Луғати калимаву ибораҳои Китоби Муқаддас
А Б В Г Ғ Д Е З И К Қ Л М Н О П Р С Т У Ӯ Ф Х Ҳ Ч Ҷ Ш Э Ю Я
А
Аб.
Баъди аз асирии Бобил баргаштани яҳудиён ин моҳ дар тақвими динияшон моҳи панҷум ва дар тақвими дунявияшон моҳи ёздаҳум буд. Он аз нимаи моҳи июл сар шуда, то нимаи моҳи август давом меёфт. Номи ин моҳ дар Китоби Муқаддас ёдовар нашудааст, он фақат «моҳи панҷум» номида шудааст (4Мс 33:38; Эз 7:9). Ниг. ба Замимаи Б15.
Абиб.
Дар аввал ин моҳ моҳи якуми тақвими динии яҳудиён ва моҳи ҳафтуми тақвими дунявияшон буд. Маънои «абиб» «хӯшаҳои норасида» мебошад ва он аз нимаи моҳи март сар шуда то нимаи моҳи апрел давом меёфт. Баъди аз асирии Бобил баргаштани яҳудиён он «найсон» ном гирифт (5Мс 16:1). Ниг. ба Замимаи Б15.
Адӯм.
Номи дигари Эсови писари Исҳоқ. Насли Эсов (Адӯм) минтақаи Сеир, кӯҳистонеро, ки дар байни баҳри Мурда ва халиҷи Ақаба ҷойгир буд, соҳиб буданд (1Мс 25:30; 36:8). Ниг. ба Замимаи Б3 ва Б4.
Азоби азим.
Калимаи юноние, ки «азоб» тарҷума шудааст, ба ғаму андуҳ ё мусибат ишора мекунад. Исо гуфта буд, ки дар Ерусалим чунон «азоби азиме» рӯй медиҳад, ки аз ин пеш рӯй надода буд. Ӯ ҳамчунин воқеаеро дар назар дошт, ки дар оянда ба сари тамоми одамизод меояд ва бо замоне, ки ӯ дар «ҷалоли бузург» меояд, алоқаманд аст (Мт 24:21, 29–31). Павлус гуфта буд, ки ин азоб барои «худобехабарон ва касоне, ки ба хушхабари Ҳазратамон Исо итоат намекунанд», ҷазои одилонаи Худост. Дар боби 19-уми китоби Ошкорсозӣ Исо чун сарвари лашкари осмоние тасвир шудааст, ки бар зидди «ҳайвони ваҳшӣ ва подшоҳони рӯйи замин» ва ҳамчунин бар зидди лашкарҳои онҳо меҷангад (2Тс 1:6–8; Ошк 19:11–21). Дар Навиштаҳои Муқаддас ҳамчунин гуфта шудааст, ки «мардуми сершуморе» аз ин азоб наҷот меёбанд (Ошк 7:9, 14). Ниг. ба ҲАРМАҶИДДӮН.
Азозил.
Аламут.
Вожаи мусиқавиест, ки маънои «духтарон; ҷавонзанон»-ро дорад ва, эҳтимол, ба овози бориктарини ҷавонзанон (сопрано) ишора мекунад. Аз афташ, ин калима нишон медод, ки порчаи суруд ё оҳанги он бояд дар минтақаи савтии (регистри) баланд сароида ё навохта шавад (1Вқ 15:20; Зб 46:болонавис).
Аломат.
Ашё, амал, ҳолат ё рӯйдоди ғайриодие, ки ба ягон чизи ҳозира ё оянда ишора мекунад (1Мс 9:12, 13; 4Пш 20:9; Мт 24:3; Ошк 12:1).
Аломати муқаддас.
Лавҳаи тиллои тозаи ялаққосӣ, ки дар он чунин навиштаҷот тарошида шуда буд: «Покӣ аз они Яҳува аст». Он ба қисми пеши саллаи саркоҳин баста мешуд (2Мс 39:30). Ниг. ба Замимаи Б5.
Алфа ва Омега.
Амалдор.
Дар Навиштаҳои Юнонӣ зери ин калима касоне дар назар дошта шудаанд, ки дар сарзаминҳои тобеи Рум ҳокимияти маҳаллӣ дар дасташон буд. Вазифаи амалдорон нигоҳ доштани тартибот, назорат кардани даромаду хароҷоти давлатӣ, доварӣ кардани қонуншиканон ва амалӣ гардонидани ҳукм буд (Крн 16:20).
Анбур.
Асбоби тиллоӣ, ки дар хайма ва ибодатгоҳ барои хомӯш кардани оташи чароғ истифода мешуд (2Мс 37:23).
Ангуштарини муҳрдор.
Арам; арамиён.
Насли Арами писари Сом, ки асосан дар сарзамине зиндагӣ мекарданд, ки аз қаторкӯҳи Лубнон сар шуда Байнаннаҳрайнро дар бар мегирифт. Аз тарафи шимолашон қаторкӯҳи Таврус ҷойгир буду дар ҷанубашон Димишқ ва заминҳои ҷанубтари он. Ин сарзамин, ки ба ибронӣ Арам ном дорад, баъдтар Сурия номида шудааст ва сокинони он арамиён ном доштанд (1Мс 25:20; 5Мс 26:5; Ҳш 12:12).
Арамӣ.
Забони арамӣ яке аз забонҳои сомиест, ки ба забони ибронӣ наздик буда, ҳарфҳояш бо ҳарфҳои ибронӣ як аст. Дар аввал бо ин забон танҳо арамиён гап мезаданд, баъдтар бошад, он дар Ошур ва Бобил забони байналхалқӣ гашта, дар тиҷорат истифода мешуд. Ҳамчунин он забони расмии давлати Форс буд (Эз 4:7). Баъзе қисмҳои китоби Эзро, Ирмиё ва Дониёл ба забони арамӣ навишта шудаанд (Эз 4:8–6:18; 7:12–26; Ир 10:11; Дн 2:4б–7:28).
Ароба.
Воситаи нақлиёти дучарха ва аспдоре, ки асосан дар ҷанг истифода мешуд (2Мс 14:23; Дв 4:13; Крн 8:28).
Арюпогус.
Теппаи баланде, ки дар Атино, дар шимолу ғарби Акрополис, ҷойгир буд. Арюпогус ҳамчунин номи шӯро (додгоҳ) буд. Аҳли ин шӯро дар он теппа ҷамъ шуда, маҷлис мегузаронданд. Файласуфони эпикурӣ ва равоқӣ Павлусро ба Арюпогус бурда буданд, то дар бораи имонаш пурсуҷӯ кунанд (Крн 17:19).
Аҳд.
Шарт ё паймони расмӣ, ки байни Худо ва одамон ё танҳо байни одамон барои кардан ё накардани ягон кор баста мешавад. Баъзан фақат як тараф вазифадор буд, ки мувофиқи шартҳои аҳд амал кунад (аҳди яктарафа, яъне ваъда). Дар мавридҳои дигар бошад, ҳар ду тараф бояд шартҳоро иҷро мекарданд (аҳди дутарафа). Ғайр аз аҳдҳо байни Худову одамон дар Китоби Муқаддас дар бораи аҳдҳое гуфта мешавад, ки байни шахсони алоҳида, гурӯҳи одамон, қабилаҳо ё халқҳо баста шуда буданд. Ба аҳдҳои давомнок аҳди Худо бо Иброҳим, бо Довуд, бо халқи Исроил (аҳди Шариат) ва бо Исроили Худо (аҳди нав) дохил мешаванд (1Мс 9:11; 15:18; 21:27; 2Мс 24:7; 2Вқ 21:7).
Ашера.
Ин калимаи ибрӣ чунин маъно дорад: 1) сутуне, ки худойзани (олиҳаи) бороварии канъониён — Ашераро, тасвир мекунад, ё 2) тасвири худи Ашера. Ин сутунҳо қисман ё пурра аз чӯб сохта мешуданд. Ашераҳо метавонистанд сутун ё дарахти нотарошидае бошанд (5Мс 16:21; Дв 6:26; 3Пш 15:13).
Аштора.
Худойзани (олиҳаи) ҷанг ва бороварии канъониён, зани Баал (1Пш 7:3).
Б
Баал.
Худои канъониён, ки, ба ақидаи онҳо, соҳиби осмон буда, борон ва бороварӣ ато мекард. Ин номро ҳамчунин нисбати худоёни дигари Канъон, ки мавқеи пасттарро ишғол мекарданд, истифода мебурданд. Ба забони ибронӣ «баал» маънои «соҳиб, хӯҷаин»-ро дорад (3Пш 18:21; Рм 11:4).
Баал-Забул.
Бадарға.
Аз ватан ё хона ронда шудани шахс, одатан аз тарафи забтгарон. Калимаи ибрие, ки «бадарға» тарҷума шудааст, маънои «рафтан»-ро дорад. Исроилиён асосан ду бор бадарға гашта ба асирӣ бурда шуданд. Подшоҳии даҳқабиларо ошуриён ба асирӣ бурданд, подшоҳии дуқабиларо бошад, дертар бобилиён ба асирӣ бурданд. Яҳудиёне, ки дар Ошуру Бобил боқӣ монда буданд, бо фармони Куруш, подшоҳи Форс, ба сарзаминашон баргаштанд (Ҳз 12:11; 39:23).
Баландиҳо.
Ҷойи парастиш, ки одатан дар теппа, кӯҳ ё тале, ки одамон месохтанд, воқеъ буд. Ҳарчанд баландиҳо баъзан барои парастиши Худо истифода мешуданд, бисёр вақт онҳо бо парастиши худоҳои бардурӯғ алоқаманд буданд (4Мс 33:52; 3Пш 3:2; Ир 19:5).
Беҳаёгӣ.
Ба юнонӣ «асе́лгея». Зери ин калима бе ягон шарму ҳаё поймол кардани қонунҳои Худо ва ҳамчунин беэҳтиромӣ ва ҳатто муносибати таҳқиромез ба ҳокимиятдорон, қонун ва меъёрҳо дар назар дошта шудааст. Калимаи «асе́лгея» ба рафтори нодурусте, ки гуноҳҳои ҷиддиро дар бар намегирад, ишора намекунад (Ғл 5:19; 2Пт 2:7).
Биҳишт.
Боғи зебо, фирдавс. Биҳишти аввалин боғи Адан буд, ки онро Яҳува барои ҷуфти якуми одамон шинонда буд. Исо бо яке аз ҷинояткороне, ки ҳамроҳаш дар сутун овезон буд, гап зада, ба он ишора кард, ки замин биҳишт мешавад. Дар 2 Қӯринтиён 12:4 зери калимаи «биҳишт», аз афташ, биҳишти оянда ва дар Ошкорсозӣ 2:7 биҳишти осмонӣ дар назар дошта шудааст (Шҳс 4:13; Лқ 23:43).
Болонавис.
Боша.
Сари сутун, ки нақшу нигор дошт. Дар пеши ибодатгоҳи Сулаймон бар ду сутун — Ёкину Бӯаз, ду бошаи калон меистод (3Пш 7:16). Ниг. ба Замимаи Б8.
Бузургҷуссагон.
Ба ибронӣ «нефили́м». Онҳо писарони фариштагоне буданд, ки пеш аз Тӯфон ҷисми инсонӣ гирифта, бо духтарони одамизод ҳамхоб шуданд (1Мс 6:4).
Бул.
Ин ном дар тақвими динии яҳудиён моҳи ҳаштум ва дар тақвими дунявияшон моҳи дуюм буд. Решаи ин калима маънои «ҳосил додан»-ро дорад. Моҳи бул аз нимаи моҳи октябр сар шуда, то нимаи моҳи ноябр давом меёфт (3Пш 6:38). Ниг. ба Замимаи Б15.
Бут; бутпарастӣ.
Бут тасвир ё ҳайкали ҳар чизи воқеӣ ё хаёлиест, ки одамон онро дар ибодат истифода мебаранд. Бутпарастӣ эҳтиром кардан, дӯст доштан, саҷда ё парастиш кардани бут мебошад (Зб 115:4; Крн 17:16; 1Қр 10:14).
Бухур.
Омехтаи якчанд шираву равғанҳои хушбӯй, ки оҳиста-оҳиста сӯхта, бӯйи хуш мебаровард. Дар хаймаи муқаддас ва ибодатгоҳ бухури махсус сӯзонида мешуд, ки дар таркибаш чор чиз дошт. Онро ҳар шому саҳар дар қурбонгоҳи бухурсӯзӣ, ки дар Макони пок меистод, месӯзонданд. Бухур ҳамчунин дар Рӯзи Товондиҳӣ дар Макони поктарин сӯзонда мешуд. Он рамзи дуоҳои хизматгорони содиқи Худо низ мебошад. Сӯзондани бухур аз масеҳиён талаб карда намешавад (2Мс 30:34, 35; 3Мс 16:13; Ошк 5:8).
Бухурдон.
Зарфҳои тиллоӣ, нуқрагӣ ё мисине, ки барои сӯзондани бухур, гирифтани лахчаҳо аз қурбонгоҳ ва пилтаҳои сӯхта аз чароғдони тиллоӣ дар хаймаи муқаддас ё ибодатгоҳ истифода мешуданд (2Мс 37:23; 2Вқ 26:19; Ибр 9:4).
В
Вабо.
Ҳар гуна бемории сироятие, ки тез паҳн шуда, метавонад миқёси калонро фаро гирад ва марговар бошад. Он бисёр вақт бо иҷрои ҳукми Худо алоқаманд аст (4Мс 14:12; Ҳз 38:22, 23; Ом 4:10).
Вазифаи додаршӯйӣ.
Ваҷаб.
Ченаке, ки, шояд, ба масофаи байни ангушти калон ва ангушти хурди даст дар ҳолати кушода ишора мекунад. Агар як газ 44,5 см бошад, пас, дарозии як ваҷаб ба 22,2 см баробар аст (2Мс 28:16; 1Пш 17:4). Ниг. ба Замимаи Б14.
Водӣ.
Хамӣ ё маҷрои обе, ки одатан хушк асту дар мавсими боронгарӣ обдор мешавад. Ин калима ҳамчунин ба худи рӯдҳо ишора карда метавонад. Баъзе рӯдҳо аз чашмаҳо об гирифта тамоми сол обдоранд (1Мс 26:19; 4Мс 34:5; 5Мс 8:7; 3Пш 18:5; Аб 6:15).
Водии Ҳиннӯм.
Ба ибронӣ «геҳ Ҳиннӯм» ва ба юнонӣ «геҳе́нна», ки маънои «водии Ҳиннӯм»-ро доранд (калимаи «ҷаҳаннам» низ аз ҳамин калимаи ибронӣ гирифта шудааст). Водие, ки дар тарафи ҷануб ва ҷанубу ғарбии Ерусалими қадим ҷойгир буд (Ир 7:31). Дар бораи ин водӣ пешгӯйӣ шуда буд, ки ба он ҷо ҷасади мурдаҳо партофта мешаванд (Ир 7:32; 19:6). Дар ягон ҷо гуфта нашудааст, ки ҳайвонҳо ё одамонро зинда ба зинда ба водии Ҳиннӯм партофта, дар он месӯзонданд ё азоб медоданд. Аз ин рӯ он рамзи ҷойи нонамоёне нест, ки ҷони одам абадан дар оташ азоб дода мешавад. Баръакс, Исо ва шогирдонаш ибораи «водии Ҳиннӯм»-ро ҳамчун рамзи ҷазои ниҳоӣ, яъне несту нобудии абадӣ, истифода мебурданд. Ин нобудӣ ҳамчунин «марги дуюм» номида шудааст (Ошк 20:14; Мт 5:22; 10:28).
Г
Газ.
Ченаки дарозиест аз оринҷ то нӯги ангушти миёна; зироъ, араш. Исроилиён одатан газеро, ки ба 44,5 см баробар буд, истифода мебурданд, ҳамчунин онҳо гази чор ангушт дарозтарро, ки ба 51,8 см баробар буд, истифода мебурданд (1Мс 6:15; Лқ 12:25). Ниг. ба Замимаи Б14.
Гандуми ғилофӣ.
Як намуди гандуми пастсифат (Triticum spelta), ки донаашро аз сабӯсаш ҷудо кардан осон нест (2Мс 9:32).
Гарав.
Чизе, ки қарздор то адо кардани қарз ба дасти қарзхоҳ месупорад. Гарав кафолати он аст, ки қарздор дар оянда қарзашро бармегардонад. Барои муҳофизат кардани исроилиёни камбағалу бепуштупаноҳ дар Шариати Мӯсо нисбати гарав дастурҳо дода шуда буд (2Мс 22:26; Ҳз 18:7).
Геро.
Ченаки вазне, ки ба 0,57 г баробар аст. Он ба 1/20 сиқл баробар аст (3Мс 27:25). Ниг. ба Замимаи Б14.
Гиттит.
Вожаи мусиқавиест, ки маънояш маълум нест. Аз афташ, он аз калимаи ибронии «гат» гирифта шудааст. Ба фикри баъзеҳо, шояд, он оҳанги сурудҳоест, ки дар вақти шароб тайёр кардан хонда мешуданд, чунки калимаи «гат» маънои чархуштро дорад (Зб 81:болонавис).
Гӯр.
Ба ибронӣ «шео́л» ва ба юнонӣ «ҳа́дес». Зери ин калимаҳо гӯри маҷозии тамоми одамон дар назар аст, ҳолати маҷозие, ки дар он шахс на ҳаракат мекунад ва на чизеро мефаҳмад (1Мс 37:35; Пг 9:10; Крн 2:31).
Ғ
Ғайбдон.
Шахсе, ки хости Худоро мефаҳмид ва чизҳоеро, ки аз чашми дигарон пӯшида буд, медиду ба маънояшон сарфаҳм мерафт. Маънои решаи калимаи иброние, ки «ғайбдон» тарҷума шудааст, «дидан» аст ва онро ҳам ба маънои аслӣ ва ҳам маҷозӣ фаҳмидан мумкин аст. Ба ғайбдонон барои маслиҳати оқилона ва ҳалли душвориҳо муроҷиат мекарданд (1Пш 9:9).
Ғанимат.
Д
Дарахти ҳаёт.
Дарахти шинохти неку бад.
Дарик.
Тангаи тиллои форсие, ки 8,4 г вазн дошт (1Вқ 29:7). Ниг. ба Замимаи Б14.
Даст гузоштан.
Бар шахс даст гузоштан маънои онро дошт, ки ӯро ба ягон кори махсус таъйин мекарданд, баракат медоданд ё шифо мебахшиданд. Ҳамчунин бар шахс барои он даст мегузоштанд, ки атои рӯҳи муқаддасро соҳиб шавад. Баъзан пеш аз қурбонӣ овардани ҳайвонҳо бар онҳо даст гузошта мешуд (2Мс 29:15; 4Мс 27:18; Крн 19:6; 1Тм 5:22).
Дастхат.
Лӯлапече, ки аз порчаҳои чарм ё папирус тайёр мекарданд ва дар он менавиштанд. Одатан чунин лӯлапечҳоро дар гирди чӯб мепечонданд. Навиштаҳои Муқаддасро низ дар чунин лӯлапечҳо менавиштанд, нусхабардорӣ мекарданд ва мехонданд (Ир 36:4, 18, 23; Лқ 4:17–20; 2Тм 4:13).
Дастхатҳои чармӣ.
Дастхатҳое, ки аз пӯсти гӯсфанд, буз ё гӯсола тайёр карда мешуданд. Чарм, ки аз папирус бадошттар аст, барои нусхабардорӣ кардани Навиштаҳои Муқаддас истифода мешуд. Эҳтимол, дастхатҳои чармие, ки Павлус оварданашонро аз Тимотиюс хоҳиш кард, баъзе аз китобҳои Навиштаҳои Ибронӣ буданд. Баъзе дастхатҳои баҳри Мурда низ чармӣ буданд (2Тм 4:13).
Даҳяк.
Аз даҳ як ҳисса ё 10%-и ягон чизе, ки шахс бояд чун андоз медод. Онро асосан барои корҳои динӣ месупориданд (5Мс 26:12; Мл 3:10; Мт 23:23). Мувофиқи Шариати Мӯсо ҳар сол аз ҳосили замин ва аз ҳисоби афзоиши гову мол барои дастгирии левизодагон даҳяк дода мешуд. Левизодагон бошанд, аз даҳяки гирифтаашон ба коҳинони насли Ҳорун даҳяк медоданд. Даҳяк дар мавридҳои дигар низ дода мешуд. Аз масеҳиён додани даҳяк талаб карда намешавад.
Девҳо.
Офаридаҳои бади рӯҳие, ки аз одамон бақувваттаранд. Онҳо дар 1 Мӯсо 6:2 «писарони Худо» ва дар Яҳудо 6 «фариштагон» номида шудаанд ва ин нишон медиҳад, ки онҳо ҳангоми офарида шуданашон бад набуданд. Он фариштагон дар рӯзҳои Нӯҳ ба Худо беитоатӣ карда, ба исёне, ки Шайтон бар зидди Яҳува бардошт, ҳамроҳ шуданд ва ҳамин тавр душмани Худо гаштанд (5Мс 32:17; Лқ 8:30; Крн 16:16; Яқ 2:19).
Декаполис.
Ин ном калимаи юнонӣ буда, «де́ка» «даҳ» ва «по́лис» «шаҳр» мебошад. Декаполис номи як гурӯҳ шаҳрҳои Юнон аст, ки дар аввал аз даҳ шаҳр иборат буд. Ҳамчунин он номи сарзамине дар тарафи шарқии баҳри Ҷалил ва дарёи Урдун буд, ки аксари шаҳрҳои он гурӯҳ дар он ҷо ҷойгир буданд. Ин шаҳрҳо маркази маданият ва тиҷорати Юнони қадим буданд. Исо аз он сарзамин гузашта буд, лекин дар бораи ба он шаҳрҳо даромадани ӯ чизе гуфта нашудааст (Мт 4:25; Мқ 5:20). Ниг. ба Замимаи А7 ва Б10.
Дидбон.
Шахсе, ки одамон ё моликиятро нигаҳбонӣ мекунад, то ба онҳо зарар расонида нашавад; посбон, нигаҳбон. Одатан дидбонон хизмати худро шабона ба ҷо оварда, ҳангоми таҳдиди хатар дигаронро огоҳ мекунанд. Дар гузашта дидбонон бисёр вақт бар девору бурҷҳои ҳисори шаҳр истода, одамонро аз дурӣ, пеш аз он ки ба шаҳр наздик шаванд, медиданд. Пайғамбарон ба маънои маҷозӣ дидбони халқи Исроил буданд, зеро онҳоро аз хатари оянда огоҳ мекарданд (4Пш 9:20; Ҳз 3:17).
Динор.
Тангаи румии нуқрагие, ки тахминан 3,85 г вазн дошт ва дар як тарафаш сурати қайсар буд. Як динор ба музди меҳнати якрӯзаи мардикор баробар буд ва румиён онро аз яҳудиён ҳамчун андози сарикасӣ мегирифтанд (Мт 22:17; Лқ 20:24). Ниг. ба Замимаи Б14.
Дирҳам.
Дар Навиштаҳои Юнонӣ ин калима ба тангаи юнонии нуқрагие ишора мекунад, ки 3,4 г вазн дошт. Дирҳаме, ки дар Навиштаҳои Ибронӣ оварда шудааст, тангаи тиллоӣ буда, дар давраи ҳукмронии форсҳо ба «дарик» (8,4 г) баробар буд (Нҳё 7:70; Мт 17:24, поварақ). Ниг. ба Замимаи Б14.
Доварон.
Мардоне, ки Яҳува барои муҳофизати халқаш то замони ҳукмронии подшоҳон таъйин мекард (Дв 2:16).
Дор.
Хода ё чӯби дарози росте, ки шахсро ба он мебастанд ё мехкӯб мекарданд; сутун. Баъзе халқҳо одамонро дар дор ба қатл мерасонданд ва ҳамчун огоҳӣ ё барои шармсор кардан ҷасадро дар он нигоҳ медоштанд. Ошуриён, ки бо ҷангҳои бераҳмонаи худ машҳур буданд, асиронро дар сутун ба қатл мерасонданд: онҳо асиронро бар ходаи нӯгтез шинонда, онро аз шикам то қафаси синаашон мегузаронданд. Мувофиқи қонуни яҳудиён касонеро, ки дар гуноҳи сахте ба мисли куфргӯйӣ ё бутпарастӣ айбдор буданд, аввал сангсор мекарданд ё бо ягон роҳи дигар мекуштанд ва баъд аз ин ҷасади онҳоро ҳамчун огоҳӣ барои дигарон ба сутун ё дор меовехтанд (5Мс 21:22, 23; 2Пш 21:6, 9). Румиён баъзан шахси гунаҳкорро ба сутун мебастанд ва ӯ пас аз якчанд рӯз аз дард, ташнагӣ, гушнагӣ ва гармии офтоб мемурд. Дар мавридҳои дигар бошад, онҳо дасту пойи шахси маҳкумшударо ба сутун мехкӯб мекарданд, чи тавре ки Исоро карда буданд (Лқ 24:20; Юҳ 19:14–16; 20:25; Крн 2:23, 36). Ниг. ба СУТУНИ АЗОБ.
Доҷӯн.
Е
Едутун.
Вожае, ки маънояш номаълум аст. Он дар болонависи таронаҳои 39, 62 ва 77-и китоби Забур вомехӯрад. Ин болонавис, шояд, ба тарзи иҷро кардани тарона, услуби он ё ба асбоби мусиқие ишора мекард. Азбаски Едутун ном сарояндаи левизодае буд, тахмин мекунанд, ки ин услуб ё соз бо ӯ ё писаронаш пайвасте дорад.
З
Замона.
Ба юнонӣ «айо́н». Дар баъзе мавридҳо ин калимаи юнонӣ ба вазъияти дунё дар ин ё он давра ё ба ҷиҳатҳои хоси ягон давру замон ишора мекунад. Вақте ин калима дар Китоби Муқаддас чун «ин ҷаҳон» ё «ин замона» меояд, он вазъияти дунё ва тарзи ҳаёти одамони ҷаҳонро дар назар дорад (2Тм 4:10). Пас аз баста шудани аҳди Шариат замонае сар шуд, ки баъзеҳо онро давраи исроилиён ё яҳудиён меноманд. Баъдтар, вақте ки Исои Масеҳ ҳаёташро қурбон кард, замонаи дигаре фаро расид, ки дар он ҷамоати масеҳиёни тадҳиншуда нақши муҳиме дошт. Дар ин давра амалӣ гаштани чизҳое, ки аҳди Шариат сояи онҳо буд, сар шуд. Шакли ҷамъи калимаи «айо́н» ба замонҳои гуногун ишора мекунад (Мқ 4:19, поварақ; Рм 12:2, поварақ; 1Қр 10:11; Эф 2:7).
Зевс.
Худои олӣ дар байни худоҳои юнониён. Сокинони шаҳри Лустра Барнабборо Зевс гумон карда буданд. Дар навиштаҷоти қадимае, ки дар наздикиҳои Лустра ёфт шуданд, дар бораи худои офтоб — Зевс, ва коҳинони ӯ гуфта шудааст. Киштие, ки Павлус дар он аз ҷазираи Малта меомад, аломати «Писарони Зевс», яъне бародарони дугоник — Кастор ва Поллуксро, дошт (Крн 14:12; 28:11).
Зив.
Номи аввалаи моҳи дуюм дар тақвими динии яҳудиён ва моҳи ҳаштуми тақвими дунявияшон. Он аз нимаи моҳи апрел сар шуда, то нимаи моҳи май давом меёфт. Зив дар китоби Талмуди яҳудиён ва дигар сарчашмаҳое, ки баъди аз асирии Бобил баргаштани яҳудиён навишта шудаанд, «ияр» омадааст (3Пш 6:37). Ниг. ба Замимаи Б15.
Зиддимасеҳ.
Калимаи юноние, ки «зиддимасеҳ» тарҷума шудааст, ду маъно дорад: як маънояш ба Масеҳ зид ё муқобил будан аст ва дигараш Масеҳи бардурӯғ, яъне касе, ки худро Масеҳ вонамуд мекунад. Одамон, ташкилот ё гурӯҳҳоеро, ки бардурӯғ худро намояндаи Масеҳ меноманд ё даъво мекунанд, ки Масеҳ мебошанд, ва ҳамчунин онҳоеро, ки ба Масеҳу пайравонаш муқобилат мекунанд, зиддимасеҳиён номидан мумкин аст (1Юҳ 2:22).
Зиндашавӣ.
Ба юнонӣ «ана́стасис», яъне «хестан; рост истодан». Дар Китоби Муқаддас нуҳ воқеаи зиндашавӣ, аз он ҷумла Исоро зинда кардани Яҳува, навишта шудааст. Гарчанд баъзеҳоро Илёс, Элишоъ, Исо, Петрус ва Павлус зинда кардаанд, онҳо инро, бешубҳа, бо қудрати Худо ба амал оварда буданд. Дар рӯйи замин зинда кардани «ҳам росткорону ҳам бадкорон» барои амалӣ гаштани нияти Худо муҳим аст (Крн 24:15). Дар Китоби Муқаддас дар бораи зиндашавӣ дар осмон низ гуфта шудааст, ки «зиндашавии аввал» номида мешавад. Он вақт бародарони тадҳиншудаи Исо зинда мешаванд (Фп 3:11; Ошк 20:5, 6; Юҳ 5:28, 29; 11:25).
Зино.
Дар Китоби Муқаддас калимаи «зино» ҳам ба маънои аслӣ ва ҳам ба маънои маҷозӣ истифода шудааст. Дар Навиштаҳои Юнонӣ калимаи юнонии «порне́я», ки «зино» тарҷума шудааст, ҳар гуна алоқаи ҷинсии аз нигоҳи Худо нораворо дар бар мегирад, масалан, хиёнати ҳамсарӣ, фоҳишагӣ, алоқаи ҷинсӣ байни касоне, ки ҳамсар нестанд, ҳамҷинсбозӣ ва алоқаи ҷинсӣ бо чорпо (Мт 5:32; Крн 15:29; Ғл 5:19). Ба маънои маҷозӣ калимаи «зино» нисбати исроилиёне истифода шудааст, ки ба Яҳува — шавҳари маҷозияшон, хиёнат мекарданд (Иш 54:5, 6). Онҳо ба он маъно зино мекарданд, ки ба Худо неву ба халқҳои дигар паноҳ бурда, аз онҳо мадад меҷустанд ва худоёни бегонаро парастиш мекарданд (1Вқ 5:25, поварақ). Дар китоби Ошкорсозӣ ин калима ба маънои маҷозӣ нисбати фоҳишаи рамзӣ — «Бобили бузург», истифода шуда, ба он ишора мекунад, ки вай барои пайдо кардани ҳокимият ва пулу мол бо подшоҳони ин ҷаҳон зино мекунад (Ошк 14:8; 17:2; 18:3). Ниг. ба ФОҲИША.
И
Иблис.
Ибодатгоҳ.
Бино дар Ерусалим, ки пас аз сохта шуданаш ба ҷойи хайма маркази ибодати исроилиён гашт; маъбад. Аввалин ибодатгоҳро Сулаймон сохта буд, ки онро баъдтар бобилиён валангор карданд. Ибодатгоҳи дуюмро Зарубобил, баъди аз ғуломии Бобил баргаштанаш, бино кард ва дертар Ҳиродуси Бузург бинои харобгаштаи онро аз нав сохт. Дар Навиштаҳои Муқаддас ибодатгоҳ бисёр вақт «хонаи Яҳува» номида шудааст (Эз 1:3; 6:14, 15; 1Вқ 29:1; 2Вқ 2:4; Мт 24:1). Ниг. ба Замимаи Б8 ва Б11.
Ибодатхона.
Калимаи юноние, ки «ибодатхона» тарҷума шудааст, маънои «ҷамъ овардан; ҷамъомад»-ро дорад; куништ. Дар бисёри оятҳо зери ин калима бино ё ҷое дар назар дошта шудааст, ки яҳудиён дар он барои хондани Навиштаҳои Муқаддас, таълим гирифтан, насиҳат ва дуо гуфтан ҷамъ меомаданд. Дар рӯзҳои Исо ҳар шаҳри калони Исроил ибодатхонаи худро дошт, дар шаҳрҳои калонтар бошад, якчанд ибодатхона буд (Лқ 4:16; Крн 13:14, 15).
Ибронӣ; ибрӣ.
Калимаи «ибрӣ» бори аввал нисбати Абром (Иброҳим) барои фарқ гузоштан миёни ӯву ҳамсоягони амӯриаш истифода шудааст. Баъдтар он ба насли Иброҳим, ки аз наберааш Яъқуб ба дунё омада буданд, ва ҳамчунин ба забони онҳо ишора мекард. Дар замонҳои Исо ба забони ибронӣ калимаҳои зиёди арамӣ роҳ ёфта буданд. Ибрӣ забоне буд, ки Масеҳ ва шогирдонаш бо он гап мезаданд (1Мс 14:13; 2Мс 5:3; Крн 26:14).
Иди Бозшавӣ.
Иди ҳарсолае, ки барои ёдоварии поксозии ибодатгоҳ, ки Антиохи Эпифан онро нопок карда буд, ҷашн мегирифтанд. Ин ид 25-уми кислев сар шуда, ҳашт рӯз давом мекард (Юҳ 10:22).
Иди Ғунучини Ҳосил.
Ниг. ба ИДИ ҲАФТАҲО.
Иди Раҳоӣ.
Иди ҳарсолае, ки исроилиён 14-уми моҳи абиб (баъдтар найсон) ҷашн гирифта, аз ғуломии Миср озод шудани халқи худро ба ёд меоварданд. Дар он ид барра ё бузғоларо кушта, дар оташ мепухтанд ва бо алафҳои талху нони бехамиртуруш мехӯрданд (2Мс 12:27; Юҳ 6:4; 1Қр 5:7).
Иди Фатир.
Аз се иди асосие, ки исроилиён ҳар сол ҷашн мегирифтанд, ин ид аввалин буд. Он 15-уми нисон, фардои Иди Раҳоӣ, сар шуда, ҳафт рӯз давом мекард. Дар он рӯзҳо исроилиён бояд нони бехамиртуруш, яъне фатир, мехӯрданд ва аз ғуломии Миср раҳо шуданашонро ба ёд меоварданд (2Мс 23:15; Мқ 14:1).
Иди Хаймаҳо.
Ҳамчунин Иди Хаскаппаҳо ё Иди Ҷамъоварӣ. Исроилиён онро дар охири соли кишоварзии худ, дар санаҳои аз 15 то 21-уми моҳи ибрии этоним (тишрӣ), ба муносибати ҷамъоварии ҳосил ҷашн мегирифтанд. Дар он ид халқи Исроил хурсандӣ мекарданд ва ба Яҳува, барои он ки киштукорашонро баракат дод, шукрона мегуфтанд. Дар рӯзҳои ид мардум дар хаймаҳо ё хаскаппаҳо зиндагӣ мекарданд ва аз ғуломии Миср раҳо шудани худро ба хотир меоварданд. Ин ид яке аз се иде буд, ки мардон барои ҷашн гирифтани онҳо бояд ба Ерусалим мерафтанд (3Мс 23:34; Эз 3:4).
Иди Ҳафтаҳо.
Ба юнонӣ «пантикост», ки маънояш «панҷоҳум» мебошад. Иди Ҳафтаҳо яке аз се иди калоне буд, ки дар он ҳамаи мардони яҳудӣ бояд дар Ерусалим ҷамъ меомаданд. Он ҳафт ҳафта пас аз 16-уми найсон, дар рӯзи 50-ум, ҷашн гирифта мешуд. Дар Навиштаҳои Ибронӣ ин ид ҳамчунин Иди Ғунучини Ҳосил номида шудааст (2Мс 23:16; 34:22; Крн 2:1).
Иллирикон.
Вилояти тобеи Руми қадим, ки дар шимолу ғарби Юнон ҷойгир буд. Павлус дар сафарҳои худ то Иллирикон рафта буд, лекин аниқ гуфта нашудааст, ки ӯ дар он ҷо хушхабарро паҳн карда буд ё не (Рм 15:19). Ниг. ба Замимаи Б13.
Исроил.
Номе, ки Худо ба Яъқуб дода буд. Зери ин ном тамоми насли ӯ низ дар назар дошта мешуд. Наслҳое, ки аз 12 писари Яъқуб ба дунё омада буданд, бисёр вақт писарони Исроил, хонадони Исроил, халқи (мардони) Исроил ё исроилиён номида мешуданд. Номи Исроил ҳамчунин ба подшоҳии шимолии даҳқабила, ки аз подшоҳии ҷанубӣ ҷудо шуда буд, ишора мекард. Баъдтар он нисбати масеҳиёни тадҳиншуда, яъне «Исроили Худо», низ ба кор бурда шуд (Ғл 6:16; 1Мс 32:28; 2Пш 7:23; Рм 9:6).
К
Калдония; калдониён.
Дар аввал сарзамин ва халқеро, ки дар атрофи резишгоҳи дарёҳои Даҷлаю Фурот ҷойгир шуда буд, чунин ном мебурданд. Бо гузашти вақт ин калимаҳо нисбати тамоми Бобилистон ва мардумаш истифода мешуд. Ҳамчунин калимаи «калдониён» ба гурӯҳи одамони маълумотноке ишора мекард, ки аз илм, таърих, забонҳо ва нуҷум хабардор буданду ҳамзамон бо сеҳру ҷодую толеъбинӣ машғул мешуданд (Эз 5:12; Дн 4:7; Крн 7:4).
Камуш.
Худои асосии мӯобиён (3Пш 11:33).
Канъон.
Набераи Нӯҳ, писари чоруми Ҳом. Ёздаҳ қабилае, ки аз Канъон ба вуҷуд омаданд, бо гузашти вақт дар тарафи шарқии баҳри Миёназамин, байни Мисру Сурия сокин шуданд. Ин минтақа «сарзамини Канъон» ном дошт (Крн 13:19; 3Мс 18:3; 1Мс 9:18). Ниг. ба Замимаи Б4.
Карнай.
Асбоби нафасии фулузӣ барои хабар додан ва мусиқӣ навохтан. Мувофиқи китоби 4 Мӯсо 10:2 Яҳува дастур дод, ки аз нуқра ду карнай созанд, то бо садои онҳо мардумро ҷамъ оранд, ба кӯч бастан тайёр кунанд ё аз ҷанг хабардор созанд. Ин карнайҳо рост буда, аз шохҳои каҷе, ки аз шохи ҳайвонҳо сохта мешуданд, фарқ мекарданд. Дар байни созҳои мусиқие, ки дар ибодатгоҳ истифода мешуданд, карнайҳое низ буданд, ки сохташон ба мо маълум нест. Ҳамчунин садои карнайҳо бисёр вақт ба маънои рамзӣ эълон шудани довариҳои Яҳува ё дигар рӯйдодҳои муҳимеро, ки аз ҷониби ӯ буданд, ҳамроҳӣ мекард (2Вқ 29:26; Эз 3:10; 1Қр 15:52; Ошк 8:7–11:15).
Каррубиён.
Фариштаҳое, ки мавқеи баландро ишғол карда, вазифаҳои махсус доранд ва аз сорофиён фарқ мекунанд (1Мс 3:24; 2Мс 25:20; Иш 37:16; Ибр 9:5).
Киккар.
Калонтарин ченаки вазн ва воҳиди пулии ибрӣ. Як киккар 34,2 кг буд (1Вқ 22:14). Ниг. ба Замимаи Б14.
Кислев.
Ин моҳ баъди баргаштан аз асирии Бобил дар тақвими динии яҳудиён моҳи нуҳум ва дар тақвими дунявияшон моҳи сеюм буд. Он аз нимаи моҳи ноябр сар шуда, то нимаи моҳи декабр давом меёфт (Нҳё 1:1; Зк 7:1). Ниг. ба Замимаи Б15.
Киштиҳои таршишӣ.
Кокутӣ.
Растание, ки шохаҳои борику баргҳои хурд дорад ва барои пошидани хун ё об дар маросимҳои покшавӣ истифода мешуд. Калимаҳои ибронию юноние, ки «кокутӣ» тарҷума шудаанд, аз афташ, якчанд хел растаниро дар бар мегиранд. Масалан, дар Юҳанно 19:29 зери калимаи юнонии «ҳиссопос», эҳтимол, як навъ растание дар назар дошта шудааст, ки беш аз 1,8 м қад кашида метавонад, зеро ба чӯби он лифи ба шароби турш таркардаро халонда, ба даҳони Исо наздик бурданд (2Мс 12:22; Зб 51:7).
Кор.
Ченаки ҳаҷм барои чизҳои хушку обакӣ. Қимату андозаи як хум (бат)-ро дониста, муайян кардан мумкин аст, ки як кор ба 220 л баробар буд (3Пш 5:11, поварақ). Ниг. ба Замимаи Б14.
Коҳин.
Марде, ки дар пеши мардум ба сифати намояндаи Худо хизмат мекард ва онҳоро дар бораи Худою қонунҳои ӯ таълим медод. Коҳинон аз номи халқ ба Худо қурбониҳо меоварданд ва барои бахшида шудани гуноҳҳояшон илтимосу илтиҷо мекарданд. Пеш аз дода шудани Шариати Мӯсо вазифаи коҳинро сардори оила иҷро мекард. Мувофиқи Шариат левизодагоне, ки аз насли Ҳорун буданд, коҳин шуда хизмат мекарданд, левизодагони дигар бошанд, ба онҳо ёрдам медоданд. Баъди бастани аҳди нав Исроили рӯҳонӣ халқи коҳинон гашт, ки Саркоҳинашон Исои Масеҳ мебошад (2Мс 28:41; Ибр 9:24; Ошк 5:10).
Коҳини калон.
Коҳреза.
Кунда.
Курсии доварӣ.
Одатан ҷойи баланди зинадоре, ки дар ҳавои кушод сохта мешуд. Дар он ҷо нишаста, ҳокимиятдорон ба мардум муроҷиат мекарданд ва қарорҳои худро эълон менамуданд. Ибораҳои «курсии доварии Худо» ва «курсии доварии Масеҳ» маънои маҷозӣ дошта, ба чораҳое, ки Яҳува барои доварӣ кардани одамизод пешбинӣ кардааст, ишора мекунанд (Рм 14:10; 2Қр 5:10; Юҳ 19:13).
Кӯзагар.
Шахсе, ки аз гил кӯза, табақ ва зарфҳои дигар месозад; кулол. Калимаи иброние, ки «кӯзагар» тарҷума шудааст, айнан маънояш «шаклдеҳ» аст. Дар Навиштаҳои Муқаддас Яҳува чун кӯзагар тасвир шудааст. Кӯзагар бо гил ҳар чӣ хоҳад мекунад, ба ин монанд, Яҳува бар одамони алоҳида ва халқҳо ҳокимияти пурра дорад (Иш 64:8; Рм 9:21).
Кӯли оташ.
Ҷойи маҷозие, ки «кӯли оташу кибрит» ном дораду «марги дуюм» низ номида шудааст. Ба он ҷо гунаҳкорони тавбанакарда, Иблис ва ҳатто маргу гӯр (ё ҳадес) партофта мешаванд. Ба кӯли оташ партофта шудани офаридаи рӯҳӣ, марг ва гӯр, ки аслан дар оташ намесӯзанд, нишон медиҳад, ки ин кӯл на рамзи азобу шиканҷаи абадӣ, балки ҷазои ниҳоиву нобудии абадӣ мебошад (Ошк 19:20; 20:14, 15; 21:8).
Қ
Қаб.
Қимату андозаи як хум (бат)-ро дониста, муайян кардан мумкин аст, ки як қаб ба 1,22 л баробар аст (4Пш 6:25). Ниг. ба Замимаи Б14.
Қайсар.
Қамиши андозагирӣ.
Ин қамиш шаш газ дарозӣ дошт. Агар онро бо гази одӣ ҳисоб кунем, дарозияш 2,67 м мешавад, агар бо гази дароз — 3,11 м (Ҳз 40:3, 5; Ошк 11:1). Ниг. ба Замимаи Б14.
Қамчинкорӣ.
Як навъ ҷазо дар асри I, ки ҳангоми он маҳкумшударо бо қамчине мезаданд, ки гиреҳҳо ё чизҳои нӯгтез дошт (Юҳ 19:1).
Қасам.
Ваъдае, ки ҳақ будани чизеро исбот мекунад ё назре, ки барои кардан ё накардани коре гуфта мешавад. Одатан шахси мартабааш паст пеши баландмартаба қасам мехӯрад, хусусан пеши Худо. Аммо баъзан Яҳува низ қасам мехӯрд, масалан, вақте ки ӯ аҳдашро бо Иброҳим ба воситаи қасам тасдиқ кард (1Мс 14:22; Ибр 6:16, 17).
Қаторкӯҳи Лубнон.
Яке аз ду қаторкӯҳи замини Лубнон. Дар сарзамини Лубнон ду қаторкӯҳ ҳаст: дар ғарб қаторкӯҳи Лубнон ва дар шарқ қаторкӯҳи Лубнони Шарқӣ. Ин ду қаторкӯҳро водии ҳосилхезу дарозе аз ҳам ҷудо мекунад. Қаторкӯҳи Лубнон аз соҳилҳои баҳри Миёназамин сар шуда, баландии қуллаҳояш ба ҳисоби миёна аз 1800 то 2100 м аст. Дар замони қадим сарзамини Лубнон пур аз дарахтони боҳашамати сидра буд, ки дар назари халқҳои гирду атроф арзиши баланд доштанд (5Мс 1:7; Зб 29:6; 92:12). Ниг. ба Замимаи Б7.
Қурбонгоҳ.
Баландие, ки аз лой, сангҳо, санги тарошида ё аз чӯби бо метал рӯпӯшшуда сохта мешуду бар он қурбонӣ ё бухур месӯзонданд. Дар ҳуҷраи якуми хаймаи муқаддас ва ибодатгоҳ барои сӯзонидани бухур «қурбонгоҳи тиллоӣ»-и хурде буд, ки аз чӯб сохта шуда, бо тилло рӯпӯш шуда буд. Дар берун, дар саҳни ҳавлӣ, «қурбонгоҳи мисин»-и калонтаре буд, ки бар он қурбониҳои сӯхтанӣ оварда мешуданд (2Мс 27:1; 39:38, 39; 1Мс 8:20; 3Пш 6:20; 2Вқ 4:1; Лқ 1:11). Ниг. ба Замимаи Б5 ва Б8.
Қурбонӣ.
Ҳадияе, ки ба Худо пешкаш карда мешуд. Бо овардани он шахс сипосгузорияшро аз Худо нишон медод, гуноҳашро ба гардан мегирифт ва ризои ӯро меҷуст. Аз Ҳобил сар карда одамон бо ихтиёри худ чизҳои гуногун, аз он ҷумла ҳайвонҳоро, ба Худо қурбон мекарданд. Баъдтар бошад, пас аз баста шудани аҳди Шариат, овардани қурбонӣ ба амри қонун дароварда шуд. Ин талабот, пас аз он ки Исо ҳаёти комили худро қурбон кард, бекор гашт. Аз он вақт инҷониб масеҳиён ба Худо қурбониҳои рӯҳонӣ меоранд (1Мс 4:4; Ибр 13:15, 16; 1Юҳ 4:10).
Қурбонии айб.
Қурбонии гуноҳ.
Қурбонии сӯхтанӣ.
Қурбоние, ки ба Худо ҳадия мешуд ва яксар бар қурбонгоҳ сӯзонда мешуд. Ягон қисми он қурбониро, хоҳ гов бошад, хоҳ гӯсфанд, буз, мусича ё чӯҷаи кафтар, ба касе, ки онро оварда буд, намедоданд (2Мс 29:18; 3Мс 6:9).
Қурбонии осоиштагӣ.
Ин қурбониро ба Яҳува меоварданд, то бо ӯ якдиливу ягонагӣ дошта бошанд. Аз ин қурбонӣ касе, ки қурбониро пешкаш мекард, аҳли хонаводааш, коҳине, ки онро тақдим мекард, ва коҳиноне, ки он вақт дар хизмат буданд, мехӯрданд. Вақте чарбуро сӯзонда дуд мекарданду бӯйи хуши он боло мебаромад, он гӯё сӯйи Яҳува мерафт ва Яҳува онро қабул мекард. Хун низ, ки рамзи ҳаёт буд, ба Яҳува дода мешуд. Ҳамин тавр коҳинон ва шахсе, ки қурбониро пешкаш мекард, гӯё бо Яҳува якҷоя хӯрок мехӯрданд ва ин нишон медод, ки байни онҳо сулҳу ягонагӣ ҳаст (3Мс 7:29, 32; 5Мс 27:7).
Қурбонии шукргузорӣ.
Як навъ қурбониҳои осоиштагӣ. Исроилиён бо овардани ин қурбонӣ Худоро барои ғамхорӣ ва меҳру вафояш шукргузорӣ мекарданд. Гӯшти ҳайвони қурбонишударо бо нони хамиртурушдору фатир мехӯрданд. Гӯшт бояд худи ҳамон рӯз хӯрда мешуд (2Вқ 29:31).
Қуръа.
Сангча ё пораи хурди чӯб ё санге, ки барои қарор кардан истифода мешуд. Онҳоро ба домани либос ё ба зарф андохта, омехта мекарданд ва сипас аз рӯйи қуръае, ки меафтод ё кашида мешуд, қарор мекарданд. Бисёр вақт пеш аз қуръапартоӣ дуо мегуфтанд (Юш 14:2; Зб 16:5; Пнм 16:33; Мт 27:35).
Л
Лавҳаи шаҳодат.
Ин ибора одатан ба Даҳ амре ишора мекунад, ки дар ду лавҳаи сангин навишта, ба Мӯсо дода шуд (2Мс 31:18).
Лаънат.
Ба касе ё чизе бадӣ хостан; дуои бад. Лаънат аз бадгӯйӣ фарқ мекунад ва на ҳама вақт дар сари қаҳр гуфта мешавад. Аксар вақт он эълон ё пешгӯйӣ кардани ягон чизи бад аст. Лаънате, ки аз тарафи Худо ё бо амри ӯ гуфта мешуд, пешгӯйӣ ҳисоб меёфт ва ҳатман иҷро мегашт (1Мс 12:3; 4Мс 22:12; Ғл 3:10).
Левӣ; левизода.
Писари сеюми Яъқуб ва Леё; ҳамчунин қабилае, ки бо номи ӯ хонда мешавад. Се писари Левӣ асосгузори се гурӯҳи асосии левизодагон буданд. Аксар вақт «левизодагон» гуфта, тамоми қабилаи Левиро, ғайр аз писарони Ҳорун, ки коҳин буданд, дар назар доштанд. Қабилаи Левӣ дар Замини ваъдашуда ҳиссае надошт, аммо ба онҳо дар замини қабилаҳои дигар 48 шаҳр дода шуд (5Мс 10:8; 1Вқ 6:1; Ибр 7:11).
Лепта.
Майдатарин тангаи мисӣ ё биринҷие, ки дар асри як яҳудиён истифода мебурданд (Мқ 12:42, поварақ; Лқ 21:2, поварақ). Ниг. ба Замимаи Б14.
Либоси ҷангӣ.
Либосе, ки сарбозон барои муҳофизат мепӯшиданд. Он аз кулоҳ, зиреҳ, камарбанд, зонубанди оҳанин ва сипар иборат буд (1Пш 31:9; Эф 6:13–17).
Ливятан.
Аз афташ, як навъ ҷонвари баҳрӣ. Дар Айюб 3:8 ва 41:1 он, эҳтимол, ба тимсоҳ ва ё дигар ҷонвари баҳрии калонҷуссаву пурқувват ишора мекунад. Дар Забур 104:26 бошад, шояд, як навъ наҳанг дар назар аст. Дар баъзе ҷойҳо он чун ташбеҳ омадааст ва ба ягон ҷонвар ишора намекунад (Зб 74:14; Иш 27:1).
Лодан.
Шираи (шилм ё сақичи) хушкшудаи дарахт ё бутта аз оилаи босвеллиа (Boswellia). Ҳангоми сӯзонидани он бӯйи хуш мебаромад. Ин модда дар таркиби бухуре буд, ки дар хайма ва ибодатгоҳ истифода мешуд. Онро ҳамчунин бо ҳадияи ғалла меоварданд ва дар Макони пок болои ҳар як қатори нони пешкаш мегузоштанд (2Мс 30:34–36; 3Мс 2:1; 24:7; Мт 2:11).
Лутфу марҳамат.
Калимаи юноние, ки «лутфу марҳамат» ва баъзан «[аз касе] розӣ будан» ё «хайрия» тарҷума шудааст, асосан фикри чизеро баён мекунад, ки маъқул ва форам аст. Ин калима бисёр вақт ҳадия ё бо меҳрубонӣ чизе доданро дар назар дорад. Чунин ҳадия саховатмандиву дасткушодии диҳандаро нишон медиҳад, на ба ҳадия сазовор будани гирандаро. Вақте гап дар бораи лутфу марҳамати Худо меравад, ин калимаи юнонӣ ба атое ишора мекунад, ки ӯ бо саховатмандӣ медиҳад ва дар ивазаш чизеро интизор намешавад. Лутфу марҳамати Худо нишонаи саховатмандӣ ва меҳру муҳаббати беандозаи ӯ нисбат ба одамон аст (2Қр 6:1; Эф 1:7).
Лӯҷ.
Ченаки хурдтарини ҳаҷм барои чизҳои обакӣ, ки дар Китоби Муқаддас ёдовар шудааст. Дар китоби Талмуди яҳудиён гуфта шудааст, ки он ба 1/12 ҳин баробар аст, дар асоси ин маълумот лӯҷро ба 0,31 л баробар гуфтан мумкин аст (3Мс 14:10). Ниг. ба Замимаи Б14.
М
Мағор.
Ҳар гуна касалии растаниҳо, ки ангезандаашон занбӯруғи пӯпанак аст. Ба фикри баъзеҳо, дар Китоби Муқаддас мағор гуфта, занги сиёҳи пояи растанӣ дар назар дошта шудааст (Puccinia graminis) (3Пш 8:37).
Мазҳаб.
Шохаи ягон дин, ки пайравонаш таълимоту эътиқод ва пешвои худро доранд; фирқа; бидъат (секта). Дар Навиштаҳои Юнонӣ дар бораи ду мазҳаби машҳури дини яҳудӣ — фарисиён ва саддуқиён, гуфта шудааст. Одамон, аз афташ, дини масеҳиро яке аз шохаҳои дини яҳудӣ ҳисобида, онро «мазҳаб» ё «мазҳаби носириён» меномиданд. Бо мурури замон дар ҷамоати масеҳӣ низ мазҳабҳои гуногун пайдо шуданд. Яке аз он мазҳабҳо, ки дар борааш дар китоби Ошкорсозӣ гуфта шудааст, «мазҳаби Николос» буд (Крн 5:17; 15:5; 24:5; 28:22; Ошк 2:6; 2Пт 2:1).
Макони пок.
Қисми якуми хайма ё ибодатгоҳ, ки аз қисми дарунӣ, яъне Макони поктарин, калонтар буд. Дар Макони поки хайма чароғпояи тиллоӣ, қурбонгоҳи тиллоӣ барои бухурсӯзӣ, миз барои нонҳои пешкаш ва ашёҳои тиллоӣ буданд. Дар ибодатгоҳ бошад, дар он қисм қурбонгоҳи тиллоӣ, даҳ чароғпояи тиллоӣ ва даҳ миз барои нонҳои пешкаш меистоданд (2Мс 26:33; Ибр 9:2). Ниг. ба Замимаи Б5 ва Б8.
Макони поктарин.
Қисми дарунии хаймаи муқаддас ва ибодатгоҳ, ки сандуқи аҳд дар он нигоҳ дошта мешуд. Мувофиқи Шариати Мӯсо танҳо ба саркоҳин иҷозат дода мешуд, ки ҳар сол дар Рӯзи Товондиҳӣ ба он ҷо дарояд (2Мс 26:33; 3Мс 16:2, 17; 3Пш 6:16; Ибр 9:3).
Мақбараи ёдгорӣ.
Ҷое, ки шахси мурдаро гӯр мекарданд. Ин вожа тарҷумаи калимаи юнонии «мнеме́ён» аст, ки аз феъли «дар ёд гирифтан» сохта шудааст ва маънои дар хотир доштани шахси мурдаро дорад (Юҳ 5:28, 29, поварақ).
Мақдуния.
Сарзамине дар шимоли Юнон, ки зери ҳукмронии Искандари Бузург (Мақдунӣ) машҳур гашта, то забти румиён мустақил буд. Вақте Павлуси расул бори аввал ба Аврупо сафар кард, Мақдуния вилояти Рум ҳисоб меёфт. Павлус ба он ҷо се маротиба сафар карда буд (Крн 16:9). Ниг. ба Замимаи Б13.
Малах.
Ҳашароте, ки мувофиқи Шариати Мӯсо пок буда, хӯрдани он мумкин буд. Ҳамлаи селаҳои калони малах, ки ҳама чиро хӯрда, харобиҳои зиёд меоварданд, бало ҳисоб меёфт (2Мс 10:14; Мт 3:4).
Маликаи осмон.
Номи худоест, ки исроилиёни осӣ дар рӯзҳои Ирмиё парастиш мекарданд. Ба фикри баъзеҳо, Маликаи осмон худойзани бобилиён — Иштар (Астарт), аст. Номи шумерии вай Инанна буд, ки маънояш «маликаи осмон» мебошад. Вай худои бороварӣ низ буд. Астарт дар як навиштаҷоти мисрӣ «Бонуи осмон» номида шудааст (Ир 44:19).
Малком.
Малук.
Ниг. ба МӮЛИК.
Манн.
Хӯроки асосие, ки исроилиён 40 сол дар биёбон мехӯрданд. Ин хӯрокро ба онҳо Яҳува медод. Он ҳар саҳар, ғайр аз рӯзи шанбе, ба таври муъҷизавӣ зери қабати шабнам дар замин пайдо мешуд. Вақте исроилиён бори аввал онро диданд, чунин гуфтанд: «Ин чист?» (ба ибронӣ «ман ҳу?») (2Мс 16:13–15, 35). Дар дигар ҷойҳои Китоби Муқаддас он «нони осмон» (Зб 78:24; 105:40) ва «нони фариштагон» номида шудааст (Зб 78:25). Исо калимаи «манн»-ро ба маънои маҷозӣ истифода бурда буд (Юҳ 6:49, 50).
Марсия.
Шеър ё суруде, ки ғамзадагӣ ва мотами шахсро аз марги дӯст ё ягон каси наздикаш нишон медиҳад. Онро суруди мотам ё нола низ мегӯянд (2Пш 1:17; Зб 7:болонавис).
Марҷон.
Моддаи сахти сангмонанде, ки аз устухонбандии ҷонварони хурдакаки баҳрӣ ҳосил мешавад. Дар уқёнус марҷонҳои гуногунранг мавҷуданд, масалан, сурх, сафед ва сиёҳ. Марҷонҳо дар баҳри Сурх бисёр вомехӯрданд. Дар замонҳои қадим марҷонҳои сурх гаронбаҳо буданд ва барои сохтани муҳра ва асбобҳои зинат истифода мешуданд (Пнм 8:11).
Масеҳ.
Масеҳӣ.
Номе, ки Худо ба пайравони Исои Масеҳ додааст (Крн 11:26; 26:28).
Маскил.
Вожаи иброние, ки маънояш маълум нест ва дар болонависи боби 13-уми Забур вомехӯрад. Маънои ин калима «шеъри андешамандӣ» буда метавонад. Баъзеҳо маскилро бо калимае ҳамреша медонанд, ки маънояш «бо фаҳму хирад хизмат кардан» аст (2Вқ 30:22; Зб 32:болонавис).
Махав.
Бемории вазнини пӯст. Дар Навиштаҳои Муқаддас ин калима на танҳо ба беморие ишора мекунад, ки имрӯз чун «махав» маълум аст, зеро он метавонист на танҳо дар одамон, балки ҳамчунин дар либос ва хонаҳо пайдо шавад. Шахсеро, ки гирифтори ин беморӣ мегашт, махавӣ меномиданд (3Мс 14:54, 55; Лқ 5:12).
Маҳалат.
Аз афташ, вожаи мусиқавист, ки дар болонависи Забур, таронаҳои 53 ва 88, вомехӯрад. Он, шояд, бо феъли иброние ҳамреша аст, ки маънояш «бемадор шудан; касал шудан» аст. Агар ҳамин хел бошад, ин калима ба оҳанги ғамовару андуҳгин ишора мекунад ва мазмуни ғамовари ин ду таронаро нишон медиҳад.
Машк.
Халтаи чармие аз пӯсти яклухти буз, гӯсфанд ё чорвои дигар, ки барои нигоҳ доштани шароб истифода мешуд. Шароби навро ба машкҳои нав мерехтанд, чунки он гази карбонатро хориҷ карда, ба деворҳои машк фишор меовард ва машки нав зери он фишор васеъ мешуд. Машки куҳна бошад, намеёзид ва ба фишор тоб наоварда, мекафид (Юш 9:4; Мт 9:17).
Мерӯдах.
Худои асосии шаҳри Бобил. Баъди он ки подшоҳ ва қонунгузори Бобилистон — Ҳаммурабӣ, Бобилро пойтахти Бобилистон сохт, эътибори Мерӯдах (ё Мардук) зиёд шуд ва оқибат вай ҷойи худоҳои пешинаро гирифта, худои асосии бобилиён гашт. Дертар номи Мерӯдах (ё Мардук) бо унвони «Билу» («Хӯҷаин») иваз шуд ва ҳамин тавр Мерӯдах «Бил» ном гирифт (Ир 50:2).
Меҳру вафо.
Миёнарав.
Миктам.
Милкӯм.
Мино.
Ҳам ченаки вазну ҳам воҳиди пул. Дар асоси бозёфтҳои бостоншиносон гуфтан мумкин аст, ки як мино ба 50 сиқл баробар буд, сиқл бошад, 11,4 г вазн дошт. Дар Навиштаҳои Ибронӣ як мино 570 г вазн дошт. Чуноне ки гази муқаррариву гази шоҳона буд, ғайр аз минои муқаррарӣ, шояд, минои шоҳона низ буд. Дар Навиштаҳои Юнонӣ мино ба 100 дирҳам баробар буда, 340 г вазн дошт. Шаст мино ба як талант баробар буд (Эз 2:69; Лқ 19:13, поварақ). Ниг. ба Замимаи Б14.
Модҳо; Модай.
Халқе, ки аз насли Модай, писари Ёфат, пайдо шуд. Модҳо дар доманакӯҳҳои Эрон сокин шуданд ва дар он ҷо давлати Модай барпо шуд. Замоне модҳо ба Бобилиён ҳамроҳ шуда Ошурро забт карданд. Дар он вақт Форс вилояти тобеи Модай буд, лекин Куруш шӯриш бардошт ва дар натиҷа давлати пурқудрати Модаю Форс ба миён омад, ки баъдтар, соли 539-и то милод, давлати пурқудрати Бобилро шикаст дод. Дар Иди Ҳафтаҳои соли 33-и милодӣ дар Ерусалим дар қатори дигарон модҳо низ буданд (Дн 5:28, 31; Крн 2:9). Ниг. ба Замимаи Б9.
Мотам.
Азо ва ғаму андуҳи зиёд аз марги касе ё аз ягон мусибати дигар. Дар замонҳои қадим одамон аз рӯйи урфу одат якчанд рӯз мотам мегирифтанд. Дар он вақт онҳо ғайр аз гиряю нола либоси азо мепӯшиданд, ба сарашон хокистар мепошиданд, либосашонро чок мекарданд ва ба синаашон мезаданд. Баъзан ба маросими дафн овозандозонро низ даъват мекарданд (1Мс 23:2; Эс 4:3; Ошк 21:4).
Муқаддас.
Яке аз сифатҳои Яҳува, ки аз ҳар ҷиҳат пок аст (2Мс 28:36; 1Пш 2:2; Пнм 9:10; Иш 6:3). Вақте калимаҳои ибронӣ ва юноние, ки «муқаддас» ё «пок» тарҷума шудаанд, нисбати одамон (2Мс 19:6; 4Пш 4:9), ҳайвонҳо (4Мс 18:17), чизҳо (2Мс 28:38; 30:25; 3Мс 27:14), ҷойҳо (2Мс 3:5; Иш 27:13), вақт (2Мс 16:23; 3Мс 25:12) ва ягон кор (2Мс 36:4) истифода мешаванд, ин маънои онро дорад, ки онҳо барои хизмати Яҳува ҷудо шудаанд ё пок гаштаанд. Калимаҳои «пок»-у «муқаддас» ҳамчунин ба маънои покии ахлоқӣ омадаанд (2Қр 7:1; 1Пт 1:15, 16).
Муқаддасгоҳ.
Одатан ҷое барои парастиши Худо. Бисёр вақт зери ин калима хаймаи муқаддас ё ибодатгоҳи Ерусалим дар назар дошта шудааст. Он ҳамчунин ба осмон, ки ҷойгоҳи Худост, ишора мекунад (2Мс 25:8, 9; 4Пш 10:25; 1Вқ 28:10; Ошк 11:19).
Мурр.
Шираи (шилм ё сақичи) хушбӯе, ки аз навъҳои гуногуни буттаҳои хордор ва дарахтҳои хурди оилаи коммифора (Commiphora) ҳосил карда мешуд. Мурр ба таркиби равғани муқаддаси тадҳин дохил мешуд. Онро барои хушбӯй кардани либосу ҷойгаҳ истифода мебурданд ва ҳамчунин ба равғани масҳ ва дигар моеъҳои нигоҳубини бадан ҳамроҳ мекарданд. Он ҳамчунин барои ба дафн тайёр кардани ҷасад истифода мешуд (2Мс 30:23; Пнм 7:17; Юҳ 19:39).
Мут-лабен.
Вожае, ки дар болонависи боби 9-и Забур омадаасту маънои «дар бораи марги писар»-ро дорад. Ба фикри баъзеҳо, сози мут-лабен ном ё, шояд, сарсухани оҳанги шиносе буд, ки дар вақти сароидани ин тарона истифода бурда шудааст.
Муҳр.
Ашёе барои мондани нақш, одатан дар гил ё мум. Муҳр соҳиби чиз будани шахс, ҳақиқӣ будани ягон чиз ё баста шудани аҳдро тасдиқ мекард. Дар замонҳои қадим муҳр аз ягон чизи сахт (санг, устухони фил ё чӯб) сохта шуда, дар он навиштаҷот ё нақше канда мешуд. Дар Навиштаҳои Муқаддас муҳр задан баъзан ба маънои маҷозӣ омада, ба он ишора мекунад, ки ин ё он чиз ҳақиқӣ аст, моликияти касест ё чизи пинҳон ё махфӣ мебошад (2Мс 28:11; Нҳё 9:38; Ошк 5:1; 9:4).
Муъҷиза; корҳои бузург.
Мӯлик.
Н
Навиштаҳо.
Навмоҳ.
Рӯзи якуми ҳар моҳ дар тақвими яҳудӣ, ки дар он исроилиён ҷамъ меомаданд, рӯза мегирифтанд ва қурбониҳои махсус меоварданд. Баъдтар он чун иди миллӣ ҷашн гирифта мешуд ва мардум дар он рӯз кор намекарданд (4Мс 10:10; 2Вқ 8:13; Қл 2:16).
Назр.
Назрӣ.
Ин калима аз ибронӣ гирифта шуда, маънояш «шахсе, ки барои коре интихоб ё ҷудо шудааст», «шахсе, ки ба касе бахшида шудааст» мебошад. Ду гурӯҳи назриён буданд: касоне, ки ихтиёран назрӣ мешуданд ва касоне, ки Худо онҳоро интихоб мекард. Зан ё мард метавонист ба Яҳува ваъдаи махсус диҳаду як муддате назрӣ бошад. Касоне, ки бо ихтиёри худ назрӣ мешуданд, бояд аз се чиз худдорӣ мекарданд: 1) аз нӯшокиҳои мастиовар ва ангуру маҳсулоте, ки аз он тайёр мешуд, 2) аз гирифтани мӯйи сар ва 3) аз даст расондан ба мурда. Касоне, ки Худо онҳоро назрӣ интихоб мекард, як умр назрӣ мемонданд ва Яҳува барояшон талаботи махсусро муқаррар мекард (4Мс 6:2–7; Дв 13:5).
Найсон.
Номи дигари моҳи абиб, ки пас аз асирии Бобил чунин номида мешуд. Он дар тақвими динии яҳудиён моҳи якум ва дар тақвими дунявияшон моҳи ҳафтум буд. Моҳи найсон дар нимаи моҳи март сар шуда, то нимаи моҳи апрел давом меёфт (Нҳё 2:1). Ниг. ба Замимаи Б15.
Нардсунбул.
Равғани хушбӯйи қиматбаҳои сурхчатоб, ки аз як навъи растании нардсунбул ҳосил карда мешуд. Азбаски равғани нардсунбул қимат буд, онро бисёр вақт бо равғанҳои арзонтар омехта менамуданд, баъзан бошад, қалбакиашро тайёр мекарданд. Ҳам Марқус ва ҳам Юҳанно қайд кардаанд, ки равғане, ки бар Исо рехта шуд, «равғани тозаи... нардсунбул» буд (Мқ 14:3; Юҳ 12:3).
Нахустзода.
Асосан писари калонии падар нахустзода ҳисоб меёфт. Дар Исроили қадим писари нахустзода дар оила мавқеи махсус дошт ва пас аз марги падар сардори оила мешуд. Ин калима ба нахустзодаи наринаи чорпоён низ ишора мекунад (1Мс 25:33; 2Мс 11:5; Қл 1:15).
Наҳилӯт.
Калимае, ки маънояш маълум нест ва дар болонависи боби 5-уми Забур вомехӯрад. Ба фикри баъзеҳо, ин калима бо калимаи ибронии «халил» (най) ҳамреша аст ва ба асбобҳои нафасӣ ишора мекунад, вале он номи ягон оҳанг низ буда метавонад.
Нозир.
Марде, ки вазифаи асосиаш назорат ва чӯпонӣ кардани ҷамоат аст. Калимаи юнонии «эпи́скопос», ки «нозир» тарҷума шудааст, асосан касеро тасвир мекунад, ки мақсадаш нигоҳубину муҳофизат аст. Калимаҳои «нозир» ва «пир» (ба юнонӣ «пресби́терос») ба ҳамон як мавқеи шахс дар ҷамоати масеҳӣ ишора мекунанд. «Пир» рӯҳан баркамол будани шахс ва «нозир» чӣ гуна вазифаҳо доштани ӯро нишон медиҳад (Крн 20:28; 1Тм 3:2–7; 1Пт 5:2).
Нони пешкаш.
Дувоздаҳ ноне, ки дар Макони поки хайма ва ибодатгоҳ гузошта мешуд. Ин нонҳоро шаштогӣ дар ду қатор болои ҳам рӯйи миз мегузоштанд. Онҳо ҳамчунин «нони чида» номида мешуданд. Ин нонҳоро, ки ба Худо ҳадия мешуданд, ҳар шанбе бо нонҳои нав иваз мекарданд. Нонҳои ивазшударо одатан танҳо коҳинон мехӯрданд (2Вқ 2:4; 2Мс 25:30; 3Мс 24:5–9; Мт 12:4; Ибр 9:2). Ниг. ба Замимаи Б5.
Нопок.
Носирӣ.
Номе, ки ба Исо бо сабаби аз шаҳри Носира буданаш дода шуд. Он, эҳтимол, бо калимаи иброние, ки дар Ишаъё 11:1 чун «навда» тарҷума шудааст, ҳамреша аст. Баъдтар пайравони Исоро низ «носириён» ё «насрониён» меномиданд (Мт 2:23; Крн 24:5).
О
Озод; озодшуда.
Дар замони ҳукмронии румиён ҳамон касе озод буд, ки озод таваллуд шуда, соҳиби тамоми ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ буд. Вале озодшуда касе буд, ки аз ғуломӣ озод мешуд. Расман озод шуда, шахс соҳиби шаҳрвандии Рум мегашт, вале ҳуқуқ надошт, ки дар сохтори сиёсӣ мансаб пайдо кунад. Ҳангоми ғайрирасман озод шудан бошад, шахс, гарчанд дигар ғулом набуд, тамоми ҳуқуқҳои шаҳрвандиро соҳиб шуда наметавонист (1Қр 7:22).
Озор.
Ин моҳ баъди баргаштан аз асирии Бобил дар тақвими динии яҳудиён моҳи дувоздаҳум ва дар тақвими дунявияшон моҳи шашум буд. Он аз нимаи моҳи феврал сар шуда, то нимаи моҳи март давом меёфт (Эс 3:7). Ниг. ба Замимаи Б15.
Омин.
Маънояш «бигзор ҳамин хел шавад» ё «ҳақ асту рост». «Омин» аз калимаи ибронии «ама́н», ки маънояш «вафодор, боваринок будан» аст, гирифта шудааст. Одамон «омин» гуфта, бо қасам, дуо ё сухане розӣ будани худро нишон медоданд. Дар китоби Ошкорсозӣ ин калима чун унвони Исо омадааст (5Мс 27:26; 1Вқ 16:36; Ошк 3:14).
Осӣ.
Ба юнонӣ «апостаси́я», ки маънояш «тарк кардан; даст кашидан; исён» аст. Ин калимаи юнонӣ аз феъле гирифта шудааст, ки маънои аслиаш «дур истодан» мебошад. Дар Навиштаҳои Юнонӣ «апостасия» «рӯй гардондан» ва «осиён» тарҷума шудааст ва нисбати онҳое истифода шудааст, ки ба парастиши пок зид мебароянд (Крн 21:21; 2Тс 2:3, поварақ).
Осиё.
Дар Навиштаҳои Юнонӣ номи вилояти давлати Рум, ки қисми ғарбии Туркияи имрӯза ва ҳамчунин баъзе ҷазираҳоро, аз он ҷумла Сомӯс ва Патмосро, дар бар мегирифт. Пойтахти он Эфсӯс буд (Крн 20:16; Ошк 1:4). Ниг. ба Замимаи Б13.
Оташдон.
Ҷое барои гудохтани маъдану металҳо ва пухтани зарфҳои сафолӣ; кӯра. Дар замонҳои қадим оташдонро аз хишт ё санг месохтанд. Оташдонеро, ки дар он зарфҳои сафолӣ ва оҳакро мепазанд, хумдон низ меноманд (1Мс 15:17; Дн 3:17; Ошк 9:2).
Оташкушҳо.
Асбобҳои тиллоӣ ё мисие, ки дар хаймаи муқаддас ва ибодатгоҳ истифода мешуданд. Оташкушҳо, шояд, мисли қайчиҳое буданд, ки бо онҳо пилтаи чароғро мебуриданд (4Пш 25:14).
Охирзамон.
Даврае, ки бо анҷом ёфтани ин замона ё вазъияти дунёи Шайтон ба охир мерасад. Ин давра ба вақти ҳузур доштани Масеҳ рост меояд. Зери роҳнамоии Исо фариштагон «бадкоронро аз росткорон ҷудо карда», несту нобуд мекунанд (Мт 13:40–42, 49). Шогирдони Исо фаҳмидан мехостанд, ки «охирзамон» кай фаро мерасад (Мт 24:3). Пеш аз он ки Исо ба осмон баргардад, ӯ ба шогирдонаш ваъда дод, ки дар он вақт бо онҳо хоҳад буд (Мт 28:20).
Охоия.
Дар Навиштаҳои Юнонӣ номи вилояти Рум, ки дар ҷануби Юнон ҷойгир буда, пойтахташ Қӯринт буд. Охоия тамоми нимҷазираи Пелопоннес ва қисми марказии қитъаи Юнонро дар бар мегирифт (Крн 18:12). Ниг. ба Замимаи Б13.
П
Пайғамбар.
Палос.
Дар Китоби Муқаддас зери ин калима матои дуруште дар назар дошта шудааст, ки барои дӯхтани халтаҳо истифода мешуд. Он матоъ одатан аз пашми буз бофта шуда, ранги сиёҳ дошт. Палосро дар рӯзҳои мотам мепӯшиданд (1Мс 37:34; Лқ 10:13).
Папирус.
Растании наймонанди обие, ки аз он сабад, қаиқ ва дигар ашёҳоро месохтанд. Номҳои дигари он саломалейкуми папирусӣ, дарахти қоғази мисрӣ, ҷагани Нил, бардӣ, абардӣ, чиғ, ҳақӣ, ҳафоъ ва кулан аст. Он ҳамчунин барои тайёр кардани қоғази хатнависӣ истифода мешуд (2Мс 2:3).
Парда.
Матои зебое, ки дар он нақши каррубиён гулдӯзӣ шуда буд. Ин парда дар хайма ва ибодатгоҳ Макони покро аз Макони поктарин ҷудо мекард (2Мс 26:31; 2Вқ 3:14; Мт 27:51; Ибр 9:3). Ниг. ба Замимаи Б5.
Пешбанд.
Яке аз либосҳои болоии коҳинон. Саркоҳин пешбанди махсусе мебаст, ки дар он пешовез бо 12 санги қиматбаҳо часпонда шуда буд (2Мс 28:4, 6). Ниг. ба Замимаи Б5.
Пешгӯйӣ.
Хабар аз ҷониби Худо; нубувват. Калимае, ки «пешгӯйӣ» тарҷума шудааст, маънои васеъ дошта, фикрҳои зеринро дар бар гирифта метавонад: панду насиҳати Худо, эълон кардани хост ё доварии ӯ, хабар додани рӯйдодҳои оянда (Ҳз 37:9, 10; Дн 9:24; Мт 13:14; 2Пт 1:20, 21).
Пешовез.
Матои кисадоре, ки бар рӯйи он сангҳои қиматбаҳо часпонда шуда буданд. Онро саркоҳин ҳангоми даромадан ба Макони пок ба сандуқи синааш меовехт. Он «пешовези доварӣ» номида мешуд, чунки дар дарунаш урим ва туммим дошт, ки ба воситаи онҳо ҳукмҳои Яҳуваро мефаҳмиданд (2Мс 28:15–30). Ниг. ба Замимаи Б5.
Пим.
Ченаки вазн ва пул. Фалиштиён барои тез кардани асбобҳои оҳанин аз исроилиён як пим мегирифтанд. Дар давоми кофтукови бостоншиносон якчанд санги тарозу ёфт шуданд, ки дар онҳо бо ҳарфҳои ибронии қадим «пим» навишта шуда буд. Ба ҳисоби миёна вазни ҳар як санг 7,8 г мебошад, ки ба ду сеяки сиқл баробар аст (1Пш 13:20, 21).
Пир.
Маънои асосии ин калима марди солхӯрда мебошад. Дар Навиштаҳои Муқаддас зери ин калима шахсе дар назар дошта шудааст, ки дар ҷамоат ё халқе соҳиби ҳокимият буда, уҳдадориҳо дорад. Калимаи юнонии «пресби́терос», ки «пир» тарҷума шудааст, ба шахсоне ишора мекунад, ки дар ҷамоат роҳбариро ба уҳда мегиранд. Ҳамчунин он дар китоби Ошкорсозӣ нисбати офаридаҳои осмонӣ ба кор бурда шудааст (2Мс 4:29; Пнм 31:23; 1Тм 5:17; Ошк 4:4).
Писари Довуд.
Писари Худо.
Дар Китоби Муқаддас ибораи «Писари Худо» асосан ба Исои Масеҳ ишора мекунад ва онро дар назар дорад, ки вайро Худо офаридааст ва ӯ ба Худо хеле наздик аст (Юҳ 3:17, 18). Ин ибора на маънои аслӣ, балки маънои маҷозӣ дорад, зеро фикри он ки Худо зан дошта, фарзанд ба дунё оварда метавонад, тамоман нодуруст аст. Ибораи «писари Худо» ҳамчунин нисбати фариштагон, Одам (пеш аз гуноҳ карданаш) ва касоне, ки Худо дар асоси аҳд бо онҳо муносибати махсус дорад, истифода шудааст (Аб 1:6; Лқ 3:38; Ғл 3:26). Худо халқи Исроилро «писар»-и худ номида буд, зеро он дар миёни ҳамаи қавмҳои рӯйи замин халқи махсус ва интихобшудаи ӯ буд (2Мс 4:22, 23; 5Мс 7:6).
Писарони Ҳорун.
Насли Ҳоруни набераи Левӣ, ки ҳангоми дода шудани Шариати Мӯсо саркоҳин интихоб шуда буд. Ҳорун саркоҳини аввалин буд. Писарони ӯ хизмати муқаддаси худро дар хайма ва ибодатгоҳ ба ҷо меоварданд (1Вқ 23:28).
Подшоҳии Худо.
Пок.
Дар Навиштаҳои Муқаддас зери ин калима на танҳо покии ҷисмонӣ дар назар дошта шудааст. Он ҳамчунин ба нигоҳ доштан ё барқарор кардани беайбӣ ва дур будан аз ҳар чизе, ки ахлоқан ё рӯҳан ифлос, нопок ё вайрон месозад, ишора мекунад. Ин калима дар Шариати Мӯсо баъзан ба маънои аз рӯйи маросим пок будан меояд (3Мс 10:10; Зб 51:7; Мт 8:2; 1Қр 6:11). Ниг. ба МУҚАДДАС.
Посбонони подшоҳи Рум.
Подшоҳи Рум дастаи махсуси сарбозонро таъйин карда буд, то ӯро муҳофизат кунанд. Посбонони подшоҳи Рум дар сиёсати ин давлат пурзӯр буданд: онҳо метавонистанд подшоҳро дастгирӣ кунанд ё ӯро аз тахт ронанд (Фп 1:13).
Проконсул.
Пурим.
Иде, ки ҳар сол 14 ва 15-уми моҳи озор ҷашн гирифта мешуд. Дар ин ид яҳудиён ёдовар мешуданд, ки чӣ тавр дар рӯзҳои Эстери малика аз куштор раҳоӣ ёфта буданд. Маънои калимаи «пур» «қуръа» мебошад. Душмани яҳудиён, Ҳомон, қуръа партофта рӯзи куштори онҳоро интихоб карда буд. Аз ин сабаб ин ид Иди Пурим ё Иди Қуръаҳо ном гирифт (Эс 3:7; 9:26).
Пурсандаи арвоҳ.
Касе, ки даъво мекунад, ки бо мурдагон гап мезанад (3Мс 20:27; 5Мс 18:10–12; 4Пш 21:6).
Р
Расул.
Росткорӣ.
Роҳ.
Дар Навиштаҳои Муқаддас ин калима баъзан ба маънои маҷозӣ истифода шуда, ба тарзи рафтори ба Яҳува писанд ё нописанд ишора мекунад. Азбаски шогирдони Исои Масеҳ ба ӯ имони мустаҳкам доштанду пайравӣ ба ӯро роҳи ҳаёти худ сохта буданд, онҳоро пайравони «Роҳ» меномиданд (Крн 19:9).
Роҳнамо.
Роҳоб.
Калимае, ки дар китобҳои Айюб, Забур ва Ишаъё чун ташбеҳ омадааст (ин ҷо Роҳобе, ки дар китоби Юшаъ ёдовар шудааст, дар назар нест). Аз матни китоби Айюб маълум аст, ки «роҳоб» ба ҷонвари калони баҳрие ишора мекунад, дар ҷойҳои дигар бошад, ин ҷонвари баҳрӣ рамзи Миср аст (Аб 9:13; Зб 87:4; Иш 30:7; 51:9, 10).
Роҳрави Сулаймон.
Роҳрави болояш пӯшидае, ки дар рӯзҳои Исо дар тарафи шарқии ҳавлии берунаи ибодатгоҳ ҷойгир буд. Чунин ақидае вуҷуд дошт, ки ин роҳрав аз ибодатгоҳи сохтаи Сулаймон боқӣ монда буд. Исо дар он ҷо дар «фасли зимистон» мегашт ва масеҳиёни аввалин дар он ҷо ҷамъ омада, Худоро ибодат мекарданд (Юҳ 10:22, 23; Крн 5:12). Ниг. ба Замимаи Б11.
Рухом.
Рухоми гачӣ.
Номи санге, ки аз он кӯзачаҳои хурде барои нигоҳ доштани равғанҳои хушбӯй месохтанд. Ин санг дар наздикии Алабастрон ном шаҳри Миср вомехӯрд. Чунин кӯзачаҳо одатан гардани борик доштанд, бинобар ин онҳоро тавре маҳкам кардан мумкин буд, ки бӯйи хуши равған гум нашавад. Рухоми гачиро «алабастер» низ меноманд (Мқ 14:3, поварақ).
Рӯза.
Ба муддате парҳез ё худдорӣ кардан аз ҳар гуна хӯрок. Исроилиён дар Рӯзи Товондиҳӣ, дар вақти мусибат ва ҳангоми ба роҳнамоии Худо муҳтоҷ буданашон рӯза медоштанд. Яҳудиён ҳар сол чор бор ба хотири воқеаҳои фоҷиабори таърихашон рӯза мегирифтанд. Аз масеҳиён рӯза доштан талаб карда намешавад (Эз 8:21; Иш 58:6; Лқ 18:12).
Рӯзи Доварӣ.
Рӯз ё айёми махсусе, ки дар он ягон гурӯҳи одамон, халқҳо ё ҳамаи инсонҳо пеши Худо ҷавоб медиҳанд. Он ба вақте ишора карда метавонад, ки онҳое, ки сазовори марганд, ҷазои худро мегиранд, ба дигарон бошад, имконият дода мешавад, ки наҷот ёфта, соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ гарданд. Исои Масеҳ ва расулонаш дар бораи «Рӯзи Доварӣ»-и оянда гуфта буданд. Дар он вақт на танҳо зиндагон, балки мурдагон низ доварӣ карда мешаванд (Мт 12:36).
Рӯзи тайёрӣ.
Рӯзи Товондиҳӣ.
Муҳимтарин рӯзи муқаддас барои исроилиён, ки онро ҳамчунин «Ём Киппур» (ба ибронӣ «ём ҳаккипури́м», яъне «рӯзи рӯпӯш кардан») меномиданд ва дар рӯзи даҳуми моҳи этоним (тишрӣ) қайд мекарданд. Танҳо дар он рӯз саркоҳин ба Макони поктарини хайма (баъдтар ибодатгоҳ) медаромад, то барои гуноҳҳои худ, левизодагони дигар ва халқ хуни қурбониҳоро пешкаш кунад. Дар Рӯзи Товондиҳӣ «ҷамъомади муқаддас» баргузор мешуд ва халқ рӯза медошт. Он рӯз ҳамчунин рӯзи шанбе буд, рӯзе, ки исроилиён набояд бо корҳои ҳаррӯза машғул мешуданд (3Мс 23:27, 28).
Рӯзҳои охир.
Ин ибора ва ибораҳои ба мисли «айёми охир» дар пешгӯйиҳои Китоби Муқаддас ба замоне ишора мекунанд, ки дар он воқеаҳои таърихӣ ба авҷи иҷрои худ мерасанд (Ҳз 38:16; Дн 10:14; Крн 2:17). Иҷро шудани пешгӯйиҳое, ки дар бораи айёми охир мебошанд, метавонад якчанд сол ё солҳои зиёдро дар бар гирад. Дар Китоби Муқаддас ин ибора ба «рӯзҳои охири» ин замона, ки ба вақти ҳузури ноаёни Исо рост меояд, ишора мекунад (2Тм 3:1; Яқ 5:3; 2Пт 3:3).
Рӯҳ.
Ба ибронӣ «ру́ах» ва ба юнонӣ «пне́вма». Ин калимаҳо якчанд маъно дошта, ба чизе ишора мекунанд, ки ба чашми инсон аён нест, вале будани он аз рӯйи амалаш маълум мегардад. Калимаҳои «ру́ах» ва «пне́вма» чизҳои зеринро дар назар дошта метавонанд: 1) шамол, 2) қуввае, ки ба офаридаҳои заминӣ ҳаёт мебахшад, 3) завқ, ғайрат ва хоҳише, ки аз дили шахс бармеояду ӯ ба коре даст мезанад, 4) суханони илҳомбахшидае, ки аз сарчашмаи ноаён бармеоянд, 5) офаридаҳои рӯҳӣ ва 6) қувваи Худо ё рӯҳи муқаддас (2Мс 35:21; Зб 104:29; Мт 12:43; Лқ 11:13).
Рӯҳи муқаддас.
С
Садақа.
Пул ё чизе, ки ба каси муҳтоҷ дода мешавад. Дар Навиштаҳои Ибронӣ дар бораи додани садақа рӯирост чизе гуфта нашудааст, лекин дар Шариат дастуроти аниқ буд, ки исроилиён бо камбағалон бояд чӣ тавр муомила кунанд (Мт 6:2).
Саддуқиён.
Пайравони мазҳаби машҳури дини яҳудӣ, ки аз ҷумлаи сарватдорони обрӯманд ё коҳиноне буданд, ки ба корҳои ибодатгоҳ таъсири калон доштанд. Онҳо бисёри урфу одат ва таълимоти фарисиёнро рад мекарданд. Саддуқиён ба зиндашавӣ ва ба фариштагон бовар надоштанд. Пайравони ин мазҳаб ба Исо зид буданд (Мт 16:1; Крн 23:8).
Салла.
Порчаи матое, ки дар гирди сар мепечонданд, каллапӯш. Саллаи саркоҳин аз катони нозук буд ва дар пеши он бо таноби кабуд лавҳае аз тилло баста шуда буд. Подшоҳон салларо аз таги тоҷашон мепӯшиданд. Айюб салларо ба маънои маҷозӣ ба кор бурда онро ба инсоф монанд карда буд (2Мс 28:36, 37; Аб 29:14; Ҳз 21:26).
Санги гӯшаи бино.
Санге, ки дар гӯша ё кунҷи бино, дар ҷойи пайвасти ду девор, ҷойгир буда, барои бо ҳам пайвастан ва устувор гардондани онҳо муҳим буд. Муҳимтарин санги гӯшаи бино дар таҳкурсӣ ҷойгир буд. Одатан барои сохтани биноҳои калони шаҳр ва деворҳои он сангҳои сахтро интихоб мекарданд. Асосҳои замин низ ба маънои маҷозӣ санги гӯшаи он номида шудаанд. Дар Навиштаҳо ҷамоати масеҳӣ ба хона монанд карда шудаасту Исо ба санги сари гӯшаи он бино (Эф 2:20; Аб 38:6).
Санги осиё.
Санги гирду ҳамворе, ки онро болои санги ҳамвори дигаре мегузоштанд ва тоб дода, ғалладонаро орд мекарданд. Дар давраҳои қадим осиёҳои дастие (дастосҳое), ки занони исроилӣ истифода мебурданд, дар бисёри хонаҳо дида мешуд. Азбаски нони ҳаррӯзаи хонадон аз орди осиёи дастӣ буд, аз рӯйи Шариати Мӯсо ба гарав гирифтани дастос ё санги болоии он манъ буд. Сангҳои калонтару вазнинтари осиёро бо ёрии ҳайвонҳои хонагӣ тоб медоданд (5Мс 24:6; Мқ 9:42).
Сандуқи аҳд.
Сандуқе, ки аз чӯби ақоқиё сохта шуда, бо тилло рӯпӯш шуда буд. Ин сандуқ дар Макони поктарини хаймаи муқаддас ва баъдтар дар Макони поктарини ибодатгоҳе, ки Сулаймон сохта буд, нигоҳ дошта мешуд. Он сарпӯше дошт, ки пурра аз тилло буд ва дар болояш ду каррубӣ рӯ ба рӯ меистоданд. Дар он сандуқ асосан ду лавҳаи шаҳодат буд, ки дар онҳо Даҳ амр навишта шуда буд, барои ҳамин онро «сандуқи шаҳодат» низ мегуфтанд (2Мс 25:22; 5Мс 31:26; 3Пш 6:19; Ибр 9:4). Ниг. ба Замимаи Б5 ва Б8.
Сано.
Моддае, ки аз пӯсти дарахти сано (Cinnamomum cassia), ки бо дарахти дорчин аз як хонавода аст, ҳосил мешуд. Саноро чун моддаи хушбӯй истифода мебурданд. Он дар таркиби равғани тадҳин низ буд (2Мс 30:24; Зб 45:8; Ҳз 27:19).
Сарвари фариштагон.
Сардори ромишгарон.
Калимаи иброние, ки дар таронаҳои Забур истифода шудааст, аз афташ, ба шахсе ишора менамуд, ки сурудҳо ва тарзи сароидани онҳоро ба танзим медаровард ва левизодагони сарояндаро машқу таълим медоду баромадҳои расмиро роҳбарӣ мекард (Зб 4:болонавис; Зб 5:болонавис).
Саркоҳин.
Коҳине, ки мувофиқи Шариати Мӯсо дар пеши Худо намояндаи халқ буд ва коҳинони дигарро назорат менамуд. Танҳо саркоҳин ҳақ дошт, ки ҳар сол, дар Рӯзи Товондиҳӣ, ба Макони поктарин, яъне ба ҳуҷраи дарунии хайма ва баъдтар ибодатгоҳ, дохил шавад. Ин калима ҳамчунин нисбати Исои Масеҳ ба кор бурда шудааст (3Мс 16:2, 17; 21:10; Мт 26:3; Ибр 4:14).
Сарпӯш.
Сарпӯши сандуқи аҳд, ки саркоҳин дар Рӯзи Товондиҳӣ дар пеши он хуни қурбониҳои гуноҳро мепошид. Калимаи иброние, ки «сарпӯш» тарҷума мешавад, аз феъле гирифта шудааст, ки маънояш «рӯпӯш кардан» ё, эҳтимол, «пок кардан»-и гуноҳҳо мебошад. Ин сарпӯш пурра аз тилло буда, дар рӯйи он, аз ду канораш, яктогӣ каррубӣ сохта шуда буд (2Мс 25:17–22; Ибр 9:5). Ниг. ба Замимаи Б5.
Саҳн.
Дар Китоби Муқаддас саҳн ба замини атрофи хайма ва баъдтар бинои асосии ибодатгоҳ, ки гирдашро бо девор маҳкам карда буданд, ишора мекунад. Дар саҳни хайма ва саҳни дарунии ибодатгоҳ қурбонгоҳ барои овардани қурбониҳои сӯхтанӣ ҷойгир буд (Ниг. ба Замимаи Б5, Б8, Б11). Дар Навиштаҳо ҳамчунин сухан дар бораи саҳни хона ё қаср меравад (2Мс 27:9; 3Пш 7:12; Эс 4:11).
Село.
Вожаи коршиносии мусиқӣ, ки дар китобҳои Забуру Ҳабаққуқ вомехӯрад. Дар суруд, мусиқӣ ё ҳар ду он ба ист ишора мекард. Ин гуна фосила бо мақсади андеша кардан дар бораи сухани садодода ё таъсирнок кардани он гузошта мешуд. Ин калима дар Септуагинта «диапсалма» тарҷума шудааст ва ба порчаи мусиқие ишора мекунад, ки аз оҳанги асосӣ фарқ мекунад (Зб 3:4; Ҳб 3:3).
Сео (сатил).
Ченаки чизҳои хушк. Қимату андозаи ченаки чизҳои обакӣ — хум (бат)-ро дониста, ба хулосае омадан мумкин аст, ки як сео ба 7,33 л баробар буд (4Пш 7:1, поварақ). Ниг. ба Замимаи Б14.
Сеҳру ҷоду; ҷодугарӣ.
Калимаи юнонии «фармаки́а», ки дар Китоби Муқаддас «сеҳру ҷоду» ё «ҷодугарӣ» тарҷума шудааст, аслан маънои доруворӣ ё маводи нашъадорро дорад. Сабаби маънои дигар пайдо кардани ин калима дар он аст, ки дар замонҳои қадим ҷодугарон бо мақсади даъват кардани девҳо аз нашъа истеъмол мекарданд. Ҷодугарӣ аз бовари нодурусте сарчашма мегирад, ки гӯё арвоҳи мурдагон вуҷуд дорад ва одамон метавонанд бо онҳо гуфтугӯ кунанд (Ғл 5:20; Ошк 21:8).
Сивон.
Ин моҳ пас аз асирии Бобил дар тақвими динии яҳудиён номи моҳи сеюм ва дар тақвими дунявияшон моҳи нуҳум буд. Он аз нимаи моҳи май сар шуда то нимаи моҳи июн давом меёфт (Эс 8:9). Ниг. ба Замимаи Б15.
Сидра.
Сиқл.
Калонтарин ченаки вазн ва воҳиди пулии ибрӣ. Як сиқл 11,4 г буд. Ибораи «сиқли намунавии ҷойи муқаддас» ба он ишора мекард, ки вазни сиқл бояд дуруст ё мувофиқи меъёрҳои хайма баркашида мешуд. Инчунин, шояд, сиқли шоҳонае вуҷуд дошт, ки аз сиқли одӣ фарқ мекард ва аз рӯйи меъёри вазне, ки дар қасри подшоҳ буд, ҳисоб карда мешуд (2Мс 30:13).
Сион; кӯҳи Сион.
Номи шаҳри ҳисордори ябусиён, ки дар болои теппае дар ҷанубу шарқи Ерусалим ҷойгир буд. Пас аз он ки Довуд он шаҳрро забт кард, ӯ қасри худро дар он ҷо бино кард ва он «Шаҳри Довуд» ном гирифт (2Пш 5:7, 9). Вақте Довуд сандуқи аҳдро ба Сион бурд, он кӯҳ дар назари Яҳува кӯҳи муқаддас гашт. Бо гузашти вақт зери ин ном маҳалли гирду атрофи ибодатгоҳ, ки дар кӯҳи Мӯриё ҷойгир буд, ва баъдтар тамоми шаҳри Ерусалим дар назар дошта мешуд. Дар Навиштаҳои Юнонӣ ин калима бисёр вақт ба маънои рамзӣ омадааст (Зб 2:6; 1Пт 2:6; Ошк 14:1).
Сирри муқаддас.
Сиртис.
Ду халиҷи калону пастоби соҳили Тунис ва Либияи имрӯза, ки дар Африқои шимолӣ ҷойгиранд. Дар замонҳои қадим киштиронон аз он ҷо метарсиданд, зеро дар натиҷаи пасту баланд шудани об хомаҳои реги пастоб доимо мекӯчиданд (Крн 27:17). Ниг. ба Замимаи Б13.
Ситоиш.
Ситораи саҳарӣ.
Охирин ситорае, ки пеш аз баромадани офтоб дар шарқ пайдо мешавад ва фаро расидани рӯзи навро хабар медиҳад (Ошк 22:16; 2Пт 1:19).
Соли Озодӣ.
Аз вақти ба Замини ваъдашуда даромадани исроилиён ҳар соли 50-ум Соли Озодӣ ҳисоб меёфт. Дар Соли Озодӣ заминро киштукор намекарданд ва ғуломони ибриро озод мекарданд. Заминҳои меросие, ки фурӯхта шуда буданд, ба соҳибонаш баргардонида мешуданд. Ҳамин тавр дар ин сол халқ аз низоме, ки Худо дар аввал муқаррар карда буд, баҳра мебурд. Ба маъное Соли Озодӣ иде буд, ки тамоми сол давом мекард (3Мс 25:10).
Сомариён.
Дар аввал исроилиёнеро, ки дар подшоҳии даҳқабилаи шимолӣ зиндагӣ мекарданд, чунин меномиданд. Дертар, пас аз он ки соли 740-и то милод, давлати Ошур Сомарияро забт кард, зери ин ном ҳамчунин бегонагоне дар назар дошта мешуданд, ки ошуриён ба он ҷо оварда буданд. Дар замонҳои Исо ин ном ба кадом халқ ё давлат тааллуқ доштани шахсро нишон намедод. Онро нисбати пайравони дине ба кор мебурданд, ки дар заминҳои наздики Шакеми қадима ва Сомария паҳн шуда буд. Баъзе таълимоти он дин аз таълимоти дини яҳудӣ сахт фарқ мекард (Юҳ 8:48).
Сомария.
Шаҳре, ки тахминан дар давоми 200 сол пойтахти подшоҳии шимолии даҳқабилаи Исроил буд. Номи тамоми қаламрави он подшоҳӣ низ Сомария буд. Шаҳри номбурда бар кӯҳи ҳамномаш, Сомария, сохта шуда буд. Дар давраҳои Исо Сомария номи вилояте буд, ки аз шимоли он Ҷалил ва аз ҷанубаш Яҳудия ҷойгир буд. Исо одатан дар он минтақа хабари Подшоҳиро паҳн намекард, лекин баъзан аз он ҷо гузашта, бо сокинонаш ҳамсуҳбат мешуд. Вақте ки Петрус дуюм калиди маҷозии Подшоҳии Худоро истифода бурд, ба сомариён рӯҳи муқаддас дода шуд (3Пш 16:24; Юҳ 4:7; Крн 8:14). Ниг. ба Замимаи Б10.
Сорофиён.
Сурия.
Дар Навиштаҳои Юнонӣ зери ин ном яке аз вилоятҳои Рум дар назар дошта шудааст, ки пойтахташ Антиохия буд. Ин вилоят қисми зиёди сарзамини Арамро, ки дар борааш дар Навиштаҳои Ибронӣ гуфта шудааст, дар бар мегирифт. Ҳокими Сурия ҳамчунин тамоми Фаластинро назорат мекард (Лқ 2:2; Крн 18:18; Ғл 1:21). Ниг. ба АРАМ; АРАМИЁН.
Суррия.
Суруди болобароӣ.
Болонависи таронаҳои 120–134-и китоби Забур. Дар бораи маънои ин ибора ақидаҳои гуногун вуҷуд доранд. Бисёриҳо фикр мекунанд, ки, азбаски Ерусалим дар баландӣ, дар кӯҳистони Яҳудо, ҷойгир буд, исроилиён ҳангоми ба се иди ҳарсола ба Ерусалим баромаданашон ин 15 таронаро хурсандона месароиданд.
Сутун барои парастиш.
Сутуни росте, ки одатан аз санг буд ва, аз афташ, шакли узви ҷинсии Баал ё худоёни бардурӯғи дигарро дошт (2Мс 23:24).
Сутуни азоб.
Ба юнонӣ «ставро́с», ки маънояш сутун ё чӯби рост аст. Исоро дар чунин сутун ба қатл расонда буданд. Ягон далеле нест, ки ин калимаи юнонӣ маънои салибро дошта бошад. Дар асл, ҳанӯз пеш аз таваллуди Масеҳ бутпарастон дар давоми асрҳои зиёд салибро дар ибодати худ истифода мебурданд. Ибораи «сутуни азоб» маънои калимаи юнониро ба пуррагӣ медиҳад, зеро дар Китоби Муқаддас калимаи «ставро́с» ҳамчунин ба азобу шиканҷа ва шармандагие, ки пайравони Исо бояд бо он рӯ ба рӯ мешуданд, ишора мекунад (Мт 16:24; Ибр 12:2). Ниг. ба ДОР.
Сутуни бино.
Такягоҳи бом ё айвон ё чизе, ки ба он монанд аст. Баъзе сутунҳо барои ёдоварии ягон воқеаи таърихӣ гузошта мешуданд. Сутунҳо дар ибодатгоҳ ва қасрҳои Сулаймон низ буданд. Халқҳои бутпараст сутунҳоро барои парастиши худоҳои бардурӯғашон истифода мебурданд ва баъзан исроилиён ба онҳо пайравӣ мекарданд (Дв 16:29; 3Пш 7:21; 14:23). Ниг. ба БОША.
Т
Тавба.
Таврот.
Ниг. ба ШАРИАТ.
Тадҳин.
Калимаи иброние, ки «тадҳин кардан» тарҷума шудааст, асосан маънои бо равған ё дигар чизи обакӣ «молидан»-ро дорад. Касе ё чизеро бо равған тадҳин кардан нишонаи ба хизмати махсус бахшида шуданаш буд. Ин калима дар Навиштаҳои Юнонӣ ҳамчунин нисбати рехта шудани рӯҳи муқаддас бар шахсони интихобшудае, ки умеди осмонӣ доранд, ба кор бурда мешавад (2Мс 28:41; 1Пш 16:13; 2Қр 1:21).
Талант.
Як таланти юнонӣ тақрибан 20,4 кг вазн дошт (Мт 18:24). Ниг. ба Замимаи Б14.
Таммуз.
1) Номи худои бардурӯғе, ки дар ҳаққаш занони ибрии осӣ дар Ерусалим гиря мекарданд. Ба фикри баъзеҳо, Таммуз дар аввал подшоҳ буду баъди маргаш ӯро худо эълон карданд. Дар навиштаҳои шумерӣ Таммуз Думузи номида шудааст ва ӯро шавҳар ё дӯстдоштаи худойзани (олиҳаи) бороварӣ Инанна (номи бобилияш Иштар) меҳисобанд (Ҳз 8:14). 2) Баъди аз асирии Бобил баргаштани яҳудиён «таммуз» дар тақвими қамарии динияшон номи моҳи чорум ва дар тақвими дунявияшон моҳи даҳум буд. Ин моҳ дар нимаи июн сар шуда, то нимаи июл давом меёфт. Ниг. ба Замимаи Б15.
Тарафдорони Ҳиродус.
Ҳамчунин ҳиродиён номида шудаанд. Онҳо аъзои ҳизби ватанпарастонае буда, мақсадҳои сиёсии хонадони Ҳиродусҳоро, ки зери ҳокимияти Рум ҳукмронӣ мекарданд, тарафдорӣ менамуданд. Аз афташ, баъзе аз саддуқиён аъзои ин ҳизб буданд. Тарафдорони Ҳиродус бо фарисиён забон як карда, Исоро куштан мехостанд (Мқ 3:6).
Таронаи Забур.
Суруди ҳамду сано ба Худо. Хизматгорони Яҳува таронаҳои Забурро бо мусиқӣ месароиданд, аз он ҷумла, ҳангоме ки ӯро дар ибодатгоҳи Ерусалим парастиш мекарданд (Лқ 20:42; Крн 13:33; Яқ 5:13).
Тартарус.
Фариштагони саркаш дар давраҳои пайғамбар Нӯҳ гирифтори хориву пастӣ гардиданд. Ин ҳолати пасти онҳо ба ҳолати зиндониён монанд карда шуда, дар Навиштаҳои Юнонӣ «тартарус» ном гирифтааст. Баъзе халқҳои бутпараст дар афсонаву асотири худ тартарусро ҷойи зулмот, зиндони зеризаминие меномиданд, ки ба он баъзе худоён партофта шуданд. Аммо дар Китоби Муқаддас ин мафҳум ба маънои маҷозӣ омадааст. Масалан, дар 2 Петрус 2:4 феъли «тартаро́о», ки «ба тартарус партофт» тарҷума шудааст, маънои онро дорад, ки Худо он фариштагонро аз ҷой ва мақому мартабаи осмонияшон маҳрум карда, паст гардонд. Онҳо гӯё ба зулмоте афканда шуданд, ки дар он дигар рӯшноии ниятҳои Худоро дидаву пай бурда наметавонанд. Оқибаташон ҳам зулмоти тор, яъне марги абадист, ки ҳам бар сари онҳо ва ҳам бар сари ҳокимашон Шайтон меояд. Пас, тартарус хориву пастиест, ки фариштагони нофармон ба он гирифтор шудаанд. Тартарус ва «чоҳи бетаг», ки дар борааш дар Ошкорсозӣ 20:1–3 гуфта шудааст, як чиз нестанд.
Тахач.
Чанд гуна растании поядоре, ки мазаи талху бӯйи тез доранд; явшон, дармана, афсантин, талхакаҳ, шибоғ. Дар Китоби Муқаддас «тахач» ба маънои маҷозӣ омада, оқибати талхи бадахлоқӣ, ғуломӣ ва беадолатиро дар назар дорад. Дар Ошкорсозӣ 8:11 «тахач» гуфта, моддаи талху заҳрнок дар назар аст (5Мс 29:18; Пнм 5:4; Ир 9:15; Ом 5:7).
Таъмид.
Тевет.
Баъди аз асирии Бобил баргаштани яҳудиён ин номи моҳи даҳуми тақвими динияшон ва моҳи чоруми тақвими дунявияшон буд. Ин моҳ дар нимаи декабр сар шуда, то нимаи январ давом меёфт. Он одатан «моҳи даҳум» номида шудааст (Эс 2:16). Ниг. ба Замимаи Б15.
Терафим.
Бутҳои хонаводагӣ, ки баъзан барои фолкушоӣ истифода мешуданд (Ҳз 21:21, поварақ). Баъзеи онҳо шаклу андозаи одамро доштанду баъзеашон хеле майда буданд (1Мс 31:34; 1Пш 19:13, поварақ, 16). Бозёфтҳои бостоншиносон дар Байнаннаҳрайн нишон медиҳанд, ки бутҳои хонаводагӣ дар дасти касе мебуд, молу мулки хонаводаро ҳамон кас мерос мегирифт. (Шояд, Роҳел аз ин сабаб бутҳои падарашро гирифта буд.) Аммо дар Исроил он бутҳоро бо ин мақсад кор намефармуданд. Дар давраи доварон ва подшоҳон бутҳои хонаводагиро мепарастиданд. Дар байни бутҳое, ки шоҳ Юшиё нест кард, чунин бутҳо («терафим») низ буданд (Дв 17:5, поварақ; 4Пш 23:24; Ҳш 3:4, поварақ).
Тишрӣ.
Ниг. ба ЭТОНИМ ва Замимаи Б15.
Товон.
Он чӣ барои аз асирӣ, ҷазо, азоб, гуноҳ ё уҳдадорӣ озод кардан дода мешуд ва он на ҳама вақт пул буд; фидия (Иш 43:3). Додани товон дар мавридҳои гуногун талаб карда мешуд. Масалан, ҳамаи писарбачагони нахустзода ё нахустин наринаҳои чорво дар Исроил аз они Яҳува буданд ва бояд танҳо дар хизмати ӯ истифода мешуданд, бинобар ин барои озод кардани онҳо товон додан лозим буд (4Мс 3:45, 46; 18:15, 16). Агар гови шохзанро бе назорат мемонданд ва он ягон касро мекушт, соҳиби гов бояд товон дода, ҷони худро аз ҷазои марг халос мекард (2Мс 21:29, 30). Лекин, агар одам дидаву дониста ба куштор даст мезад, ӯро бо ҳеҷ гуна товон озод кардан мумкин набуд (4Мс 35:31). Ҳамчунин дар Навиштаҳои Ибронӣ ин калима бо қурбониҳое алоқаманд буд, ки барои наздик шудан ба Худо ва парастиши ӯ оварда мешуданд. Мувофиқи Шариати Мӯсо ин гуна қурбониҳо махсусан дар Рӯзи Товондиҳӣ оварда мешуданд, то шахсони алоҳида ва тамоми мардум новобаста ба гуноҳҳояшон бо Худо оштӣ шуда тавонанд. Он қурбониҳо ба қурбонии Исо, ки одамизодро барои ҳамеша аз гуноҳ озод намуда, онҳоро бо Яҳува оштӣ кард, ишора мекарданд (3Мс 5:10; 23:28; Зб 49:7, 8; Мт 20:28; Қл 1:20; Эф 1:7; Ибр 9:12).
Толеъбин.
Тору пуд.
Дар бофандагӣ нахеро, ки қад-қади матоъ меравад, тор ва риштаеро, ки аз байни торҳо мегузарад, пуд меноманд (3Мс 13:59).
У
Урим ва туммим.
Чизе, ки саркоҳин барои ҳал кардани масъалаҳои муҳими халқ мисли қуръа истифода бурда, фикри Яҳуваро мефаҳмид. Вақте саркоҳин ба хаймаи муқаддас медаромад, уриму туммим дар даруни пешовезаш меистод. Баъди он ки бобилиён Ерусалимро хароб карданд, аз афташ, дигар уриму туммимро истифода намебурданд (2Мс 28:30; Нҳё 7:65).
Ӯ
Ӯмар.
Ченаки чизҳои хушк, ки ба 2,2 л ё даҳяки эфа баробар буд (2Мс 16:16, 18). Ниг. ба Замимаи Б14.
Ф
Файласуфони равоқӣ.
Гурӯҳи файласуфони Юнон, ки, ба ақидаашон, хушбахтӣ дар он аст, ки кас аз рӯйи ақлу мантиқ зиндагӣ кунаду бо табиат ҳамоҳанг бошад. Мувофиқи ақидаи онҳо, шахси бохирад касест, ки ба дарду ҳаловат бепарвост (Крн 17:18).
Файласуфони эпикурӣ.
Пайравони файласуфи юнонӣ Эпикур (341–270 то милод). Мувофиқи ақидаи онҳо, мақсади асосии одам аз ҳаёт лаззат бурдан аст (Крн 17:18).
Фалахмон.
Тасмаи чармӣ ё ресмони тобдодае, ки аз қамиш, пашм ё пайванди ҳайвон сохта мешуд. Мобайни фалахмон паҳн буд, ки он ҷо санг ё чизи дигаре мемонданд. Нӯги якуми ресмонро дар гирди даст ё банди даст тоб дода, нӯги дуюмашро бо ҳамон даст медоштанд ва баъди тоб додан нӯги дуюмашро сар медоданд. Дар замони қадим дар сафи лашкар сангандозон низ буданд (Дв 20:16; 1Пш 17:50).
Фалиштӣ; фалиштиён.
Сарзамине, ки дар соҳили баҳри Миёназамин ва дар ҷануби Исроил буд. Муҳоҷирони Крит, ки дар он ҷо сокин шуданд, фалиштиён ном гирифтанд. Ҳарчанд Довуд фалиштиёнро шикаст дода тобеи худ карда буд, онҳо мустақил монда, доимо бо Исроил душманӣ мекарданд (2Мс 13:17; 1Пш 17:4; Ом 9:7). Ниг. ба Замимаи Б4.
Фарзанди одам.
Ин ибора дар чор Хушхабар тахминан 80 бор вомехӯрад ва нисбати Исои Масеҳ истифода шудааст. Он нишон медиҳад, ки Исо дар замин чун инсон таваллуд шуда буд ва офаридаи рӯҳие набуд, ки дар сурати одам омадааст. Ин ном ҳамчунин ба он ишора мекунад, ки Исо бояд пешгӯйии Дониёл 7:13, 14-ро иҷро мекард. Дар Навиштаҳои Ибронӣ ин ибора нисбати Ҳизқиёл ва Дониёл истифода шуда, фарқи байни ин пайғамбарони миранда ва Худоро, ки ба онҳо пайғом медод, нишон медиҳад (Ҳз 3:17; Дн 8:17; Мт 19:28; 20:28).
Фарисиён.
Пайравони мазҳаби машҳури дини яҳудӣ, ки дар асри I вуҷуд дошт. Ҳарчанд онҳо коҳинзода набуданд, амрҳои Шариатро нуқта ба нуқта ба ҷо меоварданд ва бо ҷидду ҷаҳд риоя кардани урфу одатҳоро тарафдорӣ мекарданд (Мт 23:23). Фарисиён зидди он буданд, ки маданияти Юнон ба яҳудиён таъсир расонад, ва чун донандагони Шариату оини яҳудӣ ба одамон таъсири калон доштанд (Мт 23:2–6). Баъзеи онҳо ҳамчунин аъзои Шӯрои олии яҳудиён буданд. Онҳо бисёр вақт дар сари масъалаҳои гуногун бо Исо баҳсу норозигӣ мекарданд, барои мисол, дар бораи риоя кардани шанбе, урфу одатҳо ва муошират бо гунаҳкорону ҷамъоварони андоз. Лекин баъдтар баъзеи фарисиён масеҳӣ шуданд ва Шоули тарсусӣ аз ҷумлаи онҳо буд (Мт 9:11; 12:14; Мқ 7:5; Лқ 6:2; Крн 26:5).
Фариштагон.
Ба ибронӣ «мала́х» ва ба юнонӣ «а́нгелос». Маънои аслии ин ду калима «хабаррасон, қосид» аст, аммо, вақте ба хабаррасонони рӯҳӣ ишора мекунанд, ин калимаҳо «фаришта» тарҷума мешаванд (1Мс 16:7; 32:3; Яқ 2:25; Ошк 22:8). Фариштаҳо офаридаҳои пурзӯри рӯҳие мебошанд, ки Худо онҳоро хеле пеш аз одамизод офарида буд. Дар Китоби Муқаддас онҳо ҳамчунин «писарони Худо» ва «ситорагони субҳ» номида шудаанд (Аб 1:6; 38:7). Онҳо қобилияти таваллуд кардан надоранд, балки ҳар якеашон алоҳида офарида шудаанд. Шумораи фариштаҳо аз сад миллион ҳам зиёдтар аст (Дн 7:10). Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки онҳо ном доранд ва аз якдигар фарқ мекунанд. Фариштагон хоксор буда, намехоҳанд, ки онҳоро парастиш кунанд, ва бисёрашон ҳатто номи худро маълум намесозанд (1Мс 32:29; Лқ 1:26; Ошк 22:8, 9). Онҳо мартаба ва вазифаҳои гуногун доранд, масалан, дар пеши тахти Яҳува хизмат мекунанд, хабарҳои ӯро мерасонанд, ба фоидаи хизматгорони заминияш амал мекунанд, довариҳои ӯро ба ҷо меоранд ва паҳн гаштани хушхабарро дастгирӣ мекунанд (4Пш 19:35; Зб 34:7; Лқ 1:30, 31; Ошк 5:11; 14:6). Дар оянда онҳо Исоро дар ҷанги Ҳармаҷиддӯн ҳамроҳӣ мекунанд (Ошк 19:14, 15).
Фиръавн.
Форс; форсҳо.
Мамлакат ё халқе, ки одатан дар якҷоягӣ бо модҳо ёдовар мешаванд. Аз афташ, форсҳо бо модҳо хешутабор буданд. Дар аввали таърихи худ форсҳо дар қисми ҷанубу ғарбии доманакӯҳҳои Эрон зиндагӣ мекарданд. Дар давоми ҳукмронии Куруши Кабир (ки ба гуфти баъзе таърихшиносони қадима падараш форсу модараш мод буд), форсҳо аз модҳо пурзӯртар шуданд, аммо ҳар дуи онҳо як давлати пурқудратро ташкил медоданд. Соли 539-и то милод Куруш давлати пурқудрати Бобилро забт кард ва ба яҳудиёни асир иҷозат дод, ки ба ватанашон баргарданд. Қаламрави Форс аз дарёи Ҳинд дар шарқ то баҳри Эгей дар ғарб тӯл мекашид. То даме ки дар соли 331-и то милод Искандари Мақдунӣ форсҳоро шикаст дод, яҳудиён зери ҳокимияти давлати Форс буданд. Пайғамбар Дониёл дар бораи давлати пурқудрати Форс рӯъё дида буд. Ҳамчунин дар бораи ин давлат дар китобҳои Эзро, Наҳемё ва Эстер навишта шудааст (Эз 1:1; Дн 5:28; 8:20). Ниг. ба Замимаи Б9.
Фоҳиша.
Ба юнонӣ «по́рне» буда, аз калимае гирифта шудааст, ки маънояш «фурӯхтан» мебошад. Калимаи «фоҳиша» асосан ба зан ишора мекунад, лекин дар Навиштаҳои Муқаддас дар бораи мардони танфурӯш низ гуфта шудааст. Шариати Мӯсо ин гуна рафторро маҳкум мекард ва муздеро, ки бо ин роҳ ба даст оварда мешуд, ба Яҳува хайрия кардан мумкин набуд. Баръакси ин, дар динҳои дурӯғ фоҳишагони ибодатгоҳҳо манбаи даромад ҳисоб меёфтанд (5Мс 23:17, 18; 3Пш 14:24). Дар Навиштаҳои Муқаддас ин калима ба маънои маҷозӣ ба одамон, халқҳо ё созмонҳое ишора мекунад, ки худро худотарс меноманд, вале ба ягон тарзи бутпарастӣ даст мезананд. Масалан, ҷамъи динҳои дурӯғ, ки «Бобили бузург» ном дорад, дар китоби Ошкорсозӣ чун фоҳиша тасвир шудааст, зеро ӯ барои пайдо кардани ҳокимият ва пулу мол бо подшоҳони ин ҷаҳон зино мекунад (Ошк 17:1–5; 18:3).
Фурот.
Дарозтарин ва муҳимтарин дарё дар ҷанубу ғарби Осиё, яке аз ду дарёи калон дар Байнаннаҳрайн. Аввалин бор дар бораи он дар 1 Мӯсо 2:14 гуфта шудааст. Аз он ҷо мефаҳмем, ки Фурот яке аз чор дарёи боғи Адан буд. Дар Китоби Муқаддас Фурот бисёр вақт «дарёи бузург» номида шудааст (1Мс 31:21). Ин дарё сарҳади шимолии сарзамине буд, ки ба халқи Исроил дода шуд (1Мс 15:18; Ошк 16:12). Ниг. ба Замимаи Б2.
Х
Хаймаи муқаддас.
Хаймае, ки исроилиён баъди аз Миср баромаданашон барои парастиши Худо истифода мебурданд. Дар он сандуқи аҳд, ки рамзи ҳузури Худо буд, меистод ва ба он ҷо қурбониҳоро меоварданд. Ҳамчунин он «хаймаи ҷомеъ» номида шудааст. Хайма аз тахтаҳо сохта шуда буд ва онҳоро чодарҳои катоне мепӯшонданд, ки бар онҳо нақши каррубиён гулдӯзӣ шуда буд. Хайма ба ду ҳуҷра тақсим шуда буд, ки яке Макони пок ва дигаре Макони поктарин ном дошт (Юш 18:1; 2Мс 25:9). Ниг. ба Замимаи Б5.
Хаймаи ҷомеъ.
Халачӯб.
Чӯби дарозе, ки дар нӯгаш оҳани тез дорад ва чорводорон онро барои рондани гову мол истифода мебаранд. Суханони хирадманде, ки шунавандаро сӯйи рафтори дуруст раҳнамоӣ мекунанд, ба халачӯб монанд карда шудаанд. Ибораи «ба нӯги халачӯб лагад» задан ба он ишора мекунад, ки барзагови якрав ҳангоми рондани он муқобилат карда, ба халачӯб лагад мезанад ва дар натиҷа худаш захмдор мешавад (Крн 26:14; Дв 3:31).
Хамиртуруш.
Як порча хамири турушшуда, ки барои расондани хамир ба он меандозанд. Дар Китоби Муқаддас хамиртуруш бисёр вақт ҳамчун рамзи гуноҳ ё вайроншавӣ истифода шудааст. Баъзан он ба пешравии ба чашм ноаён низ ишора мекунад (2Мс 12:20; Мт 13:33; Ғл 5:9).
Хатна.
Буридани пӯсти сари узви ҷинсии мардона. Хатна барои Иброҳим ва насли ӯ ҳатмӣ буд, лекин аз масеҳиён хатна кардан талаб карда намешавад. Ин калима дар баъзе мавридҳо ба маънои маҷозӣ омадааст (1Мс 17:10; 1Қр 7:19; Фп 3:3).
Хизматгузори ҷамоат.
Ба юнонӣ «диа́конос», ки бисёр вақт чун «хизматгузор» ё «хизматгор» тарҷума шудааст. Хизматгузори ҷамоат касе мебошад, ки дар ҷамоат ба ҳайати пирон ёрӣ мерасонад. Барои ин гуна хизматро ба ҷо овардан ӯ бояд ба талаботе, ки дар Китоби Муқаддас навишта шудааст, мувофиқат кунад (1Тм 3:8–10, 12).
Хизматгузорони ибодатгоҳ.
Ғайриисроилиёне, ки дар ибодатгоҳ хизмат мекарданд. Калимаи иброние, ки «хизматгузорони ибодатгоҳ» тарҷума шудааст, маънои «додашудагон»-ро дорад. Ин нишон медиҳад, ки онҳо барои хизмати ибодатгоҳ дода шуда буданд. Аз афташ, бисёри хизматгузорони ибодатгоҳ аз насли ҷибъӯниёне буданд, ки Юшаъ ба онҳо супориш дод, то «барои мардум ва қурбонгоҳи Яҳува... ҳезум шикананд ва об кашонанд» (Юш 9:23, 27; 1Вқ 9:2; Эз 8:17).
Хизмати муқаддас.
Хирманкӯбӣ; хирмангоҳ.
Аз хӯша ҷудо кардани ғалла; ҷое, ки хирманро мекӯбанд. Барои бо даст кӯфтани хирман аз чӯбдаст, аммо, агар ҳосил бисёр бошад, аз чапар ё чархи хирманкӯбӣ истифода мебурданд, ки онҳоро бо қувваи ҳайвонҳо ба ҳаракат медароварданд. Ҳосили ғалларо дар хирмангоҳ — майдоне, ки одатан дар баландӣ, дар ҷойи шамолрас ҷойгир буд, паҳн мекарданд ва аз болояш асбоби хирманкӯбиро меронданд (3Мс 26:5; Иш 41:15; Мт 3:12).
Хироҷ.
Хокрез.
Ба ибронӣ «миллӯ», решаи ин калимаи ибрӣ маънои «пур кардан»-ро дорад. Тӯдае аз хок ё санг ё деворе, ки чун истеҳком сохта мешуд; тал (2Пш 20:15; Зб 48:13). Хокрез ҳамчунин ҷойи ҷуғрофӣ ё биное дар шаҳри Довуд буд. Шояд, он девори суфадор ё чизи дигаре буд, ки чун такягоҳ хизмат мекард (2Пш 5:9; 3Пш 11:27).
Хоҷасаро.
Худотарсӣ.
Хум.
Ба ибронӣ «бат». Бостоншиносон сафолпораҳои хумҳоеро ёфтаанд, ки чунин ном доштанд ва мувофиқи ин бозёфтҳо «бат» ченаки чизҳои обакӣ буда, тақрибан ба 22 л баробар аст. Дар Китоби Муқаддас дигар ченакҳои ҳаҷм бо «бат» ифода ёфтаанд, яъне гуфта мешавад, ки ин ё он воҳиди ҳаҷм ба чанд хум («бат») баробар аст (3Пш 7:38; Ҳз 45:14). Ниг. ба Замимаи Б14.
Хушхабар.
Хӯроки шоми Ҳазрат.
Хӯроки иборат аз нони бехамиртуруш ва шароб, ки рамзи бадан ва хуни Масеҳ мебошанд; ёдбуди марги Масеҳ. Мувофиқи Китоби Муқаддас риоя кардани ин маросим барои масеҳиён ҳатмист. Азбаски дар давоми Хӯроки шоми Ҳазрат марги Исоро ба ёд меоранд, он «Шоми ёдбуд» низ номида мешавад (1Қр 11:20, 23–26).
Хӯшачинӣ.
Ҷамъ овардани қисми ҳосиле, ки даравгарон дидаву дониста ё нохост боқӣ мемонданд. Мувофиқи Шариати Мӯсо одамон бояд канораи заминашонро то охир дарав намекарданд ва ҳосили зайтуну ангурашонро пурра намеғундоштанд. Худо ба камбағалон, бечорагон, ғарибон, ятимон ва бевазанон иҷозат дода буд, ки он чиро, ки баъди ҳосил боқӣ мемонад, бичинанд (Рт 2:7).
Ҳ
Ҳабашистон; ҳабашиён.
Сарзамине, ки аз ҷануби Мисри қадим ҷойгир буд. Он қисми зиёди Судони имрӯза ва қисми ҷанубии Мисри имрӯзаро дар бар мегирифт. Сокинони он замин ҳабашиён ном доштанд. Баъзан калимаи ибронии «Куш» Ҳабашистон тарҷума шудааст (Эс 1:1).
Ҳадияи назр.
Ҳадияи ихтиёрие, ки шахси назркарда меовард (3Мс 23:38; 1Пш 1:21).
Ҳадияи рехтанӣ.
Ҳадияи ҷунбониданӣ.
Аз афташ, дар вақти овардани ин ҳадия коҳин дастонашро бар таги дастони касе, ки онро меовард, монда, ҳадияро ин сӯву он сӯ меҷунбонд ё танҳо худаш он ҳадияро меҷунбонд. Ҳамин тавр онҳо ба Яҳува нишон медоданд, ки ин ҳадияро ба ӯ пешкаш карда истодаанд (3Мс 7:30).
Ҳармаҷиддӯн.
Аз калимаи ибронии «ҳар Мегиддо́н» гирифта шуда, маънояш «кӯҳи Маҷиддӯ» мебошад. Ин калима ба «ҷанге, ки дар рӯзи бузурги Худои Тавоно сар мезанад» алоқаманд аст, ки дар он «подшоҳони тамоми замин» ҷамъ омада, бар зидди Яҳува меҷанганд (Ошк 16:14, 16; 19:11–21). Ниг. ба АЗОБИ АЗИМ.
Ҳермес.
Худои юнониён, писари Зевс. Ҳермес худои суханварӣ ва хабаррасони худоёни дигар ҳисобида мешуд, аз ин рӯ сокинони Лустра гумон карданд, ки Павлус худояшон Ҳермес аст (Крн 14:12).
Ҳин.
Ченаки ҳаҷми чизҳои обакӣ, ки ба 3,67 л баробар аст (2Мс 29:40). Ниг. ба Замимаи Б14.
Ҳиродус.
Номи ҳокимони сулолае, ки аз тарафи ҳокимияти Рум таъйин шуда, бар яҳудиён ҳукмронӣ мекард. Ҳиродуси Бузургро аз рӯйи он мешиносанд, ки ӯ ибодатгоҳи Ерусалимро аз нав сохта буд ва ҳамчунин бо мақсади куштани Исои хурдсол фармон бароварда буд, ки кӯдакон ба қатл расонда шаванд (Мт 2:16; Лқ 1:5). Писарони Ҳиродуси Бузург — Ҳиродуси Аркилоус ва Ҳиродуси Антипас, бар қисмҳои гуногуни сарзамине, ки тобеи падарашон буд, ҳоким таъйин шуда буданд (Мт 2:22). Ҳиродуси Антипас ҳокими вилоят ё тетрарх буд ва бисёр вақт «шоҳ» номида мешуд. Ӯ дар давоми сею ним соли хизмати Масеҳ ва то замони ба амал омадани воқеаҳое, ки дар боби 12-уми китоби Корнома тасвир шудаанд, ҳукмронӣ карда буд (Мқ 6:14–17; Лқ 3:1, 19, 20; 13:31, 32; 23:6–15; Крн 4:27; 13:1). Ҳиродуси Ағрипоси I, набераи Ҳиродуси Бузург, пас аз муддати кӯтоҳи ҳукмронӣ карданаш аз тарафи фариштаи Худо кушта шуд (Крн 12:1–6, 18–23). Баъди ӯ писараш, Ҳиродуси Ағрипоси II, ҳоким шуда, то замони исёни яҳудиён зидди румиён ҳукмронӣ кард (Крн 23:35; 25:13, 22–27; 26:1, 2, 19–32).
Ҳиҷойӯн.
Вожаи мусиқавӣ мебошад. Ин калима дар Забур 9:16 ба тантанавору таниндор навохтани чанг ё ба фосилае ишора мекунад, ки барои дарки мазмуни суруд гузошта мешуд.
Ҳосили аввалин, навбар.
Самари аввалин дар мавсими ҳосилғундорӣ; самари аввалини ҳама чиз. Яҳува аз халқи Исроил талаб мекард, ки самари аввалинро, хоҳ фарзанд бошад, хоҳ чорвою ҳосили замин, ба ӯ биёранд. Исроилиён самари аввалини худро ба Яҳува дар Иди Фатир ва Иди Ҳафтаҳо тақдим мекарданд. Ибораи «ҳосили аввалин» ба маънои маҷозӣ нисбати Масеҳ ва пайравони тадҳиншудаи ӯ ба кор бурда шудааст (1Қр 15:23; 4Мс 15:21; Пнм 3:9; Ошк 14:4).
Ҳузур.
Дар баъзе ҷойҳои Навиштаҳои Юнонӣ ин калима ба давраи ҳузури шоҳонаи Исои Масеҳ ишора мекунад. Он давра ҳангоми дар осмон ба тахт нишастани Масеҳ сар шуда, то рӯзҳои охири ин замона давом меёбад. Ҳузур доштани Масеҳ маънои омадану зуд рафтани ӯро надорад, балки давраи муайянеро дар бар мегирад (Мт 24:3).
Ҳунут.
Моддае монанди равғани хушбӯй, ки ба ҷасади одам ё ҳайвон молида мешуд, то он напӯсад. Аз давраҳои қадим мисриён ҷасади касро ҳунут мекарданд ва, эҳтимол, онҳо аввалин шуда онро ихтироъ карда буданд. Ҳунутро на танҳо мисриён, балки халқҳои қадиме мисли ошуриён, форсҳо ва скифҳо низ истифода мебурданд (1Мс 50:2, 3).
Ҳӯмер.
Ченаки ҳаҷми чизҳои хушк, ки ба кор баробар буд. Андозаи хум (бат)-ро дониста, хулоса кардан мумкин аст, ки ҳӯмер 220 л ғунҷоиш дошт (3Мс 27:16). Ниг. ба Замимаи Б14.
Ҳӯриб, кӯҳи Ҳӯриб.
Минтақаи кӯҳии гирдогирди кӯҳи Сино. Номи дигари кӯҳи Сино (2Мс 3:1; 5Мс 5:2). Ниг. ба Замимаи Б3.
Ч
Чақрим.
Ченаки масофа. Дар матни асли Навиштаҳои Юнонӣ он танҳо дар ояти Матто 5:41 вомехӯрад ва, аз афташ, ба мили румӣ, ки ба 1479,5 м баробар буд, ишора мекунад. Ниг. ба Замимаи Б14.
Чархушт.
Одатан зери ин калима ду ҳавзе дар назар дошта шудааст, ки аз оҳаксанги табиӣ канда шуда, яке аз дигаре баландтар аст ва бо ҷӯйборчае пайваст мешавад. Вақте ангурро дар ҳавзи болоӣ мефишуранд, шираи он ба ҳавзи поёнӣ ҷорӣ мешавад. Ин калима ба маънои маҷозӣ нисбати доварии Худо низ истифода шудааст (Иш 5:2; Ошк 19:15).
Чоҳи бетаг.
Чӯбдаст.
Асое, ки ҳоким чун рамзи ҳокимияти шоҳона дар даст дошт (1Мс 49:10; Ибр 1:8).
Ҷ
Ҷамоат.
Ҷилъод.
Ин ном ба маънои маҳдуд замини ҳосилхезеро дар назар дошт, ки дар шарқи дарёи Урдун ҷойгир буд ва он то шимолу ҷануби водии Яббӯқ тӯл мекашид. Баъзан он ба сарзамини исроилиён, ки дар тарафи шарқии Урдун ҷойгир буду дар он қабилаҳои Реубен, Ҷод ва нисфи қабилаи Менашше зиндагӣ мекарданд, ишора мекард (4Мс 32:1; Юш 12:2; 4Пш 10:33). Ниг. ба Замимаи Б4.
Ҷон.
Ба ибронӣ «не́феш» ва ба юнонӣ «психе́». Таҳқиқи Китоби Муқаддас нишон медиҳад, ки зери ин калимаҳо асосан 1) одамон, 2) ҳайвонҳо, 3) ҳаёти одамон ё ҳайвонҳо дар назар дошта шудааст (1Мс 1:24; 2:7; 4Мс 31:28; 1Пт 3:20, поварақ). Баръакси он чизе, ки бисёр динҳо дар бораи «ҷон» таълим медиҳанд, Китоби Муқаддас нишон медиҳад, ки, вақте калимаҳои «не́феш» ва «психе́» дар алоқамандӣ бо офаридаҳои заминӣ истифода мешаванд, онҳо ба чизҳои моддӣ, ламсшаванда, ба чашм аён ва миранда ишора мекунанд. Дар ин тарҷума калимаҳои зикршудаи аслӣ баъзан аз рӯйи маънояшон «ҳаёт», «нафар», «тамоми вуҷуди (шахс)», чун ҷонишини шахсӣ (масалан, «ман» ба ҷойи «ҷони ман») ва ғ. тарҷума шудаанд. Дар баъзе оятҳо ба кадом маъно омадани «ҷон» дар поварақ оварда шудааст. Дар ҳама ҷое, ки калимаи «ҷон» вомехӯрад, онро мувофиқи шарҳи боло фаҳмидан лозим аст. Вақте ки гап дар бораи бо тамоми ҷон кардани ягон кор меравад, ин маънои онро дорад, ки шахс чизеро аз таҳти дил ё бо тамоми вуҷуди худ мекунад (5Мс 6:5; Мт 22:37). Дар баъзе ҷойҳои Китоби Муқаддас калимаи аслии ибронӣ ба маънои хоҳиш ё нафс омадааст, дар баъзе ҷойҳои дигар бошад, он чун «ҷасад» ё «мурда» тарҷума шудааст (4Мс 6:6; Пнм 23:2; Иш 56:11; Ҳҷ 2:13).
Ш
Шабот.
Ин моҳ пас аз асирии Бобил дар тақвими динии яҳудиён номи моҳи ёздаҳум ва дар тақвими дунявияшон моҳи панҷум буд. Он аз нимаи моҳи январ сар шуда, то нимаи моҳи феврал давом меёфт (Зк 1:7). Ниг. ба Замимаи Б15.
Шайтон.
Шанбе.
Калимаи иброние, ки «шанбе» тарҷума шудааст, маънои «дам гирифтан; бас кардан»-ро дорад. Яҳудиён шанберо рӯзи охирини ҳафта меҳисобиданд ва он аз ғуруби офтоб дар рӯзи ҷумъа то ғуруби рӯзи шанбе давом мекард. Баъзе рӯзҳои идона ва ҳар соли ҳафтуму панҷоҳум шанбе номида мешуданд. Дар рӯзи шанбе кор кардани касе, ғайр аз коҳиноне, ки дар ибодатгоҳ хизмати худро ба ҷо меоварданд, манъ буд. Дар солҳои шанбе исроилиён набояд заминро киштукор менамуданд ва аз ҳамватанони худ баргардондани қарзашонро талаб мекарданд. Амре, ки дар Шариати Мӯсо дар хусуси рӯзи шанбе дода шуд, ба мардуми Исроил вазнинӣ намекард, вале бо мурури замон роҳбарони динӣ ба он иловаҳо дароварданд, ба тавре ки дар рӯзҳои Исо риоя кардани он амр душвор шуд (2Мс 20:8; 3Мс 25:4; Лқ 13:14–16; Қл 2:16).
Шариат.
Вақте калимаи «Шариат» бо ҳарфи калон навишта мешавад, он бисёр вақт ба Шариати Мӯсо ишора мекунад, яъне ба қонунҳое, ки Яҳува соли 1513-и то милод дар биёбони Сино ба воситаи Мӯсо ба исроилиён дода буд. Ибораи «китоби Таврот» ё «китоби Шариат» ҳамчунин ба панҷ китоби аввали Китоби Муқаддас ишора карда метавонад. Вале, вақте калимаи «шариат» бо ҳарфи хурд навишта мешавад, зери он қонунҳои алоҳидаи Шариати Мӯсо ё принсипе, ки қонун бар он асос меёбад, дар назар аст (4Мс 15:16; 5Мс 4:8; Мт 7:12; Ғл 3:24).
Шаҳри Довуд.
Баъди он ки Довуд шаҳри Ябусро забт карда, дар он ҷо қасрашро сохт, он Шаҳри Довуд ном гирифт. Ин шаҳр ҳамчунин Сион номида мешуд. Он дар тарафи ҷанубу шарқии Ерусалим ҷойгир буда, қисми куҳнатарини шаҳр ба ҳисоб меравад (2Пш 5:7; 1Вқ 11:4, 5).
Шаҳрҳои гурезгоҳ.
Шаҳрҳои левизодагон, ки дар он шахсе, ки нохост одам куштааст, аз дасти хунхоҳ паноҳ меҷуст. Зери роҳнамоии Яҳува Мӯсо ва баъдтар Юшаъ дар саросари Замини ваъдашуда шаш шаҳри гурезгоҳро интихоб карданд. Шахсе, ки ба шаҳри гурезгоҳ мерафт, бояд воқеаро ба пироне, ки назди дарвозаи шаҳр буданд, нақл мекард ва баъд пирон ӯро ба шаҳр қабул мекарданд. Барои он ки шахсе, ки қасдан одам куштааст, дар ин шаҳрҳо паноҳ наҷӯяд, масъалаи ӯро дар шаҳре, ки куштор ба амал омадааст, дида мебаромаданд. Агар шахс бегуноҳ дониста мешуд, ӯ ба шаҳри гурезгоҳ бармегашт ва то охири умраш ё то марги саркоҳин дар он ҷо мемонд (4Мс 35:6, 11–15, 22–29; Юш 20:2–8).
Шеминит.
Вожаи мусиқавие, ки маънояш «ҳаштум» аст ва ба минтақаи савтии (регистри) паст ишора карда метавонад. Ҳамчунин зери ин вожа асбобҳои мусиқие дар назар буда метавонад, ки бо онҳо оҳангҳои пасти қаторовозро менавохтанд. Дар сурудҳо он, аз афташ, чунин маъноро медод, ки суруду оҳангаш бояд дар минтақаи савтии паст иҷро шавад (1Вқ 15:21; Зб 6:болонавис; 12:болонавис).
Шох.
Шохи ҳайвонҳо, ки аз он зарфи обнӯшӣ, зарфи равғангирӣ, рангдони хатнависӣ, сиёҳидони рангу бори занон тайёр мекарданд. Аз он ҳамчунин шайпур месохтанд, ки чун асбоби мусиқӣ ё хабаррасонӣ истифода мешуд (1Пш 16:1, 13; 3Пш 1:39; Ҳз 9:2). Калимаи «шох»-ро бисёр вақт ба маънои маҷозӣ барои ифода кардани қувват ва ғалаба ба кор мебурданд (5Мс 33:17; Мик 4:13; Лқ 1:69).
Шохҳои қурбонгоҳ.
Барҷастагиҳои шохмонанде, ки дар чор кунҷи баъзе қурбонгоҳҳо буданд (3Мс 8:15; 3Пш 2:28). Ниг. ба Замимаи Б5 ва Б8.
Шӯрои олии яҳудиён.
Э
Элул.
Ин моҳ баъди баргаштан аз асирии Бобил дар тақвими динии яҳудиён моҳи шашум ва дар тақвими дунявияшон моҳи дувоздаҳум буд. Он аз нимаи моҳи август сар шуда, то нимаи моҳи сентябр давом меёфт (Нҳё 6:15). Ниг. ба Замимаи Б15.
Этоним.
Ин моҳ дар тақвими динии яҳудиён моҳи ҳафтум ва дар тақвими дунявияшон моҳи якум буд. Он аз нимаи моҳи сентябр сар шуда, то нимаи моҳи октябр давом меёфт. Баъди аз Бобил баргаштани яҳудиён ин моҳ «тишрӣ» ном гирифт (3Пш 8:2). Ниг. ба Замимаи Б15.
Эфа.
Зарф барои ғалладона ва воҳиди ҳаҷми чизҳои хушк. Он ба «хум» («бат»), ченаки чизҳои обакӣ, баробар буда, андозааш 22 л буд (2Мс 16:36; Ҳз 45:10). Ниг. ба Замимаи Б14.
Эфроим.
Номи писари дуюми Юсуф; баъдтар яке аз қабилаҳои Исроил чунин ном гирифт. Баъди тақсим шудани Исроил Эфроим гуфта, тамоми подшоҳии даҳқабиларо дар назар доштанд, зеро он қабилаи бонуфузтарин буд (1Мс 41:52; Ир 7:15).
Ю
Юғ.
Олате, ки бар китфи одам гузошта, аз ду тарафаш бор меовехтанд ё олати чӯбине, ки бо мақсади шудгор ё аробаронӣ ба гардани ду ҳайвони боркаш (одатан говҳо) мегузоштанд. Азбаски бисёр вақт юғро ғуломон истифода бурда, борҳои вазнин мекашонданд, он рамзи ғуломӣ ё тобеи касе будан ва ҳамчунин рамзи зулм ва ранҷу азоб буд. Дур кардан ё шикастани юғ маънои аз бандҳо, зулму ситам ва истисмор озод шуданро дошт (3Мс 26:13; Мт 11:29, 30).
Юнонӣ.
Я
Яҳува.
Номи Худо ба забони тоҷикӣ. Он ба забони ибронӣ бо чор ҳарф (ЙҲВҲ) навишта мешуд. Дар «Тарҷумаи Дунёи Нав» номи «Яҳува» тақрибан 7000 бор вомехӯрад. Ниг. ба Замимаи А4 ва А5.
Яҳудӣ.
Пас аз барҳам хӯрдани подшоҳии даҳқабилаи шимолии Исроил шахсеро яҳудӣ мегуфтанд, ки аз қабилаи Яҳудо буд (4Пш 16:6). Баъд аз ғуломии Бобил ҳамаи исроилиёнеро, ки аз он ҷо баргашта буданд, новобаста ба қабилаашон, яҳудӣ меномиданд (Эз 4:12). Дертар ҳама исроилиён чунин ном гирифтанд (Эс 3:6). Павлуси расул ин калимаро истифода бурда, нишон дод, ки дар ҷамоати масеҳӣ аз кадом миллат будани шахс муҳим нест (Рм 2:28, 29; Ғл 3:28).
Яҳудо.
Писари чоруми Яъқуб ва Леё. Яъқуб пеш аз маргаш пешгӯйӣ карда буд, ки ҳокими бузург ва ҷовидонӣ аз насли Яҳудо таваллуд мешавад, ва Исо маҳз аз авлоди Яҳудо ба дунё омад. Ин ном ҳамчунин ба қабила ва дертар ба подшоҳии Яҳудо ишора мекард. Подшоҳии ҷанубии Яҳудо қабилаҳои Яҳудову Бинёминро дар бар мегирифт. Ҳамчунин ба он коҳинону левизодагон дохил мешуданд. Яҳудо дар қисми ҷанубии Исроил буд ва дар он Ерусалиму ибодатгоҳ ҷойгир буд (1Мс 29:35; 49:10; 3Пш 4:20; Ибр 7:14).
Яъқуб.
Писари Исҳоқ ва Ривқо. Баъдтар Худо ба Яъқуб номи Исроилро дод ва аз ӯ халқи Исроил пайдо шуд, ки онҳоро исроилиён ва дертар яҳудиён низ меномиданд. Яъқуб 12 писар дошт, ки онҳо бо наслҳояшон 12 қабилаи халқи Исроилро ташкил медоданд. Номи Яъқуб ҳамчунин нисбати халқи Исроил истифода шудааст (1Мс 32:28; Мт 22:32).