-
1. Чаро дуо гуфтан муҳим аст?Бурҷи дидбонӣ — 2010 | октябр 1
-
-
1. ЧАРО ДУО ГУФТАН МУҲИМ АСТ?
ДУО. Баъзе мавзӯъҳои Китоби Муқаддас шавқу кунҷкобии касро бедор месозанд. Масалан, ба ҳафт саволе диққат кунед, ки одамон бисёр вақт дар бораи дуо медиҳанд. Сипас бинед, ки чӣ тавр Китоби Муқаддас ба ин саволҳо ҷавоб медиҳад. Ин мақолаҳо ба шумо кумак мекунанд, ки дуо гӯед ва дуоҳои худро пурмазмун гардонед.
ДАР САРОСАРИ ҶАҲОН одамони ҳар дину маданият дуо мегӯянд. Онҳо дар танҳоӣ ё ҳамроҳи дигарон дар калисо, маъбад, ибодатгоҳ ва масҷид дуо мегӯянд. Барои дуо гуфтан ҷойнамоз, тасбеҳ, тасвирҳои муқаддасон, китобҳои дуо ё лавҳаҳоро истифода мебаранд.
Инсон бо дуо гуфтан аз дигар мавҷудоти зиндаи рӯйи замин фарқ мекунад. Албатта мо ба ҳайвонот аз бисёр ҷиҳат монандем. Масалан, мисли ҳайвонот ба мо низ хӯрок, ҳаво ва об лозим аст. Мо низ таваллуд мешавем, умр ба сар мебарем ва мемирем (Пандгӯ 3:19). Вале чаро танҳо одамон дуо мегӯянд?
Чунки онҳо ба ин чиз ниёз доранд. Одамон бо нияте дуо мегӯянд, то бо олами рӯҳӣ, ки барояшон поку муқаддас ва абадӣ аст, робита дошта бошанд. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки одамон бо чунин талабот офарида шудаанд (Пандгӯ 3:11). Ҳазрати Исо низ гуфта буд: «Хушбахтанд касоне, ки ташнаи раҳнамоии Худоянд» (Матто 5:3).
Агар одамон «ташнаи раҳнамоии Худо» буданашонро намедонистанд, магар соатҳои бешуморро барои дуогӯйӣ сарф мекарданд? Магар ҳамаи расму оинҳои динӣ вуҷуд медоштанд? Вале бояд гуфт, ки бисёриҳо худашон ё ба воситаи дигарон ниёзҳои рӯҳонии худро қонеъ карданӣ мешаванд. Ба фикратон, оё одамизод, ки имкониятҳои маҳдуд дорад, ниёзҳои рӯҳониашро қонеъ карда метавонад? Мо одамон гунаҳгор ва миранда буда, ояндаро пешбинӣ карда наметавонем. Аз ин лиҳоз танҳо оне, ки аз мо дида хирадманд ва қодиру тавонотар буда, умри тӯлонӣ дорад, ниёзҳои моро қонеъ карда метавонад. Пас, биёед фаҳмем, ки ниёзи рӯҳонӣ, ки моро ба дуо гуфтан водор месозад, чист?
Як фикр кунед: оё шумо ягон бор барои ҷавоб ёфтан ба саволҳое, ки аз доираи фаҳмиши одамӣ берунанд, ё барои роҳнамоиву хирад кумак пурсидаед? Оё ягон бор баъди бо мусибат дучор шудан, ба тасаллӣ муҳтоҷ будед? Ҳангоми дар масъалаи душвор қарори дуруст баровардан, роҳнамоӣ меҷустед? Ё ин ки аз ҳисси гунаҳкорӣ ба бахшоиш ниёз доштед?
Мувофиқи Китоби Муқаддас дар чунин мавридҳо одамон одатан ба дуо рӯ меоранд. Дар Каломи Худо дуоҳои мардону занони бовафо оварда шудаанд. Онҳо барои тасаллӣ, роҳнамоӣ, бахшоиш ва барои ба саволҳои душвор ҷавоб ёфтан, дуо мегуфтанд (Забур 23:3; 71:21; Дониёл 9:4, 5, 19; Ҳабаққуқ 1:3).
Мавзӯи дуоҳои онҳо гуногун бошанд ҳам, вале як чизи умумӣ доштанд. Ин ходимони бовафо як чизи хеле муҳимро дарк менамуданд, ки имрӯз бисёриҳо онро сарфи назар мекунанд. Онҳо медонистанд, ки бояд ба кӣ дуо гӯянд.
-
-
2. Ба кӣ дуо гуфтан лозим?Бурҷи дидбонӣ — 2010 | октябр 1
-
-
2. БА КӢ ДУО ГУФТАН ЛОЗИМ?
ОЁ ХУДО ҳамаи дуоҳоро мешунавад? Имрӯз бисёриҳо ба ин савол ҷавоби мусбат медиҳанд — асосан онҳое, ки тарафдори муттаҳид будани ҳамаи динҳоянд ва мехоҳанд, ки ҳамаи динҳо қобили қабул бошанд. Вале, оё Худо дар асл ҳамаи дуоҳоро мешунавад?
Мувофиқи таълимоти Китоби Муқаддас бисёр одамон ба Худои ҳақиқӣ дуо намегӯянд. Дар замонҳои навишта шудани Китоби Муқаддас ба бутҳо дуо гуфтан як чизи муқаррарӣ буд. Вале Худо одамонро барои ин корашон пайваста сарзаниш мекард. Масалан, дар китоби Забур 115:4-6 дар бораи бутҳо гуфта шудааст, ки онҳо «гӯш доранд, вале намешунаванд». Мақсади ин суханон равшан аст. Ба «худое», ки ҳеҷ гоҳ туро намешунавад, дуо гуфтан бефоида аст!
Дар ин хусус дар Китоби Муқаддас воқеаи бамавриде ҳаст. Боре пайғамбар Илёс ба пайғамбарони Баал гуфт, ки ба худояшон дуо гӯянд, ӯ бошад ба Худои худ дуо мегӯяд. Мувофиқи гуфтаҳои Илёс Худои касе зиндаву ҳақиқӣ бошад, ба дуо ҷавоб медиҳад. Пайғамбарони Баал пешниҳоди Илёсро қабул карда, бо гиряву нола ба худояшон дуо гуфтанро сар карданд. Вале дуояшон беҷавоб монд. Дар Китоби Муқаддас дар ин бора гуфта шудааст: «На садое буд, на ҷавобе ва на таваҷҷуҳе» (3 Подшоҳон 18:29). Акнун биёед бинем, ки вақте Илёс дуо гуфт, чӣ шуд.
Худо дарҳол ба дуои Илёс ҷавоб дода, аз осмон оташе фиристод ва қурбонии ӯро фурӯ бурд. Дуои Илёс аз дуои пайғамбарони Баал чӣ фарқ дошт? Инро дар худи дуои Илёс дидан мумкин. Он дар 3 Подшоҳон 18:36, 37 оварда шудааст. Ҳарчанд ин дуо хеле кӯтоҳ асту танҳо аз 30 калимаи ибронӣ иборат мебошад, Илёс дар он се маротиба ба Худо бо номаш, Яҳува, муроҷиат мекунад.
Баал худои халқи Канъон буд. Маънои номаш «соҳиб» ё «хӯҷаин» мебошад. Он вақт дар ҳар минтақа одамон Баали худро доштанд. Вале номи Худои яккаву ягона Яҳува буда, он танҳо ба ӯ тааллуқ дорад. Ӯ ба халқаш гуфтааст: «Ман Яҳуваам, ин номи ман аст. Ман ҷалоли худро ба дигаре... намедиҳам» (Ишаъё 42:8).
Чи хеле дидед, ҳарчанд пайғамбарони Баал ба худои худ муроҷиат карданд, вале дуои онҳо беҷавоб монд. Бояд гуфт, ки ибодати Баал одамонро бармеангехт, ки ба маросимҳои бадахлоқона даст зананд ва ҳатто одамонро ба қурбонӣ оранд. Баръакси ин, халқи Исроил, ки Яҳуваро ибодат мекард, аз чунин корҳои нафратовар даргурез буд. Як фикр кунед, вақте шумо ба дӯсти соҳибиззати худ мактуб менависед, онро ба номи каси дигар, ки обрӯяш пасту доғдор аст, намефиристед-ку.
Вақте пайғамбар Илёс ва пайғамбарони Баал ба худоёни худ дуо гуфтанд, маълум шуд, ки Худои ҳақиқӣ на ҳамаи дуоҳоро мешунавад
Ба Яҳува дуо гуфта шумо ба Офаридгор ва Падари одамизод дуо мегӯедa. «Ту, эй Яҳува, Падари мо ҳастӣ» — гуфтааст пайғамбар Ишаъё (Ишаъё 63:16). Вақте Исо ба шогирдони худ гуфт, ки «ман назди Падари худ ва Падари шумо, назди Худои худ ва Худои шумо боло рафта истодаам», ӯ Яҳуваро дар назар дошт (Юҳанно 20:17). Бале, Падари Исо Яҳува аст. Исо маҳз ба ӯ дуо мегуфт ва шогирдонашро низ таълим медод, ки ба Яҳува дуо гӯянд (Матто 6:9).
Оё дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки мо бояд ба Исо, муқаддасон ё фариштагон дуо гӯем? Не албатта! Мо бояд танҳо ба Яҳува дуо гӯем. Чаро? Барои ин ду сабаб вуҷуд дорад. Якум, дуо қисми ибодат аст, бинобар ин дар Каломи Худо гуфта мешавад, ки танҳо Яҳуваро бояд ибодат кунем (2 Мӯсо 20:5). Дуюм, мувофиқи Китоби Муқаддас унвони «Шунавандаи дуоҳо» ба Худо тааллуқ дорад (Забур 65:2). Ҳарчанд Яҳува ба дигарон ӯҳдадориҳои зиёд додааст, лекин касеро вазифадор накардааст, ки дуоҳои моро шунавад. Зеро ӯ ваъда медиҳад, ки дуоҳои моро шахсан худаш гӯш мекунад.
Хулоса, агар шумо хоҳед, ки Худо дуоҳоятонро гӯш кунад, пас огоҳии зеринро аз Калом дар ёд доред: «Ҳар кӣ номи Яҳуваро бихонад, наҷот меёбад» (Корнома 2:21). Вале, оё Худо ҳамаи дуоҳоро гӯш мекунад? Барои он ки Яҳува дуоҳои моро гӯш кунад, боз як ҷиҳатро ба назар гирифтан лозим.
a Дар баъзе динҳо мегӯянд, ки номи Худоро ҳатто дар дуо ба забон гирифтан мумкин нест. Ҳол он ки номи Худо дар Китоби Муқаддас зиёда аз 7000 маротиба вомехӯрад ва дар бисёр мавридҳо ходимони содиқи Худо номашро дар дуову таронаҳои ситоишӣ ёд кардаанд.
-
-
3. Чӣ тавр дуо гуфтан лозим?Бурҷи дидбонӣ — 2010 | октябр 1
-
-
3. ЧӢ ТАВР ДУО ГУФТАН ЛОЗИМ?
ВАҚТЕ гап дар бораи дуо меравад, дар бисёр динҳо диққатро асосан ба тарзи ҳаракати бадан, калимаҳо ва маросими динӣ равона мекунанд. Лекин Китоби Муқаддас дар ин бобат чиро таълим медиҳад?
Аз Китоби Муқаддас мо дар бораи тарзи дуо гуфтани ходимони бовафои Худо фаҳмида метавонем. Масалан, баъзеи онҳо вобаста ба вазъият дар таги дил ё бо овоз дуо мегуфтанд. Баъзеи дигарашон ба осмон нигоҳ карда ё ин ки зону зада дуо мегуфтанд. Ба ҷойи истифода бурдани сурат, тасбеҳ ё китобҳои дуо, онҳо самимона бо гапҳои худашон ба Худо муроҷиат менамуданд. Чаро Худо дуоҳои онҳоро гӯш мекард?
Чи хеле дар мақолаи гузашта зикр шуда буд, ходимони Худо танҳо ба Яҳува дуо мегуфтанд. Дар масъалаи дуо боз як чиз ҷолиби диққат аст. Дар бораи он аз 1 Юҳанно 5:14 фаҳмидан мумкин: «Дилпурии мо дар он аст, ки агар чизеро мувофиқи хости Худо пурсем, ӯ моро мешунавад». Бале, дуоҳои мо бояд мувофиқи хости Худо бошанд. Ин чӣ маъно дорад?
Барои мувофиқи хости Худо дуо гуфтан, иродаи ӯро донистан даркор. Барои иродаи Худоро фаҳмидан, Китоби Муқаддасро омӯхтан лозим. Пас, оё гуфтан мумкин аст, ки то олими Китоби Муқаддас нагардӣ, Худо дуоятро гӯш намекунад? Не албатта! Худо мехоҳад мо иродаи ӯро фаҳмем, кӯшиш карда ба маънои он сарфаҳм равем ва аз рӯйи он амал намоем (Матто 7:21–23). Мо бояд мувофиқи дониши гирифтаамон дуо гӯем.
Вақте шахс мувофиқи хости Худо бо имон ва ба воситаи номи Исо дуо мегӯяд, Яҳува ба дуояш ҷавоб медиҳад.
Вақте донишамон дар бораи Яҳува ва хости ӯ зиёд мешавад, имонамон низ қавӣ мегардад. Имон бошад, як ҷониби муҳими дуо аст. Ҳазрати Исо гуфта буд: «Ҳар чиро, ки бо имон дар дуо хоҳиш кунед, ҳатман меёбед» (Матто 21:22). Имон маънои зудбовариро надорад. Баръакс, имон боварӣ ба чизест, ки ба чашм аён несту вале ба вуҷуд доштанаш далелҳои асосноке ҳастанд (Ибриён 11:1). Масалан, бисёр далелҳое, ки дар Китоби Муқаддас оварда шудаанд, нишон медиҳанд, ки Яҳува Худои зинда аст. Ҳарчанд мо ӯро намебинем, ба ӯ таваккал карда метавонем ва дилпур ҳастем, ки Яҳува ба дуои имондорон гӯш медиҳад. Бояд гуфт, ки агар мо аз Яҳува бештар имон пурсем, ӯ бо ҷону дил хоҳиши моро ба ҷо меорад (Луқо 17:5; Яъқуб 1:17).
Дар хусуси чӣ тавр дуо гуфтан боз як чизи дигарро ба назар гирифтан муҳим аст. Ҳазрати Исо дар ин бора мегӯяд: «Ҳеҷ кас наметавонад назди Падар ояд, магар ин ки ба воситаи ман» (Юҳанно 14:6). Аз ин оят бармеояд, ки мо танҳо тавассути Исо ба Падарамон, Яҳува, наздик шуда метавонем. Исо ба пайравонаш гуфт, ки ба воситаи номи ӯ ба Яҳува муроҷиат кунанд (Юҳанно 14:13; 15:16). Лекин ин маънои онро надорад, ки акнун мо бояд ба Исо дуо гӯем. Ба воситаи номи Исо дуо гуфта, мо эътироф мекунем, ки бе қурбонии ӯ ба Падари пок ва муқаддаси худ Яҳува наздик шуда наметавонистем.
Боре пайравони Исо аз ӯ хоҳиш карданд: «Эй Ҳазрат, дуо гуфтанро ба мо ёд деҳ» (Луқо 11:1). Шогирдони Исо мехостанд фаҳманд, ки дар бораи чӣ дуо гӯянд.
-
-
4. Дар бораи чӣ бояд дуо гӯем?Бурҷи дидбонӣ — 2010 | октябр 1
-
-
4. ДАР БОРАИ ЧӢ БОЯД ДУО ГӮЕМ?
МУВОФИҚИ як маълумот дуое, ки аксари масеҳиён аз ёд медонанд, ин дуои намунавии ҳазрати Исо мебошад. Миллионҳо одамон ҳар рӯз суханони ин дуоро аз ёд мегӯянд. Вале бояд гуфт, ки бисёриҳо ба мазмуни он сарфаҳм намераванд. Исо дар назар надошт, ки одамон маҳз ҳамин тавр дуо гӯянд. Мо инро аз куҷо медонем?
Пеш аз он ки Исо дуои намунавиро гӯяд, ӯ қайд намуд: «Вақте дуо мегӯед, мисли халқҳои дигар гаштаву баргашта як чизро такрор накунед» (Матто 6:7). Пас, вақте Исо ба шогирдон суханони дуои намунавиро гуфт, оё ӯ ба ақидаи худ муқобил баромад? Не албатта! Исо шогирдонашро таълим дод, ки дар бораи чӣ дуо гӯянд ва пеш аз ҳама бояд кадом мавридҳоро ба назар гиранд. Биёед дуои намунавиро бодиққат аз назар гузаронем. Он дар Матто 6:9–13 оварда шудааст.
«Эй Падари мо, ки дар осмонӣ, номи ту муқаддас бод».
Исо гуфта буд, ки мо бояд танҳо ба Яҳува, Падари ӯ, дуо гӯем. Лекин, оё шумо медонед, ки чаро номи Худо ин қадар муҳим аст ва чаро он бояд поку муқаддас гардад?
Аз аввали таърихи инсоният ба Худо туҳмат карда, номи муқаддаси ӯро доғдор кардаанд. Душмани Худо, Шайтон, ӯро ба дурӯғгӯйӣ айбдор намуда, мегӯяд, ки Худо ҳокими худбин аст ва ҳақ надорад, ки бар офаридаҳояш ҳукмронӣ кунад (1 Мӯсо 3:1–6). Бисёриҳо Шайтонро тарафдорӣ карда, Худоро дар бемеҳриву золимӣ айбдор менамоянд ва ӯро чун Офаридгори олам рад мекунанд. Дигарон бошанд, ҳатто номи Худоро аз тарҷумаҳои Китоби Муқаддас гирифтаанд ва намегузоранд, ки одамон онро ба забон гиранд.
Мувофиқи Китоби Муқаддас Худо ҳамаи ин беадолатиро бартараф менамояд (Ҳизқиёл 39:7). Ҳамин тавр ӯ тамоми ниёзҳои шуморо қонеъ карда, душвориҳоятонро пурра ҳал мекунад. Чӣ тавр? Исо ба ин савол дар давоми дуои намунавиаш ҷавоб медиҳад.
«Подшоҳии ту биёяд».
Имрӯзҳо диндорон дар бораи Подшоҳии Худо ҳар хел таълим медиҳанд. Вале пайравони Исо медонистанд, ки пайғамбарон дар бораи Масеҳ, Наҷотдиҳандае, ки Худо шоҳи Подшоҳиаш интихоб кардааст, пешгӯйӣ кардаанд. Ин Подшоҳӣ душвориҳои одамизодро пурра бартараф мекунад (Ишаъё 9:6, 7; Дониёл 2:44). Инчунин Худо ба воситаи Подшоҳиаш дурӯғи Шайтонро фош карда, зарари расондаи ӯро аз байн мебарад ва номи муқаддаси худро ҷалол медиҳад. Подшоҳии Худо ба ҷанг, беморӣ, гуруснагӣ ва ҳатто марг хотима мебахшад (Забур 46:9; 72:12–16; Ишаъё 25:8; 33:24). Бинобар ин, вақте мо дар бораи омадани ин Подшоҳӣ дуо мегӯем, аз Худо хоҳиш мекунем, ки ҳамаи ин ваъдаҳо иҷро шаванд.
«Хости ту дар замин чун дар осмон иҷро гардад».
Аз ин суханони Исо маълум мегардад, ки хости Худо чуноне, ки дар осмон иҷро мегардад, дар замин ҳам бояд иҷро шавад. Вақте Ҳазрати Исо бар зидди Шайтон ва тарафдоронаш ҷангида, онҳоро аз осмон ба замин партофт, ягон чиз халал нарасонд, ки хости Худо дар осмон иҷро шавад (Ошкорсозӣ 12:9–12). Ин мавзӯи дуои намунавии Исо мисли ду мавзӯи аввал кумак мекунад, ки мо диққати худро ба чизи муҳимтар, яъне ба хости Худо равона созем. Зеро иҷро шудани хости Худо ҳамеша бар манфиати офаридаҳояш аст. Аз ин рӯ Исо ба Падари осмониаш гуфт: «Бигзор на хости ман, балки хости ту шавад» (Луқо 22:42).
«Ризқу рӯзии имрӯзаамонро бидеҳ».
Бо ин суханонаш Исо нишон дод, ки мо инчунин дар бораи ниёзҳои худ дуо гуфта метавонем. Бале, аз Худо ризқу рӯзӣ пурсидан ягон ҷойи бадӣ надорад. Баръакс, ин ба мо ёдрас мекунад, ки Яҳува «ба ҳамаи одамон ҳаёт, нафас ва ҳама чиро медиҳад» (Корнома 17:25). Аз Китоби Муқаддас маълум мегардад, ки Худо чун Падари меҳрубон ниёзҳои фарзандонашро қонеъ карда хурсандӣ мегирад. Ӯ ҳеҷ гоҳ бар зарари фарзандонаш амал намекунад.
«Қарзҳои моро бибахш».
Оё шумо аз Худо қарздоред? Оё ба бахшоиши ӯ муҳтоҷед? Бисёр одамон имрӯзҳо ба гуноҳ ҷиддӣ назар намекунанд. Вале дар Каломи Худо гуфта мешавад, ки ҳамаи бадбахтиҳои инсон аз гуноҳ сарчашма мегиранд, зеро сабаби асосии марги инсон гуноҳ аст. Азбаски одамизод гуноҳро мерос гирифтааст, мо тез-тез хато мекунем. Вале бояд гуфт, ки аз сабаби бахшанда будани Худо мо ба оянда умед дорем (Румиён 3:23; 5:12; 6:23). Суханони зерини Китоби Муқаддас моро тасаллӣ мебахшанд: «Ту, эй Яҳува, неку ва бахшандаӣ» (Забур 86:5).
«Моро аз Шайтон халос кун».
Ҳамаи мо ба муҳофизати Худо муҳтоҷем. Лекин бисёр одамон ин ҳақиқатро инкор карда, мегӯянд, ки «Шайтон» асло вуҷуд надошт. Исо бошад, гуфта буд, ки Шайтон воқеӣ аст. Ӯ Шайтонро ҳатто «ҳокими ин ҷаҳон» номид (Юҳанно 12:31; 16:11). Шайтон ба ин ҷаҳон, ки зери итоати ӯст, ҳаматарафа зарар мерасонад ва ташнаи он аст, ки шуморо гумроҳ сохта, аз дӯстӣ бо Падари осмониатон, Яҳува, маҳрум созад (1 Петрус 5:8). Лекин Яҳува аз Шайтон тавонотар аст ва дӯстдорони худро бо ҷону дил муҳофизат мекунад.
Чи хеле мебинед, Исо дар дуои намунавиаш мухтасар фаҳмонд, ки дар бораи чӣ дуо гуфтан мумкин аст. Ӯ ҳар як мавзӯъро номбар накард. Барои ҳамин суханоне, ки дар 1 Юҳанно 5:14 омадаанд, хеле ҷолибанд: «Чизеро мувофиқи хости Худо пурсем, ӯ моро мешунавад». Пас, чӣ дарде, ки дар дил доред ба Яҳува дар дуо гӯед (1 Петрус 5:7).
Дар ин хусус саволи дигаре ба миён меояд: «Оё вақту соат ва дар куҷо дуо гуфтани мо аҳамият дорад?»
-
-
5. Оё вақту соат ва дар куҷо дуо гуфтани мо аҳамият дорад?Бурҷи дидбонӣ — 2010 | октябр 1
-
-
5. ОЁ ВАҚТУ СОАТ ВА ДАР КУҶО ДУО ГУФТАНИ МО АҲАМИЯТ ДОРАД?
БИСЁР динҳо таъкид мекунанд, ки одам бояд дар биноҳои махсус ва вақту соати муайян дуо гӯяд. Оё дар Китоби Муқаддас дар ин хусус ягон чӣ гуфта шудааст?
Дар Китоби Муқаддас барои дуогӯйӣ вақту соати муайян муқаррар нашудааст. Масалан, Ҳазрати Исо ва шогирдонаш пеш аз хӯрок хӯрдан дар дуо Худоро шукр мегуфтанд (Луқо 22:17). Инчунин, вақте шогирдонаш барои ибодат ҷамъ меомаданд, якҷоя дуо мегуфтанд. Онҳо расму оинеро, ки дар ибодатгоҳҳои яҳудиён ҷорӣ шуда буд, риоя менамуданд. Он вақт Худо ният дошт, ки ибодатгоҳ «хонаи дуои тамоми халқҳо» шавад (Марқус 11:17).
Вақте хизматгорони Худо ҷамъ омада якҷоя дуо мегӯянд, Худо дуоҳои онҳоро мешунавад. Агар онҳо ҳамфикр бошанду дуоҳояшон дар асоси маслиҳатҳои Китоби Муқаддас бошад, Худо дуои онҳоро қабул мекунад. Ӯ инчунин барои мустаҷоб кардани дуоҳои онҳо амал карда метавонад (Ибриён 13:18, 19). Шоҳидони Яҳува дар вохӯриҳои худ дуо мегӯянд. Мо шуморо самимона даъват мекунем, ки ба яке аз ин вохӯриҳо омада бинед, ки чӣ тавр онҳо дуо мегӯянд.
Дар Китоби Муқаддас гуфта нашудааст, ки мо бояд дар вақту соати муайян ва ҷойи махсус дуо гӯем. Дар он қайд шудааст, ки хизматгорони Худо дар вақту ҷойи дилхоҳ дуо мегуфтанд. Ҳазрати Исо мегӯяд: «Вақте дуо мегӯӣ, ба хонаи худ даромада, дарро маҳкам кун ва ба Падари нонамоёнат дуо гӯй. Он гоҳ Падари ниҳонбинат ба ту мукофот медиҳад» (Матто 6:6).
Мо метавонем дар вақту ҷойи дилхоҳ дуо гӯем
Чӣ фикри ҷолиб! Шумо ба Офаридгори олам кадом вақте хоҳед, ҳатто дар танҳоӣ муроҷиат карда метавонед. Боварӣ дошта бошед, ки ӯ дуои шуморо мешунавад. Маълум мешавад, ки барои чӣ Исо бисёр вақт дар танҳоӣ дуо гуфтан мехост. Боре ӯ шаби дароз дуо гуфта, дар як масъалаи муҳим аз Худо роҳнамоӣ пурсид (Луқо 6:12, 13).
Баъзе хизматгорони Худо ҳангоми баровардани қарорҳои муҳим ё сар задани мусибатҳои сахт дуо мегуфтанд. Баъзан онҳо дар таги дил ё бо овоз, дар танҳоӣ ё ҳамроҳи дигарон ба Худо муроҷиат мекарданд. Муҳим ин ки онҳо дуо мегуфтанд. Худо ҳатто ба хизматгоронаш мегӯяд, ки «ҳама вақт дуо гӯед» (1 Таслӯникиён 5:17). Яҳува дуои шахсонеро, ки хости ӯро иҷро мекунанд, бо омодагӣ гӯш мекунад. Магар ин аз муҳаббати Худо дарак намедиҳад?
Дар ин дунёи худхоҳ бисёр одамон мегӯянд, ки аз дуо ягон фоида нест. Шояд шумо фикр кунед: «Оё дуо ба ман кумак мекунад?»
-
-
6. Оё дуо ба мо кумак карда метавонад?Бурҷи дидбонӣ — 2010 | октябр 1
-
-
6. ОЁ ДУО БА МО КУМАК КАРДА МЕТАВОНАД?
ОЁ АЗ дуо ягон фоида ҳаст? Бале. Аз Китоби Муқаддас дидан мумкин аст, ки дуо дар ҳақиқат ба хизматгорони содиқи Худо кумак мекард (Луқо 22:40; Яъқуб 5:13). Дуо метавонад муносибати моро бо Худо қавӣ гардонад, ба диламон оромӣ бахшад ва ҳатто ба саломатиамон фоида орад. Чӣ тавр?
Фарз мекунем, ки касе ба фарзанди шумо туҳфа медиҳад. Оё шумо ба ӯ мегуфтед, ки ҳисси миннатдорӣ кифоя аст? Ё ӯро ёд медодед, ки миннатдориашро бо сухан баён кунад? Вақте мо ҳиссиётамонро бо сухан баён мекунем, миннатдориамон зиёд мешавад. Дар мавриди Худо низ чунин аст. Биёед якчанд мисолро дида бароем.
Дуои шукру миннатдорӣ. Вақте мо Падари осмониамонро барои некиҳояш шукр мегӯем, диққатамон ба баракатҳо равона мешавад. Дар натиҷа ҳисси миннатдорӣ ва хурсандиамон зиёд гардида, бештар некбин мешавем (Филиппиён 4:6).
Мисол: Вақте Исо медид, ки Яҳува ба дуоҳояш ҷавоб медод, ӯ миннатдориашро баён мекард (Юҳанно 11:41).
Дуои тавбаву пушаймонӣ. Вақте дар дуо аз Худо бахшиш мепурсем, виҷдонамон тарбия меёбад, инчунин маълум мешавад, ки пушаймониамон самимӣ аст ва ҷиддӣ будани гуноҳи худро хубтар дарк мекунем. Ҳамчунин мо дигар аз ҳисси гунаҳгорӣ азоб намекашем.
Мисол: Довуд пушаймонӣ ва ғаму андуҳашро дар дуо баён кард (Забур 51).
Дуо барои ба даст овардани роҳнамоӣ ва хирад. Вақте барои қарори дуруст баровардан аз Худо роҳнамоиву хирад мепурсем, фурӯтаниро ёд мегирем. Ҳамчунин мо тан мегирем, ки имкониятамон маҳдуд аст ва ба Падари осмониямон таваккал кардан мехоҳем (Панднома 3:5, 6).
Мисол: Шоҳ Сулаймон фурӯтанона аз Худо роҳнамоӣ ва хирад мепурсид (3 Подшоҳон 3:5–12).
Дуои дарду ҳасрат. Дар вақти ғаму андуҳ, агар ба Яҳува диламонро холӣ кунем, тасаллӣ меёбем ва ба худамон неву ба ӯ таваккал мекунем (Забур 62:8).
Мисол: Вақте шоҳ Осо бо душмани пурқувват рӯ ба рӯ шуд, ба Худо дуо гуфт (2 Воқеанома 14:11).
Дуо дар ҳаққи муҳтоҷон. Чунин дуоҳо кумак мекунанд, ки худбиниро аз худ дур карда, дилсӯзу ҳамдард бошем.
Мисол: Ҳазрати Исо дар ҳаққи пайравонаш дуо мегуфт (Юҳанно 17:9–17).
Дуои ҳамду сано. Вақте мо дар дуо Яҳуваро барои хислатҳову корҳои бузургаш ҳамду сано мегӯем, эҳтиром ва миннатдориамон нисбати ӯ зиёд мешавад. Ба воситаи чунин дуоҳо мо ба Парвардигорамон наздиктар мешавем.
Мисол: Довуд Худоро барои офаридаҳояш аз таҳти дил ҳамду сано мегуфт (Забур 8).
Бояд гуфт, ки ба воситаи дуо мо соҳиби «осоиштагии Худо» мегардем, ки «аз ҳар фикр болотар аст» (Филиппиён 4:7). Дар ин дунёи ноором оромӣ ёфтан воқеан ҳам баракат аст. Дуо ҳатто ба саломатии мо фоида дорад (Панднома 14:30). Оё ин баракатҳо танҳо ба кӯшишу ғайрати мо вобастаанд?
Дуо манфиати зиёд дорад. Он ба диламон оромӣ мебахшад, ба саломатиамон фоида меорад ва аз ҳама муҳимаш муносибатамонро бо Худо қавӣ мегардонад
-
-
7. Оё худо дуоҳои моро мешунавад ва ҷавоб медиҳад?Бурҷи дидбонӣ — 2010 | октябр 1
-
-
7. ОЁ ХУДО ДУОҲОИ МОРО МЕШУНАВАД ВА ҶАВОБ МЕДИҲАД?
ИН САВОЛ воқеан ҳам шавқовар ва ҷолиб аст. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки Яҳува дуоҳои моро мешунавад. Вале бояд гуфт, ки ба дуоҳои мо гӯш додан ё надодани Яҳува бештар ба худамон вобаста аст.
Исо дурӯягии роҳбарони динро, ки худро росткор вонамуд мекарданд, фош мекард. Ӯ мегуфт, ки ин гуна одамон «аллакай мукофоти худро ба пуррагӣ гирифтаанд», яъне онҳо диққати мардумро ба худ ҷалб кунанд ҳам, диққати Худоро, ки Шунавандаи дуоҳост, ҷалб намекунанд (Матто 6:5). Ба ин монанд, имрӯз низ бисёриҳо мувофиқи хости Худо неву ба табъи дили худ дуо мегӯянд. Азбаски онҳо принсипҳои Китоби Муқаддасро вайрон мекунанд, Худо дуоҳои онҳоро намешунавад.
Дар бораи шумо чӣ гуфтан мумкин? Оё Худо ба дуоҳои шумо ҷавоб медиҳад? Худо новобаста ба нажод, миллат ва мақому мартабаи инсон ба дуоҳо ҷавоб медиҳад. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Худо ҳамаро бо як чашм мебинад, ва ҳар кӣ аз ӯ тарсаду дуруст рафтор кунад, аз кадом халқе набошад, ба ӯ маъқул аст» (Корнома 10:34, 35). Оё шумо аз тарси Худо дуруст рафтор мекунед? Худотарсӣ ба шумо кумак мекунад, ки хости ӯро дар ҷойи аввал монед ва дилашро наранҷонед. Агар росткор бошед, шумо хоҳиши Худоро иҷро мекунед, на хости худ ё одамонро. Оё шумо дар ҳақиқат мехоҳед, ки Худо дуоҳоятонро шунавад? Аз ин ҷиҳат Китоби Муқаддас кумак карда метавонадa.
Бисёриҳо мехоҳанд, ки Худо ба дуоҳои онҳо муъҷизавор ҷавоб диҳад. Дар давраҳои қадим Худо дар ҳақиқат муъҷиза нишон дода, ба дуоҳои хизматгоронаш ҷавоб медод. Баъзан байни чунин муъҷизаҳо асрҳо мегузаштанд. Инчунин дар Китоби Муқаддас қайд мешавад, ки баъд аз марги расулон дигар муъҷиза нишон дода намешавад (1 Қӯринтиён 13:8–10). Пас, оё гуфтан мумкин аст, ки Худо имрӯз ба дуоҳо ҷавоб намедиҳад? Не, албатта! Биёед бинем, ки чӣ тавр имрӯз Худо ба дуоҳо ҷавоб медиҳад.
Худо хирад медиҳад. Яҳува сарчашмаи хирад аст. Худо ба онҳое ки аз ӯ роҳнамоӣ пурсида, мувофиқи хосташ зиндагӣ кардан мехоҳанд, бо дасти кушод хирад мебахшад (Яъқуб 1:5).
Худо рӯҳи муқаддас медиҳад. Рӯҳи муқаддас ин қувваи Худо мебошад. Он бемислу монанд буда, кумак мекунад, ки ба озмоишҳо тоб орем ва дар дил оромӣ дошта бошем. Ҳамчунин бо ёрдами рӯҳи муқаддас мо метавонем хислатҳои зеборо инкишоф диҳем (Ғалотиён 5:22, 23). Ҳазрати Исо пайравонашро боварӣ бахшид, ки Худо ба ҳар касе, ки рӯҳи муқаддас мепурсад, онро саховатмандона медиҳад (Луқо 11:13).
Худо ба ҷӯяндагони худ дониш медиҳад (Корнома 17:26, 27). Дар саросари ҷаҳон бисёр одамон самимона ҳақиқатро меҷӯянд. Онҳо мехоҳанд дар бораи Худо дониш гиранд, бо номи ӯ шинос шаванд, нияташро нисбати замин ва одамизод донанд ва фаҳманд, ки чӣ тавр ба ӯ наздик шуда метавонанд (Яъқуб 4:8). Шоҳидони Яҳува чунин одамонро бисёр вохӯрда, ба саволҳояшон аз Китоби Муқаддас ҷавоб медиҳанд.
Шумо низ бо ҳамин мақсад ин мақоларо мехонед? Оё шумо ҳам дар ҷустуҷӯи Худоед? Шояд ӯ ба воситаи ин мақола ба дуои шумо ҷавоб дода истодааст.
a Дар бораи чӣ тавр дуо гуфтан шумо метавонед аз боби 17-уми «Китоби Муқаддас ба мо чиро таълим медиҳад?» бештар маълумот гиред. Он аз тарафи Шоҳидони Яҳува нашр шудааст.
-