МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 1
«Ҷӯяндагони Яҳува камие нахоҳанд дошт»
ОЯТИ СОЛОНАИ 2022: «Ҷӯяндагони Яҳува камие нахоҳанд дошт» (ЗАБ. 34:10).
СУРУДИ 22 Яҳува Чӯпони ман аст
ПЕШГУФТОРa
1. Довуд бо кадом вазъияти душвор рӯ ба рӯ шуд?
ДОВУД дар ҳаёташ замоне гуреза буд. Гап сари он аст, ки Шоул шоҳи пурқудрати Исроил қасди куштани ӯро дошт. Боре, вақте хӯрду хӯроки Довуд тамом шуд, ӯ дар шаҳри Нуб истода аз Аҳималик ном коҳин хоҳиш кард, ки ба ӯ танҳо панҷ нон диҳад (1 Подш. 21:1, 3). Баъдтар ӯву сарбозонаш дар ғоре паноҳ ёфтанд (1 Подш. 22:1). Биёед фаҳмем, ки чӣ тавр Довуд бо ин вазъият дучор шуд.
2. Шоул ба кадом корҳои бад даст зад? (1 Подшоҳон 23:16, 17).
2 Халқи Исроил Довудро барои дар ҷангҳо ғалаба ба даст оварданаш хеле дӯст медошт. Аз ин сабаб Шоул ба Довуд сахт ҳасад мебурд. Ӯ ҳамчунин медонист, ки Яҳува ӯро барои беитоатиаш рад намуда, тахти шоҳиро ба Довуд додааст. (1 Подшоҳон 23:16, 17-ро хонед.) Лекин Шоул то ҳол шоҳи Исроил буда лашкари бузург дошт ва тарафдоронаш низ бисёр буданд. Бинобар ин барои наҷот додани ҳаёташ Довуд маҷбур шуд, ки гуреза шавад. Наход Шоул фикр карда бошад, ки пеши роҳи Яҳуваро гирифта, намегузорад, ки Довуд ба тахт нишинад? (Иш. 55:11). Китоби Муқаддас дар ин бора чизе намегӯяд. Вале як чиз аниқ буд. Шоул бо оташ бозӣ мекард! Охир, онҳое, ки бо Яҳува ҳарбу зарб мекунанд, ҳамеша шикаст мехӯранд.
3. Новобаста ба вазъияти душвораш Довуд чӣ гуна рӯҳия дошт?
3 Довуд одами шӯҳратпараст набуд. Довуд худашро аз пеши худ шоҳи Исроил интихоб накард, Яҳува ӯро шоҳ таъйин намуд (1 Подш. 16:1, 12, 13). Шоул бошад, ӯро душмани ашадиаш меҳисобид. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда Довуд барои вазъияти душворе, ки дучор шуд, Яҳуваро айбдор накард. Инчунин шикоят карда нагуфт, ки хӯрок надораду маҷбур аст, ки дар ғорҳо зиндагӣ кунад. Баръакс, эҳтимоли зиёд аст, ки маҳз дар ҳамон ғор Довуд дар васфи Яҳува суруди ҳамду санояшро эҷод кард, ки ояти асосии ин мақола интихоб шудааст: «Ҷӯяндагони Яҳува камие нахоҳанд дошт» (Заб. 34:10).
4. Мо ба кадом саволҳо ҷавоб меёбем ва чаро ин муҳим аст?
4 Имрӯзҳо бисёр хизматгорони Худо баъзан аз норасоии хӯрок ё дигар чизҳои рӯзғор танқисӣ мекашандb. Бародару хоҳаронамон махсусан дар давоми ин вабои оламгир бо чунин душвориҳо рӯ ба рӯ мешаванд. Вале ногуфта намонад, ки ба наздикӣ, вақте «азоби азим» сар мешавад, мо бо вазъияти аз ин ҳам душвортар рӯ ба рӯ мешавем (Мат. 24:21). Пас, биёед ба чор саволи муҳим ҷавоб ёбем: Ба кадом маъно Довуд «камие» надошт? Чаро мо бояд бо чизҳои доштаамон шукр кунем? Чаро дилпур буда метавонем, ки Яҳува дар бораи мо ғамхорӣ мекунад? Ва чӣ тавр аллакай имрӯз барои оянда тайёр шавем?
«КАМИЕ НАХОҲАМ ДОШТ»
5, 6. Чӣ тавр Забур 23:1–6 кумак мекунад, то фаҳмем, ки Довуд ба кадом маъно хизматгорони Худо «камие» нахоҳанд дошт, гуфт?
5 Хизматгорони «Яҳува камие нахоҳанд дошт» гуфта Довуд чиро дар назар дошт? Барои ёфтани ҷавоб ба Забур боби 23-юм рӯ меорем. (Забур 23:1–6-ро хонед.) Довуд дар ин тарона гуфтааст: «Яҳува Чӯпони ман аст, камие нахоҳам дошт». Дар давоми ин тарона ӯ оиди чизҳое гап мезанад, ки дар асл, арзиши калон доранд, яъне баракатҳои рӯҳоние, ки Довуд барои Яҳуваро чун Чӯпони худ қабул кардан соҳиб гашта буд. Яҳува ӯро «бо роҳҳои адолат» мебурд ва дар пастию баландии зиндагиаш содиқона дастгирӣ мекард. Бо вуҷуди ин Довуд мефаҳмид, ки дар «чарогоҳҳои сералаф»-и Яҳува ҳаёташ бе мушкилӣ намешавад. Баъзан ӯ шояд рӯҳафтода мешуд ва худро тавре ҳис мекард, ки гӯё «дар водии зулмот» роҳ меравад ва душманон ба муқобилаш мебароянд. Ҳамзамон дар бари Чӯпонаш, Яҳува, Довуд аз ҳеҷ чиз наметарсид.
6 Хуб, мо ба саволи худ ҷавоб ёфтем. Фаҳмидем, ки Довуд ба кадом маъно «камие» надошт. Ӯ аз ҷиҳати рӯҳонӣ бо ҳама чиз таъмин буд. Хушбахтии ӯ ба чизҳои моддӣ вобаста набуд. Довуд бо чизҳое, ки Яҳува ба ӯ медод, шукр мекард. Ӯ баракат ва муҳофизати Яҳуваро аз ҳама чизи муҳим меҳисобид.
7. Мувофиқи Луқо 21:20–24 кадом вазъияти мушкил ба сари масеҳиёни асри яки Яҳудия омад?
7 Аз суханони Довуд маълум мешавад, ки ба чизҳои моддӣ назари дуруст доштан то чӣ андоза аҳамият дорад. Албатта, дороӣ ба кас ҳаловат мебахшад, валекин чизҳои моддӣ набояд дар ҳаётамон аз ҳама чизи муҳим бошанд. Масеҳиёни асри як, ки дар Яҳудия зиндагӣ мекарданд, ин ҳақиқатро дарк намуданд. (Луқо 21:20–24-ро хонед.) Исо онҳоро огоҳ карда буд, ки замоне мерасад, ки шаҳри Ерусалим «дар иҳотаи лашкарҳо» хоҳад буд. Он вақт ба масеҳиён лозим мешавад, ки «ба кӯҳистон» гурезанд. Ин тавр карда онҳо ҳаёташонро наҷот медоданд, вале ҳамзамон дороиашон аз даст мерафт. Якчанд сол пеш дар «Бурҷи дидбонӣ» дар ин бора чунин гуфта шуда буд: «Онҳо хонаву заминашонро партофта рафтанд, ҳатто ягон чизу чораашонро бо худ нагирифтанд. Ба дастгирию ҳимояи Яҳува такя карда, ибодати ӯро аз ҳар чизе, ки ба назар муҳим метофт, боло гузоштанд».
8. Мо аз воқеае, ки бо масеҳиёни асри як рӯй дод, чӣ дарс мегирем?
8 Он чизе, ки бо масеҳиёни асри яки Яҳудия рӯй дод, моро ҳушёр мекунад. Дар «Бурҷи дидбонӣ», ки навакак иқтибос овардем, инчунин қайд мешавад: «Дар оянда, эҳтимол, муносибати мо нисбати чизҳои моддӣ озмуда шавад. Он вақт ба мо чӣ муҳимтар мешавад: чизу чора ё наҷоте, ки тарафдорони Худо ба даст меоранд? Албатта, дар вақти “азоби азим” шояд мо аз баъзе чизҳо маҳрум гардем. Лекин ба мо лозим меояд, ки мисли масеҳиёни асри як, ки аз Яҳудия гурехтанд, ба ҳар қурбонӣ тайёр бошем»c.
9. Шумо аз маслиҳати Павлус, ки ба яҳудиён дод, чӣ рӯҳбаландӣ гирифтед?
9 Тасаввур кунед, ба он масеҳиён аз баҳри дороиашон гузашта дар ҷойи бегона ҳаёташонро аз нав ба роҳ мондан то чӣ андоза душвор буд. Онҳо бояд имон нишон дода, дилпур мебуданд, ки Яҳува барояшон чизҳои заруриро муҳайё мегардонад. Бояд гуфт, ки боз як чизи дигар ба онҳо кумак мекард. Панҷ сол пеш аз он ки румиён Ерусалимро иҳота кунанд, Павлуси расул ба онҳо як маслиҳати муҳим дод: «Аз пулпарастӣ дурӣ ҷӯед ва бо он чӣ доред, қаноат кунед, зеро ӯ гуфтааст: “Туро ҳеҷ гоҳ намепартоям ва ҳеҷ гоҳ танҳо намемонам”. Барои ҳамин мо бо дилпурӣ гуфта метавонем: “Яҳува мададгори ман аст, нахоҳам тарсид. Одамизод бо ман чӣ метавонад кунад?”» (Ибр. 13:5, 6). Бешубҳа, барои онҳое, ки маслиҳати Павлусро пеш аз ҳамлаи лашкари Рум ба кор бурданд, дар ҷойи нав ҳаёти хоксорона ба сар бурдан осонтар буд. Он масеҳиён боварӣ доштанд, ки Яҳува онҳоро бо чизҳои зарурӣ таъмин мекунад. Гуфтаҳои Павлуси расулро ба назар гирифта, мо ҳам дилпур буда метавонем, ки Яҳува моро тарк намекунад.
БО ОН ЧӢ ДОРЕМ, ҚАНОАТ МЕКУНЕМ
10. Павлус дар ҳаёт кадом дарси муҳимро омӯхт?
10 Павлуси расул ба Тимотиюс маслиҳати ба ин монанд дода буд ва он ба мо ҳам дахл дорад. Ӯ навист: «Пас, хӯроку пӯшок ки дошта бошем, биёед бо ин чизҳо қаноат кунем» (1 Тим. 6:8). Оё ин маънои онро дорад, ки мо набояд хӯроки болаззат хӯрем, хонаи бароҳат дошта бошем ё баъзан барои худ либос харем? Не албатта! Павлус дигар чизро дар назар дошт. Ӯ гуфтанӣ буд, ки мо бояд бо чизҳои доштаамон қаноат кунем (Флп. 4:12). Ин дарсе буд, ки Павлус дар ҳаёташ омӯхта буд. Бале, аз ҳама чизи муҳим бароямон бояд муносибат бо Худо бошад, на ин ки дороиамон (Ҳаб. 3:17, 18).
11. Мо аз суханони Мӯсо дар бораи қаноатмандӣ чӣ меомӯзем?
11 Назари Яҳува дар бораи он ки мо ба чӣ ниёз дорем аз назари мо фарқ мекунад. Диққат диҳед, Мӯсо ба исроилиён баъди 40 соли сафарашон дар биёбон чӣ гуфт: «Худоятон Яҳува шуморо дар ҳама корҳоятон баракат додааст. Ӯ нағз медонад, ки шумо чӣ қадар дар ин биёбони бузург гаштугузор кардед. Дар муддати ин 40 сол Худоятон Яҳува бо шумо буд ва шумо аз ҳеҷ чиз камӣ надоштед» (5 Мӯсо 2:7). Тӯли чил сол Яҳува исроилиёнро бо манн сер мекард. Ба болои ин либосашон, ки бо он аз Миср баромада буданд, куҳна намешуд (5 Мӯсо 8:3, 4). Баъзеҳо шояд фикр кунанд, ки ин чизҳо барои зиндагӣ кофӣ нестанд, вале Мӯсо қайд кард, ки халқ аз ҳеҷ чиз камӣ надошт. Агар мо низ мисли Мӯсо қаноатмандӣ нишон дода ба чизҳои хурде, ки Яҳува медиҳад, чун ба баракат нигарем, ӯ хурсанд мешавад.
ДИЛПУР БОШЕД, КИ ЯҲУВА ШУМОРО ДАСТГИРӢ МЕКУНАД
12. Чӣ нишон медиҳад, ки Довуд ба худаш нею ба Яҳува таваккал мекард?
12 Довуд медонист, ки Яҳува вафодор аст ва дар бораи онҳое, ки ӯро дӯст медоранд, ғамхорӣ мекунад. Ҳарчанд ҳаёти Довуд ҳангоми навиштани боби 34-уми Забур дар хатар буд, ӯ бо чашми имон медид, ки «фариштаи Яҳува дар гирду пеши» ӯ хайма мезанад (Заб. 34:7). Довуд шояд фариштаи Яҳуваро ба сарбозе монанд кард, ки дар саҳро хайма зада, душманро поида меистад. Довуд ҷанговари далеру нотарс буд, ба болои ин Яҳува ба ӯ тахти шоҳиро ваъда кард. Бо вуҷуди ин ӯ ба қобилияти фалахмонзанӣ ё шамшеркашии худ такя намекард (1 Подш. 16:13; 24:12). Довуд ба Худо таваккал мекард ва шаке надошт, ки фариштаи Яҳува тарсгорони Худоро муҳофизат мекунад. Албатта, имрӯз мо интизор нестем, ки Яҳува моро муъҷизавор муҳофизат мекунад. Ҳамзамон боварӣ дорем, ки фарде, ки ба Яҳува таваккал мекунад, якумр азоб намекашад.
13. Вақте Ҷуҷ аз Маҷуҷ ҳамла меорад, чаро мо заиф менамоем, вале барои чӣ набояд ба ҳарос оем? (Ба расми муқоваи маҷалла нигаред.)
13 Дар ояндаи наздик боварии мо ба қудрати наҷотбахши Яҳува озмуда мешавад. Вақте Ҷуҷ аз Маҷуҷ, яъне иттиҳоди халқҳо ба хизматгорони Худо ҳамла меорад, мо шояд фикр кунем, ки зинда намемонем. Он вақт бояд дилпур бошем, ки Яҳува қудрат дорад, то моро наҷот диҳад. Он вақт дар назари халқҳо мо мисли гӯсфандони заиф менамоем, ки пуштибон надоранд (Ҳиз. 38:10–12). Мо яроқ нахоҳем дошт ва ҷангиданро ҳам таълим намегирем. Бинобар ин иттиҳоди халқҳо фикр мекунад, ки моро мағлуб кардан хеле осон мешавад. Онҳо чизеро, ки мо бо чашми имон мебинем, нахоҳанд дид — лашкари фариштагонро, ки барои ҳимояи халқи Худо хайма задааст. Душманон ҳамаи инро намебинанд, зеро аз ҷиҳати рӯҳонӣ нобиноянд. Аз ин рӯ, вақте лашкари осмон ба ҳимояи мо мешитобад, онҳо ҳисобашонро гум мекунанд (Ошкор. 19:11, 14, 15).
АЛЛАКАЙ ИМРӮЗ БА РӮЙДОДҲОИ ОЯНДА ТАЙЁР ШАВЕД
14. Барои ба рӯйдодҳои оянда тайёр шудан мо аллакай имрӯз чӣ кор карда метавонем?
14 Барои ба рӯйдодҳои оянда тайёр шудан мо аллакай имрӯз чӣ кор карда метавонем? Пеш аз ҳама мо бояд ба чизҳои моддӣ назари дуруст дошта бошем ва дарк кунем, ки як рӯз не як рӯз ҳамаи дороиамонро аз даст медиҳем. Мо инчунин бояд қаноатманд бошем ва хушбахтии худро дар муносибатамон бо Яҳува бинем. Чи қадаре Яҳуваро беҳтар шиносем, ҳамон қадар дилпур мешавем, ки дар вақти ҳамлаи Ҷуҷ аз Маҷуҷ ӯ моро муҳофизат мекунад.
15. Кадом воқеаҳое, ки дар ҷавонӣ бо Довуд рӯй доданд, ӯро боварӣ бахшиданд, ки Яҳува доим дар бараш хоҳад буд?
15 Аҳамият диҳед, боз чӣ ба Довуд кумак кард ва ба мо низ манфиат меорад, то ба озмоишҳо тайёр бошем. Ӯ гуфт: «Бичашед ва бубинед, ки Яҳува некуст. Хушбахт аст касе, ки ба ӯ паноҳ мебарад» (Заб. 34:8). Аз ин суханони Довуд маълум мешавад, ки чаро ӯ ба Яҳува такя карда метавонист. Довуд бисёр вақт ба Яҳува таваккал мекард ва Яҳува бошад, ҳеҷ гоҳ ӯро ноумед намегардонд. Масалан, дар ҷавониаш, вақте бо Ҷолёти фалиштӣ рӯ ба рӯ шуд, Довуд гуфт: «Худи ҳамин рӯз Яҳува туро ба дасти ман месупорад» (1 Подш. 17:46). Баъдтар чи хеле медонем, Довуд хизматгори шоҳ Шоул гашт, ки ӯро чандин маротиба куштанӣ шуд, лекин Яҳува ҳамеша бо ӯ буд (1 Подш. 18:12). Азбаски Яҳува Довудро пеш дастгирӣ карда буд, ӯ боварии комил дошт, ки Худо дар мушкилиҳояш ба ӯ мадад мерасонад.
16. Бо кадом роҳҳо мо некуии Яҳуваро «чашида» метавонем?
16 Агар имрӯз мо мувофиқи роҳнамоии Яҳува зиндагӣ кунем, дар оянда ба қувваи наҷотбахши Яҳува шубҳа намекунем. Мисол, барои аз ҷойи кор рухсатӣ пурсида ба анҷуман рафтан имон ва таваккал ба Яҳува даркор аст. Ба ин монанд баҳри бештар хизмат кардан ё дар вохӯриҳо мунтазам иштирок намудан шояд лозим шавад, ки реҷаи кориро тағйир диҳем. Фарз кардем, ки раисамон хоҳиши моро рад мекунад ва мо корамонро аз даст медиҳем. Оё дар ин маврид дилпур мешавем, ки Яҳува моро ҳаргиз тарк намекунад ва дар бораи ниёзҳоямон ғамхорӣ хоҳад кард? (Ибр. 13:5). Бисёр бародару хоҳароне, ки пурравақт хизмат мекунанд, дидаанд, ки чӣ тавр дар лаҳзаҳои душвор Яҳува ба мадади хизматгоронаш мерасад. Бале, Яҳува дӯсти боваринок аст!
17. Ояти солонаи 2022 кадом аст ва чаро он мувофиқ мебошад?
17 То даме ки Яҳува бо мост, ҳоҷат нест, ки аз рӯйдодҳои оянда тарсем. То даме ки хизмати Яҳува дар ҳаётамон дар ҷойи аввал меистад, ӯ моро ҳаргиз тарк намекунад. Аз ин рӯ барои имрӯз моро ба рӯйдодҳои оянда тайёр кардан ва боварӣ бахшидан, ки Яҳува хизматгоронашро ҳаргиз тарк намекунад, Ҳайати роҳбарикунанда Забур 34:10-ро ояти солонаи 2022 интихоб кардааст: «Ҷӯяндагони Яҳува камие нахоҳанд дошт».
СУРУДИ 23 Яҳува қуввати мост
a Ояти солонаи 2022 аз Забур 34:10 гирифта шудааст, ки чунин мебошад: «Ҷӯяндагони Яҳува камие нахоҳанд дошт». Бисёр хизматгорони бовафои Яҳува камбизоатанд. Пас, ба кадом маъно онҳо «камие нахоҳанд дошт». Чӣ тавр ба мазмуни ояти солона сарфаҳм рафтан ба замонҳои сахте, ки дар пешанд, моро омода месозанд?
b Ба «Саволҳои хонандагон» аз «Бурҷи дидбонӣ»-и 15-уми сентябри соли 2014 нигаред.
c Ба «Бурҷи дидбонӣ» аз 1-уми майи с. 1999, саҳ. 19 (рус.) нигаред.
d ШАРҲИ РАСМ: Ҳатто, вақте Довуд дар ғор аз шоҳ Шоул пинҳон мешуд, барои як бурда ноне, ки Яҳува ба ӯ медод, шукрона мекард.
e ШАРҲИ РАСМ: Баъд аз он ки исроилиён Мисрро тарк карданд, Яҳува ба онҳо манн медод ва либосашон куҳна намешуд.