МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 42
Бо ёрдами Яҳува шумо ҳар касе, ки лозим аст, шуда метавонед
«Худо шуморо қавӣ мегардонад ва... ба шумо ҳам хоҳиш ва ҳам қувват медиҳад, то амал кунед» (ФЛП. 2:13).
СУРУДИ 38 Бори дилатро ба Яҳува парто
ПЕШГУФТОРa
1. Барои иҷрои нияташ Яҳува чӣ кор карда метавонад?
ЯҲУВА барои иҷрои нияташ касе ки хоҳад, шуда метавонад. Масалан, Ӯ Муаллим, Тасаллидиҳанда ва Башоратдиҳанда мебошад, ки ин танҳо қатраест аз дарё (Иш. 48:17; 2 Қӯр. 7:6; Ғал. 3:8). Лекин ба ҳар ҳол, Ӯ барои иҷрои ниятҳояш бисёр вақт одамонро истифода мебарад (Мат. 24:14; 28:19, 20; 2 Қӯр. 1:3, 4). Аз ин рӯ боз як ҷониби дигари маънои номи Худо ин аст, ки Ӯ ба каси дилхоҳ хирад ва қуввати лозима мебахшад, то иродаашро иҷро кунад. Ин ду ҷониби маънои номи Яҳува мебошад, ки бисёр олимон пешниҳод мекунанд.
2. а) Чаро мо баъзан шубҳа мекунем, ки Яҳува моро истифода бурда истодааст? б) Мо дар ин мақола чиро муҳокима мекунем?
2 Ҳамаи мо мехоҳем, ки дар иҷрои иродаи Яҳува фоидаамон расад, вале баъзеҳо шубҳа доранд, ки Яҳува онҳоро истифода бурда истодааст. Барои чӣ? Шояд онҳо аз сабаби пиронсолӣ, надоштани вазъияти хуб ё қобилиятҳои лозима худро ноӯҳдабаро ҳис кунанд. Баъзеҳо бошанд, шояд хизмати ҳоло карда истодаашонро басанда шуморанд ва гумон кунанд, ки ба зиёдтар кӯшиш кардан зарурият нест. Дар ин мақола мо дида мебароем, ки чӣ тавр Яҳува барои он ки мо нияташро иҷро кунем, ба ҳар яки мо ҳам хоҳиш, ҳам қуввати лозима бахшида метавонад. Сипас, мо аз Китоби Муқаддас мисоли баъзе мардону занонро дида мебароем, ки чӣ тавр Яҳува ба онҳо барои амал кардан ҳам хоҳиш, ҳам қувват бахшида буд. Дар охир мебинем, ки чӣ тавр мо дар хизмати Яҳува фоидаи бештар оварда метавонем.
ЯҲУВА БА МО ЧӢ ДОДА МЕТАВОНАД?
3. Мувофиқи Филиппиён 2:13 Яҳува барои амал намудани мо чӣ медиҳад?
3 Филиппиён 2:13-ро хонедb. Яҳува метавонад ба мо барои амал кардан хоҳиш бахшад. Чӣ тавр? Фарз кардем, дар ҷамъомад ба гӯши мо хабар мерасад, ки касе ба кӯмак мӯҳтоҷ аст ё ягон кори дигарро иҷро кардан лозим. Ё пирон номаеро аз филиал ба мо мехонанд, ки дар минтақаи мо ё берун аз он доир ба кори мавъиза, сохтмон ё кӯмак ба осебдидагон ниёз вуҷуд дорад. Ин лаҳза мо шояд ба худ чунин гӯем: «Оё ман дасти ёрӣ дароз карда метавонам?» Ё шояд бародарон ба мо супориши душворе доданд ва мо намедонем, ки онро хуб иҷро карда метавонем ё не. Ё баъд аз хондани ягон порчаи Китоби Муқаддас фикр кунем, ки чӣ тавр бо ёрии он ба дигарон кӯмак карда метавонем. Яҳува моро ба кардани коре маҷбур намекунад. Вале вақте Ӯ мебинад, ки мо дар ин бора фикр карда истодаем, Ӯ ба мо хоҳиш медиҳад, ки амал кунем.
4. Яҳува барои амал карданамон ба мо боз чӣ бахшида метавонад?
4 Яҳува ҳамчунин барои амал кардани мо қувват мебахшад (Иш. 40:29). Ӯ бо рӯҳи муқаддасаш қобилиятҳоеро, ки мо аллакай дорем, метавонад беҳтар гардонад (Хур. 35:30–35). Ба воситаи ташкилоташ Яҳува ба мо иҷро кардани корҳои муайянро таълим медиҳад. Агар шумо дудила бошед, ки аз ӯҳдаи ин ё он таъйинот мебароед, пас аз бародарон кӯмак пурсед. Ҳамчунин аз Падари саховатманди осмониамон — Яҳува дар дуо ҳамеша «қувваи барзиёд» пурсида метавонед (2 Қӯр. 4:7; Луқ. 11:13). Дар Китоби Муқаддас мисоли бисёр мардону занони содиқ ҳастанд, ки Яҳува ба онҳо барои амал кардан ҳам хоҳиш, ҳам қувват бахшида буд. Ҳангоми дида баромадани баъзеи онҳо фикр кунед, ки чӣ тавр шумо низ ба Яҳува гузошта метавонед, ки дар иҷрои нияташ шуморо ба кор барад.
БО ЁРИИ ЯҲУВА ИН МАРДОН КӢ ШУДА ТАВОНИСТАНД?
5. Аз он ки кай ва чӣ тавр Яҳува Мӯсоро барои озод кардани халқаш истифода бурд, мо чӣ меомӯзем?
5 Бо ёрии Яҳува Мӯсо-пайғамбар озодкунандаи халқи Исроил гашт. Вале кай Яҳува ӯро истифода бурд? На он вақте ки ӯ «тамоми хиради мисриёнро таълим» гирифта буду худро барои наҷот додани исроилиён тайёр меҳисобид (Аъм. 7:22–25). Яҳува Мӯсоро танҳо баъди он ки фурӯтаниву ҳалимиро ёд гирифт, истифода бурд (Аъм. 7:30, 34–36). Яҳува ба Мӯсо далерӣ бахшид, то дар назди подшоҳи пурқудрати Миср ҳозир шуда сухан гӯяд (Хур. 9:13–19). Аз он ки кай ва чӣ тавр Яҳува Мӯсоро истифода бурд, мо чӣ меомӯзем? Яҳува танҳо шахсонеро истифода мебарад, ки хислатҳои ба Худо писандро зоҳир мекунанд ва ба қуввати Ӯ такя менамоянд (Флп. 4:13).
6. Мо аз он ки Яҳува бо воситаи Барзилой ба Довуд кӯмак кард, чӣ меомӯзем?
6 Асрҳо пас Яҳува барои дастгирӣ кардани шоҳ Довуд Барзилойро истифода бурд. Довуд бо навкаронаш ҳангоми аз Абшолӯм гурехтан ташнаю гушна ва хаста буданд. Дар ин ҳолат Барзилой ба пиронсолиаш нигоҳ накарда, бо дигарон ҳаёташро дар хатар монда ба Довуду ҳамроҳонаш ёрдам дод. Ӯ нагуфт, ки «ман аллакай пир шудаам ва дар хизмати Яҳува дигар аз дастам ҳеҷ чиз намеояд». Баръакс, ӯ саховатмандона чизҳои доштаашро истифода бурда дар мӯҳтоҷӣ ба хизматгорони Худо кӯмак кард (2 Подш. 17:27–29). Мо аз ин чӣ омӯхта метавонем? Новобаста аз синну соламон Яҳува метавонад моро барои дастгирӣ кардани ҳамимононамон хоҳ дар маҳалли худамон бошад, хоҳ дар ҷойи дигар истифода барад, то онҳо аз чизҳои даркорӣ танқисӣ накашанд (Мас. 3:27, 28; 19:17). Ҳатто агар мо шахсан бародару хоҳаронро дастгирӣ карда натавонем ҳам, мо метавонем дар кори умумиҷаҳонӣ хайрия кунем, то ба касоне, ки аз офатҳои табиӣ осеб дидаанд, сари вақт кӯмак расонда шавад (2 Қӯр. 8:14, 15; 9:11).
7. Чӣ тавр Яҳува Шимъӯнро истифода бурд ва чаро донистани ин моро рӯҳбаланд мекунад?
7 Яҳува ба марди содиқи пиронсол — Шимъӯн, ки дар Ерусалим буд, ваъда дод, ки ӯ то Масеҳро набинад, аз олам намегузарад. Шимъӯн аз ин ваъдаи Яҳува рӯҳбаландӣ гирифт ва солҳои зиёд Масеҳро мунтазир шуд. Имону истодагарии ӯ, албатта, бар абас набуд. Зеро боре Шимъӯн «бо роҳбарии рӯҳи муқаддас ба маъбад омад» ва дар он ҷо Исои кӯдакро дид. Яҳува бо воситаи ӯ дар бораи ин кӯдак, ки дар оянда бояд Масеҳ мешуд, пешгӯйӣ кард (Луқ. 2:25–35). Эҳтимол ба Шимъӯн муяссар нашуд, ки хизмати заминии Исоро бубинад, вале ӯ аз Яҳува миннатдор буд, ки ӯро ба гуфтани ин пешгӯйӣ истифода бурд. Ва дар оянда бошад, ӯро баракатҳои аз ин ҳам зиёд интизор аст! Он вақт ин марди содиқ мебинад, ки ҳукмронии Исо ба тамоми одамизод чӣ баракатҳо меорад (Ҳас. 22:18). Мо низ аз Яҳува барои ҳар як имконияте, ки дар хизмати Ӯ дорем, хеле миннатдор ҳастем.
8. Чӣ тавр Яҳува моро чун Барнаббо истифода бурда метавонад?
8 Дар асри як марди саховатманде бо номи Юсуф тайёр буд, ки Яҳува ӯро истифода барад (Аъм. 4:36, 37). Эҳтимол Юсуф дигаронро хуб тасаллӣ дода метавонист, аз ин рӯ расулон ӯро Барнаббо номиданд, ки маънояш «Писари тасаллӣ» буд. Вақте Шоул масеҳӣ гашт, бисёри бародарон тарсиданд, ки ба ӯ наздик шаванд, чунки вай пеш ҷамъомадро таъқиб мекард. Вале Барнаббо ба назди Шоул омада ӯро тасаллӣ дод, ки аз ин Шоул беҳад миннатдор буд (Аъм. 9:21, 26–28). Баъдтар пирон дар Ерусалим фаҳмиданд, ки бародарон дар Антиохияи Сурия ба рӯҳбаландӣ ниёз доранд. Ба он маҳалли дурдаст онҳо киро фиристоданд? Барнабборо! Ва ин интихоби хуб буд. Мо медонем, ки Барнаббо ба он ҷо омада «ҳамаи онҳоро барангехт, ки бо азми қавӣ ба Ҳазратамон содиқ монанд» (Аъм. 11:22–24). Имрӯз низ Яҳува метавонад ба мо кӯмак кунад, ки барои ҳамимонон «Писари тасаллӣ» гардем. Масалан, Ӯ метавонад моро барои тасаллӣ додани онҳоеро, ки шахси наздикашонро аз даст додаанд, истифода барад. Ё Ӯ моро бармеангезад, ки бародару хоҳаронеро, ки бемор ё афсурдаҳоланд, хабар гирем, ё занг зада бо суханони меҳрубонона дили онҳоро бардорем. Оё ба Яҳува мегузоред, ки шуморо чун Барнаббо ба кор барад? (1 Тас. 5:14).
9. Аз он ки Яҳува ба бародар Василий барои чӯпони хуби ҷамъомад шудан ёрдам кард, мо чӣ меомӯзем?
9 Яҳува ба Василий ном бародар кӯмак кард, ки дар ҷамъомад чӯпони хуб гардад. Василий дар 26-солагиаш пир таъйин гашт. Ӯ метарсид, ки аз ӯҳдаи кӯмак кардан ба бародару хоҳарон, хусусан ба онҳое, ки душвориҳоро аз сар мегузаронанд, намебарояд. Лекин вай аз пирони ботаҷриба ва аз Мактаб барои пирон бисёр чизҳои хубро таълим гирифт. Василий сахт кӯшиш мекард, ки чун пири ҷамъомад хислатҳояшро беҳтар гардонад. Масалан, ӯ дар назди худ мақсадҳои хурд гузошта онҳоро дар варақе навист. Ҳар боре ки вай ба яке аз мақсадҳояш мерасид, тарси ӯ камтар мешуд. Ҳоло ӯ мегӯяд: «Коре, ки ман пеш аз карданаш метарсидам, имрӯз ба ман хурсандии зиёд меорад. Вақте Яҳува дар тасаллӣ бахшидани бародару хоҳарон ба ман кӯмак мекунад, ки ояти мувофиқро ёбам, ин ба ман қаноатмандии зиёд мебахшад». Бародарон, оё шумо низ монанди Василий мегузоред, ки Яҳува шуморо ба кор барад? Пас, Яҳува қодир аст ба шумо қобилият бахшад, то масъулиятҳои бештарро дар ҷамъомад иҷро кунед.
БО ЁРИИ ЯҲУВА ИН ЗАНОН КӢ ШУДА ТАВОНИСТАНД?
10. Абиҷайл чӣ кор кард ва мо аз намунаи ӯ чӣ меомӯзем?
10 Шоул Довуду одамонашро таъқиб мекард, аз ин рӯ онҳо ба кӯмак мӯҳтоҷ буданд. Навкарони Довуд аз Нобол ном марди бойи исроилӣ хоҳиш карданд, ки барои онҳо каме озуқаворӣ диҳад. Онҳо аз Нобол озодона кӯмак пурсиданд, чунки бисёр вақт дар биёбон рамаи ӯро муҳофизат мекарданд. Вале Ноболи хасис ба онҳо ҳеҷ чиз надод. Довуд аз ин чунон хашмгин шуд, ки Нобол ва тамоми мардони хонадонашро якто намонда куштанӣ шуд (1 Подш. 25:3–13, 22). Аммо зани Нобол Абиҷайл зани соҳибҷамол ва оқилу доно буд. Ӯ далерона амал карда ба пешвози Довуд баромад ва дар пеши пойҳои ӯ афтода илтиҷо кард, ки қасд гирифта хун нарезад. Ӯ боадабона ба Довуд маслиҳат дод, ки ин корро ба Худо ҳавола кунад. Суханони фурӯтанона ва рафтори оқилонаи Абиҷайл ба дили Довуд таъсир карданд. Ӯ фаҳмид, ки ин занро Яҳува фиристодааст (1 Подш. 25:23–28, 32–34). Абиҷайл хислатҳои хуб инкишоф дода буд, барои ҳамин Яҳува ӯро барои иҷрои иродааш ба кор бурд. Ба ин монанд, хоҳароне, ки ба оқилу боадаб будан кӯшиш мекунанд, ба Яҳува писанданд. Ӯ онҳоро барои мустаҳкам кардани оилаҳояшон ва рӯҳбаланд кардани дигарон дар ҷамъомад истифода мебарад (Мас. 24:3; Тит. 2:3–5).
11. Духтарони Шаллум чӣ кор карданд ва киҳо имрӯз ба онҳо пайравӣ мекунанд?
11 Асрҳо пас, духтарони Шаллум дар байни онҳое буданд, ки Яҳува дар барқароркунии деворҳои Ерусалим истифода бурд (Наҳемё 2:20; 3:12). Ҳарчанд падарашон сарвари ноҳия буд, онҳо бо омодагӣ дар ин кори душвору хатарнок иштирок карданд (Наҳемё 4:15–18). Баръакси онҳо мардони номдор аз хонадони тақӯиён ба ин кор гардан нафуроварданд (Наҳемё 3:5). Тасаввур кунед, то чӣ андоза хурсанд шуданд духтарони Шаллум вақте ин кор дар муддати 52 рӯз тамом шуд! (Наҳемё 6:15). Дар рӯзҳои мо низ хоҳарон бо омодагӣ дар намудҳои махсуси хизмати муқаддас — корҳои сохтмонӣ ва нигоҳдории биноҳои ташкилот иштирок мекунанд. Маҳорату ғайрат ва садоқатмандии онҳо дар пешрафти ин кор хеле муҳим аст.
12. Чӣ тавр Яҳува моро мисли Тобито ба кор бурда метавонад?
12 Дар асри як Яҳува Тобито ном занеро барангехт, ки «бисёр корҳои нек» кунад ва «хайру садақоти зиёде» диҳад, хусусан ба бевазанон (Аъм. 9:36). Ӯ зани хеле саховатманду меҳрубон буд. Вақте ӯ мурд, бисёриҳо ғамгин шуда гиря карданд. Вале ҳангоме ки Петруси расул ӯро эҳё кард, хурсандии онҳо ҳадду канор надошт (Аъм. 9:39–41). Мо аз Тобито чӣ меомӯзем? Хоҳ мо ҷавонем ё пир, хоҳ мард бошем ё зан, ҳамаи мо бародару хоҳаронро дар амал дастгирӣ карда метавонем (Ибр. 13:16).
13. Чӣ тавр Яҳува хоҳар Рутро ба кор бурд ва ӯ дар ин бора чӣ мегӯяд?
13 Хоҳари шармгине бо номи Рут миссионер шудан мехост. Дар наврасиаш ӯ хона ба хона гашта рисола тақсим мекард. Ӯ аз ин кор беҳад хурсандӣ мегирифт, вале барои ӯ дар назди дар истода оиди Подшоҳии Худо сӯҳбат кардан душвор буд. Ба шармгинии худ нигоҳ накарда ӯ дар синни 18-солагиаш пешрави доимӣ шуд. Соли 1946 ӯ дар мактаби Ҷилъод таҳсил кард ва баъдтар дар Ҳавайӣ ва Ҷопон хизмат намуд. Яҳува ӯро ба таври беҳтарин истифода бурд, то дар он ҷойҳо хушхабар паҳн гардад. Тахминан баъд аз 80 соли хизматаш Рут ба чунин хулоса омад: «Яҳува ҳамеша маро дастгирӣ мекард. Ӯ ба ман ёрдам дод, ки шармгиниамро бартараф кунам. Ман боварии комил дорам, ки Яҳува ҳар касеро, ки ба Ӯ такя мекунад, дар хизмати Худ истифода мебарад».
ГУЗОРЕД, КИ ЯҲУВА ШУМОРО БА КОР БАРАД
14. Агар хоҳем, ки Яҳува моро ба кор барад, мувофиқи Қӯлассиён 1:29 мо бояд чӣ кор кунем?
14 Дар давоми таърихи инсоният Яҳува хизматгоронашро бо роҳҳои гуногун ба кор мебурд. Оё шумо низ мехостед, ки Ӯ шуморо ба кор барад? Ин аз он вобаста аст, ки то чӣ андоза шумо барои ҷидду ҷаҳд кардан тайёред. (Қӯлассиён 1:29-ро хонед.) Агар шумо тайёред, ки Яҳува шуморо ба кор барад, Ӯ метавонад ба шумо қобилият бахшад, то ки шумо воизи боғайрат шавед, Каломи Ӯро нағз таълим диҳед, тасаллидиҳандаи хуб бошед, кореро моҳирона иҷро кунед, дӯсти боваринок бошед ё ҳамоне гардед, ки барои иҷрои иродааш лозим аст.
15. Мувофиқи 1 Тимотиюс 4:12, 15, бародарони ҷавон бояд ба чӣ кӯшиш кунанд?
15 Бародарони ҷавон, дар бораи шумо чӣ гуфтан мумкин? Дар ташкилот ба шумо барин ҷавонони боғайрат, ки хизматгузори ҷамъомад буда метавонанд, ниёзи калон вуҷуд дорад. Дар бисёр ҷамъомадҳо пирон аз хизматгузорони ҷамъомад зиёдтаранд. Оё шумо тайёред, ки дар ҷамъомад масъулиятҳои бештарро ба гардан гиред? Баъзе бародарон воизи фаъоланд, лекин ба гирифтани масъулияти бештар хоҳиш надоранд. Агар дар шумо низ чунин хоҳиш набошад, аз Яҳува илтиҷо кунед, ки ба шумо ин хоҳишро диҳад. Ӯ метавонад кӯмак кунад, то шумо хизматгузори ҷамъомад шуда барои Ӯ ҳар кори аз дастатон меомадаро кунед (Воиз 12:1). Мо ба кӯмаки шумо мӯҳтоҷем! (1 Тимотиюс 4:12, 15-ро хонед.)
16. Мо аз Яҳува дар дуо чӣ мепурсем ва барои чӣ?
16 Яҳува барои иҷрои иродааш шуморо касе, ки хоҳад, карда метавонад. Барои ҳамин дар дуо аз Ӯ хоҳиш кунед, то ба шумо барои иҷро кардани кораш ҳам хоҳиш ва ҳам қуввати лозима ато кунад. Хоҳ ҷавон бошем, хоҳ пиронсол, биёед вақт, қувват ва ҳама чизи доштаамонро барои ҷалол додани исми Яҳува истифода барем (Воиз 9:10). Ҳеҷ гоҳ натарсед ё худро ноӯҳдабаро ҳис накунед, балки ҳар як имкониятро бебаҳо шуморида ба Яҳува бештар хизмат кунед, ки Ӯ барои ин сазовор аст. Дар ҳақиқат чӣ шарафи бузург аст, ки ҳар яки мо метавонем дар ҷалол ёфтани Падари меҳрубонамон, Яҳува, каме бошад ҳам, саҳми худро гузорем!
СУРУДИ 61 Мехоҳам, ки ба Ту дилписанд бошам
a Шояд шумо ба Яҳува бисёртар хизмат кардан мехоҳеду ба назаратон чунин метобад, ки инро карда наметавонед. Ё гумон мекунед, ки мисли пештара дар хизмати Яҳува фоидаатон намерасад. Ё мумкин шумо фикр мекунед, ки аллакай дар хизмати Яҳува бисёр кор кардаед ва дигар ба кӯшиш кардан ҳоҷат нест. Аз ин мақола мефаҳмем, ки Яҳува бо роҳҳои гуногун метавонад ба мо ҳам хоҳиш ва ҳам қувват бахшад, то ҳамоне гардем, ки барои иҷрои иродаи Ӯ лозим аст.
b Ҳарчанд Павлус ин номаро ба масеҳиёни асри як навишта буд, аслан он ба ҳамаи хизматгорони Яҳува дахл дорад.