёти масеҳиёни ҳақиқӣ, кори ҷаҳонӣ ҳам ҷои муайянеро ишғол мекунад. Мо мехоҳем аз кори худ қаноатмандӣ ва хурсандӣ гирем, аммо ин осон нест, махсусан агар кор ба табъи диламон набошад. Чӣ тавр дар чунин мавридҳо аз меҳнати худ ҳаловат бурдан мумкин аст?
11 Муносибати дурустро инкишоф диҳед. Мо ҳамеша вазъиятро тағйир дода наметавонем, лекин муносибати худро дигар карда метавонем. Мулоҳиза оиди нуқтаи назари Худо ба мо кӯмак мерасонад, ки нисбати корамон муносибати дурустро инкишоф диҳем. Масалан, агар шумо сардори оила бошед, фикр кунед, ки гарчанд коратон дилгиркунанда бошад ҳам, он ба шумо барои таъмини оила кӯмак мерасонад. Барои ҳамин, Яҳува шахсонеро ки нисбати наздиконашон ғамхорӣ мекунанд, бисёр қадр менамояд. Дар Каломи Ӯ гуфта мешавад, ки касе ки ба аҳли оилааш ғамхорӣ накунад, «вай тарки имон кардааст ва аз беимон бадтар аст» (1 Тимотиюс 5:8). Вақте ки шумо дарк мекунед, ки ба туфайли кори худ вазифаи аз ҷониби Худо гирифтаатонро иҷро мекунед, шумо метавонед аз ин қаноатманд бошед ва дар хотир дошта бошед, ки барои чӣ кор мекунед. Шояд дар бораи ҳамкоронатон инро наметавон гуфт.
12. Ростқавлӣ ва боғайратӣ дар кор чӣ гуна баракат меорад?
12 Боғайрат ва ростқавл бошед. Агар мо боғайратона ва сифатнок иҷро кардани корамонро ёд гирем, ин баракатҳо оварда метавонад. Бисёр вақт соҳибкорон коргарони меҳнатдӯст ва чобукро хеле қадр мекунанд (Масалҳо 12:24; 22:29). Мо чун масеҳиёни ҳақиқӣ бояд дар кор ростқавл бошем — пул, мавод ё вақти кориро надуздем (Эфсӯсиён 4:28). Чӣ хеле ки аз боби гузашта фаҳмидем, ростқавлӣ баракат меорад. Ба коргаре, ки чун одами ростқавл обрӯ дорад, бисёр вақт боварӣ мекунанд. Соҳибкор ба ҳалолкории мо хоҳ диққат диҳад, хоҳ не, мо метавонем аз доштани «виҷдони нек» ё пок ва шод гардондани Худоеро, ки дӯст медорем, қаноатмандӣ ҳис кунем (Ибриён 13:18; Қӯлассиён 3:22–24).
13. Рафтори хуби мо дар ҷои кор чӣ натиҷа оварда метавонад?
13 Бо рафтори худ Худоро ҷалол диҳед. Вақте ки дар ҷои кор мо меъёрҳои баландӣ ахлоқиро нигоҳ медорем, бешубҳа дигарон ба ин диққат медиҳанд. Ин ба чӣ натиҷа меорад? Мо «таълимоти Наҷотдиҳандаи мо Худоро аз ҳар ҷиҳат» зебу оро медиҳем (Титус 2:9, 10). Бале, ба туфайли рафтори хубамон дигарон мефаҳманд, ки дини мо хуб аст ва дар бораи он бисёртар донистан мехоҳанд. Тасаввур кунед, ки агар дар ҷои кор ҳамкоратон ба туфайли намунаи хуби шумо ба ҳақиқат шавқ пайдо кунад, чӣ ҳиссиёте шуморо фаро хоҳад гирифт! Ва аз ҳама муҳим: оё донистани он ки бо намунаи худ Яҳуваро ҷалол медиҳед ва дили Ӯро шод мегардонед, бароятон хушбахтии зиёд намеорад? (Масалҳо 27:11 ва 1 Петрус 2:12-ро хонед.)
ДАР ИНТИХОБИ КОР ДУРАНДЕШӢ ЗАРУР АСТ
14–16. Ҳангоми ба кор даромадан, мо бояд кадом саволҳои муҳимро ба инобат гирем?
14 Дар Китоби Муқаддас дар бораи он ки кадом кор ба масеҳиён мувофиқ аст ва кадомаш не, дастури дақиқ дода нашудааст. Аммо ин маънои онро надорад, ки мо ба ҳама коре ки бо ҳар чиз алоқаманд аст, розӣ шуда метавонем. Навиштаҳо ба мо кӯмак мекунанд, ки кори манфиатноку ҳалолеро интихоб кунем, ки ба Худо маъқул аст ва ҳамзамон кореро, ки ба Ӯ маъқул нест, интихоб накунем (Масалҳо 2:6). Вақте ки мо ба кор даромаданӣ мешавем бояд ду саволро ба инобат гирем.
15 Оё дар ин кор амалҳоеро, ки аз рӯи Китоби Муқаддас раво нестанд, бояд кунем? Дар Каломи Худо дуздӣ, дурӯғгӯӣ ва сохтани бут аниқ манъ карда шудааст (Хуруҷ 20:4; Аъмол 15:29; Эфсӯсиён 4:28; Ваҳй 21:8). Мо аз ҳар коре ки иҷрои чунин корҳоро талаб мекард, рад менамудем. Аз муҳаббат ба Яҳува мо ҳеҷ вақт ба коре ки зидди аҳкомҳои Ӯ мебошад, намедаромадем. (1 Юҳанно 5:3-ро хонед.)
16 Оё бо иҷрои ин кор мо ба корҳои нораво олуда намешавем ва оё дигаронро ба ин кор тела намедиҳем? Мисолеро дида мебароем. Чун котиб кор кардан ягон гандагие надорад. Аммо чӣ бояд кард, агар ба мо дар ягон бемористон кореро пешниҳод намоянд, ки дар он ҷо махсус исқоти ҳамл мекунанд? Албатта кори котиб иштироки бевоситаро бо исқоти ҳамл талаб намекунад. Вале ба ҳар ҳол, магар бо кори худ мо ин бемористонро, ки дар он ҷо махсус исқоти ҳамл мекунанд дастгирӣ намекардем — он чизе ки ба муқобили Каломи Худо аст? (Хуруҷ 21:22–24). Азбаски Яҳуваро дӯст медорем, мо намехоҳем бо корҳое, ки аз рӯи Китоби Муқаддас раво нестанд, зич сару кор кунем.
17. а) Дар мавриди интихоби кор, кадом ҷиҳатҳоро ба назар гирифта метавонем? (Ба замимаи «Оё ман ба ин кор розӣ шавам?» нигаред.) б) Чӣ гуна виҷдони мо барои қабул кардани қарорҳое, ки ба Худо писанданд, кӯмак расонда метавонад?
17 Барои қабули қарорҳои дуруст дар мавриди кор, мулоҳиза бар ду саволи муҳиме, ки дар сархатҳои 15 ва 16 оварда шудаанд, кӯмак мерасонанд. Ғайр аз ин, хуб мебуд, ки дар интихоби кор дигар ҷиҳатҳоро низ ба инобат гиремb. Шарт нест, ки дар ҳар мавриди ҳаётамон аз ғуломи мӯътамад қоидаҳои аниқро интизор шавем. Айнан дар ҳамин маврид дурандешӣ лозим аст. Чуноне ки аз боби 2 фаҳмидем, мо бояд дар ҳаёти ҳаррӯзаамон Каломи Худоро истифода бурда, виҷдони худро таълиму тарбия диҳем. Ба туфайли «ҳиссиёт»-и худ, ки «ба василаи малака» таълим ёфтааст, виҷдонамон барои қабул кардани қарорҳое, ки ба Худо маъқуланд, кӯмак мерасонад ва мо худро дар муҳаббати Худо нигоҳ медорем (Ибриён 5:14).
СОЛИМФИКРӢ НИСБАТИ КОР
18. Барои чӣ аз ҷиҳати рӯҳонӣ солимфикрӣ зоҳир намудан, осон нест?
18 Дар ин «айёми охир»- и «замонҳои сахт» қабул кардани қарорҳое, ки Худоро шод мегардонанд, осон нест (2 Тимотиюс 3:1). Кор ёфтану онро аз даст надодан хеле душвор буда метавонад. Чун масеҳиёни ҳақиқӣ мо хуб мефаҳмем, ки барои таъмини оила боғайратона меҳнат кардан хеле муҳим аст. Вале агар мо бодиққат набошем, таъсири кор ё рӯҳияи зарпарастона, ки гузаранда мебошад, метавонад ба мақсадҳои рӯҳониамон халал расонад (1 Тимотиюс 6:9, 10). Биёед дида бароем, ки чӣ гуна мо метавонем дар он «чӣ беҳтар аст», солимфикрӣ зоҳир кунем (Филиппиён 1:10).
19. Чаро Яҳува сазовор аст, ки мо ба Ӯ боварии комил дошта бошем ва ин боварӣ ба мо дар чӣ кӯмак мерасонад?
19 Пурра ба Яҳува таваккал кунед. (Масалҳо 3:5, 6-ро хонед.) Магар Ӯ сазовори чунин боварӣ нест? Охир Ӯ ғамхори мо аст (1 Петрус 5:7). Ӯ талаботи моро аз худи мо дида, беҳтар медонад ва ба мо ғамхорӣ мекунад (Забур 36:25). Барои ҳамин, вақте ки мо ба ёдовариҳои Каломи Ӯ гӯш медиҳем, дуруст рафтор мекунем: «Хулқатон аз зарпарастӣ дур бошад, ва бо он чи доред, қаноат кунед. Зеро ки Худи Ӯ [Худо] гуфтааст: “Туро тарк нахоҳам кард ва туро нахоҳам партофт”» (Ибриён 13:5). Бисёр воизони пурравақт метавонанд тасдиқ кунанд, ки Худо барои таъмин кардани ниёзҳои зарурии ҳаёт қудрат дорад. Агар боварии комил дошта бошем, ки Яҳува ба мо ғамхорӣ хоҳад кард, мо барои таъмини оила аз ҳад зиёд ташвиш намекашем (Матто 6:25–32). Мо намегузорем, ки кори ҷаҳонӣ ба фаъолияти рӯҳониамон, ба монанди мавъизаи хушхабар ва ташрифорӣ ба вохӯриҳои ҷамъомад халал расонад (Матто 24:14; Ибриён 10:24, 25).
20. Чашмро солим нигоҳ доштан чӣ маъно дорад ва барои чунин амал кардан, ба мо чӣ ёрӣ медиҳад?
20 Диққати худро барои иҷрои иродаи Худо равона созед. (Матто 6:22, 23-ро хонед.) Исо гуфта буд, ки чашми мо бояд «солим бошад». Ин маънои онро дорад, ки мо бояд ҳаёти хоксорона ба сар барем. Ба хизматгори Худо зарур аст, ки диққаташро ба иҷрои иродаи Худо равона созад. Агар мо чунин рафтор кунем, аз паси кори сердаромад ва тарзи ҳаёти бокарруфар намедавем. Инчунин мо барои ба даст овардани чизҳои навбаромади беохир, ки реклама моро бовар мекунонанд, ки гӯё он барои хушбахтиамон зарур аст, кӯшиш намекунем. Чӣ ба мо кӯмак мерасонад, ки диққатамонро ба иҷрои иродаи Худо равона созем? Аз гирифтани қарзҳои нодаркор канорагирӣ намоед. Чизҳое ки вақту қуввати зиёдро мегиранд, нахаред. Ба насиҳати Китоби Муқаддас гӯш дода, ба «хӯрок ва либос» қаноат кунед (1 Тимотиюс 6:8). То ҳадде ки имкон аст, кӯшиш кунед, ки ҳаётатонро оддитар гардонед.
21. Чаро мо бояд корҳои муҳимро муайян созем ва чӣ бояд дар ҳаётамон дар ҷои аввал бошад?
21 Корҳои рӯҳониро дар ҷои аввал гузошта, аз рӯи онҳо амал кунед. Азбаски мо дар ҳаёт ҳама корро яку якбора карда наметавонем, ба мо лозим аст, ки корҳои ҳақиқатан муҳимро дар ҷои аввал гузорем. Вагарна корҳои на он қадар муҳим метавонанд вақти бебаҳои моро гиранд ва барои корҳои муҳимамон вақт намемонад. Чӣ бояд дар ҳаёти мо аз ҳама муҳим бошад? Бисёриҳо дар ҷаҳон маълумоти олиро дар ҷои аввал мегузоранд, то ки соҳиби кори сердаромад шаванд. Вале Исо пайравонашро даъват мекард, ки «аввал Малакути Худо»-ро биҷӯянд (Матто 6:33). Мо чун масеҳиёни ҳақиқӣ Салтанати Худоро дар ҳаётамон дар ҷои аввал мегузорем. Тарзи ҳаёти мо — қарорҳо, мақсадҳо ва корҳоеро, ки мекунем бояд нишон диҳанд, ки корҳои Салтанат ва иродаи Худо аз ташвишҳои моддӣ ва мақсадҳои ҷаҳонӣ муҳимтар мебошанд.
ДАР ХИЗМАТИ МАВЪИЗА БОҒАЙРАТ БОШЕД
22, 23. а) Барои масеҳиён кори аз ҳама муҳим кадом аст ва чӣ тавр мо нишон дода метавонем, ки ин кор ба мо муҳим аст? (Ба замимаи «Ман ба туфайли қарори худ, ҳаёти хушу қаноатбахшро ба сар мебарам» нигаред.) б) Муносибати шумо ба кори ҷаҳонӣ чӣ гуна аст?
22 Бо донистани он ки мо дар анҷоми айёми охир зиндагӣ мекунем, мо диққатамонро ба кори муҳими масеҳиёни ҳақиқӣ — ба мавъиза ва шогирдсозӣ равона месозем (Матто 24:14; 28:19, 20). Мо ба намунаи Исо пайравӣ карда, мехоҳем, ки бо ин кори наҷотбахш пурра машғул бошем. Чӣ гуна мо нишон дода метавонем, ки ин кор бароямон муҳим аст? Аксарияти халқи Худо, чун воизони ҷамъомад, аз таҳти дил дар хизмати мавъиза фаъоланд. Баъзеҳо корҳои худро тавре ба нақша гирифтаанд, то ки чун пешравон ё миссионерон хизмат кунанд. Бисёр волидон муҳимияти мақсадҳои рӯҳониро дарк карда, фарзандонашонро барангехтанд, ки ба хизмати пурравақт кӯшиш кунанд. Оё воизони боғайрати Салтанат аз меҳнати худ дар хизмат лаззат мебаранд? Албатта, лаззат мебаранд! Аз таҳти дил ба Яҳува хизмат кардан ягона роҳест, ки ба ҳаёти мо хушбахтӣ, қаноатмандӣ ва баракатҳои беохир меорад. (Масалҳо 10:22-ро хонед.)
23 Ба аксари мо зарур аст, ки барои таъмини оилаамон дар кори ҷаҳонӣ соатҳои зиёд кор кунем. Дар хотир доред, ки Яҳува мехоҳад, ки мо аз меҳнати худ лаззату ҳаловат барем. Агар мо нисбати кор мувофиқи нуқтаи назар ва принсипҳои Ӯ муносибат кунем, аз кори худ қаноатмандӣ мегирем. Пас биёед, ҳеҷ гоҳ ба кори ҷаҳонӣ роҳ надиҳем, ки ба мо барои иҷрои кори муҳимамон — мавъизаи хушхабари Салтанати Худо халал расонад. Ин корро дар ҳаёти худ дар ҷои аввал гузошта, мо нишон медиҳем, ки Яҳуваро дӯст медорем ва ҳамин тавр худро дар муҳаббати Ӯ нигоҳ медорем.
a Калимаи юноние, ки чун «наҷҷор» тарҷума шудааст, «калимаи умумӣ буда, шахсеро дар назар дорад, ки бо чӯб, яъне сохтани хона ё мебел ё дигар ашёҳо сарукор дорад».
b Маълумоти бештарро оиди он ки кадом ҷиҳатҳоро ҳангоми интихоби кор бояд ба назар гирифт, метавонед аз «Бурҷи дидбонӣ» (рус.), 15 апрели соли 1999, саҳифаҳои 28–30 ва аз 1 марти соли 1983, саҳифаи 18 ёбед.