МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 46
Натарсед, Яҳува мададгори шумо аст!
«Ҳеҷ гоҳ туро намепартоям ва ҳеҷ гоҳ туро танҳо намемонам» (ИБР. 13:5).
СУРУДИ 33 Аз онҳо натарсед!
ПЕШГУФТОРa
1. Вақте дар мушкилие мо худро танҳо ва оҷиз ҳис мекунем, чӣ моро тасаллӣ мебахшад? (Заб. 117:5–7).
ОЁ ДАР вақти ягон мушкилӣ шумо худро танҳо ва оҷиз ҳис карда будед? Ба бисёриҳо чунин ҳиссиёт шинос аст, аз он ҷумла ба хизматгорони содиқи Яҳува (3 Подш. 19:14). Агар ягон вақт бо шумо чунин ҳолат рӯй диҳад, ваъдаи Яҳуваро ба хотир оред. Ӯ гуфтааст: «Ҳеҷ гоҳ туро намепартоям ва ҳеҷ гоҳ туро танҳо намемонам». Барои ҳамин мо бо дилпурӣ чунин гуфта метавонем: «Яҳува мададгори ман аст, аз ҳеҷ чиз нахоҳам тарсид» (Ибр. 13:5, 6). Павлуси расул ин суханонро соли 61-уми милодӣ ба ҳамимонони дар Яҳудия иқоматдошта нависта буд. Онҳо ба мо суханони Забур 117:5–7-ро хотиррасон мекунанд. (Оятҳоро хонед.)
2. Мо дар ин мақола чиро дида мебароем ва он боварии моро ба чӣ қавӣ мекунад?
2 Мисли забурнавис Павлус ҳам медонист, ки Яҳува Мададгори ӯст, зеро борҳои зиёд Яҳува ба Павлус ёрӣ дода буд. Мисол, тақрибан ду сол пеш аз навиштани Нома ба ибриён Павлус ҳангоми як сафараш дар баҳр бо тӯфони шадиде дучор шуд (Аъм. 27:4, 15, 20). Дар давоми он сафар ва воқеаҳои пеш аз он Яҳува бо роҳҳои гуногун нишон дод, ки Мададгори Павлус аст. Ҳоло мо дида мебароем, ки чӣ хел Ӯ ба вай бо се роҳ мадад кард: 1) ба воситаи Исо ва фариштагон; 2) ба воситаи баъзе ҳокимиятдорон ва 3) ба воситаи ҳамимонон. Ба ёд овардани ин воқеаҳои ҳаёти Павлус боварии моро қавӣ мегардонад, ки Яҳува дуоҳои моро шунида ба мо низ, албатта, мадад мекунад.
КӮМАК БА ВОСИТАИ ИСО ВА ФАРИШТАГОН
3. Павлус эҳтимол оиди чӣ фикр мекард ва чаро?
3 Павлус мӯҳтоҷи ёрӣ буд. Тахминан соли 56-уми милодӣ тӯдаи одамон ӯро кашола карда аз маъбад берун мебароранд ва куштанӣ мешаванд. Рӯзи дигар ӯро назди шӯрои пирон меоранд ва дар он ҷо мухолифонаш қариб буд, ки ӯро пора-пора кунанд (Аъм. 21:30–32; 22:30; 23:6–10). Дар он лаҳза ӯ шояд оҳ кашида ба худ мегӯяд: «Ба ин муносибати бераҳмона ман чӣ қадар тоб меоварда бошам?»
4. Чӣ тавр Яҳува ба Павлус ба воситаи Исо кӯмак кард?
4 Ба Павлус чӣ гуна кӯмак расонда шуд? Ҳамон шаб ҳазрати Исо ба Павлус зоҳир шуда гуфт: «Далер бош! Чи тавре ки дар Ерусалим дар бораи ман пурра шаҳодат додӣ, дар Рум низ бояд ҳамон тавр кунӣ» (Аъм. 23:11). Аз ин суханон Павлус беҳад рӯҳбаланд шуд. Исо Павлусро барои дар Ерусалим шаҳодат доданаш таъриф кард. Ва ӯ ваъда дод, ки Павлус соқу саломат ба Рум мерасад ва дар он ҷо ҳам шаҳодат медиҳад. Баъди шунидани чунин ваъда Павлус худро мисли кӯдаке дар оғӯши падар орому осуда ҳис кард.
5. Яҳува бо воситаи фаришта ба Павлус чӣ хел кӯмак расонд? (Ба расми муқоваи маҷалла нигаред.)
5 Павлус боз бо кадом душвориҳо рӯ ба рӯ шуд? Тақрибан ду сол пас аз он воқеаҳо дар Ерусалим, вақте Павлус ба сӯйи Рум (Итолиё) равон буд, киштиашон бо тӯфони сахте дучор шуд. Инро дида киштиронон ва мусофирон фикр карданд, ки аз наҷот бӯйи умед нест. Вале, Павлус аз ин натарсид. Чаро? Ӯ ба ҳамаи онҳо гуфт: «Имшаб фариштаи Худое, ки ман ба Ӯ хизмат мекунам, ба ман зоҳир шуда, гуфт: “Натарс, эй Павлус! Ту бояд дар пеши қайсар ҳозир шавӣ ва Худо ҳамчунин ҳамаи онҳоеро, ки бо ту дар киштӣ мебошанд, наҷот медиҳад”». Яҳува бо воситаи фаришта бори дигар Павлусро боварӣ бахшид, ки ӯ ба манзил сиҳату саломат мерасад. Ва дар ҳақиқат ҳам ӯ ба Рум рафта расид (Аъм. 27:20–25; 28:16).
6. Кадом ваъдаи Исо ба мо қувват мебахшад ва чаро?
6 Яҳува ба мо чӣ тавр мадад мерасонад? Чи тавре ки Ӯ ба Павлус ба воситаи Исо мадад кард, ба мо ҳам мадад хоҳад кард. Масалан, Исо ба ҳамаи пайравонаш чунин ваъда медиҳад: «Ман ҳамеша то охирзамон бо шумо ҳастам» (Мат. 28:20). Ин суханони Исо моро дар ҳақиқат қувват мебахшанд. Чаро? Чунки баъзан мо бо мушкилиҳое, рӯ ба рӯ мешавем, ки ба онҳо тоб овардан душвор аст. Баъзеҳо шахси наздикашонро аз даст медиҳанд ва аз дарду ғам на танҳо чанд рӯз, балки эҳтимол солҳои зиёд азоб мекашанд. Баъзеҳо аз мушкилиҳои бо пиронсолӣ алоқаманд азият мекашанд. Ҳаёти дигаронро бошад, рӯҳафтодагӣ тираву тор мекунад. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда мо қувват пайдо карда метавонем, зеро медонем, ки Исо «ҳамеша», аз он ҷумла дар рӯзҳои мушкилтарини ҳаётамон бо мост (Мат. 11:28–30).
7. Мувофиқи Ваҳй 14:6 чӣ тавр Яҳува имрӯз ба мо кӯмак мерасонад?
7 Каломи Худо моро боварӣ мебахшад, ки Яҳува ба мо ба воситаи фариштагонаш ёрдам мекунад (Ибр. 1:7, 14). Масалан, вақте мо хушхабарро «дар бораи Подшоҳии Худо» ба одамони «ҳар миллат, қабила, забон ва халқ» мерасонем, фариштагон моро дастгирӣ ва роҳнамоӣ мекунанд (Мат. 24:13, 14; Ваҳй 14:6-ро хонед.)
КӮМАК АЗ ТАРАФИ ҲОКИМИЯТДОРОН
8. Чӣ тавр Яҳува ба воситаи мириҳазор ба Павлус ёрдам кард?
8 Ба Павлус чӣ гуна кӯмак расонда шуд? Чуноне ки дар боло гуфтем, вақте Павлус соли 56-уми милодӣ дар Ерусалим дар ҳабс буд, Исо ба ӯ зоҳир шуда боварӣ бахшид, ки ӯ ба Рум хоҳад рафт. Лекин баъзе яҳудиён дар Ерусалим нақша кашиданд, ки ба Павлус ҳамла карда ӯро мекушанд. Вақте сардори сарбозон — мириҳазори румӣ Клавдиюс Лисиёс аз нақшаи онҳо бохабар шуд, вай ба кӯмаки Павлус шитофт. Ӯ зуд Павлусро дар иҳотаи сарбозон ба Қайсария, ки аз Ерусалим 105 км дур буд, фиристод. Дар Қайсария Феликси ҳоким фармон дод, ки Павлусро «дар қасри Ҳиродус ҷойгир намуда, посбонӣ кунанд». Дар он ҷо бадхоҳони Павлус ба ӯ зарар расонда наметавонистанд (Аъм. 23:12–35).
9. Чӣ тавр ҳоким Фестус ба Павлус кӯмак кард?
9 Пас аз ду сол Павлус ҳоло ҳам дар Қайсария дар ҳабс буд. Дар ин муддат ба ҷойи Феликс Фестус ҳоким гашт. Яҳудиён аз Фестус илтиҷо карданд, ки Павлус барои доварӣ ба Ерусалим оварда шавад, вале Фестус ин хоҳиши онҳоро рад кард. Шояд ӯ аз нақшаи онҳо хабардор буд, ки онҳо мехоҳанд «камин гирифта, ӯро дар роҳ кушанд» (Аъм. 24:27–25:5).
10. Вақте Павлус доварии қайсарро талаб кард, ҳоким Фестус чӣ кор кард?
10 Баъдтар, Павлусро дар худи Қайсария доварӣ карданд. Азбаски Фестус «дили яҳудиёнро ба даст овардан мехост», ба Павлус гуфт: «Оё мехоҳӣ ба Ерусалим равӣ, то он ҷо дар назди ман доварӣ карда шавӣ?» Павлус медонист, ки яҳудиён дар Ерусалим ӯро кушта метавонанд. Ӯ ҳамчунин медонист, ки барои ҳаёташро наҷот дода ба Рум расидан ва давом додани хизматаш чӣ кор карда метавонад. Бинобар ин вай гуфт: «Ман доварии қайсарро талаб мекунам!» Фестус баъди маслиҳат кардан бо мушовиронаш ба Павлус гуфт: «Доварии қайсарро талаб мекарда бошӣ, ба назди қайсар меравӣ». Чуноне ки мебинем, Фестус ба фоидаи Павлус қарор баровард ва ҳамин тавр ӯро аз душманон наҷот дод. Чанде пас Павлус ба Рум бурда шуд — он ҷо вай аз касоне, ки қасди ҷони ӯро доштанд, хеле дур буд (Аъм. 25:6–12).
11. Мулоҳиза оиди кадом суханони Ишаъё ба Павлус қувват мебахшид?
11 То ба Рум сафар кардан Павлус эҳтимол оиди суханони зерини Ишаъё-пайғамбар, ки зери илҳоми илоҳӣ душманони Яҳуваро огоҳ карда буд, мулоҳиза меронд: «Қасд хоҳед кард, вале он ботил хоҳад шуд! Сухан хоҳед ронд, вале он ба амал нахоҳад омад, зеро ки Худо бо мост!» (Иш. 8:10). Павлус боварӣ дошт, ки Яҳува ба ӯ кӯмак мекунад ва донистани ин ӯро ба озмоишҳои оянда қувват мебахшид.
12. Юлиус бо Павлус чӣ хел муносибат кард ва Павлус эҳтимол чиро дарк намуд?
12 Соли 58-уми милодӣ Павлус бо киштӣ сӯйи Рум равона шуд. Ӯ чун маҳбус зери назорати мирисади румӣ Юлиус қарор дошт. Юлиус метавонист ё Павлусро азоб диҳад ё ба вай нағз муносибат кунад. Ӯ бо вай чӣ тавр рафтор кард? Рӯзи дигар вақте онҳо ба истгоҳи якум расиданд, «Юлиус бо Павлус меҳрубонона рафтор карда, иҷозат дод, ки ба назди дӯстонаш равад». Баъдтар, Юлиус ҳатто ҳаёти Павлусро наҷот дод. Чӣ тавр? Вақте киштии онҳо шикаст, сарбозон ҳамаи маҳбусонро куштанӣ шуданд, то онҳо нагурезанд. Вале Юлиус онҳоро аз ин кор боздошт. Чунки ӯ «ният дошт Павлусро аз марг наҷот диҳад» ва сиҳат саломат ба манзил расонад. Павлус аз афташ фаҳмид, ки Яҳува ба воситаи ин мирисади раҳмдил ба ӯ ёрӣ дод ва ӯро ҳимоя кард (Аъм. 27:1–3, 42–44).
13. Чӣ тавр Яҳува ҳукуматдоронро истифода бурда метавонад?
13 Яҳува ба мо чӣ тавр мадад мерасонад? Вақте чизе мувофиқи хости Яҳува аст, Ӯ бо ёрии рӯҳи муқаддасаш метавонад одамони соҳибқудратро водор кунад, ки мувофиқи иродаи Ӯ амал кунанд. Шоҳ Сулаймон навишт: «Дили подшоҳ мисли ҷӯйҳои об дар дасти Худованд аст: онро Ӯ ба ҳар куҷо ки хоҳад равона мекунад» (Мас. 21:1). Ин масал чӣ маъно дорад? Масалан, одамон метавонанд ҷӯй канда маҷрои обро ба самти дилхоҳашон равона кунанд. Мисли ин, Яҳува ба воситаи рӯҳи муқаддасаш метавонад фикри ҳокимонро ба самте равона кунад, ки ба иродаи Ӯ мувофиқ аст. Дар натиҷа қарорҳое, ки онҳо мебароранд, бар манфиати халқи Худо буда метавонанд. (Бо Эзро 7:21, 25, 26 муқоиса кунед.)
14. Мувофиқи Аъмол 12:5 мо дар ҳаққи киҳо дуо гуфта метавонем?
14 Мо чӣ кор карда метавонем? Мо метавонем «дар ҳаққи подшоҳон ва ҳамаи шахсони баландмартаба» дуо гӯем, то қарорҳое, ки онҳо доир ба ҳаёт ва хизмати мо қабул карданианд, бар манфиати мо бошанд (1 Тим. 2:1, 2; Наҳемё 1:11). Мо мисли масеҳиёни асри як дар ҳаққи бародару хоҳароне, ки дар ҳабсанд, гарму ҷӯшон ба Яҳува дуо мегӯем (Аъмол 12:5-ро хонед; Ибр. 13:3). Мо ҳамчунин дар бораи назоратчиёни маҳбас, ки ҳамимононамон тобеи онҳоянд, дуо гуфта метавонем. Биёед аз Яҳува дар дуо илтиҷо кунем, ки дили чунин шахсонро мулоим кунад ва онҳо мисли Юлиус ба бародару хоҳарони дар ҳабс будаамон «меҳрубонона рафтор» кунанд (Аъм. 27:3).
КӮМАК АЗ ТАРАФИ ҲАМИМОНОН
15, 16. Чӣ хел Яҳува бо воситаи Ористархус ва Луқо ба Павлус мадад кард?
15 Ба Павлус чӣ гуна кӯмак расонда шуд? Ҳангоми сафар ба Рум Яҳува Павлусро гаштаю баргашта ба воситаи бародару хоҳарон дастгирӣ кард. Биёед, баъзе мисолҳоро дида бароем.
16 Ду дӯсти бовафои Павлус — Ористархус ва Луқо қарор доданд, ки ҳамроҳи ӯ ба Рум меравандb. Дар Китоби Муқаддас гуфта нашудааст, ки Исо шахсан онҳоро боварӣ бахшид, ки ба Рум сиҳат саломат мерасанд, вале онҳо ба хатар нигоҳ накарда бо омодагӣ Павлусро ҳамроҳӣ карданд. Танҳо баъдтар, вақте ки киштии онҳо ба садама дучор шуд, онҳо боварӣ ҳосил карданд, ки Яҳува ҳаёташонро наҷот медиҳад. Вақте Ористархус ва Луқо дар Қайсария ба киштӣ савор шуданд, Павлус аз таҳти дил ба Яҳува дуо гуфта барои мададе, ки Ӯ ба воситаи ин ду бародари далер ба вай мерасонид, шукргузорӣ кард (Аъм. 27:1, 2, 20–25).
17. Чӣ тавр Яҳува ба воситаи бародарон Павлусро дастгирӣ кард?
17 Дар давоми сафари Павлус ҳамимонони дигар низ ӯро якчанд маротиба дастгирӣ карданд. Масалан, дар бандаргоҳи шаҳри Сидӯн вақте Юлиус ба Павлус «иҷозат дод, ки ба назди дӯстонаш равад», бародарони он ҷо дар ҳаққи Павлус ғамхорӣ карданд. Ва баъдтар дар шаҳри Путеолӣ Павлус ва ҳамроҳонаш бародаронро ёфтанд ва «азбаски онҳо бисёр хоҳиш карданд, ҳафт рӯз дар наздашон» монданд. Дар ин муддат он ҳамимонон дар бораи ниёзҳои Павлус ва ҳамроҳонаш ғамхорӣ намуданд. Павлус бошад, ба онҳо воқеаҳои рӯҳбаландкунандаро аз хизматаш нақл кард, ки ин ба онҳо бешубҳа хурсандии зиёд бахшид. (Бо Аъмол 15:2, 3 муқоиса кунед.) Чунин муошират ба Павлус ва ҳамроҳонаш қуввати нав бахшид ва онҳо сафари худро давом доданд (Аъм. 27:3; 28:13, 14).
18. Чаро Павлус рӯҳбаланд шуд ва Худоро шукргузорӣ кард?
18 Вақте Павлус ба Рум мерафт, дар роҳ ӯ шояд ба хотир овард, ки се сол пеш ба ҷамъомади ин шаҳр чӣ навишта буд: «Солҳои зиёд аст, ки ман ташнаи дидори шумо мебошам» (Рум. 15:23). Лекин дар гӯшаи хаёли ӯ набуд, ки ба шаҳри онҳо чун маҳбус меояд. Вақте бародарони румӣ ӯро дар роҳ пешвоз гирифтанд, Павлус онҳоро дида шояд аз шодӣ дар куртааш намеғунҷид. «Павлус онҳоро дида Худоро шукргузорӣ кард ва рӯҳбаланд шуд» (Аъм. 28:15). Аҳамият диҳед, ки Павлус барои омадани бародарон ба Худо миннатдорӣ баён кард. Чаро? Чунки дар ин маврид низ ӯ ҳис кард, ки Яҳува ба воситаи ҳамимонон ӯро дастгирӣ мекунад.
19. Мувофиқи 1 Петрус 4:10 чӣ тавр Яҳува барои кӯмак ба ҳамимонони эҳтиёҷманд моро истифода бурда метавонад?
19 Мо чӣ кор карда метавонем? Оё шумо бародарон ё хоҳаронеро медонед, ки аз боиси беморӣ ё дигар душвориҳо азоб мекашанд? Ё шояд касе аз онҳо аз марги шахси наздикаш ғамгин аст? Агар мо шунавем, ки бародар ё хоҳаре ба кӯмак мӯҳтоҷ аст, метавонем дар дуо аз Яҳува хирад пурсем, то ӯро бо ягон сухан ё кори некамон дастгирӣ кунем. Ин маҳз ҳамон рӯҳбаландие буда метавонад, ки вай ба он ниёз дорад. (1 Петрус 4:10-ро хонед.)c Чунин ҳамимонон кӯмаки моро дида бовариашон дучанд мегардад, ки Яҳува онҳоро напартофтааст ва мувофиқи ин ваъдааш амал мекунад: «Ҳеҷ гоҳ туро намепартоям ва ҳеҷ гоҳ туро танҳо намемонам». Агар Яҳува барои кӯмак ба касе шуморо истифода барад, магар аз ин шумо хурсанд намешудед?
20. Чаро ҳар яки мо бо боварӣ гуфта метавонем, ки «Яҳува мададгори ман аст»?
20 Мо ҳам мисли Павлус ва ҳамроҳонаш дар роҳ сӯйи ҳаёти ҷовидона бо тӯфонҳои сахт рӯ ба рӯ мешавем. Вале мо далер буда метавонем, чунки медонем, ки Яҳува бо мост. Ӯ бо ёрии Исо ва фариштагон моро дастгирӣ мекунад. Инчунин вақте ин бо нияташ алоқаманд аст, Ӯ метавонад ба воситаи ҳукуматдорон ба мо кӯмак расонад. Ва бисёре аз мо шахсан ҳис кардаем, ки чӣ хел Яҳува ба воситаи рӯҳи муқаддасаш ба дили хизматгоронаш меандозад, ки ба кӯмаки ҳамимонони худ оянд. Аз ин рӯ мо низ мисли Павлус бо боварии комил гуфта метавонем: «Яҳува мададгори ман аст, аз ҳеҷ чиз нахоҳам тарсид. Инсон ба ман чӣ кор карда метавонад?» (Ибр. 13:6).
СУРУДИ 23 Яҳува қуввати мост
a Мо аз ин мақола мефаҳмем, ки Яҳува бо кадом се роҳ ба Павлуси расул кӯмак мекард, ки ба душвориҳои сахт тоб орад. Мулоҳиза оиди он ки Яҳува дар замони қадим Мададгори ходимонаш буд, боварии моро қавӣ мегардонад, ки Ӯ имрӯз низ ба мо барои паси сар кардани душвориҳои ҳаёт мадад мекунад.
b Ористархус ва Луқо аз ин пеш Павлусро дар сафараш ҳамроҳӣ мекарданд. Ин мардони содиқ ҳангоми дар Рум маҳбус будани ӯ низ бо ӯ монданд (Аъм. 16:10–12; 20:4; Қӯл. 4:10, 14).
c Ба «Бурҷи дидбонӣ» аз 15 январи с. 2009 мақолаи «Яҳува ба воситаи мо меҳрубонии беҳамто зоҳир мекунад», сарх. 5–9 нигаред.