БОБИ СЕ
Ду калид барои дастёбӣ бар издивоҷи бардавом
1, 2. а) Мувофиқи хости Худо давомнокии издивоҷ бояд чӣ қадар мебуд? б) Ин чӣ тавр имконпазир аст?
ВАҚТЕ КИ Худо марду зани нахустинро дар издивоҷ пайваст, Ӯ ишорае накард, ки ин иттиҳод муваққатӣ хоҳад буд. Одам ва Ҳавво бояд тамоми умр бо ҳам мебуданд (Ҳастӣ 2:24). Меъёрҳои Худо барои издивоҷи соҳибэҳтиром — пайванди як марду як зан аст. Ягона сабабе, ки Китоби Муқаддас барои талоқ гирифта аз нав издивоҷ кардани шахс раво медонад, ин зинои яке ё ҳарду ҳамсарон мебошад — Матто 5:32.
2 Оё мумкин аст, ки ду нафар муддати дурударозе бо ҳам хушбахтона зиндагӣ кунанд? Бале, Китоби Муқаддас дар бораи ду омили муҳим ё ду калиде сухан мегӯяд, ки бо шарофаташон ин имконпазир аст. Агар ҳам шавҳару ҳам зан аз ин калидҳо истифода намоянд, онҳо дар ба сӯи хушбахтиву баракатҳои зиёдеро хоҳанд кушод. Чӣ калидҳоеанд, инҳо?
КАЛИДИ НАХУСТИН
3. Кадом се навъи муҳаббатро ҳамсарон инкишоф бояд диҳанд?
3 Калиди аввал муҳаббат аст. Ҷолиб аст, ки Китоби Муқаддас дар бораи намудҳои гуногуни муҳаббат нақл менамояд. Яке аз онҳо муносибатҳои гарму дилбастагӣ ба шахсеро ифода мекунад,— ин навъи муҳаббат байни дӯстони наздик вуҷуд дорад (Юҳанно 11:3). Навъи дигар, муҳаббатест, ки аъзоёни оиларо ба ҳам мепайвандад (Румиён 12:10). Сеюм шакли он, муҳаббати ошиқонаи байни зану мард аст (Масалҳо 5:15–20). Албатта, байни шавҳару зан бояд ҳамаи ин намудҳои муҳаббат вуҷуд дошта бошанд. Вале навъи чоруми муҳаббат ҳаст, ки муҳимтар аз он сеи дигар мебошад.
4. Навъи чоруми муҳаббат кадом аст?
4 Дар забони аслии Навиштаҳои Юнонӣ ин навъи муҳаббат бо калимаи ага́пе ифода шудааст. Ин калима дар ояти 1 Юҳанно 4:8 омадааст, ки мегӯяд: «Худо муҳаббат аст». Ҳақиқатан, «мо ба дигарон муҳаббат мекунем чун аввал Худо ба мо муҳаббат кард» (1 Юҳанно 4:19, ТҲФ). Ходимони Худо ин гуна муҳаббатро аввалан ба Худо, баъдан ба наздикон инкишоф медиҳанд (Марқӯс 12:29–31). Калимаи агапе инчунин дар ояти Эфсӯсиён 5:2 истифода шудааст: «Дар муҳаббат рафтор кунед, чунон ки Масеҳ низ ба мо муҳаббат дошт ва худро барои мо ... таслим намуд». Исо гуфт, ки ин навъи муҳаббат нишонаи фарқкунандаи пайравони вай хоҳад буд: «Аз рӯи ҳамин ҳама хоҳанд донист, ки шогирдони ман ҳастед, агар якдигарро [бо муҳаббати агапе] дӯст доред» (Юҳанно 13:35). Ба истифодаи калимаи агапе дар ояти 1 Қӯринтиён 13:13 низ аҳамият диҳед: «Ин се чиз боқӣ мемонад: имон, умед, муҳаббат; вале муҳаббат [агапе] калонтарини онҳост».
5, 6. а) Чаро муҳаббат аз имону умед бузургтар аст? б) Баъзе сабабҳои ба бардавомии издивоҷ мусоидат кардани муҳаббат кадоманд?
5 Чаро муҳаббати агапе аз имону умед бузургтар аст? Он зери ҳукми принсипҳо, — принсипҳои дурусте мебошад, ки дар Каломи Худо омадаанд (Забур 118:105). Ин муҳаббат — худфидоёна нисбати дигарон аз назари Худо дуруст рафтор кардан аст, новобаста аз он ки ҷониби дигар ба чунин муносибат меарзад ё не. Чунин муҳаббат ҳамсаронро барои иҷрои панди зерини Китоби Муқаддас қодир хоҳад кард: «Ба ҳамдигар илтифот намуда, якдигарро афв кунед, агар касе аз дигаре ранҷида бошад: чӣ тавре ки ... [«Яҳува», ТДН] шуморо омурзидааст, шумо низ ҳамин тавр кунед» (Қӯлассиён 3:13). Зану шавҳари дӯстдор «ба якдигар муҳаббати пурзӯр [агапе]» доранд ва онро инкишоф медиҳанд, «чунки муҳаббат гуноҳҳои зиёдро рӯпӯш мекунад» (1 Петрус 4:8). Аҳамият диҳед; муҳаббат хатоҳоро рӯпӯш менамояд. На ин ки нест мекунад; зеро ягон инсони нокомил аз хато орӣ буда наметавонад — Забур 129:3, 4; Яъқуб 3:2.
6 Агар ҷуфти издивоҷкарда чунин муҳаббатро байни ҳам ва Худо инкишоф диҳанд, издивоҷи онҳо бардавому хушбахт хоҳад буд, зеро «муҳаббат ҳаргиз хотима намеёбад» (1 Қӯринтиён 13:8). Муҳаббат «пайванди комили ягонагӣ аст» (Қӯлассиён 3:14, ТДН). Агар оиладор бошед, чӣ тавр шумою ҳамсаратон ин навъи муҳаббатро инкишоф дода метавонед? Китоби Муқаддасро бо ҳам бихонед ва дар хусуси он сӯҳбат намоед. Намунаи муҳаббати Исоро омӯзед ва ба пайравии ӯ бикӯшед, то афкору рафторатон мисли вай бошанд. Бар замми ин, дар ҷаласаҳои ходимони Худо, ки он ҷо Каломи Илоҳиро таълим медиҳанд, ҳузур дошта бошед. Ва аз Худо дар парвариши чунин шакли волои муҳаббат, ки самари рӯҳулқудси Илоҳист, дар дуо кӯмак пурсед — Масалҳо 3:5, 6; Юҳанно 17:3; Ғалотиён 5:22; Ибриён 10:24, 25.
КАЛИДИ ДУВВУМ
7. Эҳтиром чист ва дар издивоҷ кӣ бояд онро ба ҷо орад?
7 Агар ҳамсарон ҳақиқатан якдигарро дӯст доранд, онҳо ҳамдигарро эҳтиром хоҳанд кард ва маҳз иззату эҳтиром калиди дуввум бар издивоҷи хушбахт мебошад. Эҳтиром чун “мӯҳтарам шумурдан, иззату икром кардани касе” ифода мегардад. Каломи Худо ба ҳамаи ходимони Ӯ, аз ҷумла ба ҳар зану шавҳар мефармояд, ки «ҳар яке каси дигарро зиёдтар сазовори эҳтиром ҳисоб кунед» (Румиён 12:10). Петруси расул навиштааст: «Шумо, эй шавҳарон, бо занон, ки зарфи заифтар ҳастанд, бомулоҳиза рафтор кунед ва онҳоро ... мӯҳтарам доред» (1 Петрус 3:7). Ба зан Каломи Худо панд медиҳад, ки «ба шавҳари худ эҳтироми амиқ дошта бошад» (Эфсӯсиён 5:33, ТДН). Агар касеро иззат карданӣ бошем, мо ба ӯ меҳрубон хоҳем буд, ба иззати нафсаш намерасем, нуктаи назарашро ҳурмат мекунем ва ба иҷрои ҳар хоҳиши оқилонааш омода хоҳем буд.
8–10. Эҳтиром пайванди издивоҷро чӣ тавр мустаҳкаму хушбахт карда метавонад?
8 Шахсоне ки мехоҳанд аз издивоҷи хушбахт баҳраманд бошанд, «на танҳо дар бораи худаш[-он], балки дар бораи дигарон [ҳамсарашон] низ ғамхорӣ» намуда, ҳамин тавр ба ӯ эҳтиром нишон медиҳанд (Филиппиён 2:4). Онҳо танҳо дар бобати худашон фикр намекунанд,— ин худхоҳӣ мебуд. Баръакс, эшон андеша мекунанд, ки чӣ барои ҳамсарашон низ беҳтар аст. Албатта ниёзҳои ҳамсарро аз худ боло бояд гузошт.
9 Иззату эҳтиром барои ҳамсарон кӯмак мекунад, ки ихтилофоти назарҳояшонро эътироф кунанд. Интизории он ки ду шахс дар ҳама чиз нуктаи назари якхела хоҳанд дошт, — оқилона нест. Он чизе ки барои шавҳар муҳим аст, шояд барои зан то ин дараҷа муҳим набошад ва он чизе ки зан дӯст медорад, шояд шавҳар дӯст надорад. Вале ҳар шахс бояд нуктаи назар ва интихоби нафари дигарро эҳтиром намояд, албатта агар он бо қонуну принсипҳои Яҳува мухолифат надошта бошад (1 Петрус 2:16; қиёс кунед Филемӯн 14–ро). Илова бар ин, ҳар яке бояд иззати нафси ҳамсарашро нигоҳ дошта, ӯро бо шӯхиҳову масхара на дар танҳоӣ ва на дар ҳузури дигарон паст назанад.
10 Бале, муҳаббат ба Худову ҳамдигар ва эҳтироми дутарафа ду калиди ҳатмӣ бар издивоҷи муваффақ ҳастанд. Чӣ тавр онҳоро дар баъзе аз ҷонибҳои муҳими ҳаёти оилавӣ ба кор бурдан мумкин аст?
САРВАРИИ МИСЛИ МАСЕҲ
11. Мувофиқи Китоби Муқаддас сарвари оила кист?
11 Аз рӯи гуфти Китоби Муқаддас, мард бо хусусиятҳое офарида шуд, ки аз ӯ сарвари муваффақи оила месозанд. Ба ин унвон, ӯ оиди беҳбудии рӯҳониву ҷисмонии зану фарзандонаш дар назди Яҳува масъулият дорад. Ӯ бояд қарорҳои ҳартарафа санҷидаро қабул кунад, ки дар онҳо иродаи Яҳува инъикос меёбад ва худаш бояд намунаи рафтори нек бошад. «Эй занон, мутеи шавҳарони худ шавед, мисли он ки ба Худованд бошад, чунки шавҳар сари зан аст, чунон ки Масеҳ сари ... [«ҷамоат», ТДН]» (Эфсӯсиён 5:22, 23). Аммо Китоби Муқаддас мегӯяд, ки дар сари шавҳар ҳам сарваре ҳаст, ки ҳукм бар ӯ дорад. Павлуси расул навишта: «Мехоҳам бидонед, ки сардори ҳар мард Масеҳ аст, сардори зан шавҳари ӯст, ва сардори Масеҳ Худост» (1 Қӯринтиён 11:3). Шавҳари бохирад сарвариро бо пайравӣ аз сарвари худаш — Исои Масеҳ ёд мегирад.
12. Чӣ намунаи хуберо Исо дар зоҳир кардани ҳам итоату ҳам сарварӣ гузоштааст?
12 Исо ҳам сарвар дорад,— Яҳува Худо, ки ба Ӯ Исо ба таври лозимӣ итоат мекунад. Исо гуфт: «Толиби иродаи худ не, балки иродаи Падаре ҳастам, ки маро фиристодааст» (Юҳанно 5:30). Чӣ намунаи олие! Исо «нахустзодаи тамоми махлуқот аст» (Қӯлассиён 1:15). Ӯ Масеҳ шуд. Ӯ бояд Сарвари ҷамоати масеҳиёни тадҳиншуда ва Подшоҳи интихобшуда бар Салтанати Худо мегашт, ки ин мақом болотар аз мақоми ҳама фариштагон аст (Филиппиён 2:9–11; Ибриён 1:4). Ба ин мавқеи баланду чунин афзалиятҳои волои оянда нигоҳ накарда, Исои инсон дағалу ногузир ё аз ҳад зиёд талабкунанда набуд. Ӯ ҳукмрони ситамгар ҳам набуд ва аз ин боис ба шогирдонаш доимо лозимияти ба ӯ итоат карданро ёдрас намекард. Исо муҳаббат ва ҳамдардӣ зоҳир менамуд, бахусус нисбати рӯҳафтодагон. Ӯ гуфт: «Назди ман оед, эй ҳамаи заҳматкашон ва гаронборон ва ман ба шумо оромӣ хоҳам бахшид; юғи маро ба гардани худ гиред ва аз ман таълим ёбед, зеро ки ман ҳалим ва фурӯтан ҳастам ва ҷонҳои шумо оромӣ хоҳад ёфт; зеро юғи ман хуш ва бори ман сабук аст» (Матто 11:28–30). Муошират бо ӯ тароватбахш буд.
13, 14. Шавҳари дӯстдор чӣ тавр ба намунаи Исо пайравӣ намуда сарварӣ мекунад?
13 Шавҳаре, ки хоҳони хушбахтии оила мебошад, хуб аст, ки оиди хусусиятҳои волои Исо андеша намояд. Шавҳари хуб дағалу ҳукмрон нест ва сарварии худро чун чӯбдасте барои тарсондани занаш истифода намебарад. Баръакс, ӯ занашро дӯст медораду ҳурмат мекунад. Ҳатто Исо «фурӯтан» буд, барои шавҳар бошад, сабабҳои зиёдтаре барои фурӯтан будан вуҷуд доранд, зеро дар муқоиса бо Исо ӯ хатову иштибоҳҳо мекунад. Ва ҳангоме ки шавҳар хато мекунад, аз занаш интизор аст, ки ӯро бифаҳмад. Аз ин рӯ, шавҳари фурӯтан ба хатоҳои худ иқрор мешавад, ҳатто агар “Бубахш, ту ҳақ будӣ” гуфтан барояш душвор бошад. Барои зан эҳтиром кардани сарварии шавҳари хоксору фурӯтан осонтар аст, назар ба мағруру якрав. Дар навбати худ зани эҳтиромгузор низ ҳангоми хато карданаш узр мехоҳад.
14 Худо занро бо хусусиятҳои хубе сиришт, ки онҳо ба хушбахтии издивоҷ мусоидат мекунанд. Шавҳари оқил инро дарк намуда, ба занаш фишор намеорад. Ба аксарияти занҳо дилраҳмиву ҳассосӣ хос аст, хусусиятҳое, ки барои ғамхорӣ нисбати оила ва парвариши муносибатҳои байниинсонӣ лозиманд. Одатан, зан ба таврӣ кофӣ маҳорати хонаро ба як ҷои хушоянд барои зиндагӣ табдил додан дорад. «Зани солеҳа»–е, ки дар боби 31–уми Масалҳо тасвир шудааст, сифатҳои аълои зиёд ва ҳунарҳои волое дорад, ки аҳли хонаводааш аз он ба пуррагӣ манфиат мебарад. Чаро? Зеро «шавҳари вай аз вай дилпур аст» — Масалҳо 31:10, 11.
15. Чӣ тавр шавҳар метавонад нисбати занаш муҳаббату эҳтироме мисли Масеҳ зоҳир созад?
15 Дар маданияти баъзе халқҳо, сарварии шавҳар аз ҳад зиёд таъкид мешавад, ҳатто то он дараҷае, ки савол додани зан беҳурматӣ ҳисоб меёбад. Дар он ҷойҳо мард ба занаш чун ба каниз муносибат менамояд. Ин гуна тарзи нодурусти сарварӣ муносибати шавҳарро на танҳо бо зан, балки бо Худо низ вайрон мекунад (қиёс кунед 1 Юҳанно 4:20, 21–ро). Аз ҷониби дигар, баъзе шавҳарон барои ба даст гирифтани сарварӣ беэътиноӣ менамоянд ва мегузоранд, ки занашон дар хонадон ҳукмрон бошад. Шавҳаре, ки ба таври лозима ба Масеҳ мутеъ аст, зани худро истисмор намекунад ва шахсияташро поймол наменамояд. Баръакс, ӯ ба муҳаббати фидокоронаи Исо пайравӣ намуда, аз рӯи панди Павлус амал мекунад: «Эй шавҳарон, занони худро дӯст доред, чунон ки Масеҳ низ ба ... [«ҷамоат», ТДН] муҳаббат дошт ва худро аз барои он таслим намуд» (Эфсӯсиён 5:25). Исои Масеҳ пайравонашро то он дараҷа дӯст медошт, ки худро барои онҳо қурбон кард. Шавҳари хуб барои пайравӣ ба чунин майлу афкори бетамаъ мекӯшаду беҳбудии занашро ҷӯё мегардад ва аз ӯ беш аз ҳад талаб намекунад. Агар шавҳар ба Масеҳ мутеъ бошаду мисли ӯ муҳаббату эҳтиром зоҳир намояд, зан худ барои итоат ба шавҳараш моил хоҳад гашт — Эфсӯсиён 5:28, 29, 33.
ИТОАТИ ЗАН
16. Кадом хусусиятҳоро зан бояд дар муносибат бо шавҳараш зоҳир кунад?
16 Чанд вақт пас аз офариниши Одам, «Худо гуфт: “Хуб нест, ки одам танҳо бошад; пас барояш мададгоре ки ба вай мувофиқ бошад, биофарам”» (Ҳастӣ 2:18). Худо Ҳавворо ба унвони «мададгор» офарид, на ба унвони ҳариф. Издивоҷ набояд ба киштие монанд мешуд, ки ду нохудо дорад. Шавҳар бояд бомуҳаббат сарварӣ мекард ва зан бояд меҳру эҳтиром ва бо омодагӣ итоат зоҳир менамуд.
17, 18. Баъзе аз имкониятҳо барои мададгори ҳақиқии шавҳар шудани зан кадоманд?
17 Ба ҳар сурат, зани хуб на фақат итоаткунанда асту халос. Ӯ саъй мекунад, ки кӯмакгари воқеие бошад, ки қарорҳои шавҳарашро дастгирӣ менамояд. Албатта, барои зан дастгирӣ кардани қарорҳое, ки худаш бо онҳо розист, осонтар аст. Вале дар сурати розӣ набуданаш ҳам, бо дастгирии зан анҷоми қарорҳои шавҳар муваффақтар хоҳанд буд.
18 Зан метавонад ба шавҳараш бо роҳҳои дигар низ дар сарвари хуб будан кӯмак намояд. Ба ҷои он ки шавҳарашро танқид карда, дар вай эҳсосеро ба вуҷуд орад, ки занаш доимо аз ӯ норозист, баръакс зан метавонад ба шавҳараш барои кӯшишҳое, ки дар сарварӣ сарф мекунад, миннатдорӣ баён намояд. Дар муошират бо шавҳар тарзи мусбии афкор зоҳир карда, зан бояд дар хотир дорад, ки «рӯҳи ҳалиму сокит» на танҳо дар назари шавҳар, балки ҳамчунин «дар назари Худо гаронбаҳост» (1 Петрус 3:3, 4; Қӯлассиён 3:12). Агар шавҳар ҳамимон набошад–чӣ? Дар ҳар сурат, Китоби Муқаддас занҳоро ташвиқ мекунад, ки «шавҳарон ва кӯдакони худро дӯст доранд, боисмат, пок, ғамхори хона, некдил ва мутеъ ба шавҳарон бошанд, мабодо каломи Худо хор дошта шавад» (Титус 2:4, 5). Агар мушкилиҳое пеш оянд, ки ҳаллашон ба виҷдон дахл доранд, шавҳаре, ки ҳамимон нест, шояд ба мавқеи зан боҳурматона назар кунад, агар зан ҳамаро «бо фурӯтанӣ ва эҳтиром» бифаҳмонад. Баъзе аз ин гуна шавҳарон «ба воситаи рафтори занон бе калом тобеъ гарданд, вақте ки рафтори поки худотарсонаи шумо [занон]–ро мушоҳида кунанд» — 1 Петрус 3:1, 2, 15; 1 Қӯринтиён 7:13–16.
19. Чӣ бояд кард, агар шавҳар аз зан шикастани қонуни Худоро талаб намояд?
19 Аммо агар шавҳар аз зан хоҳиши кореро кунад, ки Худо манъ кардааст? Дар ин ҳол, зан бояд дар ёд дорад, ки Ҳокими болотарини ӯ Худо аст. Зан ба намунаи расулоне пайравӣ мекунад, ки ҳокимон онҳоро ба шикастани қонуни Худо водор менамуданд. Иқтибос аз китоби Аъмол 5:29: «Петрус ва ҳаввориён ба ҷавоб гуфтанд: ”Ба Худо бояд итоат кард, на ба одамизод”».
МУОШИРАТИ ХУБ
20. Дар кадом ҷониби муҳими издивоҷ мавҷудияти муҳаббату эҳтиром зарур аст?
20 Муҳаббат ва эҳтиром дар ҷониби дигари издивоҷ низ муҳим аст — дар муошират. Шавҳари дӯстдор бо занаш дар хусуси корҳо ва мушкилиҳои ӯ сӯҳбат менамояд, ба нуктаи назари ӯ дар хусуси масъалаҳои гуногун шавқ зоҳир мекунад. Зан ба ин эҳтиёҷ дорад. Шавҳаре, ки барои сӯҳбат бо зан вақт ҷудо мекунад ва дар ҳақиқат ба гуфтаҳои вай гӯш медиҳад, бо ин муҳаббату эҳтиромашро ба зан аён месозад (Яъқуб 1:19). Баъзе занҳо шикоят мекунанд, ки шавҳаронашон хеле кам бо онҳо сӯҳбат менамоянд. Ин боиси таассуф аст. Рост аст, ки дар ин замонаи душвор шавҳарон соатҳои зиёде берун аз хона кор мекунанд ва аз сабаби вазъи бади иқтисодӣ баъзе занҳо ҳам маҷбуранд, ки ба кор бароянд. Вале ҳамсарон бояд барои ҳамдигар вақт ҷудо кунанд. Вагарна онҳо метавонанд аз ҳам дур гарданд. Агар дар ҳамсарон хоҳиши ҷустуҷӯи муоширати дӯстонаву дилсӯзона дар берун аз ҳалқаи издивоҷ пайдо гардад, ин ба мушкилиҳои ҷиддӣ оварданаш мумкин аст.
21. Чӣ тавр лаҳни муносиби сухан ба хушбахтии издивоҷ мусоидат мекунад?
21 Тарзи муоширати зану шавҳар аҳамият дорад. «Суханони хуш шаҳдест, ки барои ҷон ширин ва барои устухонҳо шифобахш аст» (Масалҳо 16:24). Ҳамсаратон ҳамимон аст ё на, панди Китоби Муқаддасро иҷро бояд кард: «Бигзор сухани шумо ҳамеша пурфайз ва намакин», яъне хушсалиқа бошад (Қӯлассиён 4:6). Агар шахс рӯзи душворе дошт, чанд гуфтаи меҳрубононаву дилсӯзонаи ҳамсар хеле бамаврид мебуд. «Сухане ки дар мавқеаш гуфта шуда бошад, мисли себҳои заррин аст, ки кандакориҳои нуқра доранд» (Масалҳо 25:11). Ба оҳанги гапзанӣ ва интихоби калимаҳо диққат бояд кард. Масалан, касе бо оҳанги дурушту талабкорона ба дигаре мегӯяд: “Дарро пӯш!”. Аммо то чӣ андоза гуворову «намакин» хоҳад буд сухане, ки бо оҳанги орому бофаҳм гуфта мешавад: “Илтимос, дарро пӯшед”.
22. Зану шавҳар бояд чӣ тавр ба ҳам муносибат кунанд, то муоширати хубро дар байни худ нигаҳ доранд?
22 Муоширати хуб дар ҷое нашъунамо меёбад, ки хушмуомилагӣ, нигоҳҳои гарм, латофат, меҳрубонӣ, ҳамфаҳмӣ ва нармдилӣ ҷой доранд. Барои нигоҳ доштани муоширати хуб ҷидду ҷаҳд намуда, ҳам шавҳару ҳам зан дар баён кардани ниёзҳояшон худро озод эҳсос хоҳанд кард ва дар вақтҳои маъюсӣ ва тазйиқ манбаи тасалливу кӯмак барои ҳамдигар хоҳанд буд. Каломи Худо моро тарғиб мекунад, ки «афсурдадилон»–ро тасаллӣ диҳем (1 Таслӯникиён 5:14, ТДН). Дар зиндагӣ вақтҳое мешаванд, ки мард рӯҳафтода мегардад ва вақтҳое зан. Ҳамсарон метавонанд якдигарро «тасаллӣ»–ву тақвият диҳанд — Румиён 15:2.
23, 24. Ҳангоми пайдо шудани ихтилофот муҳаббату эҳтиром чӣ тавр кӯмак карда метавонанд? Мисол оред.
23 Ҳамсароне, ки ҳамдигарро дӯст медоранду ҳурмат менамоянд, ҳар як зоҳирияти норозигиро чун мушкилии бузург қабул намекунанд. Онҳо хеле мекӯшанд, ки бо ҳамдигар «тундӣ ва талхӣ» накунанд (Қӯлассиён 3:19, ТТФ). Ҳарду бояд дар хотир доранд, ки «ҷавоби нарм ғазабро фурӯ менишонад» (Масалҳо 15:1). Эҳтиёт бошед, ки ҳамсарро ҳангоми дилхоликуниаш паст назанед ё маҳкум накунед. Баръакс, ба ин гуна иброзҳои ҳамсар чун ба имконияти фаҳмидани нуктаи назари вай нигаред. Бикӯшед, ки боҳам ихтилофотро дур карда, ба розигии дутарафа ноил гардед.
24 Воқеаеро ба ёд оред, ки зани Иброҳим–пайғамбар Соро ҳангоми мушкилии муайяне ҳалли онро пешниҳод намуд, вале ақидаи шавҳараш ба ӯ рост наомад. Ба ҳар ҳол, Худо ба Иброҳим гуфт: «Ба суханаш гӯш андоз» (Ҳастӣ 21:9–12). Иброҳим чунин кард ва Худо ӯро баракат дод. Мисли ин, агар пешниҳоди зан аз ақидаи шавҳар фарқ кунад, мард бояд ба зан ақаллан гӯш диҳад. Зан ҳам набояд дар ин ҳангом сӯҳбатро ба дасти худ гирад, балки бояд ба гуфтаҳои шавҳар гӯш диҳад (Масалҳо 25:24). Агар шавҳар ё зан ҳамеша ба амалӣ шудани иродаи худ исрор кунанд, ин нишонаи бемеҳрию беэҳтиромӣ мебуд.
25. Чӣ тавр муоширати хуб ба эҳсоси хушбахтӣ дар муносибатҳои маҳрамонаи ҳамсарон мусоидат мекунад?
25 Муоширати хуб дар алоқаи ҷинсии ҳамсарон низ муҳим аст. Худхоҳию норасоии худдорӣ метавонанд зарари ҷиддие ба ин ҷониби маҳрамонаи издивоҷ расонанд. Гуфтугӯи ошкорову сабр ҳатмист. Агар ҳар яке самимона беҳбудии дигариро ҷӯё бошад, эҳтимоли кам аст, ки дар алоқаи ҷинсӣ мушкилиҳои ҷиддӣ падид оянд. Дар мавриди ин, чун дар мавридҳои дигар, бигзор «ҳеҷ кас нафъи худро толиб набошад, балки нафъи дигаронро» (1 Қӯринтиён 7:3–5; 10:24).
26. Ҳарчанд ки ҳар издивоҷ пастиву баландиҳои худро дорад, чӣ тавр итоат ба Каломи Худо ба ҳамсарон кӯмак мекунад, ки хушбахтӣ ба даст оранд?
26 Чӣ пандҳои олие медиҳад Каломи Худо! Рост аст, ки ҳар як издивоҷ пастиву баландиҳои худро хоҳад дошт. Вале агар ҳамсарон ба афкори Яҳува Худо, ки аз Китоби Муқаддас бармеояд, итоат кунанд ва муносибатҳояшонро дар асоси принсипҳои муҳаббату эҳтиром бисозанд, онҳо метавонанд амин бошанд, ки издивоҷашон бардавому хушбахт хоҳад буд. Ва бо ин, ҳамсарон на танҳо ба ҳамдигар, балки бар Асосгузори издивоҷ — Яҳува Худо иззату эҳтиром зоҳир хоҳанд кард.